Мардикорнома 10-сола шуд

10 05 2019

10 сол пеш 9.05.2009 блоги «МАРДИКОРНОМА» таъсис додам ва аввалин блоге буд, ки доир ба муҳоҷирон хабарҳо, қиссаҳо ва мушкилоти асосии муҳоҷиронро нашр менамуд.

Он вақт ҳамагӣ се ё чор блогҳои тоҷикӣ мавҷуд буданд.
Торнигор дар кадом шароитҳо ва бо кадом васоити техникӣ гардонандагӣ мешуд пештар ҳам навишта будам.
Ин як телефони тугмачагии сониэриксон w880 буд, ки ҳоло устохонҳояш маҳфузанд. )))

Навиштан дар бораи муҳоҷиронро ҳанӯз барвақттар, соли 2003 оғоз карда будам. Аввалин мақолаам дар бораи мушкилоти муҳоҷирон дар рӯзномаи «Вароруд» нашр шуд.

Пас аз чопи он мақола як ташкилоти хориҷӣ бо ман ба тамос баромад. Онҳо каминаро ба Душанбе барои иштирок дар семинар даъват намуданд.
Семинарро фонди Сорос ташкил карда он бо иштироки меҳмонҳо аз Амрико, Филиппин, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, шахсан сафири онвақтаи Русия бо се думравакону ва консулгариаш аз Хуҷанд, Саидамир Зуҳуров, Қурбонов ва боз чанд нафар аз дастгоҳи президент се рӯз идома кард.

Мавзӯи асосӣ мардикорӣ дар Русия ва беҳбуди шароити онҳо буд. Дар рӯйхат ман ҳамчун гушкунанда иштирок доштам. Аммо пас аз он ки ҷониби Русия муҳоҷиронро манбаи касалиҳо номид талош кардам, ки ду дақиқа ҳуқуқӣ суханронӣ гирам. Иҷозат доданд.

Ростӣ ҳоло фикр мекунам, ки хеле эҳсосӣ ва дурушт баромад карда будам. Аммо он вақт ба пастзаниҳову таҳқирҳои ҷониби Русия посухи банда айни мудао буд. Чеҳраи аз хашму ғазаб сурхшудаи сафири қоқинаи Русия ва фашу фушҳои думраваконаш аз ёдам намеравад.

Баъд аз баромад дар «кофебрейк» кормандони дастгоҳ ва шахсан Зуҳуров изҳори хушнудӣ намуданд, ки зарбаи хуб аз ҷониби Тоҷикистон зада шуд.
Худи ҳамон рӯз бо як намояндаи фонди Сорос ва як нафар корманд аз Душанбе вохурдем.

Аммо бо ӯ чӣ гуфтугузор шуд, кӣ чиҳо гуфта назари ташкилотҳои хориҷиро асосан ба ҷануби Тоҷикистон равона кард беҳтараш намегӯям, то мавзӯъ ба маҳалгароӣ наравад. Ҳаргиз ҷоҳу шӯҳратпараст набудам ва ин буд, ки одамаконе дур аз ҳаёти муҳоҷир аз поёнакҳо хазида аз паҳлӯям гузашта болоякҳо рафтанд ва коре ҷуз ба нафъи шахсии худашон накарданд. Кумаки беғаразе ба муҳоҷир накарданд.

Ҳоло бархе видеоблогерронро дида хандаам меояд, ки маводҳои МАРДИКОРНОМАро истифода мебаранду вале ба манбаъ ё муаллиф ишора намекунанд. Аз паи пул давида барои «классу» «лайк» ва «подписчик» бе пурсу пос маводҳоро медузданд ва аз номи худашон дар ютуб мегузоранд.

Дар воқеъ, МАВЗӮЪ 10-солагии блог буд, аммо тамоман дигар ҷой рафт ку… Ҳа хулоса аввалин навишторам ҳамон вақт буд, ки боиси иштирокам дар семинар гашт.
Он машқи қаламро метавон аввалин қадам ва асоси торнигор номид.
Даҳсолагии торнигорам муборакам бод!

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: