Бурунойӣ аз ниқоб

31 08 2016

Рустам тули якчанд сол Руслан буд. Акнун дигарбора ба асли худ баргашта Рустам шуд. Ба ҳуҷрае, ки шаш сол пеш бо ҳамдеҳаҳояш мезист,баргашт. То дирӯз ӯ дар хонаи «ипотека» гирифтаи як бонуи рус буд. Ин занро мехӯронд, мепӯшонд, бонкпулиашро пардохт мекард, ҳатто ба волидайни ӯ кумаки молӣ мерасонд. Аммо соли гузашта корҳояш омад накард ва вазъи кисааш хароб буд. Рустам тули ин солҳое, ки бо ин бону ҳамзистӣ дошт, аз ҳаммиллатонаш худро канор мегирифт ва кӯшиш мекард ниқоби русӣ ба рӯй кашад, яъне торафт ҳамаи хислатҳои русонаро қабул намуда, дар худ ҷойгир мекард. Оҳиста оҳиста бо забони русӣ хеле моҳирона гап мезад. Кас аз гуфтораш бо забони русӣ дар тоҷик будани ӯ шубҳа мекард. Гарчанде борҳо аз модарарӯсаш дар мавриди осиëӣ буданаш таҳқир шунида бошад ҳам, худро ба карӣ зада эътибор намедод.Аммо ин навбат, вақте бо он бонуи рус ба сайругашт ба боғ баромаданд сухане шунид, ки зиндагии тули чандин солҳо сохтаашро барбод дод. Вақте дар пайроҳае мерафтанд, онҷо роҳрубе машғули кор буд. Рустам ҳавобаландона гуфт: Эх, чи хел тобу тоқати инҳоро надорам! Дар ҳамаҷо ҳастанд!Бонуи рус ба Рустам писханде дода, пурсид:- Ту ба онҳо нафрат дорӣ?Рустам: — Бале, онҳо ҳеҷгоҳ писандам набуданд ва нестанд.Бонуи рус:- Онҳо ифлос, гаранг, ëбоӣ ҳастанд, ҳамин тавр не?Рустам: -Сад дар сад. Хоҳиши ман бошад, якто намонда, ҳамаашро «депортатсия» мекардам.Бонуи рус: — Руслан, як чӣ гӯям наранҷ, охир ту худат ҳам мисли ҳаминҳо набудӣ? Гузаштаатро фаромӯш накун.Дар ин вақт Рустам аз роҳравӣ бозистод. Дар ҷояш шах шуда, сараш хам ба замин менигарист. Сипас сарашро бардошта сӯи он бону нигоҳ карда гуфт: — Ман на муҳоҷирони тоҷик, балки ин миллати турктаборро дар назардоштам. Он роҳруб тоҷик нест. Ту маро таҳқир накун.Бонуи рус бо писханд посух дод:- Эҳ Худо, чӣ байни худу ӯ фарқ мегузорӣ? Барои ман чӣ тоҷик, чӣ узбек ë қирғиз ҳама якранг аст.Пас аз ин Рустам ба гуфти худаш «лоқу пар»-ашро ғун дошту ба назди тоҷикон баргашт. Инҷо тоҷикон ба ӯ аз нав хушмуомилагӣ, баоқибатӣ, меҳрубонӣ дар умум хислати тоҷикона меомӯзонанду ӯ бар иваз ҷавонони тоҷикро аз муносибат бо духтарони ғайритоҷик боз медорад, то иштибоҳи ӯро такрор накунанд.

Реклама




Чил муъҷизаи Тоҷикистон

2 02 2015

— Танҳо дар Тоҷикистон кормандӣ БДА метавонад нигоҳаш ба худраву ронанда 15 мегапиксел ва хотирааш барои сабти рақами худравҳо зиёда аз 8гб бошад.
— Танҳо дар Тоҷикистон андоз на мисли дигар давлатҳо ҳамагӣ 13%-ро ба давлат месупорӣ, балки ҳамагӣ 13%-ро худат мегирӣ.
— Танҳо дар Тоҷикистон тоҷик метавонад ба эбола гирифтор шуда сиҳат ёбад ва фикр намояд, ки каме шамол хӯрда буд.
-Танҳо дар Тоҷикистон бо арзон шудани сӯзишворӣ нархи дигар маҳсулот қимат мешавад.
— Танҳо дар Тоҷикистон «петеушник» метавонад якбора вазир шавад.
— Танҳо дар Тоҷикистон нафақа метавонад аз 30 то 3000 доллар бошад.
— Танҳо дар Тоҷикистон метавонанд бо ҷурми таҷовузи номуси духтари беномусе айбдорат намоянд, ки ӯро бори аввал мебинӣ.
-Танҳо дар Тоҷикистон бо нафақаи 30 доллар нафақахӯр зинда мемонад.
— Танҳо дар Тоҷикистон метавонад Қулмақбоев Турмоқбой тоҷиконро ба фахр, гиромидошт ва худшиносии миллӣ, ҳидоят намояд.
— Танҳо тоҷик метавонад бо маошаш дар муҳоҷират ҳам оилаи худашро, ҳам падару модарашро, ҳам зиндагии корманди «Хадамоти Муҳоҷират»-ро, ҳам оилаи пулиси минтақавиро, ҳам зиндагии корманди фурудгоҳро, ҳам маоши миёнарави кордеҳро таъмин намояд.
— Танҳо дар Тоҷикистон мудтарин касб – «таксирон» аст.
— Танҳо дар Тоҷикистон мард аз мушкилот гурехта Русия меравад ва аз ҳамонҷо мушкилотро ҳал менамояд.
— Танҳо дар Тоҷикистон вақте бо забони адабӣ ҳарф занед, аз шумо мепурсанд «Иъ, шумо тоҷик не???».
— Танҳо дар Тоҷикистон вазир метавонад дар як моҳ бо маоши 3 ҳазор сомонӣ қасри 3-ошёнаи 300 ҳазор доллара созад.

