Зулмоти поёни шаби сияҳ- 8

1 06 2014

(давомаш)

Дарёи шўхоби Зарафшон аз паси хонаи Аслиддин, тақрибан дусад қадам дуртар мегузашт. Дар ин мавзеъ(паси хонаи Аслиддин) бо сабаби дамии об, равиши дарё шўх набуд, аммо чуқурии он қариб ба ду қади одам мерасид. Ин мавзеъро «дамоб» меномиданд.
Ҳезум дар деҳаи онҳо ва дигар деҳаҳои гирду атроф камчин буд. Мардуми деҳа барои чидани ҳезум ба кӯҳу теппаҳои он тарафи дарё мегузаштанд. Дар болооби дарё мавзеъҳое буд, ки оби дарё паҳн шуда рӯяк мешуд ва то ба зону мерасид. Аз ҳамонҷо ҳезумчинҳо болои харсангҳои лағжон пой гузошта дарёро убур мекарданд. Бисёриҳо лағжида меафтиданд ва равиши тези об онҳоро мебурд.
Аслиддин низ боре ҳангоми ба он тарафи дарё гузаштан афтида буд. Об ўро бурд. Аз решаҳои дарахтҳову буттаҳо доштанӣ мешуд, вале наметавонист. Ба якҷояшавии ду шохобча наздик шуд. Ҷои аз ҳама хатарнок ҳамин ҷой буд. Дар ин ҷо гирдоб ба вуҷуд омада шиновартарин кас наҷот ёфтанаш мушкил буд. То гирдоб бист қадам монда буд, ки Аслиддин аз як решачаи буттае қапид. Охирин умедаш ҳамин решача буд. Худо мегуфт ки он канда нашавад. Бахти Аслиддин баландӣ карду решаи борик пурбардошт баромад. Аслиддин бо оҳистагӣ аз реша дошта худро берун кашид ва ҷонашро наҷот дод.
Боре як зани ҳамдеҳаашон бо банди ҳезум дар пастоб лағжида афтода буд ва танҳо пас аз ду рўз ҷасадашро аз дамоби паси хонаи Аслиддин ёфтанд. Ҷасади ғарқшудагони деҳаҳои болооб низ бештар дар ҳамин дамобӣ рўи об мебаромад.

Ҳавопаймои Маскав-Душанбе ба пастшавӣ шурўъ кард ва аз баландгўякҳо бо се забон садо омад, ки бандакҳоро банданд, ҳавопаймо тараддуди ба фурудгоҳи Душанбе нишастан дорад.
Некрўз ба Аслиддин гуфт, ки писарамакаш ба пешвози ў омадааст.
— Аслӣ, биё як-ду рўз ҳамроҳи мо дар Душанбе мон. Ман ният дорам ягон «Муссо» ё «Опел» харида бо он ба деҳа баргардам. Баъд ҳамроҳ меравем. – гуфт Некрӯз.
Аслиддин дар ҷавоб гуфт:
— Бовар кун, аз гаштанҳо хеле хаста шудаам, ки мехоҳам ҳарчӣ зудтар як оромӣе ёфта каме дам гирам, мехоҳам модарамро ҳарчӣ зудтар бинам, ту бошӣ мегӯи ду-се рӯз ист. Эх, Некрӯз, дилам мехоҳад ҳозир аз ҳавопаймо худро партофта рост дар назди хонаамон афтам.
Некрӯз гуфт:
— Аз ҳавопаймо дар назди хонаатон меафтиву лекин модаратро надида мисли саг мемурӣ! Биё вазнин шав. Ҳамин қадар солу моҳҳо дар хона набудӣ, ҳеҷ гап не боз як-ду рӯзи дигар. Шояд худи ҳамин рӯз худраве(мошин) писандамон афтаду зуд харида ба роҳ бароем.
— Не Некрӯз. Бе хафагӣ. Ту то худрав мехарию то ҳуҷҷатҳои онро омода карда ба роҳ мебарои, ки ман ҳатто дар Зарафшон шино карда ба паси хонаамон мерасам, ха ха ха ха… – хандида, қатъиян таклифи дӯсташро рад карда гуфт Аслиддин.
Некрӯз дар ҷавоб «Эх туруши якрав» гуфту монд.
Ҳавопаймо дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе нишаст. Ҳанӯз пурра наистода мусофирҳо аз ҷой мехестанд ва ба баромадан омода мешуданд. Садои хидматчидухтар мебаромад. Ӯ бо овози баланд ҳамаро даъват мекард, ки ҳоло барвақт аст ва ҳама ба ҷои худ нишинанд. Вале садои ӯро ғавғои мусофирон пахш карда буду касе ӯро гуш ҳам намекард. Роҳрав аллакай пур аз мусофирони ростистода шуда буд.
Пас аз зиёда аз даҳ дақиқа зинапоя омода шуду ба ҳавопаймо низомипӯшҳо даромаданд ва дод заданд, ки ҳама ба ҷояш нишинад. Ҳама ба ҳарҷо нишастанд ва оромӣ ҳукмфармо шуд. Яке аз низомипӯшҳо дар даст варақ дошт ва таъкид кард, ки ҳозир номи касеро хонам аввал ҳамонҳо мебароянд. Сипас ба хондани ному насабҳо шурӯъ кард. Ин номи нафарони аз Русия хориҷшудагон(депортатсия) буд. Ниҳоят номи Аслиддинро низ хонданд. Некрӯз хандида гуфт:
-Уҳ Туруше, аз ҳама аввал мебароӣ ку! Дар беруни фурудгоҳ вомехӯрем.
— Интизор нашав. Биё хайрухуш кунем. Дар деҳа вомехурем. «Опелатро» мешӯем. – гуфт Аслиддин ва оғӯш кушода бо Некрӯз хайрухуш кард ва аз паси дигар хориҷшудагон ба роҳрав баромад.
Дар фурудгоҳ онҳоро як-як ба ҳуҷрае дароварда 5-10 дақиқа пас ҷавоб медоданд. Навбат ба Аслиддин расид ва ӯ дохили ҳуҷра шуд. Дар дохил ду нафар ному насаби ӯро ба қайд гирифта қоғазе доданд ва таъкид намуданд, ки то мӯҳлат маблағи роҳкирои ҳавопайморо оварда супорад ва шиносномаашро гирад, вагарна корҳояш ба суд меафтад. Аслиддин дигар маҷоли баҳс кардан надошт ва бе ягон гап коғазпораро гирифта аз фурудгоҳ баромад.
Дар беруни фурудгоҳ ба самти истгоҳ қадам мезад, ки аз қафо касе «туруш» гуфта дод мезад. Баргашта Некрӯзро дид, ки ҳамроҳи писарамакаш дар назди худраве меистоданд. Аслиддин табассум карда ба назди онҳо баргашт. Некрӯз даъват кард, ки ба худрав нишинад ва гуфт: — Аслӣ ҳамроҳ меравем. Корҳо як соат пас ҳал мешавад. Ба бозор намеравам. Маслиҳат кардем ва ҳамин худрави писарамакамро мехарам. Танҳо дар нотариус як гувоҳнома мегирему ба роҳ мебароем.
Пас аз тахминан як соат онҳо дар маҳаллаи «водонасоси» канори Душанбе қарор гирифтанд. Писарамаки Некрӯз гуфт, ки акнун ӯ бармегардад ва идоракунии худравро ба зиммаи Некрӯз дод. Аслиддин ба нишастгоҳи пеш, паҳлӯи ронанда нишаст ва ду мусофири дигарро, ки то ноҳияи Айнӣ мерафтанд бо худ гирифтанд. Дасти дуо бардошта роҳи сафед хостанд ва ба роҳ баромаданд.
Некрӯз даступо гумкарда аз идораи худрав на он қадар хуб мебаромад. Хатто боре ба ҷои «педали муфт» ба «педали тормоз» пахш кард, ки қариб сари Аслиддин ба шишаи пеш бармехурд. Некрӯз боз худро ба даст гирифта мехост аз худ ронандаи моҳир тарошад, вале ларзидани дасту пояш ӯро фош мекард. «Хайр охир ман қариб се чор сол мешавад, ки мошин ҳай накардаам..» гуфта Некрӯз айбҳояшро мепӯшонд. Ба тарозуи пулчинаки АйЭрСи — «Ҳушёрӣ» расиданд. Яке аз мусофирон садо баровард:
-Э, мгун ки ҳамин пулчинаки роҳ азони домоди президент будаст-а?
Мусофири дигар тасдиқ карда гуфт:
-Ҳа азони ҳамонҳо. Андоз ҳам намедодаст. Бутун хуни халқа макиданд инҳо..
Некрӯз ба баҳс ҳамроҳ шуда гуфт:
-Ягон наркалла нест, ки як тир дар пешонии ҳаминҳо занад? Ягона илоҷ ҳамин. Аз вазирони атрофу хешу табораш сар карда ҳамаашро якто-якто парондан даркор! Дигар ягон митингу гирдихамоиву хизбсозӣ ин чупонҳоро аз тахт фароварда наметавонад. Танҳо тир!
Аз ин гапҳои Некрӯз он ду мусофир як қад париданд ва дигар садояшон набаромад. Шояд пушаймон ҳам шуданд, ки мавзӯи сӯҳбатро ба сиёсат кашиданд.
Аслиддин хандида гуфт:
— Некрӯз, мардум пештар ба ҷои пулчинакҳо ба БДА пора дода, дар роҳҳои валангор мерафтанд. Акнун ба инҳо пул дода дар роҳи ҳамвор мераванд. Пас кадомаш хуб аст?
— На ину на он! Шахсан падарам пештар ба БДА ҳам ягон тин надодааст. Фикр кун! Роҳро чиниҳо бо пули қарз сохтанду акнун инҳо пул мечинанд. Ин ғоратгарии рӯирост ном дорад! Гуфтамку ҳаққи инҳо яктогӣ тири снайпер асту халос. – бо асабият гуфт Некрӯз.
Аслиддин норозиёна гуфт:
— Баъд чӣ? Боз ягон бесаводи дигар, ё раиси колхози дигар президент мешавад.
Некрӯз бо дасташ ишорати таппончаро карда гуфт:
— Пақ! Боз яктогӣ тир. Боз агар президенти нав ҳам бар нафъи мардум кор накунад боз «пақ»! Боз маъқул нашуд? Боз «пақ»! То он даме, ки нафари президентшуда аз қонун тарсаду софдилона кор кунад. Медонӣ, котибони якуми солҳои пеш то охири умр дар «хрушёвка» зиндагӣ мекарданд. Акнун чӣ? Рав қасрҳои боҳашамати вазирону хешу табори президенту мансабдоронро тамошо кун. Бо кадом пул? Магар бо маоши ду се ҳазор сомонӣ чунин қасрҳоро метавон сохт?
Аслиддин бо табассум гуфт:
— Некрӯз, ту ҳоло ҳамин тавр мегӯи, аммо агар ту ҳам вазир шавӣ чунин қасре дар Варзоб ё дигар ҷой албатта хоҳӣ сохт.
Некрӯз гуфт:
— Ҳаргиз! Қасам ба номи Худо ин тавр нахоҳам кард! Аз қонун берун пой нахоҳам гузошт! Намунаи ибрат шуда, то охири умр дар як кулбаи фақирона зиндагӣ хоҳам кард. Охир, ин дунё намеарзад, ки ин қадар мардумозориву беадолатӣ намоям. Ин Раҳмонро ҳамроҳи оилааш баъд аз сари ӯ лаънат хоҳанд хонд ва номаш дар таърих намемонад. Агар монад ҳам бо бадӣ аз ӯ ёд хоҳанд кард! Бояд тавре ҳукмронӣ кард, ки мардум садсолаҳо аз пасат дуои нек фиристанд! Инҳое, ки шабу рӯз дар телевизорҳо ҳамду сано мехонанд фардо якум шуда ба ӯ лаънат хоҳанд хонд! Инҳо фақат барои худ кор мекунанд. Ҳамаи Тоҷикистон моли инҳо шуд. Ҳама хешу табор, домоду қудозодаҳояш соҳиби вазифаанд. Гӯё дар Тоҷикистон дигар одам нест. Ягон қонун садди роҳи инҳо шуда наметавонад. Чӣ коре хоҳанд мекунанд. АйЭрСи-и домодаш яктарафу бубин Шокири моро чӣ кор карданд. Духтараш бо зӯрӣ корхонаашро аз дасташ кашида гирифт. Корхонае, ки дар онҷо қариб 700-800 нафар кор карда маоши хуб мегирифтанд ва зиндагияшонро мебурданд, ҳоло 200-300 нафар кор мекунад ва маошашон паст шуд. Ту худатро бин, ки ба чӣ рӯз афтодӣ! Барои писари Ҳукумов- додари домоди президент, ки бо наркотик ба даст афтод моҷарои «лётчикҳои» рус сар шуд ва туро депорт карданд! Болои ин аз ту маблағи аз Маскав то Душанбе париданро талаб доранд. Куҷо мегурезӣ? Хоҳӣ нахоҳӣ медиҳӣ! Барои онҳо фарқ надорад, ки аз куҷо меёбӣ! Касе пурсид, ки чаро туро депорт карданд? Касе туро дилбардорӣ кард, ё ёрии руҳӣ дод, ё барои панҷ соли оянда ба Русия нарафта дар Тоҷикистон чойпулӣ ёфтанат кӯмаке пешниҳод кард? Медонӣ, ин умри сагона аст! Наранҷ, аммо ману ту ғуломи безанҷире шудаем, ки дар ивази ин ҳама беадолатию зулм шукрона мегӯем ва фикр намекунем, ки оё аз ин беҳ ҳаёт бошад ё на, оё ҳоламонро беҳтар намудан имконият бошад ё на, оё президент агар мардумсолор мебуд дар ин бист сол аз ин бештар корҳое анҷом дода метавонист ё на? Дар ин бист сол мо ҳанӯз ба дараҷаи солҳои 90 нарасидаем. Ва дар панҷ соли охир бошад Тоҷикистон ба қафо қадам мениҳад. Бебарқӣ ҳамон бебарқӣ. Агар барқӣ изофӣ пайдо шавад ҳам онро ба афғон мефурӯшад.
Аслиддин хомӯш монд ва дигар касе дар ин мавзӯъ чизе нагуфт. Худрави онҳо ба ноҳияи Айнӣ расид. Дар назди як чойхонае истоданд ва барои хӯрокхӯрӣ ба он даромаданд.

(давом дорад)