Зулмоти поёни шаби сиёҳ (поёни достон)

21 02 2015

Пас аз ношто Некрӯзу Аслиддин ба беруни ошхона баромаданд.
Аммо он ду мусофири ҳамсафари онҳо, ки ба ошхона надаромада буданд дар берун набуданд. Некрӯз муҳаррики худравро ба кор андохта тахминан даҳ дақиқа интизори онҳо шуд. Ду се маротиба занги худравро низ пахш кард. Вале касе ҳозир нашуд.
— Аз афташ бо ягон худрави дигар рафтанд. – гуфт Некрӯз ва оҳиста-оҳиста худравро ба ҳаракат даровард.
— Ту онҳоро бо гапҳои сиёсиат тарсондӣ, ана аз бало ҳазар гуфта гурехтанд. – бо ханда гуфт Аслиддин.
Худрав баробари ба ҳаракат даромадан такон хурду муҳаррикаш хомӯш шуд.
— Эх миллати латтамиҷози ман! – гуфта муҳаррикро дубора ба кор андохту илова кард:
— Кайҳо дар сари худрав нанишаста будам, як-як фишангҳои «муфт»-у «ист» фаромуш мешаванд.
— Маълум аст. Дасту поят меларзанд. Маро сиҳат саломат ба назди модари пирам расонӣ шуд. Худо нигаҳбон бошад, дар як ғанабчае, ки дар ҳавопаймо рафтам хоби нағз надидам. – аз тирезаи худрав ба куҳҳои сар ба фалаккашидаи ағбаи Шаҳристон назар карда гуфт Аслиддин.
Некрӯз, ки худравро аз ҳавлии ошхона ронда ба роҳи асосӣ пайваст мешуд, пурсид:
— Боз чӣ хоб дидӣ, Туруш? Дар ҳамон танҳоиҳои муҳоҷират «шизофреник» нашудаи-ку?
— Шояд. Аммо бисёр мехостам аз фурудгоҳ бе ту берун ояму сафарамро бе ту идома диҳам.. – Аслиддин аз қуллаҳои барфпӯш чашм наканда гуфт.
— Эй эй, Аслӣ, ба ман чӣ дахл дорад, ё дар хобат ман ҳам будам? – бо табассум пурсид Некрӯз.
— Бале. – Аслиддин аз куҳҳо чашм канд ва ба Некрӯз нигариста посух дод.
Некрӯз бо ҳамон табассум аз роҳ чашм наканда гуфт:
— Хобатро ба об гӯй мегӯянд. Ҳозир айнан қад-қади дарёи Зарафшон рафта истодаем. Метавонӣ ҳоло ба ӯ гуфтан гирӣ.
Аслиддин ба дарё нигариста: — пас аз се рӯз баъд мегӯям. – гуфт.
Некрӯз гуфт: — Эх Туруш, ту аниқ «шизофреник» шудаӣ.
— Дар хона як оши як ба як фармоиш дода баъд дар сари дастархон… Эй! Роҳ! Гардон! – Аслиддин ба роҳ ишора карда дод зад. Некрӯз чамбаракро зуд ба самти рост гардонида баробари он ба пойфишанги «ист» пахш кард. Худрави боркашони «Камаз», ки аз самти муқобил меомад бо садои занги даҳшатафканаш аз паҳлӯи онҳо гузашта ғурросзанон гузашта рафт. Ронандаи «Камаз» аз тирезааш дуғ зада чизе гуфт. Аслиддину Некрӯз аз тарс «шах» шуда буданд. Рангу рӯи Некрӯз парида сап-сафед гашта буд. Бо ҳарду дастонаш чамбаракро сахт қапида буд ва дастонаш меларзиданд. Ба Аслиддин нигариста пурсид: — Ӯ дод зада чӣ гуфт?
— Нашунидам чӣ гуфт. Некрӯз, ту ба роҳ нигоҳ кун, ба ман чӣ нигоҳ мекунӣ? Гапи маро бо гушонат мешунавӣ, на бо чашмонат. Худо раҳмамонро хурд. Қариб ҳамон таъбири хобам мебаромад. – гуфт Аслиддин.
Некрӯз чизе нагуфта худравро дубора ба ҳаракат даровард.

Дар деҳа хабари худравхарии Некрӯз аллакай паҳн шуда буд ва аз омад-омади Аслиддину Некрӯз хешу табори ҳарду хабардор шуда буданд.
Аз чашмони ҳамсари Аслиддин ашк мерехт. Ин на ашки шодӣ ва на ашки ғам буд, балки барои оши палав пиёз реза мекард. Модари Аслиддин, ки сабзӣ реза мекард ба келинаш рӯй оварда гуфт: — Шуд. Мондагиашро ман реза мекунам, ту рафта дегро мон.

Некрӯз ба зонуи Аслиддин як шаппотӣ зада бо ханда гуфт: — Хез, Туруш! Қариб расидем. Камтари дигар монд. Ин қадар хоб нарав, ки боз ягон хоби дигар набинӣ.
Аслиддин хоб набуд, танҳо чашмонашро пӯшида ба пуштмонак такя зада буд. Ба сухани Некрӯз эътибор надода аз ҷой наҷунбид ва чашмонашро кушоду гирду атрофро назар кард ва боз такя зада чашмонашро пӯшид.
Акнун, ки онҳо аз купрук гузашта буданд дарёи Зарафшон дар тарафи Аслиддин буд. Худрав ба гардиши роҳ наздик шуд. Самти муқобили он тарафи гардиш дида намешуд. Некрӯз боэҳтиёт суръатро каме суст кард. Нохост худраве аз гардиш дида шуд, ки бо суръати баланд ба муқобили онҳо баромад. Суръати баланди худрави муқобил имкон надод, ки аз роҳаш набарояд. Некрӯз фарёд зада аз тарси он ки ба худрави муқобил барнахӯрад чамбаракро ба рост тоб дод. Вақте худрав бо суръати баланд лағжида аз роҳ берун шуд ва ба ҷар сарозер мешуд Некрӯз фарёд зада дарро кушода худро берун партофт. Дигар чизе дар ёди Некрӯз набуд. Некрӯз чаппаю роста шуда ба дарё афтидани худравро надид, аммо садои баланди ба сангҳо бархурдану ба об афтидани он ба гӯшаш расид. Ҳарчанд мехост дод зада «Аслӣ, худро берун парто!» гӯяд, аммо лабонаш ба ӯ итоат намекарданд. Гармии хунро ки сару пешониаш мерехт дар чашмонаш ҳис кард ва каме нагузашта аз ҳуш рафт.

Пас аз чор рӯз.
Муфаттиш дар интизори ба ҳуш омадани Некрӯз дар беморхонаи маркази ноҳия гаштугузор мекард, ки нохост наъраи гиряолуде аз як ҳуҷра баланд шуд, «Парто! Аслӣ, худро берун партооо! Аслӣӣӣ…»

Мардони деҳа таи ин рӯзҳо аз гирду атрофи макони садама сар карда то деҳаҳои поёноб ҷасади Аслиддинро мекофтанд.

Модари Аслиддин дар иҳотаи ҳамсоязанҳо гоҳ ба ҳуш меомаду боз аз ҳуш мерафт.

Ҳамсари Аслиддин аз ақл бегона сухан мекард. Гоҳ худ ба худ чизе гуфта механдид, гоҳ соатҳо ба як нукта нигоҳ карда карахт менишаст.

Ниҳоят хабар расид, ки ҷасади Аслиддинро аз дамоби паси хонаашон пайдо кардаанд.





Чил муъҷизаи Тоҷикистон

2 02 2015

— Танҳо дар Тоҷикистон кормандӣ БДА метавонад нигоҳаш ба худраву ронанда 15 мегапиксел ва хотирааш барои сабти рақами худравҳо зиёда аз 8гб бошад.
— Танҳо дар Тоҷикистон андоз на мисли дигар давлатҳо ҳамагӣ 13%-ро ба давлат месупорӣ, балки ҳамагӣ 13%-ро худат мегирӣ.
— Танҳо дар Тоҷикистон тоҷик метавонад ба эбола гирифтор шуда сиҳат ёбад ва фикр намояд, ки каме шамол хӯрда буд.
-Танҳо дар Тоҷикистон бо арзон шудани сӯзишворӣ нархи дигар маҳсулот қимат мешавад.
— Танҳо дар Тоҷикистон «петеушник» метавонад якбора вазир шавад.
— Танҳо дар Тоҷикистон нафақа метавонад аз 30 то 3000 доллар бошад.
— Танҳо дар Тоҷикистон метавонанд бо ҷурми таҷовузи номуси духтари беномусе айбдорат намоянд, ки ӯро бори аввал мебинӣ.
-Танҳо дар Тоҷикистон бо нафақаи 30 доллар нафақахӯр зинда мемонад.
— Танҳо дар Тоҷикистон метавонад Қулмақбоев Турмоқбой тоҷиконро ба фахр, гиромидошт ва худшиносии миллӣ, ҳидоят намояд.
— Танҳо тоҷик метавонад бо маошаш дар муҳоҷират ҳам оилаи худашро, ҳам падару модарашро, ҳам зиндагии корманди «Хадамоти Муҳоҷират»-ро, ҳам оилаи пулиси минтақавиро, ҳам зиндагии корманди фурудгоҳро, ҳам маоши миёнарави кордеҳро таъмин намояд.
— Танҳо дар Тоҷикистон мудтарин касб – «таксирон» аст.
— Танҳо дар Тоҷикистон мард аз мушкилот гурехта Русия меравад ва аз ҳамонҷо мушкилотро ҳал менамояд.
— Танҳо дар Тоҷикистон вақте бо забони адабӣ ҳарф занед, аз шумо мепурсанд «Иъ, шумо тоҷик не???».
— Танҳо дар Тоҷикистон вазир метавонад дар як моҳ бо маоши 3 ҳазор сомонӣ қасри 3-ошёнаи 300 ҳазор доллара созад.

— Танҳо дар Тоҷикистон кӯдак пеш аз хоб филми тасвирии «Маша и медвед»-и урусро набинад хобаш намебарад.
— Танҳо дар Тоҷикистон бо айби телефонҳои дастӣ мардум аз барқ танқисӣ кашад.
— Танҳо дар Тоҷикистон наврасон, ки гоҳ мошиншӯй, гоҳ «пакетфурӯш», гоҳ пулчинаки мусофирбар, гоҳ обфурӯш, гоҳ нонфурӯшанд бозорро аз маркетологҳои аврупоӣ ҳам хуб медонанд.
— Танҳо дар Тоҷикистон дар навбати гирифтани замини наздиҳавлигӣ 700-ум мешавию пас аз се сол 698-ум мешавӣ.
— Танҳо дар Тоҷикистон агар чор сомонӣ надошта бошӣ «шлагбаум» кушода намешавад ва фарзандонат дар вай тарафи «пулчинак»-у ту дар ин тарафи он хоб меравӣ.
— Танҳо дар Тоҷикистон «дафтарчаи меҳнатӣ» дар набудани ту ҳам худаш кор кардан мегирад.
— Танҳо дар Тоҷикистон омӯзгор як умр кор карда 22 сол интихоботҳоро обу лой намуда, сипас дар пирӣ 125 сомонӣ нафақа гирад.
— Танҳо дар Тоҷикистон метавонӣ дар фурудгоҳ пул дода- пул дода аз хамааш гузариву танҳо вақти парвоз эълони «Агар аз шумо пул талаб намоянд ба рақамҳои зерин занг занед»-ро бубинӣ.
— Танҳо дар Тоҷикистон «бақлашка»-и оби сӯзон манбаи гармидиҳӣ дар зимистони қаҳратун бошад.
— Танҳо дар Тоҷикистон нон метавонад дар гулӯят дармонда ба марг расонад.
— Танҳо дар Тоҷикистон одамон ба ду гурӯҳҳои «қонун барои мо» ва «қонун барои шумо» тақсим мешаванд.
— Танҳо дар Тоҷикистон мегӯянд «..си буват, мо маданиятамон баланд, ..си ачат»
— Танҳо дар Тоҷикистон гушҳо, чашмҳо, ақлҳо ҳатто телевизорҳо сатҳи баланди 9-12 баллаи «ҳамду санохонӣ»-ро тоқат менамоянд.
— Танҳо дар Тоҷикистон дониш метавонад бо баландии «каблук», сатр ва «галстук» алоқаманд бошад.
— Танҳо дар Тоҷикистон худрави 9-нафараи «старекс» 11-нафар ва «газел»-и 11-нафара 17-нафар мекашонад.
— Танҳо дар Тоҷикистон «баклашка»-и оби гарм метавонад баданро сӯзонда изи дарзмолро гузорад.
— Танҳо дар Тоҷикистон иштироки фаъолонаи котиба дар бистари раис ӯро дар кӯтоҳтарин муддат вакил менамояд.
— Танҳо дар Тоҷикистон барқдории паштуние дар Афғонистон беҳ аз барқдории тоҷики худ аст.
— Танҳо дар Тоҷикистон доштани тағо 1:0 дипломи сурху кабуду норинҷиро мезанад.
— Танҳо дар Тоҷикистон аз омад-омади ДИИШ парвое надоранд ва ҳатто умедворанд, ки онҳоро аз зулм раҳо хоҳанд кард.
— Танҳо дар Тоҷикистон аз Президенту вазиру сарвазир то мухолифину рӯзноманигори озодандеш танҳо дар фикру ғами кисаи худ бошад.
— Танҳо дар Тоҷикистон агар дар фикри мардум шавӣ аз 9 то 30 сол зиндонӣ мешавӣ.
— Танҳо дар Тоҷикистон дигар ашки ватандӯстӣ намерезад.
— Танҳо дар Тоҷикистон бо шунидани суруди миллӣ дар бадан мурғак намедавад.
— Танҳо дар Тоҷикистон ба бозор медароию тани одамонаро бо сарҳои рубоҳу шағолу гургу мушу гову хару сагу мору барра мебинӣ.
— Танҳо дар Тоҷикистон …