— Танҳо дар Тоҷикистон кӯдак пеш аз хоб филми тасвирии «Маша и медвед»-и урусро набинад хобаш намебарад.
— Танҳо дар Тоҷикистон бо айби телефонҳои дастӣ мардум аз барқ танқисӣ кашад.
— Танҳо дар Тоҷикистон наврасон, ки гоҳ мошиншӯй, гоҳ «пакетфурӯш», гоҳ пулчинаки мусофирбар, гоҳ обфурӯш, гоҳ нонфурӯшанд бозорро аз маркетологҳои аврупоӣ ҳам хуб медонанд.
— Танҳо дар Тоҷикистон дар навбати гирифтани замини наздиҳавлигӣ 700-ум мешавию пас аз се сол 698-ум мешавӣ.
— Танҳо дар Тоҷикистон агар чор сомонӣ надошта бошӣ «шлагбаум» кушода намешавад ва фарзандонат дар вай тарафи «пулчинак»-у ту дар ин тарафи он хоб меравӣ.
— Танҳо дар Тоҷикистон «дафтарчаи меҳнатӣ» дар набудани ту ҳам худаш кор кардан мегирад.
— Танҳо дар Тоҷикистон омӯзгор як умр кор карда 22 сол интихоботҳоро обу лой намуда, сипас дар пирӣ 125 сомонӣ нафақа гирад.
— Танҳо дар Тоҷикистон метавонӣ дар фурудгоҳ пул дода- пул дода аз хамааш гузариву танҳо вақти парвоз эълони «Агар аз шумо пул талаб намоянд ба рақамҳои зерин занг занед»-ро бубинӣ.
— Танҳо дар Тоҷикистон «бақлашка»-и оби сӯзон манбаи гармидиҳӣ дар зимистони қаҳратун бошад.
— Танҳо дар Тоҷикистон нон метавонад дар гулӯят дармонда ба марг расонад.
— Танҳо дар Тоҷикистон одамон ба ду гурӯҳҳои «қонун барои мо» ва «қонун барои шумо» тақсим мешаванд.
— Танҳо дар Тоҷикистон мегӯянд «..си буват, мо маданиятамон баланд, ..си ачат»
— Танҳо дар Тоҷикистон гушҳо, чашмҳо, ақлҳо ҳатто телевизорҳо сатҳи баланди 9-12 баллаи «ҳамду санохонӣ»-ро тоқат менамоянд.
— Танҳо дар Тоҷикистон дониш метавонад бо баландии «каблук», сатр ва «галстук» алоқаманд бошад.
— Танҳо дар Тоҷикистон худрави 9-нафараи «старекс» 11-нафар ва «газел»-и 11-нафара 17-нафар мекашонад.
— Танҳо дар Тоҷикистон «баклашка»-и оби гарм метавонад баданро сӯзонда изи дарзмолро гузорад.
— Танҳо дар Тоҷикистон иштироки фаъолонаи котиба дар бистари раис ӯро дар кӯтоҳтарин муддат вакил менамояд.
— Танҳо дар Тоҷикистон барқдории паштуние дар Афғонистон беҳ аз барқдории тоҷики худ аст.
— Танҳо дар Тоҷикистон доштани тағо 1:0 дипломи сурху кабуду норинҷиро мезанад.
— Танҳо дар Тоҷикистон аз омад-омади ДИИШ парвое надоранд ва ҳатто умедворанд, ки онҳоро аз зулм раҳо хоҳанд кард.
— Танҳо дар Тоҷикистон аз Президенту вазиру сарвазир то мухолифину рӯзноманигори озодандеш танҳо дар фикру ғами кисаи худ бошад.
— Танҳо дар Тоҷикистон агар дар фикри мардум шавӣ аз 9 то 30 сол зиндонӣ мешавӣ.
— Танҳо дар Тоҷикистон дигар ашки ватандӯстӣ намерезад.
— Танҳо дар Тоҷикистон бо шунидани суруди миллӣ дар бадан мурғак намедавад.
— Танҳо дар Тоҷикистон ба бозор медароию тани одамонаро бо сарҳои рубоҳу шағолу гургу мушу гову хару сагу мору барра мебинӣ.
— Танҳо дар Тоҷикистон …





Чаро мо «РӮЗ» надорем?

22 11 2014

Ҳар вақте ки ба «Одноклассники» ворид мешавам ба ман паем меояд, ки фалон рӯз иди фалон кас е басмадон касб. Тасмим гирифтам иди худамро дар «Яндекс» ҷустуҷӯ намоям.
Оваҳ, истед, ки аввал касбамро барои худ аниқ намудан даркор-ку.
Савол: -ман кистам? Е касби ман чист? Барномасоз-иқтисодчӣ? Касбе, ки бо он машғул нестам магар онро «касби ман!» гуфта метавонам? Албатта не.
Пас ман кистам? Кадом идро ҷустуҷӯ намоям? Муҳоҷир? Мардикор? Ғулом? «Иди ғуломон!» е «Рӯзи ғуломон!», не ин хел иду ин хел рӯз аниқ набудагист. Шояд, «Гастарбайтер»?
Хуб, дар «Яндекс» ба ҷустуҷӯи идҳо меравам…

Ба ин рӯйхат нигаред (ҳол он ки онро пурра наовардам):

9 феврал — Рӯзи духтури дандон.
11 феврал — Рӯзи бемор

Тавба, ҳайвонҳо ҳам рӯз доштаанд.
19 феврал — Рӯзи китҳо

Оҳо.
1 март — Рӯзи наркоману наркобизнесҳо

Ваҳ ҷисми беҷон?
2 март — Рӯзи гугирд.
3 март — Рӯзи нависандаҳо
4 март — Рӯзи айнакдорҳо
8 март — Рӯзи модарон
9 март — Рӯзи ди-джей
20 март — Рӯзи ситорашиносӣ
20 март — Рӯзи об
21 март — Рӯзи шоири
23 март — Рӯзи обуҳавосанҷҳо
12 май — Рӯзи ҳамшираҳои шафқат
31 май — Рӯзи тамоку
1 июн — Рӯзи кудакон
1 июл — Рӯзи архитекторҳо
12 август — Рӯзи ҷавонон
13 август — Рӯзи чапдастҳо
30 сентябр — Рӯзи тарҷумонҳо
1 октябр — Рӯзи пирон
5 октябр — Рӯзи омӯзгор
28 ноябр — Рӯзи муҳосибон
29 ноябр — Рӯзи геоморфологҳо
30 ноябр — Рӯзи филҳо
2 декабр — Рӯзи коркунони бонкҳо
3 декабр — Рӯзи ҳуқуқшиносҳо
9 декабр — Рӯзи геологҳо
12 декабр — Рӯзи «псих»-ҳо
13 декабр — Рӯзи аспҳо
…Рӯзи харҳо
…Рӯзи говҳо
….Гусолаҳо
….Қурбоқаҳо
….Малахҳо
……
……

18-уми декабр – Рӯзи Байналхалқии муҳоҷирон. Хайрият. Аммо чаро дар Тоҷикистон барасмият дароварда нашудааст? Мо «гастарбайтер»-ҳо дар Тоҷикистон ид надорем. Рӯзе «Рӯз»-и мо нест. Мо ҳеҷ кас. МОе, ки тарки Ватан карда, дур аз модару падару бародару писар, дар лою гил оғушта ба Тоҷикистон пул мефиристем, «рӯз» надорем. Бо пули МОе, ки тиҷорат дар Тоҷикистон авҷ мегираду сипас ба як-ду нукта ҷамъ шуда «оффшор» меравад, «рӯз» надорем. Бо пули МОе, ки шоҳу гадо дар Ватан нон меебад ва пулфурӯш «тоҷикро мефурушаду урусро мехарад», «рӯз» надорем. МОе, ки аз дасти пулису «скинхед» рӯз, надорем, «Рӯз» надорем.
МОе, ки рӯз надорем, «Рӯз» надорем.
Хуб, бигзор ҳаминтавр бошад.
Аммо хеле мехоҳам як «РӮЗ»-е ҳамчун рӯзи хотира, рӯзи едбуди ҳазорон муҳоҷири дар мусофират ҷондода, дар Тоҷикистон таъин гардад. Ҳазорон муҳоҷире, ки гиребони ҳукуматро нагирифт, то ба ӯро ба кор таъмин намояд, митинг накард, фирефтаи ба ном «инқилобчиен» нашуд, балки бархесту ба суроғи ризқ рафт ва дареғо, ба Ватан дар «сандуқи оҳанӣ» баргашт.

Ҳайкал е пайкараи муҳоҷир барои мо даркор нест. Зиндагонашро монед ба ҳоли худ. Танҳо барои мурдагонаш коре бояд кард, ки шояд ташнаи дуою фотиҳаанд.
Хуб мешуд дар пойтахти Тоҷикистон майдоне таъсис дода, аз тамоми гӯшаву канори кишвар тобутҳои оҳании муҳоҷирони фавтидаю кушташударо онҷо ҷамъ оранд. Рӯи санге исми онҳо сабт гардад ва боз сангҳое дар интизори сабт шудани номҳои нав интизор бошанд. Ва ин макон, макони едбуд ва дуою фотиҳа ба руҳу арвоҳи он ғарибон гардад. Маконе, ки раҳгузаре куҳи тобутҳои оҳаниро дида, лаҳзае сукут намояду ба қадри зиндагию зинда буданаш расад. Маконе, ки муҳоҷире пеш аз фурудгоҳ рафтанаш, даме паҳлӯи тобути ҳамкасбаш нишинаду аз ӯ ед кунад. Илоҳо, ҷояшон ҷаннат бошад…





Падарҷонам, туро боз хоб дидам

12 11 2014

Qabri padarjonam

Qabri padarjonam


Аҷоиб кулбае буд кулбаи ту,

Басо зебову дилкаш даргаҳи ту,

Кай ин хона харидӣ ман надидам?

Падарҷонам, туро боз хоб дидам.

 

Дилам хоҳад чунин хоначаи хуб,

Дараш сангин бошад, бомаш аз чуб,

Ки дар паҳлӯи ту ҳамсоя бошам

Падарҷонам, туро боз хоб дидам.

 

Зи дуриҳо назар дорӣ ба ҳолам,

Чи сон афтидаву бепару болам,

Машав ғамгин, ки ман шодам зи ин ҳол

Падарҷонам, туро боз хоб дидам.

 

Марез ашкат, ки аз хобам нахезам,

Зи сӯзи ашкат дил шуд реза реза,

Ба паҳлӯят бари ман хонае хар

Падарҷонам, туро боз хоб дидам.





Мусо, телефони дастӣ ва гурбачаи хокистаранг

2 11 2014

gurbachaОхирин рӯзҳои тирамоҳ буд. Барфпӯш будани замин ва хунукиву яхбандӣ аз омад-омади зимистон дарак медод. Хар вақте ки дари долони бино кушода шуда ягон истиқоматкунандаи он даро баро мекард, шамоли хунук аз берун ба дохили бино медаромад.  Гурбачаи хокистарранг аз хунукӣ меларзид ва аз хар нафари аз наздаш гузашта «мияв»-гуен ерӣ мехост. Нафаре эътибор ва нафаре баргашта ба у хурдание меовард. Кампирзане аз дилсӯзӣ ба ӯ дар косачае шир овард ва сари ӯро сила карда «эҳ бечорае, ҳанӯз хурдакак. Кӣ туро инҷо партофта бошад?» гуфт. Гурбача шояд на хурок, балки ба хоначаи гармаш ба назди Мусо баргаштан мехост.  Баъзан чашмонашро пушида пинак мерафт. Шояд он рузхои бозиву хурсандии бо Мусо гузаштаашро ба ед меовард.

Гурбачаро ҳанӯз як ҳафта пеш як кампири рус дар назди мағоза истода ба роҳгузарон пешниҳод мекард. Мусо он рӯз барои шишаи дуввуми шароб ба мағоза рафт. Вақти аз магоза баромадан кампир ба Мусо низ пешниҳод кард, ки ин гурбачаро бо худ бигирад. Мусо аввал рад карда роҳашро идома кард, вале пас аз ду се қадам бозистода фикр кард, ки айни ҳол ба ин гурбача ниез дорад. Куҷое хонда буд ки гурбаҳо асабро ором менамоянд ва ҳатто табобат ҳам мекунанд.

Он рӯзҳо ҳолати рӯҳии Мусо хеле вазнин буд. Барои ором кардани худ рӯй ба шаробнӯшӣ оварда буд. Ӯ ҳашт моҳ мешавад дур аз хона аст. Ҳар баҳор ҳаминтавр ба Русия кор омада тирамоҳ ба хона бармегашт. Дар тӯли ин омаду рафташ ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ чун одат шуда буд. Дар муҳоҷират телефони дастӣ ҳаети оилавии ӯро гоҳ чун асал ширин ва гоҳо то дараҷае талх мекард, ки ҷонаш ба лаб меомад. Бо телефони дастӣ ба ҳамсараш занг мезад ва агар ҳамсараш гӯширо набардорад ба дили ӯ ҳазору як шубҳа меафтид. Пас аз он ки бардошт саволҳо сар мешуданд, «чаро гӯширо набардоштӣ?», «дар куҷо будӣ?», «бо кӣ будӣ?», «ин қадар дастат банд буд?» ва ҳоказо.

Ва агар ҳамсараш занг занаду ӯ набардошт, баъдаш вуруди паемакҳо (смс) чун «чаро гӯширо набардоштед?», «дар куҷо ҳастед?», «бо кӣ ҳастед?», «халал додам?», « дар назди духтаракони хушқадуболо гап зада наметавонед?» ва ҳоказо.

Ин паемакҳо мисли бомба дар сари Мусо метаркиданд. Хусусан аламовар буд, вақте ӯ пас аз меҳнати ҷисмонии вазнин ба хона бармегашту аз хастагӣ хобаш мебурд ва вақте бедор мешуду ин паемакҳоро мехонд.

Муҳоҷират, ва дур будан аз ҳамдигар онҳоро бемор кард. Ҳарду ҳам аз бемории асаб сар карда то бемории фишори хун расиданд.

Ниҳоят рӯзе пас аз нагӯмагӯҳои телефонӣ Мусо ҳамсарашро «талоқ» гуфт. Дар ҳолати асабонияти шадид чӣ хел ин калимаро гуфт худ намефаҳмид. Дар ҳолати «шок» корро партофта ба ҷои хобаш шитофт ва раҳораҳ шароб харида менӯшид.

Саҳарӣ вақте аз хоб хест дар болои сараш гурбачаи хокистаррангро дида аввал ҳайрон шуд. Баъд хира-хира ба едаш омад, ки гурбачаро дар назди мағоза кампире ба ӯ дод.

Гурбача воқеан ӯро ба худ андармон карда хумосашро каме парешон менамуд. Зуд аз мағоза хурокии «вискас» харида овард. Дар зарфе хок оварда дар як кунҷи хона гузошт. Дар косачае об ҳам овард. Пахтачаеро ба ришта баста бо ӯ бозӣ мекард.

Мусо пас аз ду рӯз пас аз ҷанҷоли ҷудоиандоз дубора ба кор баромад. Ҳолати рӯҳии ӯ вазнин буд. Мехост ба коре машғул шуда ҷудоӣ аз ҳамсарашро ба ед наорад, вале аз сараш ин ҷангҷол берун намешуд. Аз гуфтаю аз карда пушаймон буд ва ба ҳар сӯ занг зада илоҷ мепурсид.

Ниҳоят пас аз як ҳафта бо ҳамсараш оштӣ карданд. Муллоҳо гуфтаанд, ки гуфтаи ӯ як талоқ ҳисоб мешавад ва ҳанӯз имконияти ҳифз намудани оилаи онҳо вуҷуд дорад. Он рӯз шодию хушнудии Мусову ҳамсараш ҳадду канор надошт.

Аз хурсандӣ корро партофта ба хона баргашт. Чун ҳамеша гурбачаи хокистарранг дар назди тиреза нишаста берунро тамошо мекард. Шояд омадани Мусоро интизор буд. Вақте Мусо дарро кушода ба хона ворид шуд, чун ҳарвақта ҷуробҳояшро дар байни хона парешон, дар рӯи гилем изи хоколуди пойи гурбачаро дид. Ин бор ба назараш хона бетартиб менамуд. Ҳавои хона низ ба назараш ғализ буд.

Ба сари миз ба хӯрокхӯрӣ  нишаст. Садои «мияв»-и гурбача ба дараҷае ба гӯшаш нафорид, ки нон дар гулӯяш дармонд. Ба косачаи гурбача нигарист. Он пур аз хурок буд.

Пас аз хурок хурда шудан ба ҷои хобаш дароз кашид. Гурбача чун ҳаррӯза ба ангуштони пойҳои Мусо дарафтода онҳоро маҳин мегазид. Гурбача бозӣ кардан мехост. Ба Мусо ин кори гурбача намефорид ва ӯро аз худ дур мекард. Вале гурбача боз ба пойҳои ӯ мечаспид. Мусо ба хулосае омад, ки гурбачаро бояд ба соҳибаш баргардонад.

Мусо соатҳо дар назди мағоза рост истод то шояд он кампирро бинад. Гурбача дар бағал, дар зери пироҳанаш бетоқатӣ мекард. Мехост сарашро аз торикии зери либос берун намояд. Ниҳоят Мусо бетоқат шуда ба наздиктарин бино рафт. Ба долони он даромада гурбачаро сар дод  ва худаш зуд аз наздаш фирор карда ба хонааш баргашт. Акнун дигар дар либосҳояш муйҳои гурбача нахоҳанд буд, ҳавои хона дигар буи саргини ҳайвон нахоҳад кард.

Гурбачаро бошад кампирзан ефта боз дар назди мағоза ба ягон бадмасти дигар пешниҳод хоҳад кард.





Точикон дар наздикихои укенуси Яхбастаи Шимолй

17 10 2014

jhigansk

    Имрӯзҳо дар Русия шаҳраку деҳачае нест, ки пои            муҳоҷири тоҷик нарасида бошад. Аз Сахалин(шарки        Русия) то Калининград(гарби Русия) ва аз                         Мурманск(шимоли Русия) то Оренбург(ҷануби Русия)      бо тоҷик ва хислати тоҷикона шинос ҳастанд.

 

      Чумхурии автономии Еқутистон дар шимолу шаркии Русия ҷойгир буда сарҳади шимолии он то уқенуси Яхбастаи Шимолй мерасад. Тирамохи соли гузашта аввалин бор пои мардикори тоҷик ба Жиганск ном яке аз шаҳракҳое, ки дар шимоли Еқутистон ҷойгир аст.

Мардикорон вакте харитаи ин шаҳракро диданд шухиомез мегуфтанд, ки ба назди пингвинҳо мераванд.

Жиганск дар сохили дареи Лена вокеъ буда, охирин барф дар аввалхои моҳи июл об мешавад пас аз ҳамаги як моҳ боз сардиҳо сар мешаванд. Яхи замин дар моҳи июл танҳо то чуқурии 1-1,5 метр об мешавад. Аз он чуқуртарашро яхи абад меноманд. Мардумони таҳҷоияш эвенҳо ва якутҳо.

Инак ҳавопаймои фарсудаи ЯК-40 бо 12 мардикори тоҷик ба фурудгоҳи ин шаҳрак нишаст. Нишастани ҳавопаймо тарсонанда буд ва чангу губорро ба фазо бардошт. Баробари дидани фурудгоҳи хокй (на асфалтпуш е бетонй) мардикорон бо чеҳраи махзун ба ҳамдигар менигаристанд. Дар нигоҳи онҳо гам, тарс, ноумедй ва пушаймонй ҳувайдо буд. Саркори онҳо — Шариф бо хандаи талх ҳам мегуфт «Оҳ модарчон, ман кучо омадам? Эҳ, хок бар сари пуле..».

Шариф як ҷавони 32-солаи точик, ки ҳам роҳбалад ва ҳам саркори ин мардикорон буд аз тарафи як ширкати сохтмонии русиягй вазифадор шуда буд, ки дар Жиганск як бинои маъмурии сеошенаро дар тули як мох андова намоянд.

Баробари расидан ба Жиганск корфармоҳои рус тоҷиконро даъват карда наздики як соат бо онҳо суҳбат гузаронданд. Онҳо ба тоҷикон аз ҷумла фаҳмонданд, «Мардуми таҳҷоии инҷо якутҳову евенҳоанд. Хамаи онҳо яроки оташфишони шикорй доранд. Омадаҳову бегонаҳоро хеле бад мебинанд. Ваҳшй, майзада ва ебоиянд. Бо онҳо ягонхел доду гирифт е мукотиба нашавад. Хеч кас ба деҳа наравад. Ба магоза лозим шавад чор нафар шуда барои дарозмуддат хариди калон кунед. Дар дигар вакт аз ҷои хоб ва аз ҷои кор берун пой наниҳед…» Ин суханҳо ваҳмро дар дили муҳоҷирон боз афзунтар намуданд. Аз нақли дигар коргарони рус низ бармеомад, ки инчо хеле боэҳтиету ҳушер бояд буд. Онҳо мегуфтанд, ки шабона бачахои таҳҷои омада гаранг мекунанд ва ҳатто милисаҳо, ки ҳамиллати онҳоанд ба ҷинояткории онҳо чашм мепушанд.

Шаби якум гайри мунтазира ором гузашт. Саҳарй ҳама ба кор шуруъ намуданд. Бегоҳ вакте аз кор баргаштанд гирду атрофи ҷои зисти онҳо пур аз одамҳои чашмтанг буд. Ин ҷавонони масту аласти таҳҷои буданд. Тоҷикон ба ҷойҳои хоби худ ҷобаҷо шуда аз берунбарои худдори намуданд. Шаб куфтани дарҳо огоз шуд. Саркори тоҷикон зуд ба зердастонаш телефонй ба тамос баромада аз тинҷ будани онҳо пурсон мешуд ва таъкид менамуд, ки «гов дар диери мардум гусола аст» ва дарҳояшонро ба ҳеҷ кас накушоянд. Нисфи шаб садои доду вой ва шуру магал шунида мешуд.

Саҳари маълум шуд, ки ду коргари русро хуб лагадкорй намудаанд.

Аз тоҷикон ҳеч кас осебе надида буд.

Бегоҳи рузи саввум як нафар муҳочири тоҷике, ки ба тоҷикон хуроки бегоҳирузй мепухт ба Шарифсаркор занг зада аз омадани таҳҷоиҳо баошпазхонаи у хабар дод. Бо амри Шариф ҳама мардикорон корро партофта ба ошпазхона шитофтанд. Бештари мардикорони ҷавон бо дугу пуписа ва муштҳои гиреҳзада мешитофтанд. Шариф онҳо ва дигаронро таъкид мекард ором бошанд ва зинҳор ба ҷанг напардозанд, чунки се тарафи шаҳракро даре иҳота кардааст ва тарафи чаҳорумро ботлок. Чун ҷои гурез надоранд, бинобар ин ягона роҳи онҳо забон ефтан аст.

Баробари расидан ба ошпазхона ошпаз шикоят кард, ки ду нафар таҳҷоиҳо даромада ба деги хуроки у як пораи калони гушт партофтанд ва чун у бо руси бо онҳо суҳбат карда натавонист ба дашному таҳқир баромада рафтанд. Дар айни ин суҳбат таҳҷоиҳо омаданд.

Аз авзоъи онҳо маълум буд, ки ҳушер нестанд. Пас аз дашномҳои болохонадор яке аз онҳо бо номи Хамза бо Шариф ба саволу ҷавоб гузаштанд ва дигарон хомуширо бартарй медоданд. Хамза бо лаҳни дурушт пурсид:

Чаро омадед?Дафъ шавед ба ҳамонҷое, ки омадед!

Омадем, ки ба шумо он бинои сеошенаро ки баландтарин бино дар шаҳраки шумо мешавад ба истифода диҳем. — оромона посух дод Шариф.

Бинои сеошена? Яъне сивилизатсияро оварданиед? Ое медонй, ки ин сивилизатсияи шумо сад сол ҳам ба мо даркор нест!? — бо ҳамон лаҳн идома дод Хамза.

Хайр, чй кунем? Пул кор карда оилахоро хуронем гуфта омадем. — бо сари хам гуфт Шариф.

Пас аз чанд лаҳзаи хомушй Хамза бо шариконаш бо забони худ сухбат намуда баргашта назди тоҷикон омад ва гуфт:

Хуб, мо бо шумо дигар кордор намешавем. То он даме, ки хатогие аз ягон нафари шумо сар назанад. Дар деха шаклу симои ягонтоатонро набояд бинем! Худо накарда агар ягон нафари шумо бо ягон духтар е зани инҷои робита кунад сипас хамаатонро пора-пора хоҳем кард. — инро гуфта Хамзаю шариконаш рафтанд.

Шарифу дигар муҳоҷирон яке паси дигар «уфф» гуфта оҳи сабук кашиданд. Чанде аз онҳо бо асабоният мегуфтанд, ки набояд ба ин дашному лаҳни дурушти онҳо хомуш мемондем ва бояд бо онҳо занозанй мекардем. Шариф бо табассум гуфт:

-Хуб, ҳоло онҳо аз мо камтар ва маст буданд. Аник, мо метавонистем бар онҳо голиб оем. Аммо баъд чи? Фардо тамоми деҳа бо яроки худ ва шояд ҳатто бо роҳбалади милисаҳояш қасосгирй оянд.

Вокеан гапи Шарифсаркор ҷон дошт. Ин суҳбати кутоҳ бо таҳҷоиҳо дар оянда ба тинҷии тоҷикон бефоида набуд. Баъдтар маълум гашт, ки гуштпартои дар дег яке аз расму русумҳои дустонаи мардуми ин диер будааст.

Пас аз ин ба муҳоҷирони тоҷик касе кордор набуд. Онҳо ҳатто дар танҳои ба магозаравй сар карданд. Баъзеи онҳоро бегоҳ пас аз кор дар магозаҳои дуртари дигар гушаи шаҳрак низ дидан мумкин буд. Таҳҷоиҳо бо дидани симои тоҷикй «свои» гуфта эътибор намедоданд. Кариб ҳар бегоҳирузй ва шабонгаҳ гуруҳи Хамзаро дар гирду атрофи ҷои хоби сохтмончиен дидан мумкин буд. Онҳо баъзан меҳмонй ба ошхонаи тоҷикон даромада хурок мехурданд. Ба онҳо бештар нони тоҷикипухтаи ошпази тоҷик писанд буд.

Хар саҳар хабар мерасид, ки шаби гузашта як е ду нафар сохтмончиени русро таҳҷоиҳо задаанд. Русҳо ба дод омада буданд. Дар суҳбат бо тоҷикон мегуфтанд, ки инчо русу тоҷик ҳарду дар як сатҳ қарор доранд ва ҳарду «приезжи», «чужой» (омада, бегона) ҳисоб мешаванд. Шариф ба ин гапи онҳо қоҳ-қоҳ зада хандида мегуфт «умеворам, пас аз баргаштан ба Новосибирски худ тоҷиконро дигар азият нахохед дод», ва ба дил мегуфт «инҷо точикон барои таҳчоиҳо алакай худй шуданд..»

Саҳаре ҳама дар ҷои кор ҷамъ шуданд. Русхо безобита ва дар хашм менамуданд. Маълум гашт, ки шаби гузашта гуруҳи калони ҷавонони таҳҷои ба як манзили зисти онҳо даромада чор нафар сохтмончии русро тули се соат азобу шиканҷа додаанд. Яке аз онҳо бо чашми варамида ва лабҳои аз зарб дарида аз сарвари ширкати худ талаб мекард, то ба у фавран чиптаи ҳавопаймо бихаранд, чун дигар лаҳзае истоданй нест ва мехоҳад баргардад.

Сарварони ширкати сохтмонии русҳо ба ҳукумат ва шуъбаи милисаи шаҳрак шикоят навиштанд. Ниҳоят сарвари ширкат Шарифро назди худ даъват намуд. Дар суҳбат аввал ҳайрон будани худро изҳор намуд, ки чаро таҳчоиҳо ба точикон кордор нестанд ва тули қариб як моҳ то ҳол ягон точикро ангуштаке назадаанд. Сипас гуфт «Мебинам дар қатори зердастони ту, муҳочирони точик чавонони паҳлавончусса кам нестанд. Русҳо ба интиқомгирй омодагй мебинанд, чунки аз ин милисаҳои таҳчои ягон муҳофизатро намебинад. Бояд точикон бо русҳои мо якчоя шуда қасос гирем. Рақамҳои телефонҳоятонро ба русҳо диҳед. Баробари ягон шаб омадани таҳчоиҳо бо зангҳои телефонй ҳамаро ба пой мехезонем ва онҳоро мекубем!»

Шариф пас аз каме мулоҳиза руирост ин таклифи сарвари ширкатро рад карда посух дод:

-Медонед чй, мо бо таҳчоиҳо муносибати хубу дустона сохтем. Онхоро фахмидем ва бехатоги кор карда гаштаем. Инчо Русия Ватани шумост. Гарчанде ки дар ин шаҳрак русу точик дар як сатҳ бошанд ҳам, вале мо шаҳрванди хоричй ҳастем. Конун барои шумо дигар асту барои мо дигар. Чаро моро гам намедиханд? Чунки мо шароб наменушем ва дар кучахо бадмастй намекунем. Чунки мо ба зану духтарҳои таҳчоиҳо кордор нестем. Дилхоҳ нафари русеро, ки таҳчоиҳо задаанд даъват карда пурсучу намоед. Хоҳед фаҳмид, ки уро бегуноҳ назадаанд..»

Сарвари ширкат аз ин посухи Шариф багазаб омада ба у ишораи аз ҳучрааш рафтан намуд. Шариф аз ҳучра берун омад ва ба худ меандешид, ки ое қарори дуруст баровард е на.

Дуртар аз даромадгоҳи ҳучра, дар офтобй, болои курсие як муйсафеди таҳчои менишаст. У бо Шариф алакай шинос буд. Боре барои кашонидани масолеххои сохтмонй ҳамроҳи дигар мардикорони точик ба у кумак намуда буд. Муйсафед баробари дидани Шариф бо табассум уро даъват намуд. Муйсафед чеҳраи маҳзуни Шарифро дида сабаби гамгин будани уро пурсид. Шариф дар чавоб чизе нагуфта танҳо табассум кард.

Муйсафед ба у ишораи дар курсии дигаре нишастан карда сипас гуфт:

Дуруг нагуй. Гамгин ҳастй. Сабабашро ҳам медонам. Он ки шаби гузашта бачаҳои мо русҳоро задаанд. Онхо ягон гунох кардагистанд. Аммо ман ҳар кучое чавонони деҳаамро дидаам таъкид кардаам, ки ба точикон кордор набошанд. Медони ин ҳама бадбинии мо таҳчоиҳо аз кучо сарчашма мегирад? Аз солҳои шуравй. Мо аз сивилизатсияи овардаи онҳо гурехта-гурехта ба ин гушаи хунуки замин расидем. Ин сивилизатсия омаду дар диери мо гавазн, оҳу ва моҳиҳо торафт кам шуда истодаанд. Дар солҳои шуравй дар Екутистон барои дарефти тилло, алмосу еқуту дигар сангҳои қиматбаҳо зиеда аз 15 таркиши ядрои гузаронидаанд. Таркишҳое ба мисли Хиросима ва Нагасаки ва дар шаҳраки Айхал таркиши садамавй, ки таъсираш ҳануз ҳам дар ончо ҳаст. Ин хабарҳоро дар он солҳо ҳатто ҳукумати Еқутистон намедонист ва танҳо дар Маскав баррасй мешуданд. Акнун пиру чавони Еқутистон медонад. Мо намехоҳем гушти гавазну моҳиҳои шуъои радиатсионйгирифта истеъмол намоем. Мо намехоҳем оби нушокии мо ифлос гардад. Дар ин иқлими бе ин хам номусоид, ки дарозумртаринамон 60-солаем ва намехоҳем ин хол боз бадтар шавад. Инро ман як муйсафеди 54-сола ки хама ҳамсолонам хок шудаанд ба ту мегуям. Барои ҳамин аз чавонони мо наранчед. Онҳо шояд дагалу дурушт бошанд, аммо ҳақ астанд».





НЕСТ БОД ЗАБОНИ УРУСЙ?

30 06 2013

Дирӯз хабаре хондам, ки ҳар гуна гурӯҳҳои тундрави миллатгарои урус ба амал гузаштаанд. Онҳо ба бошишгоҳу хонаҳои муҳоҷирон даромада ҳуҷҷатҳои онҳоро тафтиш кардаанд ва байни онҳо низоъ хестааст. Акнун қонунгузории Русия ба ҳар раҳгузари урус иҷоза додааст, ки аз муҳоҷири тоҷик ҳуҷҷат бипурсад. Ба ин рӯз ҳам расидем. Фишор паи фишор ва вазниниҳои беш аз пеш муҳоҷирони моро таъкиб менамояд. Аммо ҷониби Тоҷикистон ягон посухе намедиҳад. Ҳаминтавр урусҳо бо дастгирии ҳукумати худ бефарҳангона миллатҳои барояшон бегонаро таҳти фишор, пастзанӣ ва зуроварӣ қарор медиҳанд. Миллати бефарҳанг бо амалҳои бефарҳангона…
Дар ҳолати бефарҳанг будани тоҷикон метавонист дар Тоҷикистон низ фишору бадбинӣ болои русҳо ба вуҷуд ояд. Аммо муҳоҷири тоҷик пас аз инқадар азобҳои ҷисмониву равонӣ ба Ватанаш бармегардаду русҳои Тоҷикистонро ҳурмату иззат менамояд. Кинаву адоватро аз дилаш берун менамояд ва посухи ҷабрҳои аз пулис ва мардуми рус дидаашро ба русҳои Тоҷикистон намедиҳад. Ин худ як нишонаи бофарҳанг будани моро нишон медиҳад.
Аммо ба ин фишору маъракаҳои зиддитоҷикии Русия мо набояд хомӯш бошем, балки бофарҳангона посух гӯем. Як фишанги Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии 201 ва «Окно» бошад, фишанги дигараш ки дар дасти ҳамаи тоҷикон аст ин забони урусист. Барои ҳоло ва ҳозир беҳтарин кор ин фишор ба забони урусӣ аст. Бояд ҳукумати Тоҷикистон қадам ба қадам ҷойгоҳи забони урусиро дар кишвар танг намояд. Чаро шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ин қадар беқадр шудаасту забони урусӣ дар кишвари мо боқадр? Вазорати маориф бояд фишангро ба хотири дифоъ аз муҳоҷири тоҷик истифода барад. Чаро мактаббачаҳо аз синфи ду забони урусиро меомӯзад ва аз синфи чор забони англисиро? Як забони хориҷӣ бас нест? Соатҳои дарсиро барои забони урусӣ ихтисор намоед. Ба Узбакистон пайравӣ намоед.
Овезаҳои сарироҳии таблиғотӣ бояд танҳо ва танҳо бо забони тоҷикӣ бошанд. Ширкатҳои мобилӣ низ аз истифодаи забони урусӣ худдорӣ намоянд. Шабакаҳои Садо ва Симои (Радио ва телевизон) Тоҷикистон барномаҳои урусизабони худро ихтисор намоянд. Маҷалаву рӯзномаҳои урусӣ, мактабу кӯдакистонҳои урусизабон ва овезаҳои таблиғотии урусӣ метавонанд самте барои фишор болои Русия бошанд.
Барои ҳар як тоҷики аз Русия хориҷшуда як барномаи урусӣ аз садо ва симо аз намоиш хориҷ карда шавад ва барои ҳар як ҷасади муҳоҷири фавтида як мактаб ё кӯдакистони урусизабон баста шавад.
Боварии комил дорам, ки ин амалҳо Русияро дар ҷои худ хоҳад шинонд. Дар мубориза ва ё худ посух ба Русия ҳар як шаҳрванди одии тоҷик метавонад иштирок намояд. Дар ҳар ҷои Тоҷикистон (манзурам аз кӯчаву хиёбон то садову симо ва ФБ-ву ОК) ба хотири хотима бахшидани фишор болои ноновари тоҷик зидди истифодаи забони урусӣ садо баланд намоем. Посухи бофарҳангонаи миллати бофарҳанг ба бефарҳангон ҳамин хоҳад буд. Камтарин коре, ки барои дифоъ аз мардикорӣ тоҷик метавон кард. Нест бод забони урусӣ дар фазои Тоҷикистон!