Тарки одат амри махол

9 07 2014

Холо мехохам як саргузаштчаеро бароятон кисса намоям. Ин навиштор харгиз бо максади паст задани халку миллате нест ва вокеиятро бемухобот меорам. Чанде пеш, ки бекор будам аз руи сомонаи эълонхо «авито» ба эълоне вохурдам. Дар он сафолакчинхоро ба кор даъват мекард. Пас аз раками телефонаш «Иван» навишта шуда буд. Занг задам ва аз он тараф кордех бе «аксент» гап мезад. Фахмидам, ки у хамчун миёнарав фаъолият мекардааст. Ба хар хол бо у дар масъалаи нарху наво ва шарту шароити кор гапхо пухт. Фикр кардам, ки ин Иван урус хаст ва фиреб нахохад кард. Пагохаш ба чои коре ки нишонаашро дода буд рафтам. Пас аз интизорихо мошини сабукраве омада истоду аз дарунаш нафаре фаромад, ки сиёхтар аз ман буд. )))
Ба у эътибор надодам. Дар гушаи хаёлам хам набуд, ки ин калласиёхи бинидароз хамон Иван аст. Наздам омада пурсид, ки «Илхом ту хастй?», гуфтам -бале. Даст доду худро Иван муаррифй кард. Хандаамро, харчанд кушиш кардам дошта натавонистам. )))
Гуфтам,
— шухй накун, бехтараш бигу ки одами Иван хастй ё тахаллусат Иван аст.
Аз авзоъаш маълум буд каме ранчид ва гуфт у дар Русия тавлид шудааст ва метавонад шиносномаашро нишон дихад. Рад кардам ва миллаташро пурсидам. Армян гуфт. Дархол хайрухуш карда, гуфтам ки бо хаммиллатонат бисёр кор кардаам ва хатто чои корро надида рафтам. ))
Ду се маротиба занг заду илтимос кард, ки ба кор оям ва гуё хеле ба сафолакчин эхтиёч дорад. Гуфт ки у мисли дигар арманихо нест. Фиреб намедихад. Корро огоз намоям 70 дарсади маблагро хамчун пешпардохт хохад дод.
Ба ваъдааш бовар карда баргашта омадам. Баробари корро огоз намудан 50 дарсади маблагро пешпардохт намуд. Корро дар муддати як хафта тамом намудам. Вале нисфи дигарашро имруз-пагох карда гашт. Объектро супориду тамоман гайб зад. Дигар ба зангхои телефонй хам чавоб надод. Дасти дуо бардоштаму аз бахри он пули нокироя баромадам..

Реклама