Энсиклопедия vs интернет

16 04 2019

Як нимчаномзади десертатсияхаридаи донишгоҳ гуфт, беҳтараш ба ҷои интернет энсиклопедия хонанд. Чунин камсаводони балегӯяк бо худширинкуниҳояшон сабаб шуданд, ки интернет дар Тоҷикистон гарон шуд.

Магар сарфаи вақт ва кӯмаке ки интернет медиҳад, энсиклопедия дода метавонад?
Масалан:
Баробари аз хоб хестан интернетро пайваст намуда, вақти намози бомдодро ҷӯё шудам.

Ба вайбер паёмакҳо омада буданд. Ба ман лозим буд намунаҳои муди аксҳои шафти гулкорикардашудаи хонаро дар ҷавоб фиристам.

Соҳибхона акси ранги булаҷаби хемелион харидааст ва мехоҳад сутунҳоро чунин ранг намоям. Тарзи истифодаи он рангро аз интернет ҷустуҷу намудам.

Тариқи ватсап аз ман хоҳиш шудааст, ки ба объекти нав рафта кори навро бинам ва нархгузорӣ намоям.

Ин натиҷаи дар интернет эълон гузоштан буд.

Нишонаи кори нав ношинос буд. Аз интернет номи кӯча ва ҷойгиршавии биноро дидам.

Кадом мусофиркашҳо ба онҷо мераванд, ҷӯстуҷӯ намудам. Дар интернет ҳатто кадом мусофиркаш айни ҳол дар куҷо равона аст низ пешкашам шуд.

Наҳорӣ хӯрда дар интернет хабарҳои навро мутолиа намудам.

Тариқи ИМО аз хона хоҳиш шуд каме маблағ барояшон фиристам. Ба истгоҳ равон шудам. Ба мусофирбар нишаста тариқи интернет ба хона пул фиристодам.

Паёмак омад, ки маблағи телефони мобилиам ба охир расида истодааст. Ба интернет даромада, ба суратҳисоби телефон пул гузаронидам.

Интернет хабар дод ки дар истгоҳи навбати бояд аз мусофирбар фароям ва ба дигараш бишинам.

Аз мусофирбар фаромада аз интернет дидам, ки то ҷои заруриам каме дигар мондааст. Автобуси дигарро интизор нашуда, пиёда роҳ рафтам.

  • …..

Ин ҳамагӣ як соати вобастагии камина бо интернет буд.

Ҳамагӣ як соат.

Реклама




Фоҷиаи муҳоҷир (филмнома)

10 04 2019
  • Фоҷиаи муҳоҷир
    (Порчае аз як филмнома. Давомнокиаш якуним соат.
    Қисми 1.)

… ИНТ. ДОЛОНИ ҲУҶРА БЕГОҲ

РАСУЛ аз дар медарояд. Расул муҳоҷири 25 сола. Аз пасаш МУРОД медарояд. Мурод — 47 сола, як бомжи шаҳр.

РАСУЛ
Дароед, марҳамат, даромдан гиред, ако. Ана бачаҳо, ман гуфта будам ин амак тоҷиканд? Тоҷик будаанд.

Аз дари ҳуҷра ПАРВИЗ ва НОЗИМ — ду муҳоҷири дигар — рафиқони Расул мебароянд.

РАСУЛ
Шинос шаветон. Ин Парвиз. Инаш Нозим. Бачаҳо амак номашон Мурод-ако.

ПАРВИЗ
(Даст дароз карда салом мекунад.)
Биёед ако. Марҳамат. Кафшҳоятонро инҷо гузошта, ин попӯшиҳои сабуки хонагиро пӯшида марҳамат кунед.

Нозим низ даст дароз карда салом мекунад. Мурод сарашро хам карда бандакҳои пойафзолашро мекушояд. Расул халтае дар даст ба дохили ҳуҷра медарояд. Нозим бо дастонаш бинияшро дошта, ба Парвиз аз бӯи ғализ ишора мекунад. Аз дохили ҳуҷра садои Расул мебарояд.

РАСУЛ
Оҳо! Имрӯз ош будааст ку! Паи қадами меҳмон!

2. ИНТ. ҲУҶРА ОШХОНА БЕГОҲ

Аз дар Мурод, Парвиз ва Нозим медароянд. Расул бо қошуқ аз дег ошро чашид. Қошуқро гузошт. Сарпӯши дегро гузошт.

РАСУЛ
Ако, имрӯз паи қадами шумо ош будааст. Канӣ марҳамат карда ин тараф шинед.

ПАРВИЗ
Шояд барои амакӣ ягон нӯшокиашонро биёрем?

РАСУЛ
(бо табассум)
Ман гирифтагӣ. Дар вай халта. Амак тоқат накарда аллакай шишаро кушода намакашро чашиданд. Нозим қадаҳҳоро шӯста биёр.

Парвиз ошро ба ду табақ кашид. Нозим ду қадаҳ овард. Ҳама сари миз нишастанд. Курсӣ се то буд. Расул рост меистод.

Расул ба ҳарду қадаҳ шароб рехта, яктоашро назди Мурод гузошт ва дигарашро назди худаш.

МУРОД
(Бо дасташ ишора карда, бо овози паст)
Инҳо наменӯшанд?

РАСУЛ
(бо табассум)
Не амакӣ, инҳо ҳанӯз хурд ҳастанд. Ку, гиред. Барои саломатии шумо амак.

Нӯшиданд ва ба ошхӯрӣ сар карданд. Мурод як-ду қошуқ хурду бас кард.

МУРОД
(Ба Расул ишора карда)
Ман бисёр хурда наметавонам. Обро рез ба ман.

Қадаҳро назди Расул гузошт.

РАСУЛ
Э, ҳа ако? Оша гиред.

ПАРВИЗ
Ако, ош хуред аввал?

МУРОД
Не, додарон, раҳмат. Хурдам. Ман ҳамин қадар мехӯрам.

РАСУЛ
Рости гап, ман дар кӯча бо як зебосанам «шаверма» хӯрдем. Ман ҳам бас.

ПАРВИЗ
Эҳа… Нозим, дидӣ, одамҳо зебосанамҳо қатӣ хӯрок мехӯранд. Ин ману туем дар хона пӯсида хоб рафтаем. Дӯстонро интизоршуда, то омаданашон сарпӯши дегро намекушоем. Гир хӯрдан гирем ҳардуямон. Ин амак ҳам ягон зебосанам доранд аз афташ.

РАСУЛ
Сар шуд.

МУРОД
(симояш ҷиддӣ шуд)
Номатон чӣ буд додарам?

ПАРВИЗ
Парвиз.

МУРОД
Парвизҷон дуруст мегӯӣ. Расул, як насиҳат аз ман, ин коратро парто. Ҳеҷ зан ба зани никоҳии тоҷики худамон намебарояд. Ман аз зебосанамҳо шудам. Ба ҳамин рӯз расидам. Кори худатону ин додар дуруст. Алҳазар аз зебосанамҳо.

Парвизу Расул ба ҳамдигар нигоҳ карданд. Парвиз ба Расул чашмак зад.

ПАРВИЗ
Мурод-ако, чанд сол боз дар Русия ҳастед? Зану фарзанд доред?

Мурод аз кисааш як халтачаи салафанро баровард кушод. Аз дарунаш пораи газетаро гирифт. Газетаи қадкардашударо боз кард. Аз дохилаш як акси фарсударо гирифта ба Парвиз нишон дод. Парвиз аксро ба даст гирифт. Нозиму Расул низ хам шуда, ба акс нигоҳ карданд.

ПАРВИЗ
Ин акси шумост?

МУРОД
Бале. Ман.

ПАРВИЗ
Ҳэҳ, йигити зебо будаед, ако! Ин кай? Акси шинос барин.

МУРОД
Ин акси нӯҳ сол пеш аст.

РАСУЛ
Нӯҳ сол пеш?

ПАРВИЗ
Э, не, ако. Бист — Биступанҷ сол пеш гӯед. Ҳоло ба чанд даромадед?

МУРОД
(табассум карда)
Нӯҳ сол пеш. Пушташро хон. Ҳоло 47 солаам.

Парвиз аксро гардонда пушташро хонд.

ПАРВИЗ
Тобистони соли 2008? Дар нӯҳ сол шумо ҳамин хел дигар шудаед, ако?

РАСУЛ
Э, Парвиз, гаранг накун амака. Ришҳояшонро тоза гиранду мӯйҳояшонро ба тартиб оранд, мисли дар суратбудагӣ мешаванд.

ПАРВИЗ
Чӣ гаранг кардаам? Амак аз ман хафа нашавед, ман гапро дар рӯи одам рӯирост мегӯям. Ба акс ягон зарра монанд нестед, мефаҳмед? Худатон бубинед бо ин майнӯшӣ ба худатон чӣ кор кардед. Оиладор ҳастед? Гарчанде аз шумо хурд бошам ҳам гапи ҳақро дар рӯятон мегӯям. Чанд сол боз дар Русия ҳастед?

МУРОД
Оиладорам. Ду духтарча дорам. Ҳамон нӯҳ сол пеш омада будам.

РАСУЛ
Парвиз! Амак меҳмонанд. Мон ин гапҳоятро.

ПАРВИЗ
Расул, чӣ хел хап шинам, бародар?! Аз барои Худо! Бин худат! Росташро гӯед, кай охирон бор ба онҳо пул фиристондед?

МУРОД
(Сарашро хам карда)
Ҳамон ҳашт-нӯҳ сол пеш.

ПАРВИЗ
(ба Расул нигоҳ карда ба сӯи Мурод ишорат кард)
Мана, марҳамат. Ҳашт-нӯҳ сол пеш. Вой доди зану фарзанд! Кай телефонӣ қатишон гап задед?

РАСУЛ
Парвиз, хайр, биё «брат», ин амакро ба ҳолашон мон.

ПАРВИЗ
(аксро ба Мурод баргардонда)
Шуд, шуд. Ба ин хел одамҳо ман дигар гап надорам. Дилам мекафад ҳозир!

Лаҳзае хомӯшӣ ҳукмфармо гашт. Нозим табақҳои ошро аз миз гирифта рӯи мизро ба тартиб овард. Расул ба қадаҳи холишудаи Мурод боз май рехт.

РАСУЛ
Хайр, Мурод-ако. Гиред. Барои саломатии фарзандонатон.

Мурод сарашро бардошт. Аз чашмонаш ашк мерехт.Бо остинаш ашкашро пок карда қадаҳро бардошту то охираш нӯшид.

МУРОД
Парвизҷон, то вақте ки чизеро аслан намедонӣ, рӯякӣ ва нофаҳмида баҳо надеҳ! Ту намедонӣ аз сари ман чиҳо гузаштааст. Агар дар ҷои ман мебудӣ аз ман бадтар мешудӣ.

ПАРВИЗ
Илоҳӣ ҳар кас дар ҷои худаш бошад. Ман дар ҷои касе будан намехоҳам. Ҷоятон ба худатон насиб кунад. Медонед, барои чӣ ин кори шумобаринҳо ба ман сахт мерасад? Падарарӯсам низ ҳанӯз вақте кӯдаконаш хурдсол буданд, онҳоро партофта дар Русия зан гирифта, гумном шуда рафт. Занам ҳоло ҳам «падар» гуфта ашк мерезад. Хушдоманам бо азоб фарзандонашро ба воя расонда ба шавҳар дод. Аз ғурбату азоб ба ёди шавҳараш рӯи дастони ман ҷон дод. Танҳо ҳаминро мегӯям, ки ин корӣ шумобаринҳо ҷавонмардӣ нест.

РАСУЛ
Парвиз, надониста баҳо надеҳ. Мурод-ако, хоҳиши нақл кардан дошта бошед, гӯед. Шояд аз дастамон кӯмаке ояд. Рости гап барои мо шармовар аст, ки як ҳамиллатамон рафиқи «бомж»-ҳо…

ПАРВИЗ
«Рафиқи»? Чаро гапро шаф-шаф мекунӣ? «Рафиқ»-и «бомж» не, балки «бомж».

МУРОД
Рост мегӯӣ. Бомж. Ман саргузаштамро ба шумо нақл мекунам. Чӣ кӯмак, ё маслиҳатро баъд гӯед.

ТИТР:

АЗ РӮИ НАҚЛИ МУРОД

3. ИНТ. ДОЛОНИ ФУРУДГОҲ САҲАР НӮҲ СОЛ ПЕШ

Мурод аз тафтиши ҳуҷҷатҳо гузашта, ба занаш даст бардошта хайрухуш мекунад. Занаш дар наздаш ду духтараки яктоаш 7 ва дигараш 9 сола истодааст. Онҳо низ ба Мурод даст бардошта хайрухуш мекунанд. Занаш ноаён карда ашки чашмашро бо остинаш пок мекунад.

4. НАТ. САҲНИ СОХТМОН БЕГОҲ

Мурод ва боз чанд нафари дигар ба кори сохтмон машғуланд. Ба назди онҳо ДЕНИС ном саркори рус меояд.

ДЕНИС
Мурад, подойди пожалуйста.

Мурод асбоби кориашро гузошта ба назди Денис меояд.

ДЕНИС
Мурад, работёнка есть. Возмёшься? Десять процентов мои.

МУРОД
Давай.

ДЕНИС
Иди к входу. Там стоит чёрная машина ГАЗ 31. Подойди и скажи что я тебя отправил.

МУРОД
Хорошо!

Мурод ба самти даричаи даромадгоҳ меравад.

5. НАТ. НАЗДИ ДАРОМАДГОҲИ САҲНИ СОХТМОН БЕГОҲ

Мурод ба назди як мошини сиёҳи ГАЗ-31 меравад. Дар сари чанбараки мошин СЛАВА — як марди 50 сола нишастааст.

МУРОД
Здравствуйте! Меня отправил Денис. По поводу работы.

СЛАВА
Да да. Садись в машине. Поедим. Покажу работу. А там на месте договоримся.

МУРОД
Я сейчас грязний рабочий форма. Тогда бистро переоденусь.

СЛАВА
Давай. Не торопись. Я подожду.

6. ИНТ. ДОХИЛИ МОШИН БЕГОҲ

Мурод дарро кушода ба мошин мешинад. Дар сари чанбарак Слава мошинро ба ҳаракат медарорад.

СЛАВА
А что ты умеешь?

МУРОД
Я давно стройка работаю. Почти всё умею.

СЛАВА
Это хорошо. Надо одну комнату линолеум менять. По времени за сколько можешь закончить?

МУРОД
Надо посмотреть сколько квадратов.

7. ИНТ. ҲУҶРА БЕГОҲ

Слава ба Мурод фарши хонаро нишон медиҳад. Дар назди Слава ҳамсари ӯ ДИНАРА истодааст.

СЛАВА
Вот. Надо снять плинтусов. Старый линолеум. Постелит новый линолеум и крепить новых плинтусов. Сколько берёшь за это?

МУРОД
Ну вы сколько хотите дать?

СЛАВА
Незнаю даже. За сколько время можешь закончить? За день сможешь?

МУРОД
Линолеум постелю за день. Спустя день закреплю плинтусов.

СЛАВА
Послезавтра меня не будет. Мне надо чтоб ты завтра уже заканчивал.

МУРОД
Но надо линолеуму дать сутки чтоб он растенулся. Если сразу плинтусов закрепить, то могут появится шишки и сдутия.

Слава сарашро хорида, ба ҳамсараш нигоҳ кард. Ҳамсараш чизе нагуфта, аз ҳуҷра берун шуд.

СЛАВА
Ну ладно. Сколько по деньгам?

МУРОД
Две тысяча.

СЛАВА
Полтора дам. Чего там? Всего день работы. Я бы сам сделал, просто времени нет.

МУРОД
Хорошо, договорились. Материал всё есть?

СЛАВА
Завтра с утра всё будет куплено.

МУРОД
Хорошо. Завтра зайду тогда. Во сколько прийти?

СЛАВА
Примерно часиков десять.

МУРОД
Понял.

СЛАВА
Тебя довести или сам пойдёшь?

МУРОД
Нет, спасибо. Я сам пешком прогуляюсь.

СЛАВА
Ну ладно. До завтра.

Мурод даст дароз карда, хайрухуш мекунад ва аз ҳуҷра берун шуданӣ мешавад, ки бо ҳамсарӣ Слава ки даромада истода буд бармехӯрад. Бахшиш пурсида меравад.
8. ИНТ. ДОЛОН КВАРТИРАИ СЛАВА ПАГОҲИРӮЗӢ

Тақ-тақи дар мешавад. Ҳамсари Слава — Динара назди дар меравад.

ДИНАРА
Кто?

Садо аз паси дар

МУРОД
Это я мастер.

Динара дарро мекушояд. Мурод дар даст ҷомадони асбобҳо медарояд.

МУРОД
Здравствуйте

ДИНАРА
Здравсвуйте. Заходите заходите.

Мурод асбобҳоро як сӯ гузошта кашфашро кашидани мешавад.

ДИНАРА
Нет, нет. Не раздувайте. Я убрала ковры. Можете так пройти и в комнате переодеться.

МУРОД
Хорошо. А хозяин где?

ДИНАРА
Его вчера срочно на работе вызвали. Мы успели покупать материал. Рано утром уехал.

Мурод асбобҳояро дубора бардошта, ба ҳуҷрае, ки фаршашро бояд таъмир намояд медарояд.

9. ИНТ.ҲУҶРА

Мурод даромада асбобҳоро ба як сӯ мегузорад ва ба масолеҳи нав нигоҳ мекунад. Аз паси ӯ Динара ҳам медарояд.

ДИНАРА
Вот материал. Посмотрите, надеюсь он ничего не забыл. Если что вместе пойдём купим. Он и за работу денег оставлял. Так что не беспокойтесь, я расчитаюсь.
МУРОД
Он не придёт сегодня?

ДИНАРА
Нет. Он в командировке уехал. Работа у него такая. Он же военный. Всю жизнь в командировке.

МУРОД
Понятно. Сейчас посмотрю.

Масолеҳро аз назар гузаронд.

МУРОД
Вроде всё есть. Но плинтусов многовато покупали.

ДИНАРА
Ничего страшного. Если что в коридоре тоже поменяем. А вы позавтракали? Может чайку поставлю?

МУРОД
Нет, спасибо. Я позавтракал. Сначало дело надо закончить, потом чай.

ДИНАРА
(табассум карда)
Потом не чай, а конячком помоем это дело! Я верю, вы быстро закончите. Видно крепкий мужчина! Какие плечи!Как вас звать?

Мурод шарм дошта сарашро хам кард.

МУРОД
Мурад

ДИНАРА
Очень приятно. Меня Динара. Можно я вас позову «Марат»? У нас татаров есть такое имя.

МУРОД
Хорошо. Я не против.

Динара ба Мурод нигоҳи айёрона карда, аз ҳуҷра берун шуд. Мурод либосҳояшро иваз карду ба кор шуруъ кард.

10. ИНТ.ОШХОНАИ ХОНАИ СЛАВА ПАГОҲӢ

Динара ба рӯи миз хӯрданиҳо гузошта истодааст.

ДИНАРА
Идите к чаю! Чай уже скипел! Как вас звали, эй, мастер?

Мурод аз дар сар халонд.

МУРОД
Спасибо, я плотно позавтракал.

ДИНАРА
Да идите же. Я уже налила. А то остынеть.

Мурод дарро кушода ворид шуд. Динара пиёлаи чойро ба болои миз гузошт. Пешдомани бастааш миёни борику қафаси синаи барҷастаашро намоёнтар мекард.

МУРОД
(шармгинона)
Спасибо!

Мурод паси шимашро оҳиста афшонда, ба курсӣ нишаст.

ДИНАРА
Чем вы это плотно позавтракали с утра?

МУРОД
(пиёлаи чойро ба даст гирифта)
Яйцо.

ДИНАРА
(бо табассум)
Ооо. И сколько же?

МУРОД
Шесть штук.

ДИНАРА
И что будете делать с яйцамы?

Мурод ба нишонаи сарфаҳм нарафтани маънои гап сар бардошта суоломез ба Динара нигоҳ кард.

ДИНАРА
Яйцо колорийная еда — это же мужская половая сила!
МУРОД
(табассум карда)
Знаю, но это быстроприготовлемая еда, поэтому.

ДИНАРА
Ваша жена здесь с вами?

МУРОД
Нет. Она в Таджикистане.

ДИНАРА
Она там, а вы здесь подружку завели, да?

Мурод аз ин суолҳои Динара худро ноҳинҷор ҳис кард. Сар бардошта ба Динара нигоҳ кард. Ба пешдоману қафаси синааш нигоҳи кӯтоҳ кард.

МУРОД
Нет.

ДИНАРА
(табассуми пурноз карда)
Ясно. Тогда перестаньте есть яиц.

Мурод табассум карда пиёлаи чояшро тез нӯшид ва хеста рафтанӣ шуд.

ДИНАРА
Куда вы. А чё хлеб, колбаску, масло, варенье…

МУРОД
(сухани Динараро бурида)
Нет. Спасибо большое. Потом.

Мурод аз ошхона берун шуд. Динара аз пасаш нигоҳ кард.

11. ИНТ. ДОЛОНИ ҲУҶРА БЕГОҲ

Мурод таъмири фаршро ба охир расонд.

МУРОД
Хозяйка? Можно вас на минутку?

Каме пас дар кушода шуду Динара даромад.

ДИНАРА
Ох, как красиво! Вот это да! Как приятно! Мне узоры и цвет очень понравился. Это я сама выбрала. Подцвет с обоями, да? Что скажите?

МУРОД
Да, да. Красиво.

ДИНАРА
Молодцы! Какие же у вас золотые руки. Вот это мужик!

МУРОД
(шарм дошта)
Осталась плинтусов крепить. Завтра утром приду за полчаса закреплю.

ДИНАРА
Понятно. Руки помойте и к столу. Поужинайте потом можете идти.

МУРОД
Нет, спасибо. Я не буду ужинать.

ДИНАРА
Никаких «Нет»! Давайте идите в ванну и потом в кухню. Я уже накрыла стол.

Динара аз ҳуҷра баромад. Дили нодилон аз паси ӯ Мурод ба дастшӯӣ рафт.

12. ИНТ.ОШХОНАИ ХОНАИ ДИНАРА БЕГОҲ

Болои миз ороста аз меваю хӯришҳои гуногун. Дар миёни миз як коняк. Динара дар назди дег ҷунбуҷул дорад. Мурод аз дар медарояд.

ДИНАРА
Проходи, Марат. Не стесняйся. Чувствуй себя как дома. Присаживайся.

Мурод бо табассум ба курсие нишаста ба рӯи миз назар кард. Динара дар тан либоси дигар дошт. Гиребони куртааш фарохтар буд. Дамидаҳои синаҳояш намудор буданд. Сипас пешдоманашро аз миёнаш кушода овехт ва низ ба курсие нишаст. Домони куртааш кӯтоҳ буд. Пойҳояш аз зону боло аз домони куртааш берун шуданд.
Конякро гирифта, ба қадаҳҳо рехт. Як қадаҳро ба назди Мурод гузошт.

ДИНАРА
За знакомства Маратчик!

Мурод хост рад кунад бинобар ин каме истод. Динара интизор ба ӯ нигоҳ мекард. Мурод даст дароз карда қадаҳро бардошт. Садои ҷарангоси қадаҳҳо баромад. Мурод то охир қадаҳро холӣ кард. Динара бо табассуми айёрона аз қадаҳаш як каме нӯшиду онро ба миз гузошт.

ДИНАРА
Закусывай. Вот тут мясной салат. Я сама приготовила.

Мурод сар ҷунбонда хӯришҳо мехӯрд. Динара ба қадаҳҳо боз рехт. Ба қадаҳи худаш камтар илова карда, қадаҳи Муродро пур намуд. Мурод камтар сархӯш шуд.

ДИНАРА
Ну, Маратчик, подняли! За тебя! За такой широкоплечий, накаченный и крепкий мужик.

МУРОД
Нет. За вас Динара. За ваши красивые глаза и красивая улыбка!

Боз ва боз ҷарангоси қадаҳҳо мебаромад.

13. ИНТ.ҲУҶРАИ ХОБИ ДИНАРА ПАГОҲИРӮЗӢ

Динара ва Мурод дар кат, нимурён, дар оғӯши ҳам хоб. Мурод чашмонашро кушода дар паҳлӯяш Динараро мебинад. Ҳайрон мешавад. Оҳиста хеста либосҳояшро мепӯшад ва рафтанӣ мешавад. Динара аз хоб бедор мешавад.

ДИНАРА
Ты куда, мой милый? Иди ко мне. Мужа месяц не будет. Неторопись. Останься со мной.

Нимхез шуда аз дасти Мурод кашола карданӣ мешавад.

МУРОД
Извини, Динара. Прости меня. Я не помню что было. Что случилось. Мне на работу.

ДИНАРА
Не извеняйся, Марат. Ты мне подарила не забываемый ночь. Давно у меня такого не было.

МУРОД
Я не хотел, о Аллах! Что я натворил? Динара, забудь всё что было. У тебя есть муж. Он хороший человек. Я не хотел так. Это было подло с моей стороны.

ДИНАРА
Марат, послушай. Какой он мне муж, если в полгода всего неделя бывает дома?

МУРОД
Всёравно. Я допустил большую ошибку. Это грех. Досвидания, я пошёл.

Мурод дарро кушода рафтанӣ мешавад.

ДИНАРА
А плинтусов когда закрепишь? Останься. Заканчивай работу хоть, чтоб я рассчитался с тобой.

МУРОД
Нет нет, я кого нибудь, ну, мастер есть, мой друг, я его отправлю. Он закончить работу.

Мурод аз дар баромада меравад. Динара ба тиреза нигоҳ карда, бо ғазаб оҳҳ мекашад.

14. НАТ. САҲНИ СОХТМОН НИСФИРӮЗӢ

СУЛТОН, ҲОМИД ва Мурод кор карда истодаанд.

СУЛТОН
Ҳа, Мурод, ҳар рӯз мағзи сарама мехӯрдӣ аз гап. Имрӯз ба худ гирифтор, аз даҳонат лом намебарояд. Тинҷӣ ҳаст?

МУРОД
Тинҷӣ, тинҷӣ. Аз хоб сер накардаам шояд.

СУЛТОН
Шаб куҷо будӣ? Коратро шудӣ? Саркор туро пурсид.

МУРОД
Э, ту напурсу ман нагӯям. Шаб камтар беодобӣ кардаам.

СУЛТОН
Чӣ хел?

МУРОД
Ҳамон ҷое кор мекардам, шавҳараш ба коммандировка рафт. Бегоҳ ҳамроҳи занаш камтар нӯшидам. Саҳар бедор шавам дар бағалам он зан.

СУЛТОН
Эҳе. Зур ку! Ягон дугона надорад?

МУРОД
Намедонам. Бояд имрӯз рафта ним соат кори дигар монд. Плинтусҳоро часпонда, пули корамро гирам. Ҳайронам.

СУЛТОН
Чаро ҳайронӣ? Рав дя.

ҲОМИД
Э, не. Калла дорӣ? «Рав» мегӯӣ? Нарав. Кори нағз накардӣ. Бало ба паси маблағи корат. Тамоман нарав ва аз пулат баро.

СУЛТОН
Ин маҷбурӣ хоб нарафтааст-ку, эшон.

ҲОМИД
«эшон»-аш чӣ пичинг шуд боз? Ман маслиҳати дӯстона додам. Зани бешавҳар бошад гапи дигар. Шавҳар доштааст. Ин кори нағз не. Боқӣ худатон медонед.

СУЛТОН
Мурод, хайр биё ин тавр бошад ман рафта корро ба охир расонда пулатро оварда медиҳам.

Муроду Ҳомид хандиданд.

СУЛТОН
(бо табассум)
Чӣ механдед? Эҳ, ин хел занакҳо ба дасти ман фароянд.

МУРОД
Ман зид не, Султон. Бегоҳ туро то таги дараш бурда, нишон медиҳам. Он тарафаш кори худат. Ним соата кор мондагӣ аст. Маблағи маро биёрӣ шуд. Фоизи саркорро ҳам додан даркор.

СУЛТОН
Бе шӯхӣ мегӯӣ?

МУРОД
Бе шӯхӣ. Ба он занак мегӯи,ки туро ман фиристодам. Дигар чӣ кор мекунӣ, чӣ кор не коре надорам.

ҲОМИД
Ин коратон нағз не бародарон. Шумо ҳама зану фарзанд доред.

СУЛТОН
Э, забонама нахорон. «Эшон»-ат гуфтам таспидӣ. Биё мон ягон гапат нагӯям.

МУРОД
Хайр, биёед гапҳои бекораро монед. Кора бинем.

Сӯҳбат тамом шуд. Онҳо ба кори худ идома доданд.

15. НАТ. НАЗДИ ВАГОНЧАИ ҶОИ ХОБИ МУҲОҶИРОН БЕГОҲ

Сафар туфлиҳояшро бо латтапора пок мекард. Мӯйҳояшро шона зада либосҳои тоза ба бар карда буд. Мурод ғамгин буд.

СУЛТОН
(бо табассум)
Мурод, чаро ғамгинӣ? Мабодо рашк карда истода бошӣ?

МУРОД
Э, не.

СУЛТОН
Мурод, ту наравӣ ҳам мешавад. Аз ҳамин ҷо нишонаро гӯй худам меёбам.

МУРОД
Майлаш. Хонаи ӯро ёфтан осон аст. Мағозаи «Народни»-ро медонӣ-ку. Бинои панҷошёнаи паҳлӯи росташ. Даромадгоҳи охирон, ошёнаи якум, хонаи 86.

СУЛТОН
Паҳлӯи рост? Ба мағоза нигоҳ карда паҳлӯи рост, ё аз мағоза?

МУРОД
Ба мағоза. Онҷо бинои панҷошёна ҳамин якто аст.

СУЛТОН
Шуд. Фаҳмо. Исто, ки занак чӣ хел аст? Зебост? Сахт пир нест?

МУРОД
Олиҳа аст!Сарви равон, химча миён, садаф дандон.

СУЛТОН
Шуд, шуд. Ҳоло камтари дигар таърифу тавсиф кунӣ, «эшон» таҳоратро партофта аз ман пеш медаванд.

Ҳарду хандиданд. Султон рафт. Мурод аз пасаш нигоҳ карда, ба фикр фурӯ рафт.

16. ИНТ. ХОНАИ ДИНАРА БЕГОҲ

Тақ-тақи дар. Динара рафта дарро мекушояд.

ДИНАРА
Кто?
СУЛТОН
Здравствуйте. Меня послал Мурод. Надо закончить работу.

ДИНАРА
А где он сам? Чего сам не приехал?

СУЛТОН
Он занят.

Динара дарро калонтар кушод.

ДИНАРА
Ладно проходите. Он говорил что за пол часа можно закончить. Если можно посторайтесь побыстрее закончить.

СУЛТОН
(даромада)
Хорошо. А вот это вам.

Султон як халтаро ба Динара дод. Динара ҳайрон халтаро гирифта ба дарунаш назар кард.

ДИНАРА
А это что? Ооо, коняк и шоколад.

Табассум кард.

ДИНАРА
Ой, спасибо! Это ведь Маратчик послал?

СУЛТОН
Ъъээ. Нет. Это я сам покупал.

Динара чеҳрааш ҷиддӣ гашт. Халтаро баргардонда ба Султон дод. Султон ҳайрон халтаро гирифт.

ДИНАРА
А зачем мне от вас это? Я что то не понимаю.

Каме асабӣ шуд.

ДИНАРА
Так. Короче у вас двадцать минут времени. Закончите быстрее. Мне надо кое куда сходить.

Динара дари ҳуҷраи таъмирмекардаро кушоду худаш бо қадамҳои тез-тез ба дигар ҳуҷра даромада рафт.

17. ИНТ. ДОХИЛИ ВАГОНЧА ҶОИ ХОБИ МУҲОҶИРОН. БЕГОҲ

Ҳомид дар курси нишаста чой менӯшад. Мурод дар ҷои хобаш такя зада, чашмонаш нимпӯш.

ҲОМИД
Хуб кардӣ, нарафтӣ. Офарин. Худованд тура ба рост ҳидоят кард, иншооллоҳ. Зино касофат аст. Дар он дунё ҷавобгарии сахт дорад.

Мурод хомӯш буд. Чизе нагуфт. Аз ҷой хесту сигор ба лаб гузошт. Ғамгин буд.

ҲОМИД
Бо ин Султон гапзанӣ намешавад. Ман як гапро як бор мегӯям. Гӯш кард? Нағз. Фоидаи худаш. Гӯш накард? Дигар ҳаволааш ба Худо. Ҳайф аст суханам.

Дари вагон кушода шуд. Аз дар Султон даромад.Ошуфта ва ғазабнок. Дар даст халта. Халтаашро гузошту Либосҳояшро ба кашидан сар кард. Ба ҳеҷ кас нигоҳ накард. Муроду Ҳомид ба ҳам нигоҳ карда табассум карданд. Ҳомид бо табассум хеста ба кати худаш дароз кашид.

МУРОД
Ҳа? Чӣ гап шуд?

СУЛТОН
Э, бало занад. Як занаки баландҳаво будааст. Писандам нашуд. Инчунин пир.

МУРОД
Корро тамом кардӣ?

СУЛТОН
Бале. Дар понздаҳ дақиқа. Аммо пул надод.

МУРОД
Чаро?

СУЛТОН
«Маратчик» худаш омада пулро гирад, гуфт. Вай афту башараша бинанду. Боз таъриф кардӣ а?

МУРОД
(бо табассум)
Чаро? Занаки бад нест.

СУЛТОН
Э не. Дилам накашидаш.

МУРОД
Ин бари рӯят чаро сурх аст?

Ҳомид, ки ин ҳама сӯҳбатро назора мекард, қоҳ-қоҳ зада хандид.

ҲОМИД
Ин паи панҷаи янгашка аз афташ. «Қасаррас» шапалоқа зад а?

Муроду Ҳомид хандиданд. Султон сурх шуд аз шарм ва асабӣ шуд.

СУЛТОН
Эшооон! Чиҳо мегӯед? Вай заду «Қассараст»-аша шумо фаҳмидед.

ҲОМИД
Ҳа садояш омад. Ман ҳатто ҳайрон шудам, ки ҳаво абрнок не, ин садои раъду барқ аз куҷо.

СУЛТОН
Монед ин гапаю. Чӣ пухтед? Хезед бардоред, ки гуруснаам. Мурод, ту рав. Ин халтаро ҳам гир. Пули кориро гирифта биё. Ҳаққи маро ҳам деҳ.

Ҳомид хеста дар коса хӯрок кашида назди Султон гузошт. Мурод ба либосивазкунӣ шуруъ кард.

(Поёни қисми якум)