Зулмоти поёни шаби сиёҳ (поёни достон)

21 02 2015

Пас аз ношто Некрӯзу Аслиддин ба беруни ошхона баромаданд.
Аммо он ду мусофири ҳамсафари онҳо, ки ба ошхона надаромада буданд дар берун набуданд. Некрӯз муҳаррики худравро ба кор андохта тахминан даҳ дақиқа интизори онҳо шуд. Ду се маротиба занги худравро низ пахш кард. Вале касе ҳозир нашуд.
— Аз афташ бо ягон худрави дигар рафтанд. – гуфт Некрӯз ва оҳиста-оҳиста худравро ба ҳаракат даровард.
— Ту онҳоро бо гапҳои сиёсиат тарсондӣ, ана аз бало ҳазар гуфта гурехтанд. – бо ханда гуфт Аслиддин.
Худрав баробари ба ҳаракат даромадан такон хурду муҳаррикаш хомӯш шуд.
— Эх миллати латтамиҷози ман! – гуфта муҳаррикро дубора ба кор андохту илова кард:
— Кайҳо дар сари худрав нанишаста будам, як-як фишангҳои «муфт»-у «ист» фаромуш мешаванд.
— Маълум аст. Дасту поят меларзанд. Маро сиҳат саломат ба назди модари пирам расонӣ шуд. Худо нигаҳбон бошад, дар як ғанабчае, ки дар ҳавопаймо рафтам хоби нағз надидам. – аз тирезаи худрав ба куҳҳои сар ба фалаккашидаи ағбаи Шаҳристон назар карда гуфт Аслиддин.
Некрӯз, ки худравро аз ҳавлии ошхона ронда ба роҳи асосӣ пайваст мешуд, пурсид:
— Боз чӣ хоб дидӣ, Туруш? Дар ҳамон танҳоиҳои муҳоҷират «шизофреник» нашудаи-ку?
— Шояд. Аммо бисёр мехостам аз фурудгоҳ бе ту берун ояму сафарамро бе ту идома диҳам.. – Аслиддин аз қуллаҳои барфпӯш чашм наканда гуфт.
— Эй эй, Аслӣ, ба ман чӣ дахл дорад, ё дар хобат ман ҳам будам? – бо табассум пурсид Некрӯз.
— Бале. – Аслиддин аз куҳҳо чашм канд ва ба Некрӯз нигариста посух дод.
Некрӯз бо ҳамон табассум аз роҳ чашм наканда гуфт:
— Хобатро ба об гӯй мегӯянд. Ҳозир айнан қад-қади дарёи Зарафшон рафта истодаем. Метавонӣ ҳоло ба ӯ гуфтан гирӣ.
Аслиддин ба дарё нигариста: — пас аз се рӯз баъд мегӯям. – гуфт.
Некрӯз гуфт: — Эх Туруш, ту аниқ «шизофреник» шудаӣ.
— Дар хона як оши як ба як фармоиш дода баъд дар сари дастархон… Эй! Роҳ! Гардон! – Аслиддин ба роҳ ишора карда дод зад. Некрӯз чамбаракро зуд ба самти рост гардонида баробари он ба пойфишанги «ист» пахш кард. Худрави боркашони «Камаз», ки аз самти муқобил меомад бо садои занги даҳшатафканаш аз паҳлӯи онҳо гузашта ғурросзанон гузашта рафт. Ронандаи «Камаз» аз тирезааш дуғ зада чизе гуфт. Аслиддину Некрӯз аз тарс «шах» шуда буданд. Рангу рӯи Некрӯз парида сап-сафед гашта буд. Бо ҳарду дастонаш чамбаракро сахт қапида буд ва дастонаш меларзиданд. Ба Аслиддин нигариста пурсид: — Ӯ дод зада чӣ гуфт?
— Нашунидам чӣ гуфт. Некрӯз, ту ба роҳ нигоҳ кун, ба ман чӣ нигоҳ мекунӣ? Гапи маро бо гушонат мешунавӣ, на бо чашмонат. Худо раҳмамонро хурд. Қариб ҳамон таъбири хобам мебаромад. – гуфт Аслиддин.
Некрӯз чизе нагуфта худравро дубора ба ҳаракат даровард.

Дар деҳа хабари худравхарии Некрӯз аллакай паҳн шуда буд ва аз омад-омади Аслиддину Некрӯз хешу табори ҳарду хабардор шуда буданд.
Аз чашмони ҳамсари Аслиддин ашк мерехт. Ин на ашки шодӣ ва на ашки ғам буд, балки барои оши палав пиёз реза мекард. Модари Аслиддин, ки сабзӣ реза мекард ба келинаш рӯй оварда гуфт: — Шуд. Мондагиашро ман реза мекунам, ту рафта дегро мон.

Некрӯз ба зонуи Аслиддин як шаппотӣ зада бо ханда гуфт: — Хез, Туруш! Қариб расидем. Камтари дигар монд. Ин қадар хоб нарав, ки боз ягон хоби дигар набинӣ.
Аслиддин хоб набуд, танҳо чашмонашро пӯшида ба пуштмонак такя зада буд. Ба сухани Некрӯз эътибор надода аз ҷой наҷунбид ва чашмонашро кушоду гирду атрофро назар кард ва боз такя зада чашмонашро пӯшид.
Акнун, ки онҳо аз купрук гузашта буданд дарёи Зарафшон дар тарафи Аслиддин буд. Худрав ба гардиши роҳ наздик шуд. Самти муқобили он тарафи гардиш дида намешуд. Некрӯз боэҳтиёт суръатро каме суст кард. Нохост худраве аз гардиш дида шуд, ки бо суръати баланд ба муқобили онҳо баромад. Суръати баланди худрави муқобил имкон надод, ки аз роҳаш набарояд. Некрӯз фарёд зада аз тарси он ки ба худрави муқобил барнахӯрад чамбаракро ба рост тоб дод. Вақте худрав бо суръати баланд лағжида аз роҳ берун шуд ва ба ҷар сарозер мешуд Некрӯз фарёд зада дарро кушода худро берун партофт. Дигар чизе дар ёди Некрӯз набуд. Некрӯз чаппаю роста шуда ба дарё афтидани худравро надид, аммо садои баланди ба сангҳо бархурдану ба об афтидани он ба гӯшаш расид. Ҳарчанд мехост дод зада «Аслӣ, худро берун парто!» гӯяд, аммо лабонаш ба ӯ итоат намекарданд. Гармии хунро ки сару пешониаш мерехт дар чашмонаш ҳис кард ва каме нагузашта аз ҳуш рафт.

Пас аз чор рӯз.
Муфаттиш дар интизори ба ҳуш омадани Некрӯз дар беморхонаи маркази ноҳия гаштугузор мекард, ки нохост наъраи гиряолуде аз як ҳуҷра баланд шуд, «Парто! Аслӣ, худро берун партооо! Аслӣӣӣ…»

Мардони деҳа таи ин рӯзҳо аз гирду атрофи макони садама сар карда то деҳаҳои поёноб ҷасади Аслиддинро мекофтанд.

Модари Аслиддин дар иҳотаи ҳамсоязанҳо гоҳ ба ҳуш меомаду боз аз ҳуш мерафт.

Ҳамсари Аслиддин аз ақл бегона сухан мекард. Гоҳ худ ба худ чизе гуфта механдид, гоҳ соатҳо ба як нукта нигоҳ карда карахт менишаст.

Ниҳоят хабар расид, ки ҷасади Аслиддинро аз дамоби паси хонаашон пайдо кардаанд.

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: