Точикистон-«КАЗИНО»

16 05 2014

 

econom

Ҳар вақте ки аз муҳоҷират ба Тоҷикистон бармегардам ба худ қавл медиҳам, ки дигар ба Русия намеравам. Ин бор низ бо ҳамин қарор истодагарӣ намуда тули панҷ моҳ дар Тоҷикистон кор кардам. Инак ба хулосае омадам, ки бо маоши инҷо зиндагӣ роҳ намеравад ва бояд боз борхалта ба китф гирифту аз «казино» берун шуд.

Соҳибкорони Тоҷикистон то ҳадди имкон кӯшиш менамоянд то мутахасисонашон ба Русия нараванд. Аммо онҳо низ барои баланд намудани маоши коргарон дигар илоҷу имконият надоранд. Сабаби асосиаш андози баланд.

Масалан 1метри мураббаъе, ки барои истеҳсолот истифода мешавад дар се моҳ 40 доллар будааст! Яъне агар соҳибкоре сех кушояду он аз 100 метри мураббаъ иборат бошад, онгоҳ ӯ дар як моҳ бояд 1333 доллар танҳо як намуди андозро супорад. Ҳоло боз дигар хароҷоту боҷ аз ҳисоб берун.

Истеҳсолоту сатҳи иқтисодиёт дар Тоҷикистон бо суръати сангпушт меравад. Маоши миёнаи коргарони коргоҳҳои истеҳсолӣ 500-700 сомонӣ мубодили 100-140 доллар. Боҷу андози соҳаи савдо, фурӯшгоҳу бозорҳо ба торафт баланд шудани нархи маҳсулот расонида истодааст. Ба баланд шудани нархи маҳсулот пулчинаки роҳ IRS низ таъсири худро расонида истодааст.

Хешутаборбозии мансабдорони Душанбе, порахӯрӣ, монополияи воридоти маҳсулот ва монополияи хидматрасонӣ намегузорад, кӣ рақобати солим боиси арзоншавии маҳсулоту ин ё он хидматрасониҳо гардад.

Имрӯзҳо баръало маълум шуда истодааст, ки Тоҷикистон ба як коммандаи иқтисодиётшиносҳои варзида, ба як сарвари иқтисодиётшинос ниёзи беандоза дорад. Бо рӯёрӯии Ҳизби Тоҷикистони Нав ҳама умедвор будем, ки акнун ин гурӯҳи асосан иқтисодиётшинос кишварро наҷот хоҳанд дод. Аммо ҳукумат зуд онҳоро яктарафа кард. Чунин ба назар мерасад, ки Ҳукумати Тоҷикистон, аз вакилон сар карда то Ҷаноб дар паи беҳ намудани сатҳи ҳаёти мардум нестанд. Соҳибкорони муваффақро мешикананд ва коргоҳашро авбошона аз худ мекунанд. Бо қонунҳои ночаспою дуруғин онҳоро ҷарима, муҳосираи молу мулк ва ҳабс менамоянд. Ҳанӯз ҳам дер нашудааст. Агар воқеан Ҷаноб ва коммандааш хостори беҳ намудани сатҳи ҳаёти мардум бошанд, онгоҳ метавон аз ин роҳҳо истифода намуд.

Бо ҷалби иқтисодиётдонҳо аз нав дида баромадани Қонун дар бораи андоз. Бо истифода аз таҷрибаҳои кишварҳои мутараққӣ ва бо назардоштӣ маоши ҳадди ақал сабукӣ додан ба соҳибкорони Ватанӣ. Сабукии бештар додан ба соҳибкорони соҳаи истеҳсолот. Паст намудани хидматрасониҳо ба мардум. Ройгон намудани намак ва об дар Тоҷикистон. Бекор намудани пулчинаки роҳ IRS. Ихтисор намудани вазоратҳои камкору зиёдатӣ, ки аз буҷа, аз кисаи мардум маош мегиранд. Пароканда намудани вакилони Маҷлисҳои ноҳиявӣ, вакилони Маҷлисҳои вилоятӣ, вакилони Маҷлиси поёнии Ҳукуматӣ ки некие ба мардум накардаанд ва аммо маошашон аз кисаи мардум пардохт мешавад. Ихтисор намудани муовинҳои зиёдатихур.

Ҳоло бубинед, ки фарз кардем дар як раёсати маорифи шаҳри Х….  зиёда аз 50 нафар кор мекунад. Аммо аз онҳо чӣ нафъ ба мардум мерасад? Баръакс сол аз сол сатҳи дониш паст шуда истодааст. Албатта маоши онҳо ба зиндагиашон намерасад. Пас чӣ кор мекунанд? Аз волидони хонандаҳо бо зурию зорӣ пул талаб мекунанд. Стипендияҳои президентӣ, маблағҳо барои таъмири мактабҳо ва дигар маблағҳои аз буҷа ҷудошударо обу лой мекунанд. Пас агар маоши басандаю расанда ба кормандони маориф дода натавонем чаро ин қадар муовинчаву роҳбарчаҳоро дар вазифа нигоҳ медорем? То онҳо мардумро ғорат карда гарданд? На танҳо дар маориф, балки дар ҳамаи идораҳои давлатӣ ҳамин система аст.

Маоши як дӯсти милисаам 580 сомонӣ. Ман ки бо маоши 1600 сомонӣ оилаи кӯчакамро таъмин карда натавонистам, ин милисаҳо бо ин маошашон чӣ хел зиндагӣ доранд? Яқин ба ғорати мардум машғуланд. Деҳқонеро бо помидорҳояш қапида, сертификату ким-кадом терминҳоро истифода карда чойпулӣ талаб менамоянд. Ё сигоркашеро дар кӯча дида шодон ба тарафаш медаванд, бо умеде, ки онрӯз ба хонаашон ду нон хоҳанд бурд.

Солҳои донишҷӯи муаллим ҳамчун кори курсӣ донишҷӯйҳоро вазифадор намуд, ки «Бизнес-нақша» тартиб диҳем. Аммо аз 24 «Бизнес нақша» пас аз таҳлили ҳамакаса бо муаллим ягонтоаш кори мешудагӣ ва ба воқеият наздик набаромад. Хамаи нақшаҳои тартибдода аз сабаби қонунгузории нодуруст ва андозҳои баланди Тоҷикистон ба нокомӣ дучор гаштанд ва ба хулосае омадем, ки дар Тоҷикистон бо роҳи шаффофу росткорӣ соҳибкориро ба роҳ мондан амрест маҳол. Бояд ё коргарҳоро расман ба қайд нагирем, ё ноқили барқи дуздӣ дошта бошем, ё пинҳонҷои захираи маҳсулот дошта бошем, ё тамоман аз қайди давлатӣ нагузарем, ё дар андозу дигар мақомот шиносу тағо дошта бошем, ё бо ягон нафари наздики Ҷаноб ошнои дошта бошем. Онгоҳ «Бизнес-нақшаҳо» метавонанд амалӣ гарданд. Ин чӣ системаи фалаҷи зиддимардумист?

Бояд муҳит чунин бошад, ки ҳар шаҳрванди дуюм, ё сеюм бемамониат тавонад коргоҳи истеҳсолиеро ба роҳ монад. Бояд қонунгузории кишвар созгор бошад ва иқтисодиётро тавре ба роҳ монад то пуле, ки ба Тоҷикистон медарояд дубора ба берун наравад ва дар дохил гардиш намояд. Аммо мутаасифона пулҳо ба оффшору Хитой ва ба Русияву дигар кишварҳо бо суръати баланд пош мехӯранд.

Дирӯз дар истгоҳ зиёда аз як соат интизори мусофиркаш шудам. Дар истгоҳе, ки мусофиркашҳо паи ҳам омада барои мусофиронро савор намудан кашмакашӣ мекарданд на ягон мусофиркаш буду на ягон таксӣ. Ниҳоят як мусофиркаш базӯр-базӯр омад. Як илоҷ карда бо кашмакашиҳо савор шудам ва ба ронанда эътироз намудам, ки чаро имрӯз мусофиркашҳои хатсайри шумо каманд? Посух дод, ки имрӯз «налог» ба шикор баромадааст ва эълон кард ӯ низ то истгоҳи охир намеравад, чунки дар онҷо «рейди налог» рафта истодааст.

Бечора ронандаи мусофиркаш нагурехта чи кор ҳам мекард? Ё рӯзи дароз меҳнат карда аз нисф зиёди даромадашро ба бекорхӯҷаҳои курсинишин диҳад? Охир агар андоз каме боадолатона мебуд ӯ ва садҳо нафари дигар ҳаргиз саркашӣ намекарданд ва сафи андозсупорандагон баръакс зиёд мешуд.

Ҳамин тавр бори гарони Давлату давлатдорӣ дар китфи мардум боқӣ мемонад. Аниқтараш дар китфи муҳоҷири меҳнатӣ. Ғорати мардум аз фурӯдгоҳ то фурӯдгоҳ. Ғорати мардикор аз нишастани ҳавопаймои ӯ ба Тоҷикистон то парвозаш пас аз 2-3 моҳ. Ба гуфти як дӯстам воқеан Тоҷикистон чун «казино» шудааст. Ба Русия рафта кор карда меоию ба «казино» дода боз меравӣ. Казиное, ки соҳибони онро заррае инсоф намондааст. Казиное, ки онҷо мардуми одиро танҳо бохт, бохт, бохт интизор аст.





Мардикорнома панҷсола шуд

9 05 2014

 

             Расо панҷ сол пеш дар шаҳраки Саянски вилояти Иркаутск бо телефони дасти торнигори мазкур таъсис дода шуд. Дар фазои интернети тоҷик як саҳифа зиёд гашт. Дар қатори торнигорҳои устодон Салим Аюбзод, Дориюш Раҷабиён ва Сайидюнуси Истаравшанӣ торнигори дигар бо номи «Мардикорнома» ба гардиш даромад.

       Ногуфта намонад, ки таъсисёбии торнигор ба иди Ғалаба рабт надорад. Ҳамон рӯз корхонаи мо истироҳат дошт. Мо низ бекор дар хона истироҳат доштем. Ва аз бекорӣ ба Вордпресс сар задаму тасодуфан имконият даст дод, ки саҳифаи мазкур ташкил шуд. Акнун ҳар сол банда 9-уми майро ҳамчун зодрӯзи блоги акнун панҷсолаам ҷашн мегирам.

    Тули ин панҷ сол зиёда аз 140 навиштор, 470 шарҳу назар ва 99 ҳазор боздид бақайд гирифта шудааст.