«Кӯмак»-и ҳаммиллат

2 11 2018

Зимистон ҳам наздик омад. Рӯзҳо кӯтоҳ ва шабҳо дароз шуданд. Бахусус дар ин шаҳри шимолии Русия – Петербурҷ равшании рӯз ҳамагӣ 5-6 соат давом мекунад. Соати 9 то 10 равшан мешавад ва 16 то 17 торик. Осмон хокистарранги дилгиркунанда.

Шаб ҳарорат аз сифр паст шуд. Саҳарӣ вақте Дилшод аз хона баромад пай бурд, ки шак задааст. Заминро донаҳои хурди шабнами яхбаста ноаён пӯшонида буд. Дилшод ба худ андешид, ки бояд чархҳои худравашро аз тобистонӣ ба зимистонӣ иваз намояд. Кайҳо чунин нақша дошт, аммо маблағи зарурӣ ҷамъ намешуд. Мушкилиҳо паи ҳам ба сараш меомаданд. Тӯли ним сол кам-кам аз маошаш захира карда, худрави «Опел Вектра» харид. Акнун ӯ умедвор аст, ки аз кори сохтмон озод шуда, бо кирокашӣ зиндагиашро пеш мебарад.

Дилшод худравашро ба кор андохт. Пас аз гарм шудани муҳаррик ба роҳ баромад. Дилшод одатан дар назди истгоҳи метрои «Ломоносуф» истода мунтазири занги муштариён мешуд. Кӯчаҳои сермошини Петербурҷ лағжон шуда буданд. Ба чорроҳаи самти пули Володарский ва кӯчаи Бабушкина наздик шуд. Чароғак аз сабз ба зард гузашт. Дилшод метавонист чорроҳаро гузарад. Вале пиёдагарде интизори пурра сабз шудани чароғак нашуда, роҳро убур кардани шуд. Дилшод суръатро паст карда истод. Дар ин вақт садои баланди «тақ!» баромаду сараш ба пушт таккон хӯрд ва телефонаш, ки паҳлӯи чанбарак гузошта буд, парида ба нишастгоҳи пушт бархӯрд. Пиёдагард агар ҳушёрӣ карда, намегурехт зери худрав мемонд.

Дилшод бо азоб дарро кушода аз худрав берун баромад. Худравашро аз пушт худрави дигаре зада буд. Он худрав ба маротиб намуди қиматтари «Тойотаи Ленд крузер» ва нав буд. Чароғҳои пешаш шикаста буданд. Ронандаи «тойота» низ берун шуд. Аз дари дигараш боз як ҷавони дигаре берун шуд. Ҳарду ҷавонони қоматбаланд ва девпайкар буданд. Назар ба худрави онҳо худрави Дилшод зарари бештар гирифта буд. Шишаи пушт рехта, чароғакҳо шикаста ва қариб ним метр пушти худраваш ба дарун пачақ шуда буд.
Ронандаи «тойота» пас аз муоинаи бархӯрд ба Дилшод гуфт: — Чаро таъҷилан истоди? Охир чароғак зард буд, метавонистӣ гузарӣ ва ман низ онро убур мекардам.
Дилшод посух дод: — Бале, метавонистам. Аммо пиёдагарде ба убур кардани роҳ сар кард. Тарсидам ӯро пахш накунам.

Рафиқи ронандаи «тойота» ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд: — Ту чӣ, ғайрирус ҳастӣ?! Кист миллатат?!
Дилшод: — тоҷик ҳастам.
Ронандаи «тойота»: — Хуш, чӣ кор мекунем, тоҷик? Роҳро банд карда наистем. Ба дигар нақлиёт халал надиҳем. Айби худат шуд. Худрави ман низ зарар дид. Аз гуноҳат мегузарем. Шин бирав, мо низ рафтем.
Дилшод: — Чӣ хел айби ман? Шумо аз пас задед-ку. Пулис ва агенти суғуртаро интизор мешавем.
Роҳи бе ин ҳам сермошин дар як дам тамба шуд. Як худраве «Лада 2109» бо шишаҳои сиёҳ дар назди онҳо истод ва ронандаи он ҷавоне ғайрирус аз тиреза ба онҳо нигоҳ мекард. Сипас пурсид: — Бародар, тоҷик ҳастӣ?
-Ҳо. — посух дод Дилшод.
Он ҷавон аз худраваш берун омада гуфт:
— Чӣ мегӯянд ин каллазардҳо? Парво накун, айби инҳо аст. Мисли «шкаф» бошанд ҳам ҳозир ҳардуша мешиканам.
Дилшод хавотиромез гуфт: — Не, бародар, мувофиқи қонун ҳал кардан даркор.
Ҷавони тоҷик бархӯрди худравҳоро назар карда, ба ронандаи «тойота» гуфт: — Сад дар сад айби ту ҳаст! Чӣ баҳс мекунӣ!? Ин бечора барои барқарор намудани худраваш пули як худрави дигар харҷ мекунад. Сахт зиён дидааст.
Рафиқи худрави «тойота» ба он ҷавони тоҷик гуфт: — Ту кистӣ? Бинӣ нахалон! Рав ба роҳат! Мо худамон байни худ ҳал мекунем.

Дилшод ба ин ҳаммиллаташ, ки гарчанде қадпастаки хароб буд ва ба онҳо нотарсида дағал гап мезад, гуфт: — Бародар, мон бо онҳо баҳс накун. Ман ҳоло занг мезанам полис меояд.
Ҷавони тоҷик ба гапҳои Дилшод эътибор надода, ба рафиқи ронандаи «тойота» гуфт: — Чӣ хел ман кистам? Ин бародари ман аст! Ба ман бо ин навъ гап назан!
Ронандаи «тойота» фашшас кунон ба назди ҷавони тоҷик омад ва бо лаҳни дурушт гуфт: — Эй пакана! Дафъ шав аз назарам вагарна ….
Ронандаи «тойота» суханашро то охир натавонист гӯяд. Се бор садои «пақ-пақ»-и задани мушт баромаду ҳам ронандаи «тойота» ва ҳам рафиқи ӯ дар замин хоб буданд. Дилшод дар ҳайрат буд, ки дар як лаҳзачаи ду-се сония ин ҷавони қадпасти хароби тоҷик ду девро аз пой афтонд. Сипас ҷавони тоҷик рафта ба худраваш нишасту рафт. Дилшод аз пасаш «эй бародар, исто акнун ҳамроҳам то охир…» Аммо ӯ даст бардошту рафт.

Ронандаи «тойота» аз ҷояш хесту лабони хунолудашро пок карда ба тарафи Дилшод омад. Рафиқи ронандаи «тойота» хеста дар ҷояш нишаста буду ҳайрон-ҳайрон ба гирду атроф менигарист. Меандешид, ки ӯ кай аз хоб хест, инҷо куҷост, инҷо чӣ кор мекунад, чаро ба замини хунуку чиркин нишастааст.

Дилшод ба ақиб қадам монда аз ронандаи «тойота» худро дур мегирифт. Ронандаи «тойота» ҳамоно ӯро таъкиб карда пурсид: — Кӣ буд ӯ? Бародарат? Куҷо рафт? Куҷо зиндагӣ мекунад?

Дилшод ба пас қадам монда атрофи худравҳо чарх мезад. Ӯ посух дод, кӣ намешиносад ӯро. Рафиқи ронандаи «тойота» аз ҷой хеста буд. Ӯ шояд ба саволҳояш посух ёфта буд. Акнун Дилшод дар муҳосира афтида буд.

Дардҳои ҷонкоҳе ҳис кард. Чашмонашро пӯшида сарашро бо дастонаш бо мақсади муҳофизат дошт.
Дард гузашт. Он дарди ҷонкоҳ.

Чашмонашро кушод. Як чашмаш нимбоз буду, чашми дигараш аз варами зиёд пӯшида. Аммо ӯ бемалол ҳамачиро медид. Модарашро, хоҳаронашро. Аз шодӣ хост хандида онҳоро ба оғӯш гирад. Аммо онҳо ба ӯ нигариста нола мекарданд. Хост дод зада, аз ҷояш бархезад ва гӯяд «Чӣ ба фикратон ман мурдаам? Ман намурдаам! Охир ҳанӯз ҷавонам!». Каме дуртар падарашро дид, ки асо бар даст оби дидаашро бо дастрӯймоле пок мекард. Бо як қадам худро дар назди падар дарёфт. Хост ба падараш чизе гӯяд, аммо ин қадар зуд ба назди падараш расиданаш ӯро дар ҳайрат гузошт. Баргашта боз ба модару хоҳаронаш нигарист. Ва ногаҳон худашро дид! Ин ӯ буд рӯи курпачаҳои тозаву озода хобида. Манаҳаш бо докаи сафед баста. Як чашмаш каме боз, дигараш аз варами зиёд пӯшида.

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: