Обутобёбии порахур

11 08 2018

Ҳафтаи гузашта сару садоҳое паҳн гашт. «Фалон корманди ҳукуматро бо ҷурми порагирӣ дастгир кардаанд…»
Се рӯз пас саҳнаи бо пулҳои махсусонидашуда аз тарафи Агентии Мубориза зидди Фасод боздошт шуданашро тариқи телевизион намоиш доданд.
Бархӯрди мардум ба ин хабар гуногун буд. Аксаран хушнуд буданд, ки адолат пайдо шуда истодааст. Аммо баъзеҳо мегуфтанд, ки ин боздоштшуда танҳо як донак (пешка) аст ва хидмати наҳангҳоро мекард. Гурӯҳе бар он буд, ки вақте мансабдор пул дода ба курсӣ менишинад, ҳаминтур бо порахӯрӣ харҷашро бароварда месозад, фоида ба даст меорад ва ҳатто ба вазифаҳои болотар низ даст меёбад. Нафароне ба ин амали боздошт офарин гуфта, аз беинсофии корманди ҳукумат ёд мекарданд.
Ҳафтае нагузашта мансабдор аз ҳабс озод шуд. Гӯё бегуноҳ будааст ва ӯро ноҳақ боздошт намудаанд. Озодшавии ӯро дар телевизор намоиш надоданд. Дар ҳеҷ куҷо шарҳ ҳам надоданд. Озодшавии хапу орому пинҳонӣ. Ӯ дубора ба курсиаш нишаста, ба рӯи мардум механдид.
Акнун ӯ аз пештара дида серкортар аст. Чунки барои озод шуданаш харҷи ҳангуфт кардааст ва акнун кӯшиш дорад боз бештару калонтар пора ситонад. Аммо акнун хеле боэҳтиёт аст. Дигар шахсан худаш пора намегирад, балки нафарони махсус дорад.
Ӯ ба як нафари боэътимоди раисонаш мубаддал гашт. Эҳтироми раисонаш нисбати ӯ афзуд. Чунки онҳоро нафурӯхт. Ба касе нагуфт, ки қисме аз пораи гирифтаашро ба кӣ мерасонид..
Ӯ акнун ба як шабакаи боэътимод, ё худ «канали» раисон интихоб шуд. Ҳаминтариқ обутоб ёфта, ба як гурги борондида монанд гашт.
Аммо акнун пас аз ин боздошту раҳоӣ мардум чӣ фикру андеша дорад, худатон медонед.
Тибқи омори Transparency International дар Тоҷикистон сол аз сол фасоду порагирӣ зиёд шуда истодааст. Ҳаминтариқ кишвари мо торафт нишондодҳои бад дода, соли 2015 дар ҷои 136-ум, соли 2016 — 151 ва соли 2017 дар зинаи 161-ум қарор гирифтааст.
Ин латма ҳам ба обрӯи Тоҷикистон ва ҳам ба обрӯи шаҳрвандонаш дар хориҷи кишвар мебошад.
Гарчанде роҳи мубориза бо фасодро дар боздошту ҳабс меҷуянд, ҳатто дар баъзе кишварҳо дар ҳукми қатл мебинанд, аммо иллатро дар болотар бояд ҷӯст. Иллат танҳо дар интихоби кадрҳо ва фурухтани мансабҳо ҳаст.
Ба гуфти мардум вақте гургро дар вазифаи чупонӣ монем аз ӯ чиро интизор бояд шуд?

Реклама