Давидан аз паси ду заргӯш

2 11 2018

Красноярск. Рӯзи шанбе буд. Сиёвуш одатан рӯзҳои шанбе то нисфирӯзӣ кор мекард. Бо хамин баъд аз нисфирӯзӣ то сахари рузи душанбе ба истирохат машғул мешуд. Рӯзҳои якшанбе гохо ба бозори Крастес мерафт. Росту дурӯғ ончо чарх мезад. Ба ошхонаи тоҷикон даромада як табак курутоб хурда ба назди дусту хамдехахояш мехмони мерафт ва гохо хамрохи маъшуқааш Таня ба ягон кахвахона ё кино мерафт.

Имрӯз низ карор кард ба Крастес меравад. Аз тиреза ба берун нигаристу зуд либосхояшро пушид ва чатрро гирифту берун шуд.
Сиёвуш нав ба 23 кадам гузошта буд ва хануз мучаррад буд. Комати баланд, китфони васеъ ва бинии калонашу руйи сурху муйхои дароз-дарозашро дида Маша уро Жерар меномид. Ба назари у агар кошхояш сиёх неву каме малларанг мебуданд у айнан нусхаи хунарманди фаронсави Жерар Де Парде мемонд.
Маша ва Таня маъшукахои акнун собикаш буданд. Сиёвуш таи як сол бо Маша ном зани шавхардори 30-сола пинхони вохурй мегузаронд. Баъд Сиёвуш тасодуфан бо Таня — як дугонаи Маша, ки нисбатан чавонтар ва зеботар буд, шинос шуд. Охиста охиста Сиевуш робитаашро аз Маша канд ва чои уро Таняи бевазан гирифт.

Сиёвуш ба ошхонаи точикон даромада суи як мизи холй рафта нишаст. Пешхидматдухтари бодомкавоки рус наздаш омада пурсид:
— Чй фармоиш медихед?
Сиёвуш гуфт: — Як курутоб, болояш гушти реза, як чойник чойи сиёх.
— Фахмо. — гуфта, духтарак аз наздаш рафт.

Дар ошхона имруз одам кам буд. Шояд хавои боронй боис шуда бошад, ба гирду атроф нигариста, андешид Сиёвуш. Тасодуфан чашмаш ба навиштачоти руи миз афтод. Дар когазе раками 2 навишта ба пластикаи пояжор часпонида шуда руи миз гузошта шуда буд. «Раками ду» гуфт беихтиёр ва онро ба даст гирифта, табассум кард. Ин миз, ин курсихо ва ин раками болои миз хотироташро ба як соли пеш бурд. Чехраи самимй ва табассуми Маша пеши назараш омад. Рузи аввали шиносой Сиёвуш Машаро ба хамин ошхона оварда буд. Аввалин калимаи точикие, ки Маша талаффуз карда механдиданд ин «ду» буд.

«Хотироти хубе бо Маша доштам. Чй духтари покманишу соддае буд! Дареғ худам бо дасти худам ин кабутарро ба парвоз рахо кардам! Дарег… Ба хамааш Таня гунахкор! Таняи маккор ба хотири пул бо ман мегашт! Бо хилаву найранг то вакте пул доштам бо ман буд. То охирин сумам пулхоямро хурду рафт. Ба у дигар мани бепул даркор нестам. Боз дигар пулдорашро ёфт… »
Дар чунин андешахо буд, ки садои духтараки бодомкавок уро ба худ овард, «Ин ба шумо чой. Панч дакика пас курутоб хам мешавад.»
Сиёвуш аз паси пешхидмат нигох кард. Табассуми у дили Сиёвушро ба худ кашид. Сиёвуш чойро чойгардон карду боз хаёли у ба Маша рафт.
Пас аз онки Сиёвуш бо Таня вохуриро сар кард, дигар ба Маша майле надошт. Таня ва Сиёвуш кариб хар бегох дар ягон кахвахона менишастанд ва сипас шабро дар хучраи Сиёвуш сахар мекарданд.

Хар вакте Маша занг мезад Сиёвуш аз вохури бо у худдори мекард ва ба насихат мепардохт: «Маша, ту шавхар дорй! Бояд ба ин хиенаткорихо дар хакки шавхарат хотима бахши! Ин кори хуб нест».
Маша бо исрор гуфт: — Чанд бор ба ту мегуям, шавхарам маро дуст намедорад! Мо дар остонаи чудошави хастем. Мо се сол аст дар хучрахои чудо хоб меравем ва ба хаёти хамдигар кордор нестем.

Сиёвуш, ки махорати хуби суханвари дошт соатхо уро насихат мекард. У медонист, ки суханонаш самимй нестанд ва танхо мехохад бо ин рох аз Маша халос шавад. У гуфт:
— Маша, тули ин соле ки мо пинхонй робита дорем, хам дар дини ту ва хам дар дини ман гунохи азим аст! Ин кор касофат меорад! Ноомадии кор меорад! Бадбахтихо меорад! Ту бояд бас куни ба чашми шавхарат хокпошиданхоро. Охир худат гуфта буди, ки шумо хамдигарро дуст дошта оиладор шудаед. Пас кучо шуд он мухаббат? Наход хеч хотираи неке надори аз у?
Маша хандида посух дод:
— Хотирахои нек албатта хастанд. Аммо мо ба карори катъй омадаем, ки чудо мешавем. Ман наметавонам бо ин хайвон зистан. У дигар шудааст. Чои ишку мухаббатро нафрату бадбинй гирифтааст. Ту маро намефахмй.

Сиёвуш бо исрор идома дод:
— Маша гуш кун. Факат бодиккат. Аккалан ба хотири духтарчаат зиндагиатро аз нав соз, то у бепадар калон нашавад. Зиндагиатро аз вараки нав огоз намо. Барои худат чунин вонамуд кун, ки бехтарин мард шавхари туст ва ту хушбахттарин зан хастй! Танхо вонамуд кун. Охиста-охиста мебинй, ки ин вонамуд не, балки вокеъият шудааст. Вай мард аст ту зан. Зан бояд аз мард каме пасттар худро дорад. Хукукдони накун. Мехрубон шав нисбаташ. Бубин нисбати ман чи кадар мехрубон хасти. Чи кадар аз ман паст худро нигох медори. Аз гапам берун нестй. Хуроки дустдоштаамро пухта ба кимкучо наздам меори. Биё як бори дигар ин хамаро дар нисбати шавхарат — падари фарзандат раво бин. Аккалан якбор азхудгузаштагй нишон дода бегохе хуроки дустдоштаашро пухта миз оро. Шамъхоро рушан кун. Барояш ягон тухфа бихар ва бе у хуроки шом нахурда интизори аз кор баргаштанаш шав. Бо табассум уро пешвоз гир ва ба суи миз даъват намо. Сипас тухфаи харидаатро ба у дех ва худро мачбур карда суханхои хубу мехрубонона гуй…
Маша сухани Сиёвушро бурида:
— Бас кун! Тухфа?! Ту чихо мегуи?! Ту чиддй гуфта истодаи? Маро ба мазох гирифтаи?

— Не, не, чаро мазох? Ман чиддй мегуям. Дар олам одами бенуксу беайб вучуд надорад. Хама як камбудй, як нукс дорад. Ту ба айбу камбудихои у чашм пушида, дар у танхо тарафхои мусбатро чустучу кун. Нишонахои неки инсониро ков. Танхо чихатхои мусбати уро бин! Дар хама оилахо нофахмихо…
Маша сухани уро бурида:
— Маро аз ханда куштй, азизам Жерар! Мо дигар якчо намешавем. Ин кори намешуданист! Харгиз ин корро нахохам кард!

Сиёвуш гушии телефонро бо дасташ дошта хандид, то садои хандаашро Маша нафахмад. Сипас боз садояшро чиддй гирифта идома дод:
— Маша, ту аввал як бор хамин корро кун! Худро сахт мачбур карда! Ба хотири чандин солхои хамзистиатон, ба хотири духтарчаатон, ба хотири Парвардигор, якбор азхудгузаштагй нишон дех! Худоро хушнуд кун!

Маша дигар тобу токати шунидани суханхои Сиёвушро накарда:
— Бас кун! Хотима дех! Вохурдан намехохй бо ман? То ин кадар гапхои бехуда гуфтан, бехтараш руирост гуй, ки ман дар дилат задаам, ё ягон зеботару чавонтарашро ёфтаам! Хайр! — гуфту телефонро хомуш кард.
Сиёвуш ба телефони хомушшуда нигариста гуфт:
— Бале! Дигарашро ёфтам! Аз ту даххо маротиба хуб аст! Дугонаи худат! Боз гап дорй?! — ва кох-кох зада хандид.

