Иди раками 1-точикон — Истиклолият муборак!

9 09 2014

Имруз он рузи деринтизор боз фаро расид. Иди Истиклолияти Точикистон! Азизтарин иде, ки бо омадани тобистон дар интизораш мешавам. Имсол шояд вокеахои Украина таъсирасон буданд, ки аз харвакта бештар ин идро дуст дорам.

Вале пойбанду гапдаро будани давлатдорхои мо дар назди Кремл ба ин Иди гаронбахои миллат латма мезанад.

Имруз дар чои кор рузи истирохат эълон намуда, як гурухи хурдакаки худамон аз хар гушаву канори шахр чамъ меоем ва сари мизи идона хохем нишаст.

Нафаре дар фейсбук ин Идро сунъиву дуругин номида навишт «..бар муслимон ғайр аз иди Рамазон ва Курбон чашн гирифтан чоиз нест..»

Давлатхо садсолахо барои мустакил шудан мубориза мебаранду хуни бисере мерезанд. Истиклолият барои мо точикон низ бо бахои хуни шахидони рохи озодй омадааст. Чаро ин идро сунъй медонед? Охир дар ин руз аз зери зулми куммунистони бехудо рахо гаштй ку. Магар ин Ид сабаб нагашт, ки имруз хар вакту хар чой озодона намоз мегузорем, руза мегирем ва зикри Худованд менамоем? Пеш аз Ид, дар давраи кумунистхо ое инхел диндорй ва чашнгирии идхои Исломй озод буд?

Ин Ид бояд ба хар як точикистонй азиз бошад новобаста аз миллату диндорй.
Аммо мутаасифона барои наздик ба як миллион мухочир ин Ид як рузи мукаррарист.
Дар ин чода бояд сафорату консул васеътар кор баранд. Дар шахрхои калони Русия чорабинихои Идона ташкил намоянд, сарояндагони точикро даъват намоянд, ош, гуштигирй ва г..
Хадди акал ба воситаи «посредник»-хои калони точик, ки 40-50 ва хатто зиеда аз 200 мардикорони точикро кор мефармоянд ба хисси ватандустии онхо таъсир намоянд. Осмон ба замин намеафтад агар дар ин руз ба мухочирони точик мизи идонае ташкил намоянд.

Мерасад рузе, ки ин Ид — барои хар яки мо Иди раками 1 хохад гашт.
Иди Истиклолият муборак!





«Дар ин хона кй калон?» (идомаи достон)

8 09 2014

(давомаш)

Устохо, хавополро (кондитсионер) насб карда шуданд. Онро ба кор андохтанду пасу пешаш гашта хомуш карданд ва ба кашондани асбобхои худ сар карданд. Мусо хамаи ин муддат онхоро назорат мекард. Вакте яке аз онхо охирин чомадони асбобхоро мебурд , Мусо ба у мурочиат карда гуфт: -Ребята, за собой убирайтесь, пожалуйста. Вон там мешки, тут веник, свой мусор убирайте.
Дар чавоб он чавон писханд зада «Да, да конечно.» , гуфта аз хона баромада рафт. Мусо ба Муллошо нигариста гуфт: — Хозир бинед чи хел баргашта бо забонаш чои кор кардагиашро лесида тоза хохад кард.
Акаи Муллошо кунчковона аз нардбон фаромад ва назди тиреза рафта аз баландии ошенаи панчум онхоро наззора мекард. Мусо низ назди тирезаи дигар рафту ба поен ба онхо нигох мекард. Устохои хавопол хамаи асбобу ускунахои худро ба богочи худравашон бор карда шуданд ва ба боло, ба Мусову Муллошо нигариста байни худ чизе гуфта механдиданд. Нихоят ба худравашон нишастанд. Яке аз онхо когазхоеро ба даст гирифту сипас бо телефони дастиаш ба кучое занг зад. Мусо табассумкунон гуфт: — Акаи Муллошо, медонед, у хозир ба сохибхона занг зада, музди корро пурсида истодааст. Музди корашон бошад дар кисаи ман. Хэх.
Акаи Муллошо панчахои дасташро ба хам зада гуфт: — Мусочон, акнун то ман кори онхоро кабул накунам ту ба онхо пул намедихй!
Харду кудаквор ках-ках зада механдиданд, ки аз поен садое баромад. Ин яке аз он устохо буд, ки дар даст когазхо «Кто такой , Муса, спускайся..»
Мусо аз ин тарзи суханронй бадтар ба газаб омаду дархол газабашро фуру нишонд ва бо ханда ишораи боло карда гуфт «Это вы оба сюда поднимитесь.»
Пас аз дакикае харду чавонхои урусй тахчои мисли мушхои дар об тар карда вориди хона шуданд. Яке аз онхо бо садои пасту ларзон когазхоро ба Мусо дароз карда гуфт, ки ба харду нусхааш имзо гузорад ва бо онхо хисобй намояд.
Мусо когазхоро гирифта : — Ну, пока я читаю их вашу работу должен принят прораб — гуфта ба акаи Муллошо ишора намуд.
Чехраи Муллошо сурх шуда худро чиддитар вонамуд мекард. Вале сурхшавии руяш гуе мегуфт «Хей! Хозир аз ханда мекафам! )))»…
Ба хар хол акаи Муллошо тавонист худро ба даст гирад. Назди хавопол омада «Ха ну ка вуключай!» гуфт.
Чавони дигар тугмачаро пахш карда бо забони нарм ба акаи Муллошо вазифаи тугмачахоро як ба як мефахмонд. Акаи Муллошо бо чехраи чиддй ва бо кавок сар хам карда ба хокрубахо ишорат карда гуфт: — А это чо такой? Кто за вами убират будит? Здес нет уборшица!
Харду устохои хавопол зуд ба руфтану гундоштани пасмондахои кории худ шуданд. Акаи Муллошо бошад болои сари онхо рост истода гапзаниашро давом медод.
— Здес все сразу убирают свой мусур. Никто никаму недолжен. Кагда пришел и начал работат здес был чиста да? Вот так и делай. Я зайбался убрат за каждого. Не абижайтес ребята но нада всегда за сабой убрат. Вас неучили так?…
Муллошо мехост боз ду-се дакикаи дигар гапзаниашро идома дихад, вале чавонхо корашонро шуданд ва яке аз онхо баромада рафт. Дигараш дар назди Мусо дар интизори имзо гузоштану хисобй намудани у меистод.
Мусо ба акаи Муллошо нигариста бо урусй пурсид: — Ну что? Приняли работу?
Акаи Муллошо даст афшонда — майла, дай им денги. Ин дафъаш ба гузашт. Но следуши раз штраф зделаю!
Мусо ба когазхо имзо гузошту аз чайбаш се хазор рубл бароварда дод. Он чавон мисли шамол як нусхаи когаз ва пулхоро гирифта давида рафт. Мусову Муллошо то бегох ба ед оварда гуфтанду хандиданд… ))))