Достони ëздаҳ тоҷик, ë худ чӣ тавр ман намозхон шудам

25 07 2017

Таърихи достони 11- паҳлавон

15-уми феврали соли 2017.

Русия.  Шаҳри Фатирбурх (Санкт Петербург).

Аз рӯи эълонҳои интернет кор ëфтам. Заводи «Невский филтр» ба ҳайси таъмиргар.

Занг задам. Аз он тарафи гӯшӣ ҳамаи маълумотҳоям писандашон омад, ба ҷуз аз Тоҷикистон буданам. Чизе ки маро ба тааҷуб овард, он духтар гуфт, ки «дар онҳо танҳо шаҳрвандони Русияву Узбкистон кор мекунанд, хайр рақаматонро навишта мемонам, лозим шавед занг мезанем.»

 

17-уми феврал. Аз бекорӣ ғамам зер карда буд. Аз омаданам пушаймон шуда дар хона нишаста будам. Ногоҳ рақами ношиносе ба ман занг зад. Гӯширо бардоштам. Ҳамон духтари ду рӯз пеш гап зада будем гуфт ки пагоҳ соати 9:00 ба фалон нишона барои сӯҳбат оям.

 

18-уми феврал. Саҳарӣ барвақт хеста, аз рӯи харитаи телефони ҳушманд заводро ëфта омадам. Посбон пас аз иҷозат аз калонашон ва сабти ному насабам маро ба дохили идора роҳ дод.

 

Маро сармеханики завод пешвоз гирифта, ҳамроҳ ба утоқи кориаш даромадем ва бо ман дар бораи собиқаи кориам саволу ҷавоб кард.

Сипас коғазе наздам гузошт, ки ариза нависам. Вақте ному насабм аризадиҳанда, яъне худамро навиштам, гуфт то «республика Узбекистан» нависам. Ман ҳайрон шуда, исрор кардам, ки ман аз Тоҷикистонам. Сипас ӯ гуфт, «медонам, хайр онҷояшро холӣ монда чизе нанавис.» Баъд гуфт, ки бегоҳ бо чизу чораам омада дар хобгоҳ ҷойгир шавам ва пагоҳ ба кор бароям.

 

21-уми феврал.

Ба дастгоҳу сохтори завод пурра ошно гардидам. Ҳамкасбони рус гарчанде нозукиҳои дасгоҳҳоро аз ман пинҳон медоштанд, аммо ба ман муяссар мегашт, ки ҳар рӯз як чизи наверо омӯзам. Аҷоибии кор дар он буд, ки ҳамаи кормандони завод танҳо аз Русия ва аз Узбкистон буданд.

 

23-уми феврал. Дирӯз ба ҳама идипулӣ доданд. Ман ки нав кор даромада  будам, чизе надоданд. Бегоҳи имрӯз роҳраву ҳуҷраҳои хобгоҳ пур аз маст. Бо узбекҳо каму беш ошноӣ пайдо кардам. Дар як ҳуҷра ду рус, се узбек, ва як  тоҷик — ман зиндагӣ мекардем. Русҳо миз ороста шароб оварда ба нӯшидан сар карданд. Вақте ширакайф шуданд, яке аз онҳо бо номи Ваня  ба ман даст дода, ситоиш кард, ки бо мисли дигарон бо забони худам неву бо русӣ ҳарф мезанам.

Гуфтам бо кӣ бо забони худам ҳарф занам. Узбекиро бошад, балад нестам.

Ҳарду ҳайрон суям нигоҳ карданд: — Мо туро узбек хаëл мекардем. Ту миллатат чист?

Посух додам, ки тоҷикам.

Ваня ҷавони 35-40 сола, ки садояшро сохтакорона ғуррастии ғафс мебаровард худро шефи хона меҳисобид. Ӯ каф ба кафи худ зада, «Эх, мо мехостем туро ба арақнӯшӣ даъват кунем. Тоҷик бошӣ фаҳмо. Тоҷикон наменӯшанд. Варзишгарон шумоҳо. Ана ин бузҳо бошанд (рӯирост сӯи узбекҳо ишора карда, идома дод) хук барин менӯшанд, аммо медонӣ, фақат бепулашро. Чандин бор ба инҳо рехтаам, аммо боре як шишачаи чорякии арақ ба миз нагузоштаанд.»

Яке аз ӯзбекҳо, ки аз Хоразм буд, эътироз карда: — Ваня, буз нагӯй, бузро ëфта, ба худаш гӯй. Ман туро ҳурмат мекунам, лек аз худ нарав.

Ваня аз ҷой хеста назди он ӯзбек рафт ва гуфт: — Шумоëн буз! То даме ки аниқ накунед, ки кӣ арақнӯшии маро ба калонҳо хабар дод, бароям ҳамаатон буз, фаҳмидӣ!? Ман аниқ медонам, ки кадоме аз шумо хабар кашид, аммо кадоматон намедонам. Ваяшро бин, худро мусичаи бегуноҳу бечора тарошида, хап нишастааст. Бигӯ! Кӣ хабар дод! Бузҳо! Ин қадар шумо бисёред? Ҳамаҷоро пур кардаед. Ватани ман омада боз бо тарзи худатон зиндагӣ доред! Ҷонам мебарояд, вақте шумо бо забони худ гап мезанед…

 

Дигар касе аз узбекҳо садо набаровард. Тоқати ман тоқ шуд. Шояд хотири ҳамдин будан, ë шояд кадом таҳқираш ба ман низ сахт расид, ки мудохила карда, бо гапи нағз тарафи узбекҳоро гирифтам ва ба Ваня гуфтам: — Ист, ист, ман ҳам забони онҳоро намефаҳмам, лекин парвое надорам ку. Фикр накун, ки онҳо дар бораи ту гап мезананд, бо забони худ туро дашном медиҳанд, ë туро мазоҳ мекунанд. Чӣ хеле барои ту фикратро бо забони худат  гуфтан осон аст, барои онҳо низ ҳамчунин.

 

Аммо дар асл борҳо шунида будам, ки  узбекҳо байни худ русҳоро «сакий», «сакай» гуфта дашном медоданд. Ҳоло мақсади ман каме ба даҳони Ваня «задан» буд. Ваня калавида тарафи ман нигоҳ кард ва гуфт:

— Гапи ту ҳам дуруст. Бародар, ту гапфаҳм менамоӣ. Афсӯс наменӯшӣ. Лекин ман тоҷиконро эҳтиром мекунам. Офарин ба шумо!

Сипас рафта ба ҷояш нишаст ва ба ҳамроҳаш ишорат кард, ки қадаҳро пур намояд.

 

Ростӣ, ман ҳанӯз ба касе нагуфта будам, ки ман наменӯшам. Баръакс хеле мехостам якбор нағзакак нӯшида маст шаваму очаи зори ҳамаи аз худ паҳлавонтарошонро нишон диҳам. Кӣ будани худро нишон дода, ҷойгоҳе мавриди эҳтиром ба худам касб намоям. Аммо вақте гуфт «тоҷикон офарин, ки наменӯшанд, варзишгарон», натавонистам ба ин номи неки миллатам хиëнат намоям.

 

24-уми феврал. Як ҷавони узбек бо номи Атабек, аз рӯзҳои аввал бо ман боэҳтиромона салом мекард. Чанде нагузашта мисли як шиноси кӯҳна бо табассум даст партофта салом медодагӣ шуд. Атабек аз роҳравӣ, китфҳои паҳн ва ҷуссаи обутобëфтааш маълум буд, ки ба варзиш машғул аст. Имрӯз дастгоҳи кории ӯ дучори мушкилӣ шуда буд. Ман вазифадор гаштам, ки онро таъмир намоям. Атабек низ маро кӯмак мекард. Мо бо русӣ суҳбат мекардем. Мавзӯи миллат сар шуду аз нақли ӯ калиду дастгоҳро як тараф монда бо диққати тамом гӯш мекардам. Атабек аз ҷумла гуфт:

— Ака, ман шумо тоҷиконро ба дараҷае эҳтиром мекунам, ки гоҳо ҳатто тоҷикбудан мехоҳам. Се  сол пеш тоҷиконро аз ин коргоҳ пурра ронданд. Ту аввалин тоҷике ҳастӣ, ки пас аз се сол ба кор гирифтаанд. Ман коргари куҳнаам. Собиқаамро 6-сол пур мешавад. Инҷо се сол пеш 11 тоҷик кор мекарданд. Ба касе кор надоштанд. На бо узбекҳои мо дӯсти ë душманӣ доштанд, на бо русҳо. Аммо ҳама аз онҳо сахт метарсиданд. Узбекҳои мою русҳо ҳар бегоҳ арақнӯшию бедодгарӣ, аммо тоҷикон, меҳнат, варзишу намоз. Ҳар бомдод аввал садои тап тап мебаромад. Аз тиреза медидам, ки 11 тоҷик атрофи бинои завод медаванд. Сипас, садои азон меомад. Ҳуҷраи ман бо ҳуҷраи онҳо девор ба девор буд. Аз оҳану бетон ҳаргуна асбобҳо барои обутоб додани бадан сохта буданд, ки қисме аз онҳоро ҳоло ман истифода мебарам. Замоне омаду кори завод суст гашт. Маошро дер дер медодагӣ шуданд. Ҳамту хароҷоти киса кам кам медоданд Аммо касе эътироз намекард. Ҳатто русҳо дилу гурда намекарданд аз раиси калон дар масъалаи маош суол кунанд. Чунки раиси калон дар посух дашноми қабеҳ гуфта, додашон мезад ва баъзеашро ҳатто зери мушт мегирифт. Узбекҳои мо раисро дида пойҳояшон меларзиду сар хам карда «забонашонро фурӯ» мебурданд. Аммо танҳо тоҷикон баробари раис ба завод даромаданаш рафта ҳақи корашонро талаб мекарданд. Намедонам таъсири кризис буд ë чӣ, кор ба ҷое расид, ки аз бедаракии маош панҷ моҳ  гузашт. Тоҷикон ба шур омада, раисро иҳота карданд ва ҳатто ӯро мезаданӣ шуданд. Раис ваъдаи фардо дода, аз дасти 11 паҳлавон халос хурд. Аммо пас аз ду соат омонҳо омада ҳамаашро кӯфта кӯфта бо чизу чораҳошон ба автобус бор карда бурданд. Дигар бо ҳамин онҳоро надидам. Шунидам, ки баъд консулгарии Тоҷикистон заводро ба додгоҳ кашидааст ва қисме аз маблағи онҳоро баргардонидааст.

 

25-уми феврал. Имрӯз ба ошëнаи сеюми хобгоҳ баромадам. Ба дидани ҳуҷраи 11 паҳлавони тоҷик. Дар девори паҳлӯи дар оҳане барои машқ насб карда, дар тарафи дигари дар бо ҳарфҳои калон «Кулоб» навишта шуда буд.

 

26-уми феврал. Бомдоди имрӯз дар атрофи бинои завод се давр давидам. Садои кушода шудани тирезае аз ошëнаҳои боло шунида шуд. Сипас таҳорат карда аз коғази калони тоза ҷойнамоз партофта намоз хондам.

 

27-уми феврал. Соат 6:00. Тамоми хобгоҳ дар хоби ноз. Бо хоҳишу иштиëқи том дар атрофи бино 6 маротиба давидам. Садои тиреза.

 

2-юми март. Реҷаи ҳаррӯза. Саҳарӣ давидан, сипас намоз. Имрӯз аз оҳанҳои давраи ба ҳам монанд санги машқӣ кафшер кардам. Худро хеле хуб ҳис мекунам.

 

12-уми май. Нияти ба ягон ҷои дигар кор рафтан карда, ба дусту рафиқон занг задам. Зуд кор пайдо гашт, чунки мавсим оғоз шуд. Аммо бародарони узбек гуфтанд, ки агар аз ин коргоҳ рафтӣ маошатро намедиҳанд.

 

13-уми май. Чизу чораамро гирифта, аз завод рафтам. Вақти хайрухуш, Ваня бо эҳтироми хоса дастфишорӣ кард. Атабек намедонам куҷо буд, ки надидамаш.

 

7-уми июн. Инак, панҷ моҳ мешавад ягон хел нушокии спиртӣ истеъмол накардаам. Имрӯз аз завод занги телефонӣ шуд. Муҳосибдухтар гуфт то ҳар рӯзҳои ҷумъа рафта қисме аз маошамро гирам.

 

24-уми июл. Намози аср хонда шудам, ки аз завод занг зада даъват карданд, то рафта охирин боқимондаи маошамро гирам.





Кайфи нос

23 07 2017

Ин саҳарӣ Соҳибамак аз ҳама барвақт аз хоб хест. Хестан замон курпаю болинро такопу кард,афшонд. Ҳамсараш ҳайрон-ҳайрон нигоҳ карда гуфт «ҳа, мардакҷон, монед ман худам ҷойгаҳро меғундорам.»Соҳибамак, ба тарафи ҳамсараш бад-бад нигоҳ карда, курпаро бо лагад зад ва гуфт:- Ман магар дар умрам ягонбор курпаҳоро ғун дошта будам-а?! Ягон бор дар ëд дорӣ ки мааан курпа ғундоштам?! Ту чӣ ба ман часпидӣ?! Умуман чӣ мехоҳӣ аз ман?! Чӣ мехоҳӣ?! Гап зан! Аааа фаҳмо. Ё бо ин гапат ишора кардӣ, ки курпаҳоро ғундорам -а? Мақсадат ҳамин ҳаст?! Ман туро ҳамту намемонам. Ҳоло ман камтар вақтам танг. Зуд якҷо рафта оям баъд бо ту гап мезанам! Ҳоло ист ,ту!Соҳибамак фашшосзанон аз хона баромада рафт. Ҳамсараш аз пасаш бо ҳайрат нигоҳ карда истод.

Соҳибамак худ ба худ гап зада аз асабоният мушташро сахт карда такон дода мерафт. Дар сари куча чун ҳамешагӣ бобои Муллошокир дар харакчае нишаста буд. Ӯ Соҳибамакро дида, гуфт

«Ҳа, писари Толиб, дар саҳари солеҳон кучо ин хел шитоб дорӣ? «Соҳибамак аз роҳаш гашта бо қадамҳои тезтар сӯи бобо омад ва аз риши ӯ дошта гуфт:

-Агар якбори дигар аз куҷо омадану ба куҷо рафтани ман пурсон шавед, ҳамин ришатонро канда ба дастатон медиҳам, фахмидед?! Фахмидед?!

Сипас риши муйсафедро сар дода, фашшосзанон ва шитобон роҳашро давом дод.Бобо ришашро молида гаранг -гаранг аз паси Соҳибамак нигоҳ кард.

Соҳибамак ба пасаш нигоҳ накарда шитоб дошт.Дар ин вақт «Салом амакӣ!» гуфта, ду донишҷӯйҳои ҳамсинфи писараш, ки ба истгоҳи мусофирбар шитоб доштанд, сӯи Соҳибамак сар ҷунбонданд. Соҳибамак ба тарафи онҳо нигоҳ карда «Эъ, рав ба роҳат, вақти салом палом доданатро ҳам ёфтӣ! Ошноҳои писарам намешудед, зада дандонҳоятонро майда-майда мекардам.» ғурунгос зада роҳашро идома дод.

Каме роҳ рафта, ба хамгашти тангкӯчаи мағозаи Каримамак ворид шуд. Дар дуртар ду шиносаш бо ҳам вохӯрда, аз чизе суҳбат доштанд. Онҳо Соҳибамакро дида, ба суяш нигоҳ карданд. Соҳибамак бо гӯшаи чашмаш ба онҳо нимнигоҳ карду ба роҳаш рафтан гирифт. Аз онҳо гузашта, гашта ба онҳо нигоҳ кард. Харду ҳайрон-ҳайрон аз паси Соҳибамак нигоҳ мекарданд.

Соҳибамаказ роҳаш гашта сӯи онҳо омад ва дандонҳояшро ғаҷаррос занонда, гуфт: «Ҳардуи ту чӣ ин хел нигоҳ доред -а? Чӣ нигоҳ доред?! Чи маро дида аз гапзанӣ хап шудед? Дар бораи ман гап мезадед, ҳа?! Ғайбатчиҳо! Мард бошед ана ман, дар рӯям гап занед!

Соҳибамак ба онҳо фурсати посух додан намедод. Ҳарчанд яке аз онҳо «ҳой, Соҳибҷон, моинтизор будем, ки ту, чун мо дӯсти деринем, омада салом мекунӣ, вале ту гузашта рафтӣ, ҳайрон шудем… » мегуфт, вале гап ба гӯши Соҳибамак намедаромад.

Соҳибамак, — Ман ҳоло камтар вақтам танг. Мард бошед ҳаминҷо истед, ман тез гашта меоям, баъд бо шумо гап мезанам! — гуфта, шитобон аз назди дӯстонаш рафт. Се хонаро гузашта ба дарвозаи чаҳорум сахт -сахт бо мушт куфт ва садо кард:

— Ҳой, Карими пачақи кӯсариш! Баро тез, вагарнахонаю дуконата алоб сар медиҳам! Дуконат сӯзад, дар ҳамсоягии ман хона мегирифтӣ намешуд?! Аз ким куҷо овора шуда меоям! Карим, баро тез!

Дере нагузашта, Каримамаки носфурӯш, дар даст ду халтача нос баромад ва бо овози пасти маҳин гуфт: — Э, маргат диҳад, Соҳиби бесоҳиб, боз бенос мондӣ? Ун афту башарата бин. Аз шаб боз бенос буди чи? Охир мемурӣ «расчет» кати носа пешакӣ харида монӣ. Гир носа, ҳушат биëд.))))