Сомонии бесомон

5 02 2019

Вақте аз деҳқон сабаби баландшавии нархи маҳсулоташро пурсидам, аз посухаш беихтиёр хандаам омад.
Ӯ нагуфт, ки барои маҳсулоташро аз ноҳия овардан ба пулчинаки роҳ ширкати IRS пул дод, ё сузишвории қимати монополишуда харҷашро зиёд кард.
Балки мегӯяд, қурбӣ доллар баланд шудааст.
Чаро мо ин қадар аз асъори бегона вобаста шудаем?
Чаро Бонки Миллӣ ба фоидаи асъори миллӣ коре намекунад?
Чаро садҳо вакилу иқтисодонҳо вобастагии пули бегонаро коҳиш намедиҳанд?
Оё касе ҷустуҷу кардааст, ки аз тасдиқ намудани қурби рубли русиву доллари амрикоӣ ҳамарӯза паси дарҳои Бонки Миллӣ чӣ амалиётҳо мегузаранд ва фоидаҳои ҳангуфт ба кисаи кӣ мераванд.
Чаро дар корхонаҳои давлатӣ роҳҳои аз мардум пулситониро бо қурби доллар ҳисоб мекунанд?
Аммо дар масъалаҳои маошу моҳона, ё дигар пардохтҳо ба мардум қурби чизе ба назар гирифта намешавад? Ҳатто беқурбшавии пул нақши муассире намебозад.
Яъне, давлат фоидаи мегирифтаи худро бо доллар ҳисоб карда, ба гуфти русҳо худро «страховка» менамояд, аммо фоидаи мардумро баръакс ба қурби пасти асъори миллӣ ҳавола менамояд. Оё чунин ҳукуматро метавон «мардумсолор» номид?
Ҳатто, пардохтҳо барои гирифтани шиносномаи миллӣ бо пули ғайримиллӣ ҳисоб мешавад.

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: