НЕСТ БОД ЗАБОНИ УРУСЙ?

30 06 2013

Дирӯз хабаре хондам, ки ҳар гуна гурӯҳҳои тундрави миллатгарои урус ба амал гузаштаанд. Онҳо ба бошишгоҳу хонаҳои муҳоҷирон даромада ҳуҷҷатҳои онҳоро тафтиш кардаанд ва байни онҳо низоъ хестааст. Акнун қонунгузории Русия ба ҳар раҳгузари урус иҷоза додааст, ки аз муҳоҷири тоҷик ҳуҷҷат бипурсад. Ба ин рӯз ҳам расидем. Фишор паи фишор ва вазниниҳои беш аз пеш муҳоҷирони моро таъкиб менамояд. Аммо ҷониби Тоҷикистон ягон посухе намедиҳад. Ҳаминтавр урусҳо бо дастгирии ҳукумати худ бефарҳангона миллатҳои барояшон бегонаро таҳти фишор, пастзанӣ ва зуроварӣ қарор медиҳанд. Миллати бефарҳанг бо амалҳои бефарҳангона…
Дар ҳолати бефарҳанг будани тоҷикон метавонист дар Тоҷикистон низ фишору бадбинӣ болои русҳо ба вуҷуд ояд. Аммо муҳоҷири тоҷик пас аз инқадар азобҳои ҷисмониву равонӣ ба Ватанаш бармегардаду русҳои Тоҷикистонро ҳурмату иззат менамояд. Кинаву адоватро аз дилаш берун менамояд ва посухи ҷабрҳои аз пулис ва мардуми рус дидаашро ба русҳои Тоҷикистон намедиҳад. Ин худ як нишонаи бофарҳанг будани моро нишон медиҳад.
Аммо ба ин фишору маъракаҳои зиддитоҷикии Русия мо набояд хомӯш бошем, балки бофарҳангона посух гӯем. Як фишанги Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии 201 ва «Окно» бошад, фишанги дигараш ки дар дасти ҳамаи тоҷикон аст ин забони урусист. Барои ҳоло ва ҳозир беҳтарин кор ин фишор ба забони урусӣ аст. Бояд ҳукумати Тоҷикистон қадам ба қадам ҷойгоҳи забони урусиро дар кишвар танг намояд. Чаро шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ин қадар беқадр шудаасту забони урусӣ дар кишвари мо боқадр? Вазорати маориф бояд фишангро ба хотири дифоъ аз муҳоҷири тоҷик истифода барад. Чаро мактаббачаҳо аз синфи ду забони урусиро меомӯзад ва аз синфи чор забони англисиро? Як забони хориҷӣ бас нест? Соатҳои дарсиро барои забони урусӣ ихтисор намоед. Ба Узбакистон пайравӣ намоед.
Овезаҳои сарироҳии таблиғотӣ бояд танҳо ва танҳо бо забони тоҷикӣ бошанд. Ширкатҳои мобилӣ низ аз истифодаи забони урусӣ худдорӣ намоянд. Шабакаҳои Садо ва Симои (Радио ва телевизон) Тоҷикистон барномаҳои урусизабони худро ихтисор намоянд. Маҷалаву рӯзномаҳои урусӣ, мактабу кӯдакистонҳои урусизабон ва овезаҳои таблиғотии урусӣ метавонанд самте барои фишор болои Русия бошанд.
Барои ҳар як тоҷики аз Русия хориҷшуда як барномаи урусӣ аз садо ва симо аз намоиш хориҷ карда шавад ва барои ҳар як ҷасади муҳоҷири фавтида як мактаб ё кӯдакистони урусизабон баста шавад.
Боварии комил дорам, ки ин амалҳо Русияро дар ҷои худ хоҳад шинонд. Дар мубориза ва ё худ посух ба Русия ҳар як шаҳрванди одии тоҷик метавонад иштирок намояд. Дар ҳар ҷои Тоҷикистон (манзурам аз кӯчаву хиёбон то садову симо ва ФБ-ву ОК) ба хотири хотима бахшидани фишор болои ноновари тоҷик зидди истифодаи забони урусӣ садо баланд намоем. Посухи бофарҳангонаи миллати бофарҳанг ба бефарҳангон ҳамин хоҳад буд. Камтарин коре, ки барои дифоъ аз мардикорӣ тоҷик метавон кард. Нест бод забони урусӣ дар фазои Тоҷикистон!

Реклама

Действия

Information

9 комментариев

29 11 2013
Бахтиёр Файзуллоев

Салом дустам, кучо хастед? Чаро наменамоед?

8 05 2014
Ilhom

Ако Бахтиёр, салом. Муддате хостам аз сивилизатсияву интернет панох чуста гурезам вале нашуд. Ёди дустони мачозй боз бандаро инчо кашид. Саломат бошед.

15 06 2014
Abdulbasir Abdulloh

Шумо гуфтани хастед, ки чои бесивилизатсия, яъне Точикистон рафта будед?

17 10 2014
Ilhom

Хахаха .. бародар Абдулбасир, аниктараш муддате аз истифодабарии телефони мобили ва интернет даст кашида будам.

1 02 2014
Бах

Чаро дигар чизе наменависед бародар?
Аз интизори ба чое расидем

8 05 2014
Ilhom

Бародари азиз Бах, муддате дар Ватан будам барои хамин торнигор танафус дошт. Албатта боз идома хохам дод. Саломат бошед.

30 03 2014
tojik

x,amashda rozi neki nomi milati pastarina guftay amish makul nashid uzbakora!

25 08 2014
Некруз

Ачоиб соатхои омузиши забону адабиети руси дар мактаби миена зиед асту, омузиши хати форси кариб гум карда шудааст. Магар ин ,,руссизация,, нест ? Не хайр мо бо забони муктадири руси, ки яке аз забрнхои тамаддуни чахон аст, душманои надорем ва бо урусхои бефарханги имрузи хам коре надорем. Таассуф факат аз он ки хати форси ки яке аз кисматхои тамаддуни форсии мост, дар макотиби миена ба таври пурра омухта намешавад. Солхои шурави бахонаи комунмзми бехудо буд, хозир чи ? Магар хукумат ва вазорати маьориф ва дигар вузарои дахлдор иродае надоранд ? Ва е дар андешаи эхеи фарханги кадимаамон нестанд ?
Маьлум мешавад, ки саравал хукумати Точикистон иродае надорад дар бозсоси ва эхеи чизхои худие ки муддате дастраси ба он барои миллати мо пушида буд.

17 10 2014
Ilhom

Бародар Некруз, дуруст кайд кардед. Агар солхои 90-ро ба ед орем аен мешавад, ки он вактхо фаъолона хуруфи форси омухта мешуд. Хатто навиштачотхову овезахо на мисли имруз бо ду забон буданд, балки бо як забону ду хуруф буданд. Афсус худшиносии он солхо дер давом накард. Аз ин бармеояд, ки хукумату вазорати маориф ва кумитаи забон хаминро мехоханд ва кор то чое расид, ки вожахои мисли «любойхо» (овезахо билаин) пайдо шуданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: