Мубориза барои мансаб

28 08 2015

Тобистони соли 2015. Дар Тоҷикистон шахсиятпарастӣ ба авҷаш расида буд. Дар ҳукумат кор кардан як фахр шуд, гарчанде, ки маошаш ночиз буд. Аммо ба ҳамагон маълум буд, ки кормандони ҳукуматӣ бо изофанависиву ғорати буҷаи кишвар даромадҳои чапу иловагӣ доштанд. Ғайр аз ин хурдтарин мансаб дар мақомот ба кас гӯё як навъ обрӯ медод ва ба воситаи шиносу шиносбозӣ дилхоҳ ҳуччатгузориро дар дилхоҳ идора барояшон осон мекард.
Идораи шиносномадиҳии як ноҳия. Инҷо пас аз нисфирӯзӣ он қадар серодам набуд. Одилбердӣ Эшматов дар даст бастаи ҳуҷҷатҳо ба назди раиси шӯъба даромад. Раис як марди тахминан 50 сола, бо шиками бузургҷусса ва гардани равғании ғафс сарашро хам карда, аз болои айнакҳои булӯрини дар чашмаш буда, ба Эшматов нигоҳ кард. Баробари дидани ӯ «ээ биёянд, биёянд..»-гӯён аз ҷояш бархост. Эшматов бо ишораи «аз ҷоятон нахезед» қадамзаниашро тезтар намуда, ба назди раис омад ва даст дароз карда салом карданд. Раис «марҳамат, марҳамат шинед, хушомадед!» гуфта Эшматовро ба нишастан ишора намуд. Эшматов ба се курсии дар рӯбарӯи мизи раисбуда, нигариста, пас аз каме фикр ба курсии миёна нишаста гуфт: — Канӣ, раисбобо, омин! Қадам расад бало нарасад, овло акбар!- ва ду дудаста омин карданд.
Пас аз пурсупос аз саломатию кору бор Эшматов риштаи суханро ба мавзӯъ кашида гуфт:
-Раисбобо, ману шумо бегона не, кайҳост шиносему дӯстӣ дорем. Боз дар оянда нақшаҳоям бобарор шавад, ман ба шумо ёрдам карда меистам. Гап дар сари он ки дар ҳукумати вилоят як «кресло» холӣ шуд. Фотеҳзодаро «павишени» гуфта, ба ноҳияаш ҳоким карда фиристонданд. Ҳа, хай ману шумо медонем, ки бо ҳаминхел кор аз ӯ «избавитса» карданд. Акнун вақти муносиб барои ман. Як илоҷ карда ҷои холишударо гирифтаниям. Барои ҳамин як наздатон маслиҳатпурсӣ омадам.
Раис «як дақиқа» гуфта, гӯшии телефони рӯимизиашро бардошта, «Зебиҷон, якта чой шавад.» гуфт. Сипас гӯширо ба ҷояш гузошта, илова кард:
-Нағз, нағз. Бисёр нияти нек. Худо ба ниятат расонад, омин.
Эшматов «овло акбар» гуфта, даст ба рӯй кашид ва гуфт:
-Раисбобо, ман бо худ «чойи» франсузӣ овардаам. –гӯён бо табассум як шиша коняк ва як шоколоти катак-катакро рӯи миз гузошта илова кард: — Коняки тоза аз худи Аврупо!
Дар ин вақт дар кушода шуда, як духтари тахминан 30 сола, дар даст чойнику пиёла ворид шуд. Чойникро рӯи миз гузошта, ба пиёлаҳо чой рехтани буд, ки раис гуфт:
-Шуд, Зебиҷон, раҳмат. Худам мерезам. Касе пурсад «Раис маҷлиси вилоятӣ рафтагӣ» гуед.
Духтарак «Хуб шудааст» гуфта баромада дарро пӯшид.
Эшматов ба пиёлаҳо шароб рехта шоколотро кушод. Ва як пиёларо ба раис дароз кард. Пас аз ду пиёла Эшматов гуфт:
— Раисбобо, як ёрдами шумо даркор. Мову шумо бегона не. Ба ҳамаамон аҳволи замона маълум. Ҳамин метарсам, ки дар оянда ному насабам ба вазифагириям халал нарасонад. Падарам нақл мекард,ки мо аслан Исматов будаем. Вақте бобокалонам дар даҳонашон нос номи писарашонро «Исмат» мегӯянд дигарон «Эшмат» мефаҳманд.. – раис сухани Эшматовро бурида, қаҳ-қаҳ зада хандид ва Эшматов ҳам худашро дошта натавониста баробари ӯ хандид.
Раис бо ишораи «рез шаробро» гуфт:
— Ин гапҳоро мону шаф-шаф нагуфта, шафтолу гӯй. Чӣ кор кардан даркор? Насабатро аз Эшматов ба Исматов гардондан даркор-мӣ?
Эшматов дар ҳоле, ки ба пиёлаҳо шароб мерехт, гуфт:
— Бале, раисҷон. Фақат «Исматов» нею «Исматзода» карда, сипас аз номам «бердӣ»-ро қайчӣ задан даркор.
Раис бо табассум гуфт:
— Шумо ҳам аслатон турктабор, дя?
Эшматов сар ҷунбонда:
— Хай, бобокалонамон узбектабор будаанд. Медонед-ку.. – гуфт ва пиёларо ба раис дароз кард.
Раис пиёларо гирифта сухани Эшматовро бурида гуфт:
— Ҳа, ҳа, амакатонро хуб медонам. Аҷоиб шароби хуб будааст. Боракалло, боракалло. «Ставка»-и вай вазифа чанд будааст?
Эшматов сар хорида:
— Вай ҳоло аниқ не. Тахминан 40-50 ҳазор сабзак мерафтагист. Дарвоқеъ, мана ин се сабзак барои шумо тӯҳфа овардам. – гӯён қоғази чоркунҷа печидаро ба назди раис гузошт. Раис зуд ғалладони мизро кушода, онро ба ғалладон партофт ва бо табассум гуфт:
-Онҳо ҳам мисли шароб аз худи Аврупо дя? –ва қоҳ-қоҳ зада ҳарду хандиданд.
Раис гӯшии телефонро бардошта, «Зебиҷон, биёед.» гуфт ва ба Эшматов рӯй оварда, илова кард:
-Ҳуччатҳоро супоред, то тамом шудани ҳамин шишаатон ҳамааш омода мешаванд. Эшматов «раҳмат, раисбобо» гуфта аз ҷой бархост ва ба духтаре, ки нав аз дар даромад бастаи ҳуҷҷатҳоро дароз кард. Раис ба духтарак рӯй оварда гуфт:
-Зебиҷон, Парвизро даъват карда, дар давоми бист дақиқа шиносномаашонро тайёр карда диҳед. Дигар ҳуҷҷатҳоро баъд баҳузур дуруст мекунед.
Духтарак «хуб шудааст» гуфта аз дар баромада рафт.
Эшматов ду даст пеши бар гуфт:
— Раҳмат, раисбобо, раҳмат. Худо хоҳад корҳо ҳал шавад боз аз вилоят истода дилхоҳ мушкилиатонро ҳал менамоям. Ниятам калон.
Раис боз ишорат кард, ки ба пиёлаҳо шароб резад. Эшматов сарпӯши шишаро боз карда, ба пиёлаҳо шароб рехт. Раис гуфт: — Барои комёбиҳо! Илоҳо боз баландтар сабзида то Душанбе кор равӣ. – ва ҳарду пиёлаҳоро бардоштанд.
Эшматов пас аз газидани як порчаи хурди шоколот гуфт:
— Фақат як рақиб дорам. «Криша»-и ӯ дар худи Душанбе будааст. Сахт часпида гирифтааст. Сахт мубориза дорад. Аммо ман ҳамту намемонам. Ба як нависанда фармоиш додам аз номи ман дар бораи Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзномаҳои давлатӣ мақолаҳои таърифӣ чоп шуда истодааст.
Раис: — Як ҷиянам ҳам талош дорад дар вилоят ҷойгир шавад. Кош шумо барвақттар ҷойгир шаведу ба ӯ кумак намоед. Тамоми бозёфтамро ба ӯ додам. Аз ӯ аввал 35 ҳазор, баъд гуфтаанд, ки талабгорон бисёр ва «ставка»-ро 40 ҳазор кардаанд. Пулро супурда дар интизори таъин шуданаш ҳаст.
Эшматов: -Ман ҳам пулро супурдам. Фақат ҳарчи зудтар бо номи «Исматзода Одил» ҳуҷҷат бурданам даркор. Дигар ҳама гапзанонҳо пӯхтагӣ. Шиносҳо ҳастанд. Ҳоло ҳам шояд ягон ёрдам карда тавонам. Вай ба кадом вазифа талош дорад?
Дар ин вақт дар тақ-тақ шуда, Зебӣ дар даст бастаи ҳуҷҷатҳо даромада гуфт:
— Тайёр, раис. Як имзо монанд шуд.
Раис:
-Офарин, Зебиҷон. Ҳа, ҳа биёред ҳаминҷо имзо гузоранд.
Эшматов табассумашро нигоҳ дошта натавониста: — Э раҳмат, раҳмат. Ин қадар зуд..- гӯён ба қоғазҳо имзо гузошта шиносномаи навашро ба даст гирифт. Онро варақ зада аз ҳаяҷон чашмонаш медурахшиданд. Такрор ба такрор «Э, офарин, раисбобо. Ҳазор раҳмат…» мегуфт.
Сипас Зебӣ дар даст қоғазҳо баромада рафт. Эшматов ба ҷояш нишаста гуфт:
-Ҳа, гапамон дар куҷо буд.. ҳа, вай ҷиянатон ба кадом вазифа талош дорад?
Раис гуфт:
— Э напурсед аз вай. Қариб як сол мешавад мубориза дорад. Дар ҳамаҷо рақиб будааст дя. Гап байни худамон, насаби вайро ҳам тоҷикӣ кардем. Аз «Тошбоев Аҳмадқул» «Тоҷибоев Аҳмадҷон» ва баъд «Аҳмадҷон Тоҷизода» сохтем…
Эшматов гапи раисро бурида гуфт: — Чӣ? Ҳамон Тоҷизодаи ҳоло директори мактаб? Ба вазифаи муовинӣ?
Раис: — Бале, бале. Шинохтед-ку. + ҷияни ман ҳаст. Мисли писарам ӯро тарбия карда гаштаам. Қасд дорад то Душанбеҳо ба кор равад. Рӯзҳои наздик бояд ӯро таъин намоянд.
Эшматов рангу рӯяш дигар шуд. +ро арақ пахш кард. Хост дод зада гӯяд, ки «охир ҳамон рақиби ман аст ин Тоҷизодаи ҷияни шумо!», вале худдорӣ карда кӯшиш мекард худро ба даст гирад. Дар ин вақт занги телефони дастии раис баланд шуд. Раис айнакашро ба чашм кашида ба телефон нигоҳ кард ва гуфт:
-Ана, ана худи худаш занг мезанад. – сипас гӯширо бардошта – Ало. Ало. Ҳа келинҷон? Тинҷи аст?
Пас аз лаҳзае гуфт: — Ман ҳозир меравам. Худи ҳозир меравам.
Сипас телефонро рӯи миз гузошта, ба Эшматов рӯй оварда гуфт:
— Бало занад. Худи ҳозир хабар омадааст, ки як нафари дигарро аз Душанбе ба вазифаи муовинӣ таъин намудаанд. Ҷиянам аз ғаму ғуссаи пулҳояш худро ба бадмастӣ задааст. Хайр ман як наздаш рафта дилбардорӣ намоям.
Эшматов дод зада аз ҷояш хеста гуфт:
— Чӣ? Дигар касро аз Душанбе таъин кардаанд? Вой пулакам! Эй вой! Сӯхтамее!! – гӯён телефони дастиашро ба даст гирифта давида аз ҳуҷраи раис берун шуд.

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: