Шиносбозӣ, тағодорӣ ва нархҳои тағирёбанда

7 02 2019

Дуруду салом ба хонандагони торнамо, ё худ блог.
Дар навиштори навбатӣ мехоҳам доир ба нотариусҳои давлатӣ саргузашт нависам.
Аниқтараш, дар бораи нотариуси шаҳри Хуҷанд ва нотариуси вилояти Суғд.
Идораҳои нотариалиро дар байни мардум чунин ном мебаранд:
1. Идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд:
— Нотариуси «правий берег»,
— Нотариуси назди Тсел.
2. Идораи нотариалии давлатии вилояти Суғд:
— Нотариуси «левий берег»,
— Нотариуси назди Шуғли аҳолӣ.

Хостам барои фарзандони ноболиғ «Ариза розигӣ барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ ва сафар кардан ба хориҷа» ҳуҷҷат тасдиқ намоям.
Аввал ба Идораи нотариалии шаҳрӣ рафтам. Дар деворҳо доир ба нархнома ягон маълумоти муфассал ва аниқ набуд. Ба назди Нотариуси калон даромада масъаларо гуфтам ва нархро пурсон шудам. Нотариус маро ба назди котиба- ҳуруфчин фиристод. Котиба нархи мешудагиашро 150 сомонӣ (!) гуфт.

Сипас барои санҷиш ва муқоиса ба Идораи нотариалии вилоятӣ рафтам. Инҷо низ дар деворҳо маълумотҳои норушан ва нофаҳмо навишта шуда буд. Ним соат мутолиа намуда чизе нафаҳмидам. Маълумотҳо хеле печида буданд. Танҳо як чизро рушан буд: ЯК НИШОНДОД МУВОФИҚИ КУРСИ ДОЛЛАР БО ҚАРОРИ ҶАНОБИ ОЛӢ ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА 55 СОМОНӢ БАРОБАР АСТ.
Боз аз рӯи қурби доллар. Дигар чизе намефаҳмед, кадом нишондод ва барои ҳуҷҷати лозимаи ман чанд нишондод?…
Чунин ба назар мерасад, ки маълумотҳо барқасдона бо забони печида ва нофаҳмо навишта шудаанд.

Аммо инҷо нархро на котибон-ҳуруфчинҳо, балки нотариусҳо мегуфтаанд. Ба назди яке аз нотариусҳо даромадам. Масъаларо фаҳмондам. Инҷо нарх дигар,  арзонтар, 120 сомонӣ гуфтанд.

Вақте аз утоқ баромадам тасодуфан як шиносамро вохӯрдам. Пас пурсупос масъаларо фаҳмондам. Ӯ гуфт бо нотариусҳо шинос ҳаст ва метавонад кӯмак намояд. Сипас, ҳарду ба назди нотариус даромадем. Нарх боз дигар шуд, 90 сомонӣ.

Аҷоибиаш он ки пулро на ба ягон касса ё банк, балки ба котиб медиҳанд.
Боз аҷоибии дигараш ин ки дар ариза ҷои нархҳо холӣ.
Аризаи аллакай муҳрзада ва имзошударо гирифта, танҳо дар ному насабҳо 7 (!) хатогии дағал ёфтам. Аммо онро иваз накарданд. Хатогиҳоро туф карда, пуф карда, пок карда, аз болояш чоп карданду ба дастам доданд. ))))

Хулоса, барои як қоғаз дар як ҷой 150, ҷои дигар 120 ва дар интиҳо бо тағою шиносбозӣ 90 сомонӣ нарх доштааст. Аз ин бармеояд бояд шиносхо ва тағоҳо дошта бошем?

Акнун пурра боварам омад, ки Тоҷикистон дар ботлоқи фасоду коррупсия ғарқ аст, бақарибӣ аз он ботлоқ баромаданӣ нест ва баромаданаш ҳам хеле ва хеле заҳмат металабад.

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: