Музаффар ва «даркушоякон»

20 07 2015

Музаффар, пас аз он ки қурби рубли урусӣ поён рафт ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Русия мушкилтар шуд, ба қарор омад дар Тоҷикистон кор ёфта, ба сомонӣ қаноат намояд. Барои ин аз токча дипломҳои чандин сол бекорхобидаашро пайдо кард. Онҳоро пафу-пуф карда аз чанг тоза намуд ва ба ҷӯстуҷӯи кор баромад. Гарчанде, ки ӯ солҳои охир дар сохтмон кор мекард, пайваста аз навигариҳои ихтисосаш ба худомӯзӣ машғул буд. Аммо муҳоҷират ӯро ба он расонд, ки аз соҳаи худ дур гашт ва донишу малакааш аз ҷавонони насли нав қафо монда буд. Музаффар аз рӯи ихтисоси муҳандис-иқтисодчӣ Донишгоҳи Давлатии ба номи Бобоҷон Ғафуровро хатм намуда буд. Ӯ ният кард барои сайқал додани малакаю таҷрибаи худ маҳз дар соҳаи роёна кор ёбад. Аз байн як моҳ нагузашта кори мувофиқи таъбашро ёфт. Вазифаи ӯ гардонандагии торнамои як ширкати хориҷӣ буд. Рӯзи дароз аз интернети бепул истифода бурда «чарида» мегашт.

Боре чашмаш ба торнамои Блогистон афтид, ки онҷо оиди аз тарафи ташкилотҳои байнанхалқӣ таҳти лоиҳаи «Ҳукумати электронӣ» ба ҳамаи ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ройгон торнамо (сайт) сохта додан навишта шуда буд. Муаллифи мақола, блогнавис Рустам Гулов дар поёни мақола оварда буд, ки аз 18 торнамоҳои вилояти Суғд ҳамагӣ 4-тоаш фаъол буданду халос. Ба сари Музаффар як фикр зад ва пагоҳаш роҳи ҳукумати ноҳияро пеш гирифт. Ӯ хеле мехост торнамои зодгоҳаш низ дар қатори дигар торнамоҳо фаъол бошаду аз худ дарак дода истад, ба воситаи он арзу шикоятҳои мардум ба мақомот расад ва умуман дар бораи фаъолияти раиси ноҳия мардум хабардор шуда истад.

Рӯзи қабули шахрвандон буд. Дар даромадгоҳи бинои ҳукумат ҷавоне фарбеҳак тахминан 20-25 сола менишаст, ки шаҳрвандонро ба қайд мегирифт ва бо кадом масъала омадани онҳоро низ сабт мекард. Ӯ шармгин метофт ва аз садои пасту шармгиниаш маълум буд, ба қарибӣ ба ин курсӣ нишастааст. Бисёр ҷавонони деҳа дар орзуи ба мақомот кор даромадан буданд. Баъзеҳо ҳатто омода буданд бо маоши 200-300 сомонӣ солҳо «даркушояк»-и раиси ноҳия шаванд. Онҳоро бародар ё падарашон аз ҷиҳати молӣ кумак карда, маслиҳат медоданд, ки бо дили гарму нарм дарҳоро кушодаю пӯшида гардад, то як рӯз не як рӯз «сабзида» болотар баромадан гирад. Ин ҷавон низ шояд бақарибӣ дастаҳои дарро ба дигаре гузошта, дар назди дарҳо менишастагӣ шудааст.

Пеш аз ӯ мӯйсафеде гуфт, ки мехоҳад дар бораи табобат аз дарди пойҳояш аз раиси ноҳия кӯмак пурсад. Пас аз пирамард ҷавони собиқ «даркушояк» аз ному насаб ва сабаби ташрифи Музаффар пурсон шуд. Вақте Музаффар гуфт, ки мехоҳад оиди торнамои ноҳия бо раис гап занад, он ҷавон ҳайрон-ҳайрон нигоҳ карду сипас ба коғаз «шабакаи интернет» навишту монд.

Дар навбат 4-5 нафар меистоданд, ки ҳамаашон солхӯрда ба назар мерасиданд. Инак навбат ба Музаффар расид. Аз паси дар як нафар, ки кораш боз ҳамон даркушоӣ буд сар берун карда, Музаффарро даъват намуд. Аммо ин «даркушояк»-одӣ набуд. Ба синну соли ҷавониаш нигоҳ накарда аллакай мисли мардони 40-50 сола, ё худ занҳои ҳомила шикамчадор буд. Қошҳои ба ҳам пайвастаи сиёҳу ғафс-ғафс бо сохти шикамчааш ҷӯр буданд. Музаффар ба маҷлисгоҳ даромад. Маҷлисгоҳ пур аз кормандони ҳукумат буд ва дар марказ, дар алоҳидагӣ нафаре менишаст, ки аз раис будани худ дарак медод. Одами паканаи бадқавоқ бо нигоҳи нодӯстона Музаффарро пешвоз гирифт. Музаффар каме даступо хӯрд. Лаҳзае худро дар дарбори амири Бухоро ҳис кард. Ё не, аниқтараш ба қабулгохи як диктатори давлати монархӣ шабеҳ буд.

Кам иттифоқ меафтид, ки ҷавоне ба қабули раиси ноҳия ояд. Чунки одатан ба «қабул» одамони солхӯрда ва калонсол меоянд. Аз ин буд, ки бо дидани як ҷавон аҳли маҷлисгоҳ дар интизоре, ки ӯ чӣ хоҳад гуфт бодиққат менигаристанд.

Музаффар базӯр худро ба даст гирифта, ба сухан даромад:
— Салому алейкум. Чанд сол пеш як ташкилоти байнанхалқӣ ҳамчун кӯмак, тибқи лоиҳаи ҳукумати электронӣ ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон торнамо, яъне сайт сохта дод. Аз он сайтҳо имрӯз ҳамагӣ 3-4 тоаш фаъолият мекунанду халос. Аз ҷумла сайти ноҳияи мо низ боре мавод нагузошт ва ҳоло тамоман фаъолият надорад. Ҷаноби раис, агар Шумо ба ин масъала мусоидат намуда, ҳаққи ширкати мобилии Бабилон, барои хостингу домен пардохт намоед, гардонандагии онро чанд муддат ройгон ва бемузд банда ба зимма мегирам.

Раис дар ҷавоб гуфт: — Чанд пул даркор барои Бабилон?
— Аниқ намедонам. Ин масъаларо бо Бабилон маслиҳат кардан даркор. Тахминан ҳудуди 500 сомонӣ дар як сол аст. – ба суоли раис ҷавоб дод Музаффар.

Раис бо абрӯҳои овезену лаби каҷи норизоёна ва бо ишораи дасташ ба як муовинаш фармон дод, ки бо Музаффар дар алоҳидагӣ гуфтугузор намояд. Муовини раис бо Музаффар аз маҷлисгоҳ берун шуданд. Муовин як марди тахминан 50 сола бо муйлабу мӯйҳои сафедидамида буд. Дар роҳрави беруни маҷлисгоҳ муовин гуфт: — Канӣ якбори дигар гап зан, ки чизеро нафаҳмидам.

Музаффар бори дигар гапро сар кард. Ҳанӯз суханашро ба охир нарасонида, муовини раис гуфт:
— Исто, исто. Ҳамин ҷо ист, ҳозир меоям.
Аз байн муддате нагузашта муовини раис бо он даркушояки қошсиёҳ ва боз як ҷавони дигар омаданд. Ҷавони дигар ба қавли русҳо «шустряк» метофт. Чашмонаш ва ҳолати ноороме дошт. Мехост аввалин шуда муамморо пай барад ва аввалин шуда онро ҳал намояд. Саросемавор чизе мегуфт, ки муовин сухани ӯро бурида гуфт:

— Ман нафаҳмидам, ки ту чӣ мегӯӣ, барои ҳамин ин ҷавонҳоро овардам, то онҳо мақсадатро фаҳманд. Акнун, якбори дигар аз аввалаш сар кун.

Музаффар хандаашро базӯр дошта, гапро аз аввалаш сар кард. Ин дафъа низ гапам тамом нашуда, ҷавони «даркушояк» гуфт:
— Биёед назди котиби раис дароем. У ин гапҳоро хубтар мефаҳмад.

Ҳамакаса ба ҳуҷрае даромаданд, ки онҷо боз як ҷавони дигаре менишаст. Пас аз салом муовини раис ҷавонро ба Музаффар ҳамчун котиби раис муаррифӣ карду гуфт:
-Акнун, боз якбори дигар аз аввали аввалаш сар кун.

Музаффар табассум карду гапро сар кард. Инбор кӯшиш кард терминҳоро камтар истифода барад ва возеҳу равшантар фикрашро иброз намояд. Гапамро тамом карду ҳама хомӯш буд. Хомӯшӣ барзиёд давом кард. Ҳама ба Музаффар нигариста интизор доштанд, ки боз чизе бигӯяд. Музаффар лаҳзае дар гуфтаҳояш шак кард. Зуд дар сараш варақгардон кард, то мабодо ягон гапаш ногуфта намонда бошад. Сипас «бо ҳамин тамом» гуфта, интизори андешаҳои онҳо шуд. Котиб хандида гуфт:

-Баъд чӣ? Баъд чӣ фоида мегирем? 500 сомонии пардохткарда кай ва чанд сомонӣ фоида меорад?

Музаффар дар ҳолати ногувор монда чӣ гуфтанашро надонист. Фикрҳое мисли «Шояд ӯ дуруст мегӯяд? Ин ахмақони дунё аз «Ҳукумати электронӣ»-ю сайтбозӣ чӣ фоида мегиранд?» ба сараш мезаданд. Ба саволи котиб ҳанӯз ҷавоб наёфта, ҷавони «шустряк» гуфт:
— Чӣ хел барои як сайт 500 сомонӣ додан даркор будааст? Мана ман ҳам сайт дорам. Имрӯзҳо ҳама сайт дорад. Ягон тин намедиҳем ку. Фақат мегабайти интернет харида, то тамом шуданаша дар сайт гаштан мегирем.

Музаффар пай бурд, ки ӯ сайт гуфта саҳифа дар «Одноклассник»-ро дар назар дорад. Табассум карду пурсид:
— Сайт дар «Одноклассник»? Бубахшед, вай сайт не, вай саҳифа аст. Саҳифа дар сайти «Одноклассник». Озодӣ нуқта те ҷе, президент нуқта те ҷе, азияплюс нуқта те ҷе, суғд нуқта те ҷе, хуҷанд нуқта те ҷе-ро шунидаед? Ин ҳам мисли ҳамонҳо. Шумо фақат ҳаққи бабилонро медиҳед. Баъд хадамоти матбуоти ҳукумат мавод омода мекунаду ман онҳоро дар торнамо мегузорам. Яъне тамоми дунё метавонад бохабар шавад, ки раиси ноҳия ба чӣ кор машғуласт, дар ноҳия кадом корҳо ба иҷро расида истодааст. Ин обрӯи ноҳия ва обрӯи ҳукумату раиси ноҳия метавонад бошад. – Дар ин вақт суханашро ҷавони «даркушояк»-и қошсиёҳ бурида, гуфт:

— Гуш кунед, ако, охир дар ноҳия антени бабилон суст аст…

— Бародар, антени бабилон ба сайт дахл надорад. Ба торнамо метавон тарики дигар симкартхо низ даромад. – Музаффар хандаашро базӯр дошта, фахмонданӣ шуд.
Ҷавони «шустряк» сухани ҳамкорашро бурида, гуфт:

— Истед, ки дар дастгоҳи президент ҳам сайти моро хонда метавонанд?
— Дар тамоми дунё! Дар ҳар ҷое ки интернет ҳаст. – ҷавоб дод Музаффар.
Муовин сарашро хорида гуфт:
-Фикри хуб. Дар бораи маъракаи ниҳолшинонӣ навиштан мумкин.
Котиби раис ба сухан даромада гуфт:

— Дар бюҷет пул нест. Намедонам раис розӣ мешуда бошанд, ё не. Лекин хабарҳоро ҳам худатон менависед.
Музаффар дигар маҷоли хандаашро фурӯ бурдан надошт. Худро аз асри 21 ба асри санг меҳмонирафта мепиндошт. Ӯ гуфт:

-Бародар, ман барномасоз, мутахассиси компютерӣ. Ман журналист не. Шумо бояд хабарнигоре дошта бошед, ки маводро омода карда, ба воситаи почтаи электронӣ фиристад ва ман танҳо онҳоро дар торнамо ҷой ба ҷой намоям. Ва ин хидматам бепул. Кадом ахмақ чунин пешниҳод мекунад?
Котиб гуфт:

— Ин тавр бошад, шумо як мактубу дархост нависед, чунки бедархост пул ҷудо карда намешавад.
Котиб кӯшиш мекард, худро ҷиддӣ ва доно нишон диҳад. Ба ҳар ҳол маълум буд, ки фармондиҳӣ ба ӯ писанд аст.
Музаффар аз ин суол ҳайрон шуда, пурсид:
-Боз чӣ хел мактубу дархост?
Котиб: — Як мактуб аз Бабилон ва дархост дар бораи сайт.

Музаффар: — Бародар, ман намояндаи Бабилон не, мефаҳмед? Масалан, шумо ба телефонии дастиатон худатон пул мемонед, ё бо мактуби хаттии Тселу Бабилон? Дархости чӣ нафаҳмидам?..
Котиб: — Хайр бабилонро монед. Пул ҷудо шавад худатон бурда ба Бабилон медиҳед. Дархост нависед. Ман матнашро мегӯям шумо варақу қалам гирифта нависед.
Музаффар: — Канӣ матнашро якбор гӯед.

Котиб: — Ба раиси ноҳия. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои ба ширкати бабилон 500 сомонӣ пардохт намудан ва сайти ноҳияро фаъол намудан мусоидат намоед.

Музаффар дигар намедонист бихандад ё бигиряд. Аз авзоъаш маълум буд, ки торҳои асабаш мисли тори дутор таранг шуданд. Нав фикрашро «луқма карда» партофтанӣ буд, ки ҷавони «шустряк» гуфт:
— 500 сомон? Э ман одноклассник бепул медароям-ку.

Муовин бошад илова кард: — Якбор назди навбатдоре, ки дар даромадгоҳ мешинад рафта аз аввали аввалаш ба ӯ гуфтан даркор, шояд ӯ фаҳмад..
Музаффар, тоқат накарда гуфт:
— Бародарон, мана ин рақами телефонам. Агар мабодо лозим шавам занг занед.
Дигар ба қафояш нигоҳ накарда, аз бинои ҳукумати ноҳия баромада рафт. Вақти аз дар баромадан ба гӯшаш садои ҷавони «даркушояк» мерасид, ки мегуфт, «Бефоида. Дар инҷо «антен»-и Бабилон суст аст.»

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: