Қонуни нави «Патент» дар Русия

19 11 2014

ufms

Дируз, 18-уми ноябр, қонуни нав қабул шуд, ки аз 1-уми январи соли 2015 ба амал мебарояд. Тибқи ин навигарӣ аҳволи муҳоҷир боз вазнинтар мегардад. Ҳақи якмоҳинаи «патент», ки аз 1000 то 1300 рубл буд, акнун метавонад дар ҳар минтақаи Русия гуногун ва аз 1200 то 5 ҳазор боло равад. Чанд рубл будани як моҳи «патент»-ро метавонед аз Хадамоти муҳоҷирати (ФМС) шаҳру ноҳияи ҷойгирбудаатон аниқ намоед.
Пас аз 1-уми январ иҷозатномаи кор (разрешение на работу) дигар намедиҳанд. Дар корхонаҳо низ бо «патент» кор кардан иҷозат мешавад. Аммо онҳое, ки аллакай иҷозатномаи кор доранд то охири муҳлаташ метавонанд истифода шаванд.

«Патент»-ҳои нав акнун ду сол муҳлат доранд. Пас аз гузаштани ду сол, убур намудани сарҳад ва гирифтани «патент»-и такрорӣ лозим мешавад.
Барои гирифтани «патент» бояд дар давоми 30 рӯз пас аз ворид шудан ба Русия ҳуҷҷатҳои лозимиро ба «УФМС» супоред. Дар ҳолати дер кардан ҷарима ба миқдори 10-15 ҳазор рубл пешбинӣ шудааст.

Ногуфта намонад, ки пас аз 1-уми январи соли 2015 шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ҳуқуқи ба Русия ворид шуданро доранд.

Инчунин пас аз якуми январ тасдиқнома е худ «сертификат» дар бораи супоридани имтиҳон аз фанҳои забони урусӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русия лозим мешавад.

Барои гирифтани «патент»-и нав чунин ҳуҷҷатҳо заруранд:
1. ариза
2. шиносномаи хориҷӣ ва нусхаи он (копия)
3. варақи муҳоҷирӣ ва нусхаи он (миграционная карта)
4. як дона акси 3.5х4.5
5. маълумотнома дар бораи бемориҳои сирояткунанда набудан (медсправка).
6. Суғуртаи медидсинии яксола (полис медстраховка).
7. Қайднома ва нусхаи он (регистрация)
8. «Сертификат»-и донистани забон, таърих ва қонунҳои Русия

Пас аз гирифтани патент андоз барои аз 1 то 12 моҳро метавонед ба «Сбербанк»-и Русия супоред. Дар асоси қоғази бонк мӯҳлати қайднома дароз карда мешавад.

Вақти ба Русия ворид шудан (дар фурудгоҳ) дар пур кардани варақаи муҳоҷирӣ (миграционная карта) диққат диҳед. Модоме ки мақсади шумо дар Русия кор кардан бошад, пас бояд ба зери «работа» хат кашед. Дар акси ҳол шуморо вақти гирифтани «патент» метавонанд ҷарима намоянд.

Хулоса, рӯзбадтар ҳасту рӯзбеҳтар не. (((

Реклама

Действия

Information

One response

21 11 2014
Эълон

Хизматрасонии нави ройгон ба хамаи шахрвандони точикистон аз кабили:

/Харидори намудани чиптахои хавопаймо — мо хамкори дорем бо 728 ширкатхои хавопаймои/

/Брон кардани утокхои хоб дар мехмонхонахо — зиеда аз 70 000 мехмонхонахо дар саросари чахон

/Фармоиш додани такси — манотики фаъолият дар 4 000 шахрхои чахон

/Ичора гирифтани наклиет — хамкори дорем бо ширкати пешкадами Аврупо, ки дар 127 мамлакат хизматрасони пешниход менамоянд.

Маълумоти муфассалтар бо сурогаи http://www.bilet24.tj

Бо эхтироми кулл,
Рохбар

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: