Мусо, телефони дастӣ ва гурбачаи хокистаранг

2 11 2014

gurbachaОхирин рӯзҳои тирамоҳ буд. Барфпӯш будани замин ва хунукиву яхбандӣ аз омад-омади зимистон дарак медод. Хар вақте ки дари долони бино кушода шуда ягон истиқоматкунандаи он даро баро мекард, шамоли хунук аз берун ба дохили бино медаромад.  Гурбачаи хокистарранг аз хунукӣ меларзид ва аз хар нафари аз наздаш гузашта «мияв»-гуен ерӣ мехост. Нафаре эътибор ва нафаре баргашта ба у хурдание меовард. Кампирзане аз дилсӯзӣ ба ӯ дар косачае шир овард ва сари ӯро сила карда «эҳ бечорае, ҳанӯз хурдакак. Кӣ туро инҷо партофта бошад?» гуфт. Гурбача шояд на хурок, балки ба хоначаи гармаш ба назди Мусо баргаштан мехост.  Баъзан чашмонашро пушида пинак мерафт. Шояд он рузхои бозиву хурсандии бо Мусо гузаштаашро ба ед меовард.

Гурбачаро ҳанӯз як ҳафта пеш як кампири рус дар назди мағоза истода ба роҳгузарон пешниҳод мекард. Мусо он рӯз барои шишаи дуввуми шароб ба мағоза рафт. Вақти аз магоза баромадан кампир ба Мусо низ пешниҳод кард, ки ин гурбачаро бо худ бигирад. Мусо аввал рад карда роҳашро идома кард, вале пас аз ду се қадам бозистода фикр кард, ки айни ҳол ба ин гурбача ниез дорад. Куҷое хонда буд ки гурбаҳо асабро ором менамоянд ва ҳатто табобат ҳам мекунанд.

Он рӯзҳо ҳолати рӯҳии Мусо хеле вазнин буд. Барои ором кардани худ рӯй ба шаробнӯшӣ оварда буд. Ӯ ҳашт моҳ мешавад дур аз хона аст. Ҳар баҳор ҳаминтавр ба Русия кор омада тирамоҳ ба хона бармегашт. Дар тӯли ин омаду рафташ ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ чун одат шуда буд. Дар муҳоҷират телефони дастӣ ҳаети оилавии ӯро гоҳ чун асал ширин ва гоҳо то дараҷае талх мекард, ки ҷонаш ба лаб меомад. Бо телефони дастӣ ба ҳамсараш занг мезад ва агар ҳамсараш гӯширо набардорад ба дили ӯ ҳазору як шубҳа меафтид. Пас аз он ки бардошт саволҳо сар мешуданд, «чаро гӯширо набардоштӣ?», «дар куҷо будӣ?», «бо кӣ будӣ?», «ин қадар дастат банд буд?» ва ҳоказо.

Ва агар ҳамсараш занг занаду ӯ набардошт, баъдаш вуруди паемакҳо (смс) чун «чаро гӯширо набардоштед?», «дар куҷо ҳастед?», «бо кӣ ҳастед?», «халал додам?», « дар назди духтаракони хушқадуболо гап зада наметавонед?» ва ҳоказо.

Ин паемакҳо мисли бомба дар сари Мусо метаркиданд. Хусусан аламовар буд, вақте ӯ пас аз меҳнати ҷисмонии вазнин ба хона бармегашту аз хастагӣ хобаш мебурд ва вақте бедор мешуду ин паемакҳоро мехонд.

Муҳоҷират, ва дур будан аз ҳамдигар онҳоро бемор кард. Ҳарду ҳам аз бемории асаб сар карда то бемории фишори хун расиданд.

Ниҳоят рӯзе пас аз нагӯмагӯҳои телефонӣ Мусо ҳамсарашро «талоқ» гуфт. Дар ҳолати асабонияти шадид чӣ хел ин калимаро гуфт худ намефаҳмид. Дар ҳолати «шок» корро партофта ба ҷои хобаш шитофт ва раҳораҳ шароб харида менӯшид.

Саҳарӣ вақте аз хоб хест дар болои сараш гурбачаи хокистаррангро дида аввал ҳайрон шуд. Баъд хира-хира ба едаш омад, ки гурбачаро дар назди мағоза кампире ба ӯ дод.

Гурбача воқеан ӯро ба худ андармон карда хумосашро каме парешон менамуд. Зуд аз мағоза хурокии «вискас» харида овард. Дар зарфе хок оварда дар як кунҷи хона гузошт. Дар косачае об ҳам овард. Пахтачаеро ба ришта баста бо ӯ бозӣ мекард.

Мусо пас аз ду рӯз пас аз ҷанҷоли ҷудоиандоз дубора ба кор баромад. Ҳолати рӯҳии ӯ вазнин буд. Мехост ба коре машғул шуда ҷудоӣ аз ҳамсарашро ба ед наорад, вале аз сараш ин ҷангҷол берун намешуд. Аз гуфтаю аз карда пушаймон буд ва ба ҳар сӯ занг зада илоҷ мепурсид.

Ниҳоят пас аз як ҳафта бо ҳамсараш оштӣ карданд. Муллоҳо гуфтаанд, ки гуфтаи ӯ як талоқ ҳисоб мешавад ва ҳанӯз имконияти ҳифз намудани оилаи онҳо вуҷуд дорад. Он рӯз шодию хушнудии Мусову ҳамсараш ҳадду канор надошт.

Аз хурсандӣ корро партофта ба хона баргашт. Чун ҳамеша гурбачаи хокистарранг дар назди тиреза нишаста берунро тамошо мекард. Шояд омадани Мусоро интизор буд. Вақте Мусо дарро кушода ба хона ворид шуд, чун ҳарвақта ҷуробҳояшро дар байни хона парешон, дар рӯи гилем изи хоколуди пойи гурбачаро дид. Ин бор ба назараш хона бетартиб менамуд. Ҳавои хона низ ба назараш ғализ буд.

Ба сари миз ба хӯрокхӯрӣ  нишаст. Садои «мияв»-и гурбача ба дараҷае ба гӯшаш нафорид, ки нон дар гулӯяш дармонд. Ба косачаи гурбача нигарист. Он пур аз хурок буд.

Пас аз хурок хурда шудан ба ҷои хобаш дароз кашид. Гурбача чун ҳаррӯза ба ангуштони пойҳои Мусо дарафтода онҳоро маҳин мегазид. Гурбача бозӣ кардан мехост. Ба Мусо ин кори гурбача намефорид ва ӯро аз худ дур мекард. Вале гурбача боз ба пойҳои ӯ мечаспид. Мусо ба хулосае омад, ки гурбачаро бояд ба соҳибаш баргардонад.

Мусо соатҳо дар назди мағоза рост истод то шояд он кампирро бинад. Гурбача дар бағал, дар зери пироҳанаш бетоқатӣ мекард. Мехост сарашро аз торикии зери либос берун намояд. Ниҳоят Мусо бетоқат шуда ба наздиктарин бино рафт. Ба долони он даромада гурбачаро сар дод  ва худаш зуд аз наздаш фирор карда ба хонааш баргашт. Акнун дигар дар либосҳояш муйҳои гурбача нахоҳанд буд, ҳавои хона дигар буи саргини ҳайвон нахоҳад кард.

Гурбачаро бошад кампирзан ефта боз дар назди мағоза ба ягон бадмасти дигар пешниҳод хоҳад кард.

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: