Чаро мо «РӮЗ» надорем?

22 11 2014

Ҳар вақте ки ба «Одноклассники» ворид мешавам ба ман паем меояд, ки фалон рӯз иди фалон кас е басмадон касб. Тасмим гирифтам иди худамро дар «Яндекс» ҷустуҷӯ намоям.
Оваҳ, истед, ки аввал касбамро барои худ аниқ намудан даркор-ку.
Савол: -ман кистам? Е касби ман чист? Барномасоз-иқтисодчӣ? Касбе, ки бо он машғул нестам магар онро «касби ман!» гуфта метавонам? Албатта не.
Пас ман кистам? Кадом идро ҷустуҷӯ намоям? Муҳоҷир? Мардикор? Ғулом? «Иди ғуломон!» е «Рӯзи ғуломон!», не ин хел иду ин хел рӯз аниқ набудагист. Шояд, «Гастарбайтер»?
Хуб, дар «Яндекс» ба ҷустуҷӯи идҳо меравам…

Ба ин рӯйхат нигаред (ҳол он ки онро пурра наовардам):

9 феврал — Рӯзи духтури дандон.
11 феврал — Рӯзи бемор

Тавба, ҳайвонҳо ҳам рӯз доштаанд.
19 феврал — Рӯзи китҳо

Оҳо.
1 март — Рӯзи наркоману наркобизнесҳо

Ваҳ ҷисми беҷон?
2 март — Рӯзи гугирд.
3 март — Рӯзи нависандаҳо
4 март — Рӯзи айнакдорҳо
8 март — Рӯзи модарон
9 март — Рӯзи ди-джей
20 март — Рӯзи ситорашиносӣ
20 март — Рӯзи об
21 март — Рӯзи шоири
23 март — Рӯзи обуҳавосанҷҳо
12 май — Рӯзи ҳамшираҳои шафқат
31 май — Рӯзи тамоку
1 июн — Рӯзи кудакон
1 июл — Рӯзи архитекторҳо
12 август — Рӯзи ҷавонон
13 август — Рӯзи чапдастҳо
30 сентябр — Рӯзи тарҷумонҳо
1 октябр — Рӯзи пирон
5 октябр — Рӯзи омӯзгор
28 ноябр — Рӯзи муҳосибон
29 ноябр — Рӯзи геоморфологҳо
30 ноябр — Рӯзи филҳо
2 декабр — Рӯзи коркунони бонкҳо
3 декабр — Рӯзи ҳуқуқшиносҳо
9 декабр — Рӯзи геологҳо
12 декабр — Рӯзи «псих»-ҳо
13 декабр — Рӯзи аспҳо
…Рӯзи харҳо
…Рӯзи говҳо
….Гусолаҳо
….Қурбоқаҳо
….Малахҳо
……
……

18-уми декабр – Рӯзи Байналхалқии муҳоҷирон. Хайрият. Аммо чаро дар Тоҷикистон барасмият дароварда нашудааст? Мо «гастарбайтер»-ҳо дар Тоҷикистон ид надорем. Рӯзе «Рӯз»-и мо нест. Мо ҳеҷ кас. МОе, ки тарки Ватан карда, дур аз модару падару бародару писар, дар лою гил оғушта ба Тоҷикистон пул мефиристем, «рӯз» надорем. Бо пули МОе, ки тиҷорат дар Тоҷикистон авҷ мегираду сипас ба як-ду нукта ҷамъ шуда «оффшор» меравад, «рӯз» надорем. Бо пули МОе, ки шоҳу гадо дар Ватан нон меебад ва пулфурӯш «тоҷикро мефурушаду урусро мехарад», «рӯз» надорем. МОе, ки аз дасти пулису «скинхед» рӯз, надорем, «Рӯз» надорем.
МОе, ки рӯз надорем, «Рӯз» надорем.
Хуб, бигзор ҳаминтавр бошад.
Аммо хеле мехоҳам як «РӮЗ»-е ҳамчун рӯзи хотира, рӯзи едбуди ҳазорон муҳоҷири дар мусофират ҷондода, дар Тоҷикистон таъин гардад. Ҳазорон муҳоҷире, ки гиребони ҳукуматро нагирифт, то ба ӯро ба кор таъмин намояд, митинг накард, фирефтаи ба ном «инқилобчиен» нашуд, балки бархесту ба суроғи ризқ рафт ва дареғо, ба Ватан дар «сандуқи оҳанӣ» баргашт.

Ҳайкал е пайкараи муҳоҷир барои мо даркор нест. Зиндагонашро монед ба ҳоли худ. Танҳо барои мурдагонаш коре бояд кард, ки шояд ташнаи дуою фотиҳаанд.
Хуб мешуд дар пойтахти Тоҷикистон майдоне таъсис дода, аз тамоми гӯшаву канори кишвар тобутҳои оҳании муҳоҷирони фавтидаю кушташударо онҷо ҷамъ оранд. Рӯи санге исми онҳо сабт гардад ва боз сангҳое дар интизори сабт шудани номҳои нав интизор бошанд. Ва ин макон, макони едбуд ва дуою фотиҳа ба руҳу арвоҳи он ғарибон гардад. Маконе, ки раҳгузаре куҳи тобутҳои оҳаниро дида, лаҳзае сукут намояду ба қадри зиндагию зинда буданаш расад. Маконе, ки муҳоҷире пеш аз фурудгоҳ рафтанаш, даме паҳлӯи тобути ҳамкасбаш нишинаду аз ӯ ед кунад. Илоҳо, ҷояшон ҷаннат бошад…





Қонуни нави «Патент» дар Русия

19 11 2014

ufms

Дируз, 18-уми ноябр, қонуни нав қабул шуд, ки аз 1-уми январи соли 2015 ба амал мебарояд. Тибқи ин навигарӣ аҳволи муҳоҷир боз вазнинтар мегардад. Ҳақи якмоҳинаи «патент», ки аз 1000 то 1300 рубл буд, акнун метавонад дар ҳар минтақаи Русия гуногун ва аз 1200 то 5 ҳазор боло равад. Чанд рубл будани як моҳи «патент»-ро метавонед аз Хадамоти муҳоҷирати (ФМС) шаҳру ноҳияи ҷойгирбудаатон аниқ намоед.
Пас аз 1-уми январ иҷозатномаи кор (разрешение на работу) дигар намедиҳанд. Дар корхонаҳо низ бо «патент» кор кардан иҷозат мешавад. Аммо онҳое, ки аллакай иҷозатномаи кор доранд то охири муҳлаташ метавонанд истифода шаванд.

«Патент»-ҳои нав акнун ду сол муҳлат доранд. Пас аз гузаштани ду сол, убур намудани сарҳад ва гирифтани «патент»-и такрорӣ лозим мешавад.
Барои гирифтани «патент» бояд дар давоми 30 рӯз пас аз ворид шудан ба Русия ҳуҷҷатҳои лозимиро ба «УФМС» супоред. Дар ҳолати дер кардан ҷарима ба миқдори 10-15 ҳазор рубл пешбинӣ шудааст.

Ногуфта намонад, ки пас аз 1-уми январи соли 2015 шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ҳуқуқи ба Русия ворид шуданро доранд.

Инчунин пас аз якуми январ тасдиқнома е худ «сертификат» дар бораи супоридани имтиҳон аз фанҳои забони урусӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русия лозим мешавад.

Барои гирифтани «патент»-и нав чунин ҳуҷҷатҳо заруранд:
1. ариза
2. шиносномаи хориҷӣ ва нусхаи он (копия)
3. варақи муҳоҷирӣ ва нусхаи он (миграционная карта)
4. як дона акси 3.5х4.5
5. маълумотнома дар бораи бемориҳои сирояткунанда набудан (медсправка).
6. Суғуртаи медидсинии яксола (полис медстраховка).
7. Қайднома ва нусхаи он (регистрация)
8. «Сертификат»-и донистани забон, таърих ва қонунҳои Русия

Пас аз гирифтани патент андоз барои аз 1 то 12 моҳро метавонед ба «Сбербанк»-и Русия супоред. Дар асоси қоғази бонк мӯҳлати қайднома дароз карда мешавад.

Вақти ба Русия ворид шудан (дар фурудгоҳ) дар пур кардани варақаи муҳоҷирӣ (миграционная карта) диққат диҳед. Модоме ки мақсади шумо дар Русия кор кардан бошад, пас бояд ба зери «работа» хат кашед. Дар акси ҳол шуморо вақти гирифтани «патент» метавонанд ҷарима намоянд.

Хулоса, рӯзбадтар ҳасту рӯзбеҳтар не. (((





Андар баени рохгуми ва ба марг расидани як мухочир

17 11 2014

(бознашр ва навшуда)

Бихон ин кисса аз марди мухочир,
Дигар чое нахони гуна такдир,
Бигуям бар ту эй хонанда гуш дор
Дигар вакте наеби то шави пир

Замоне коршарике буд шиносам
Чавони пахлавоне Фахриддин ном
Зану ду кудакаш дар хона монда
Худаш дар Русия дар паи нон

Ду се мах хуб кор кард пул фиристод
Ният кард падар бар Макка фиристад
Ду се мах нек буд хар изи пояш
Токию чойнамоз хамду санояш

Ва Рузе аз бахорон буд он руз
Ки бар бозор рафт бахри хурока
Ва танхо баъди ду шаб он шиносам
Ба дасташ май баргашт бе хурока

Ва пас аз он руз тез-тез мерафт
Зи бахри хар бахона майда чуйда
Бигуфтам: ай шинос, парвоз дори
Бигуфт: ин кори уст, ин ишки банда

Бигуфтам: Ер дори, интизорат
Ва ду кудакони чашми чорат
Ва бо ин тохтану маъшукабозй
Чи тур хочи шавад додои пират?

Ае ай чони ширини тагоят
Ки бадрохи ягон cархад надорад
Марав бар рохи беохир, ки охир
Чаханнам бошад он суи мазорат

Бигуфт: бар як чавон чил хунар кам
Ва бар хар пахлавонe як санам кам
Бирав осуда бошу бо худат бош
Дигар ҳарфе нагӯй ки хотирам чамъ.

Гузашт солҳо бирафтам ҷои дигар
Надидам ки чӣ шуд ҳоли бародар
Шунидам пас басе ғамгин қисса
Ки зинда нест он ошно дигар

Ки ӯ бо як зане дилдода гашта
Ва бо он зан басе ҳамхоба гашта
Вале он зан шавҳардор буда
Ба доми зан чу сайд афтода гашта

Чу рӯзе боз назди он хиром рафт
Бидид маъшуқаашро масту бадафт
Ба рӯи хона марде мурдаро дид
Ва зан медошт табарро сахт бар каф

Чу диду бо худаш гуфт « бояд бигрехт»
Вале зан пеши пояш ашк мерехт
Тавалло кард то ҳамроҳ-ш бошад
Дар ин бадбахти ӯро ҳамдам нест

Ва бегоҳ шаб шуду он дӯсту он зан
Ба қисмҳо шавҳарашро пора карданд
Ба халта пора пора пур намуда
Ба саҳни хона бурда гур карданд.

Аз байн қариб як сол гузашт. Тули ин сол ӯ дар хонаи маъшукаи қотилаш Алена зиндагӣ кард. Ҳар вақт пеши назараш фарши пур аз хун, ҷасади беҷон ва пора пора карданҳо меомад. Ниҳоят Фахриддин тасмим гирифт назди зану фарзандонаш баргардад. Аммо дареғо, ки ӯ то баногушаш ба бало ғутида буд. Алёна ба ӯ ҳушдор дод, ки Ватану зану фарзандонашро аз ёдаш барорад, вагарна ӯ ба милиса баёнот хоҳад дод, ки шавҳарашро Фахриддин кушта, дар саҳни бино гур кардааст.

Фахриддини роҳгумкарда намедонист сарашро ба куҷо занад. Илтиҷову зориву тавалло бефоида буд. Ин зани маккор ва қотилу бераҳм Фахриддинро безанҷир баста буд. Алоқаи Фахриддин аз Ватан тамоман канда шуд ва ӯ худро ба мастию майпарастӣ зад.

Аммо дере нагузашта Алёна бо марди дигаре шинос шуд ва Фахриддинро аз хона ронд. Чунки Фахриддини бо ришҳои расида афту башараи пурвараму майзада ба ӯ дигар даркор набуд. Ӯ ба як бомж мубаддал шуд ва рӯзи дароз қуттиҳои ахлотпартоиро мекофт, то зарфхои шишагии холиро чамъ карда супорад ва дар ивазаш май бихарад.

Овозаи бомж шудани он бародар ба деха расид ва падараш мачбур гову гусолаҳои хонаро фурухта ба ҷустуҷӯи писар рафт. Пирамард хеле ҷустуҷӯ кард ва ниҳоят бомжҳоеро ёфт, ки Фахриддинро мешинохтанд ва дараки ӯро медонистанд. Онҳо ба пирамард ҳамдардӣ изҳор намуда ӯро аз шахр берун бурданд ва дар ҷангалзоре як тудаи хокро нишон доданд, ки рӯяш чубе зада ва дар тахтачае «ФЕДЯ» навишта шуда буд…

Ва ин дарсест бар марди мухочир,
Ки неку пой нихад бар мулки агер
Ки нек аз акли солим кор гирад
Нашад фирефтаи ин дарси такдир.

Ае ай тозинаслу тозиафкор,
Ба чуз тоҷик набошад миллате ер,
Азиз дор мушки хоксорони худро
Ту қадри духтари тоҷик азиз дор.





Хонашӯӣ

14 11 2014

Мусову Муллошо таъмири хонаи дуҳуҷрагиро дар тули як моҳ ба охир расониданд ва имрӯз рӯзи супоридани хона буд.
Ин бегоҳ соҳибхона мувофиқи ваъдааш таъмири хонаашро «шуст». Ӯ дар хонаи ба тозагӣ таъмиршуда, миз орост ва ҳама сари хуроки шом нишастанд. Ба ҳамсараш фармуд аз майи куҳани худсохт биорад. Майи худсохташро таъриф карда онро куҳану хуштамъ муаррифӣ мекард. Ва илова кард, ки ду чиз – дӯст ва май — ҳарчи куҳнатар гарданд ҳамон қадар ширину гуворо мегарданд. Мусо аз нӯшидан худдорӣ намуд, вале Муллошо бо баҳонаи «чангу ғуборро тоза кардан» ҳамроҳи соҳибхона қадаҳ бардошт.
Манзараи аҷиб буд. Дар ду тарафи миз ду нафар дустона қадаҳ мебардоранд, ду нафаре, ки дар гузашта дар Афғонистон хизмат карда буданд. Яке аз осмон ҳамла мекарду дигаре аз замин ва шояд гоҳе ҳамдигарро дифоъ ҳам мекарданд. Аз рӯи нақлҳояш соҳибхона дар ҷангҳои Афғонистон чархболи ҷангии «Акула»-ро идора мекард. Ҳарчанд аз он рӯзҳо кам едовар мешуд, вале чархболчӣ будани ӯ дар пеши назари Мусо филмҳои ҷангиро меовард, ки чархболҳо деҳаҳоро бомборон мекарданд. Пас аз ин ин собик чархболчиро бад дид ва барқасдона нархҳои корро баланд мегуфту дар хеҷ коре гузашт накард. Аммо Муллошо парво надошт ва баръакс ба Мусо мегуфт, ки он вақт кори онҳо ҳамин буд ва танҳо фармонро иҷро мекарданд. Муллошо низ аз солҳои хидмати ҳарбияш дар Афғонистон қариб чизе намегуфт.

Чун одат мардуми инҷо сари бардоштани қадаҳ сухан менамоянд. Соҳибхона ба Муллошо таклиф намуд, ки сухани аввалро ӯ бигӯяд. Мусо сар аз таом бардошта хавотиромез ба Муллошо нигох кард. Муллошо низ ба Мусо нигарист ва табассум карду кутохакак комебии аҳли хонаводаи соҳибхонаро таманно намуд. Соҳибхона сипос гуфту ҳарду қадаҳоро бардоштанд.

Гап дар сари он ки боре Муллошо бо ду нафар шиносҳои рус шароб нӯшида сухан ҳам кард. Сухане кард, ки он нишасти онҳо ба ҷангу занозанӣ анҷомид. Аниктараш Мусо маҷбур шуда ҳамқадаҳҳои Муллошоро футбол кард. Пас аз он ба Муллошо таъкид кард, ки дигар май нанӯшад ва агар нӯшид сухан нагӯяд ва агар гуфт ин сухани гурҷӣро (грузинский тост) дигар дар ҳеҷ куҷо ва ҳаргиз нагӯяд.

Он сухани гурҷӣ тахминан чунин буд: «Шикорчие камон дар даст шикор меравад. Мебинад, ки уқобе омада барраеро бардошта парида осмон мебарояд. Шикорчӣ мепаронад. Уқоб меафтад. Барра парвозро идома медиҳад. Барои он менӯшем, ки уқобҳо ин қадар паст наафтанд ва барраҳо ин қадар баланд парвоз накунанд!»

Ҳамқадаҳҳои Муллошо он рӯз «ҳа акнун ту уқобу мо барра ҳа?!» гуфта аз гиребони Муллошо дошта буданд. Акнун ҳар боре дар ягон базм вақти сухан кардани Муллошо мерасид, Мусо хавотир мешуд.

Сари қадаҳи дуввум соҳибхона сухан кард. Ӯ тахминан чунин гуфт: «Таманнои онро дорам, ки дар Тоҷикистони шумо адолат ҳукмфармо гардад ва шумо тоҷикон аз ин гуна ҳает раҳо ебеду дар Ватани худ, дар назди фарзандони худ кору зиндагӣ намоед.»
Бале, аз ин хубтар таманное барои мухчир аст?





Бозихои бузург ва мухочири кучак

13 11 2014

Поенравии қурби рубли урусӣ барои бархе тоҷирону «спекулянт»-ҳо падидаи хуб бошад, аммо ба ҳамени мардикороне, ки дар Русия кор мекунанд зарбаи шадид зад.

Як дӯсти муҳоҷирам моҳе пеш аз бонки тоҷикистонӣ се ҳазор доллари ИМА қарз гирифта ба камбудиҳои хонааш сафарбар намуда ба Русия омад. Ӯ умед дошт дар давоми се моҳ аз қарз мебарояд. Чунки он вақт 3000 доллар баробари 90-96 ҳазор рубл буд. Акнун ки 3000 доллар баробар ба 140-145 шуд ӯ маоши наздик ба панҷ моҳашро бояд ба бонк супорад.

Шиноси дигарам дар як бонки Русия суратҳисобе кушода маоши қариб яксолинаашро онҷо захира намуд. Умедвор буд охири мавсими кор он захираашро ҳамроҳи фоидаи аз фоиз ба даст омада гирифта ба хона бармегардад. Аммо ба ҷои фоида – зарар..

Муҳоҷири дигаре музди корашро ки он вақт баробар ба ҳазор доллар буд ба рафиқаш қарз дода ба Тоҷикистон баргашт. Акнун ба ҷои ҳазор доллар 650 доллар мегирад.

Дирӯз як рафиқамро дидам. Ӯ дар Тоҷикистон корҳояш бад набуданд. Он ҷо дар сохтмон кор карда рӯзе сад сомон мегирифт. Онро кам пиндошта ба Русия омад. Акнун дар инҷо низ рӯзи кориаш баробар ба сад сомон. Фарқ дар он ки онҷо бегоҳ назди фарзандонаш буду инҷо не. Онҷо бегоҳ таоми бомеҳр пухтаи ҳамсарашро мехӯрду инҷо «доширак»-и «бомеҳр» сохтаи чиниҳоро.

Устои боҳунаре, ки ҳамроҳ кор мекунем сарашро дошта аз нарху навои акнун арзони кор сухан мегӯяд. Ӯ дар Хуҷанд низ ба сохтмон машғул будааст. Дар Хуҷанд нархҳои кор бо доллар нархгузорӣ мешудаанду инҷо бо рубл. Ва акнун ӯ низ ба Ватан баргаштанро авлотар медонад.





Падарҷонам, туро боз хоб дидам

12 11 2014

Qabri padarjonam

Qabri padarjonam


Аҷоиб кулбае буд кулбаи ту,

Басо зебову дилкаш даргаҳи ту,

Кай ин хона харидӣ ман надидам?

Падарҷонам, туро боз хоб дидам.

 

Дилам хоҳад чунин хоначаи хуб,

Дараш сангин бошад, бомаш аз чуб,

Ки дар паҳлӯи ту ҳамсоя бошам

Падарҷонам, туро боз хоб дидам.

 

Зи дуриҳо назар дорӣ ба ҳолам,

Чи сон афтидаву бепару болам,

Машав ғамгин, ки ман шодам зи ин ҳол

Падарҷонам, туро боз хоб дидам.

 

Марез ашкат, ки аз хобам нахезам,

Зи сӯзи ашкат дил шуд реза реза,

Ба паҳлӯят бари ман хонае хар

Падарҷонам, туро боз хоб дидам.





«Обғел»-и Муллошо

3 11 2014

Имсол корҳои Мусову Муллошо бобарор буд. Ҳанӯз таъмири як хонаро ба охир нарасонида хонаи дигар дар навбат меистод. Фармоиш болои фармоиш. Аммо Мусо ягон фармоишро рад намекард ва гоҳо таъмири ду хонаро якбора мебурд.

Саҳарӣ ба акаи Муллошо дастур дода гуфт: — акаи Муллошо, шумо ба хонаи Сергей равед. Ӯ дирӯз ба ман занг зада хабар дод, ки ду дона сафолаки нарасидаро овардааст. Ҳамон ду сафолакро наход бе ман насб карда натавонед? Ман ба хонаи Николаевич меравам.

— Ду дона сафолак ҳам кор шуду.. Онро насб карда боз ба хонаи Николаевич ҳам меравам.- Муллошо бовиқор ҷавоб дод.

Мусо хандида гуфт: – Э не. Шумо ҳамон ду сафолакро саросема нашуда росту зебо насб намоед давлати калон. Ба хона омада дам гирифта шинед.

Бегоҳӣ Мусо ба хона баргашт. Аз ошхона садои дегу кафгир ва буи оши палов меомад. Муллошо омадани Мусоро фаҳмида аз ошхона гуфт: — Мусоҷон, корро аз ман омӯз! Сафолакҳоро насб кардам. Тамоми хонаро гашта якта-нимта каму костиро бартараф карда корро супоридам ва ҳамаи пули мондагиро гирифтам. Аз сари пул як кило гушт харида ош пухтам. Хулоса хонаи Сергей тамом. Дигар намеравем.
Пас аз шустушуй дастархон ороста ба хурдани хуроки шом нишастанд. Муллошо гаштаю баргашта бовиқор аз тамом шудани кори хонаи Сергей таъкид мекард. Мусо аз Муллошо пурсид:

— Истед, ки чаро имрӯз ба ман занг зада тарҷимаи русии калимаи «обғел»-ро пурсидед?
Муллошо дар ҷавоб лаҳзае даступо хӯрда «Ин ҳамту, кам-кам русиро омӯхтан даркор-ку» гуфту монд.

Баробари ба хӯрокхӯрӣ оғоз намудан садои занги телефони Мусо баланд шуд. Мусо саросемавор луқмаи аллакай дар даҳонаш бударо фурӯ бурда телефон ба даст гирифта дид ва тугмачаи кабуди онро пахш карда ба гӯшаш гузошта гуфт:

— Салом, Сергей, гуш мекунам.
Сергей пас аз салом додан ба гап сар кард:
— Мусо, имрӯз он рафиқи ту омада ду сафолаки охиронро насб кард. Медонӣ, ҳамаҷои фарш росту ҳамвор, вале ҳамон ду сафолаки назди даромадгоҳ каҷу яктарафа. Каҷии он сахт ба назар мерасад. Аз дӯстат пурсидам, ки «чаро онҳо каҷанд?» Унгур-мунгур карду ба ту занг зад ва баргашта ба ман гуфт, ки ин таъкиди ту аст. Ва гӯе ту гуфта бошӣ, ки онҳо бояд барои обғел (водокат) каҷи дошта бошанд. Ман розӣ шуда қабул намудам. Аммо ҳоло ҳамсарам аз кор омад. Мо маслиҳат кардем, ки обғел даркор нест. Охир дар дохили хона об аз куҷо, ки ғелад? Бинобар ин илтимос худат вақт ефта якбор биеву онҳоро рост насб намо.

Мусо дар ҳоли ба тарафи Муллошо бад-бад нигоҳ кардан посух дод:

— Албатта, албатта, Сергей. Худи пагоҳ рафта ҳамаашро рост хоҳам кард…

Вақте гап зада шуд ва телефонро канор гузошт Муллошо бо табассум ба табақи ош ишорат карда гуфт:

— Канӣ Мусоҷон ошро гир. Баҳ-баҳ чи қадар болаззат шудааст. Медони-а, одам дар вақти хурокхӯрӣ гап намезанад. Канӣ, канӣ..
Мусо низ табассум карда бо ишораи «ҳоло ист!» сар ҷунбонду дубора ба ошхӯрӣ даромад.