Сипас телефонро гузошта дароз кашид ва ба худ андешид, «Тавба, гарчанде максадам рахо шудан аз уст, аммо чи хуб суханхову чи хуб далелхо барояш гуфтам! Аз кучо ин гапхо ба сарам омад?…»
Дар ин андешахо буд, ки занги телефонаш баланд шуд. Гуширо бардошта гуфт:
— Ало? Гуш мекунам туро Танюша! Кариб расидй?
— Не. Бубахш. Каме серкор шудам. Рафта наметавонам. — гуфт Таня ва интизори сухани Сиёвуш нашуда, зангро катъ кард.
Сиёвуш асабй шуда, ба у занг зад, аммо Таня гуширо набардошт. «Бало занад! Чаро вактхои охир ин тавр рафтор карда истодааст? Ба кахвахона мегуфтам агар парида меомад. Ба хонаам биё гуфтам нагмаро сар кардааст…»

— Хэй, хэй! Хобатон бурд чй? Таомро овардам! — садои пешхидматдухтараки бодомкавок Сиёвушро таккон дод ва аз дарёи хаёлоташ берун шуд.
Табаки курутобро ба худ наздиктар гузошт. Ба он нигох кард. Аммо аз алам иштихояш баста шуда буданд. «Сад дар сад дуруст! Ин Таня, то он вакте пул доштам бо ман буд, акнун ки кампул шудам аз ман рафт. Бояд аз хамон Машаи хоксору мехрубон намонам.» — ба худ андешид Сиёвуш ва зуд аз кисааш телефонро гирифта ба Маша занг зад.
— Бале, Сиявуш?
— Салом, Маша. Чаро Сиявуш? Чаро Жерар не? Хайр майлаш ин мухим не. Маша медонй холо ман дар кучо нишастаам? Дар хамон чойе ки ману ту рузи аввалини шиносшавиамон нишаста будем! Ёдат кардам, Маша! Бархезу ба автобус нишаста биё. Худи хозир. Ман фармоиш дода мунтазират менишинам.

— Сиявуш, бубахш, бо ту дигар вохурда наметавонам. Ман доири гапу насихатхои ту бисер фикр кардам. Ва аз руи гуфтахои ту амал кардам. Ташаккури зиёд ба ту! Вокеан хама гапхоят дуруст буд. Холо ман хушбахттарин зан хастам, ки чунин бехтарин марди дунё шавхари ман аст! Мо хамдигарро хеле дуст медорем! Ман танхо вичдонам азобам медихад, ки ба у тули як сол хиёнат кардам. Аз ту як хохиш. Ба ман дигар занг назан, илтимос. Ба хотирам рузхои палидию хиёнаткориямро наёр. Хазорон рахмат, ки чашмони маро кушодй! Ту равоншиноси хеле хуб хасти! Хуш бош!

Занги телефон хомуш шуд. Сиёвуш худро дошта натавониста хандид. Дурудароз механдид. Хандахои пураламу дарднок дар холи худ. Атрофиён бо хайрат ва баъзе бо табассум ба у нигох мекарданд.

Сиёвуш аз ханда бозистод. Донахои ашкро аз чашмонаш пок кард. Суи пешхидмат, ки бо табассум суяш менигарист, даст бардошта ишора кард. Вакте пешхидмат наздаш расид гуфт:
— Хисоб кунед.
— 250 сум. Чаро нахурдед? Хурок ягон нукс дорад? Бемазза аст? -пурсид пешхидмат.
— Не. Намедонам, начашидаам. — гуфт Сиёвуш ва аз кисааш тангахоро хисоб карда болои миз рехт. Сипас когазчае аз дастпоккунакро гирифта, назди пешхидмат гузошта гуфт:
— Духтарак, писандам шудй. Инчо раками телефонатро наменависй?
Пешхидмат табассум карда, айёрона ба атроф нигох кард. Сипас руи когза ракамхо навишту гуфт:
— Ту ба як хунарманди фаронсавй монанд хастй. Хеле шабех. Номашро фаромуш кардам… Сиёвуш сухани уро бурида гуфт:
— Жерар де Парде?
— Бале, бале. Аммо шабонгах занг назан, ман шавхар дорам. — табассум кард пешхидмат.
Симои Сиёвуш чидди шуд. Когазро, ки дар даст ба кисааш мегузошт, дубора руи миз гузошту саросемавор аз ошхона берун шуд.

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: