«Обғел»-и Муллошо

3 11 2014

Имсол корҳои Мусову Муллошо бобарор буд. Ҳанӯз таъмири як хонаро ба охир нарасонида хонаи дигар дар навбат меистод. Фармоиш болои фармоиш. Аммо Мусо ягон фармоишро рад намекард ва гоҳо таъмири ду хонаро якбора мебурд.

Саҳарӣ ба акаи Муллошо дастур дода гуфт: — акаи Муллошо, шумо ба хонаи Сергей равед. Ӯ дирӯз ба ман занг зада хабар дод, ки ду дона сафолаки нарасидаро овардааст. Ҳамон ду сафолакро наход бе ман насб карда натавонед? Ман ба хонаи Николаевич меравам.

— Ду дона сафолак ҳам кор шуду.. Онро насб карда боз ба хонаи Николаевич ҳам меравам.- Муллошо бовиқор ҷавоб дод.

Мусо хандида гуфт: – Э не. Шумо ҳамон ду сафолакро саросема нашуда росту зебо насб намоед давлати калон. Ба хона омада дам гирифта шинед.

Бегоҳӣ Мусо ба хона баргашт. Аз ошхона садои дегу кафгир ва буи оши палов меомад. Муллошо омадани Мусоро фаҳмида аз ошхона гуфт: — Мусоҷон, корро аз ман омӯз! Сафолакҳоро насб кардам. Тамоми хонаро гашта якта-нимта каму костиро бартараф карда корро супоридам ва ҳамаи пули мондагиро гирифтам. Аз сари пул як кило гушт харида ош пухтам. Хулоса хонаи Сергей тамом. Дигар намеравем.
Пас аз шустушуй дастархон ороста ба хурдани хуроки шом нишастанд. Муллошо гаштаю баргашта бовиқор аз тамом шудани кори хонаи Сергей таъкид мекард. Мусо аз Муллошо пурсид:

— Истед, ки чаро имрӯз ба ман занг зада тарҷимаи русии калимаи «обғел»-ро пурсидед?
Муллошо дар ҷавоб лаҳзае даступо хӯрда «Ин ҳамту, кам-кам русиро омӯхтан даркор-ку» гуфту монд.

Баробари ба хӯрокхӯрӣ оғоз намудан садои занги телефони Мусо баланд шуд. Мусо саросемавор луқмаи аллакай дар даҳонаш бударо фурӯ бурда телефон ба даст гирифта дид ва тугмачаи кабуди онро пахш карда ба гӯшаш гузошта гуфт:

— Салом, Сергей, гуш мекунам.
Сергей пас аз салом додан ба гап сар кард:
— Мусо, имрӯз он рафиқи ту омада ду сафолаки охиронро насб кард. Медонӣ, ҳамаҷои фарш росту ҳамвор, вале ҳамон ду сафолаки назди даромадгоҳ каҷу яктарафа. Каҷии он сахт ба назар мерасад. Аз дӯстат пурсидам, ки «чаро онҳо каҷанд?» Унгур-мунгур карду ба ту занг зад ва баргашта ба ман гуфт, ки ин таъкиди ту аст. Ва гӯе ту гуфта бошӣ, ки онҳо бояд барои обғел (водокат) каҷи дошта бошанд. Ман розӣ шуда қабул намудам. Аммо ҳоло ҳамсарам аз кор омад. Мо маслиҳат кардем, ки обғел даркор нест. Охир дар дохили хона об аз куҷо, ки ғелад? Бинобар ин илтимос худат вақт ефта якбор биеву онҳоро рост насб намо.

Мусо дар ҳоли ба тарафи Муллошо бад-бад нигоҳ кардан посух дод:

— Албатта, албатта, Сергей. Худи пагоҳ рафта ҳамаашро рост хоҳам кард…

Вақте гап зада шуд ва телефонро канор гузошт Муллошо бо табассум ба табақи ош ишорат карда гуфт:

— Канӣ Мусоҷон ошро гир. Баҳ-баҳ чи қадар болаззат шудааст. Медони-а, одам дар вақти хурокхӯрӣ гап намезанад. Канӣ, канӣ..
Мусо низ табассум карда бо ишораи «ҳоло ист!» сар ҷунбонду дубора ба ошхӯрӣ даромад.

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: