«Казино» с вечными везунчиками

18 12 2018

Каждый раз, возвращаясь в Таджикистан, обещаю себе, что больше не поеду на заработки в Россию. Вот так на этот раз остался на родине и пять месяцев проработал тут. Терпение иссякло, и я пришел к выводе, что здесь невозможно зарабатывать на достойную жизнь, надо опять повести на плечо рюкзак и выехать из этого «казино».

Почему «казино»? Да потому, что здесь все как там – повезет или не повезет. Но, что интересно, одним везет всегда, другим никогда.

Власти все время говорят о необходимости укрепления частного сектора. Объявлена моратория на проверки. Но бизнес тут в клещах – с одной стороны – налоги, а с другой – коррупция! Поди, выживай.

Если хочешь открыть свое дело, особенно производственное, что власти обещают, поддерживать всеми путями, чтобы улучшить социально-экономическую ситуацию, то начинаешь с того, что арендуешь землю. Выясняется, что для использования 1 квадратного метра пространства для производственных целей стоит 40 долларов США в месяц. Так, если бизнесмен откроет цех в 100 кв метров, ему надо будет платить 4000 долларов ежемесячно, еще не производя товара даже на 100 долларов. Расходы на документацию, налоги на импорт техники и технологии в тот же первый месяц составят 1333 долларов США. Далее сразу последует масса оплат и пошлин. Даже в России все гораздо легче, не говоря о цивилизованном мире.

Средний доход хорошего рабочего в Таджикистане составляет 600-800 сомони или 75-100 долларов в месяц. Ощущение такое, что рабочие руки никому не нужны, или если и нужны, то должны быть очень низкооплачеваемыми.

Многие пишут о том, что правительству страны нужен сильный экономический блок, чего не были и нет и помине. Между тем, бизнес принимает чиновничо-семейный характер. В этом «казино» везет только тем, кто сидит в аппаратах управления, или близки к руководству страны. Один IRS чего стоит! Данная офшорная комапния ничего не производит, зато крутит миллионами долларами кадждый месяц. Говорили, что оплата будет символичной, а она растет и растет. Другая комания «Фароз» становится похожим на спрут, который прибирает под сбея любые отрасли, где у граждан нет другого выхода не платить, например за анализ крови. Заболел? Нужен диагноз. Идешь давать кровь на химический анализ, а как без этого, придется платить, а деньги идут в эут компания, которая, по идее, не имеет ничего общего с медициной.

Один за другим вырастают спруты-монополисты от которых зависят не только цены на основные продукты питания, но и общая атмосфера на рынке, и даже законы станы. Взгляните на список компаний, которые законодательным образм освобождены от всяких налогов и пошлин. Им в нашем «казино» везет всегда. А недобор бюджета колоссальным грузом ложится на малый и средний бизнес, и не тех, кого еще не «сломали» рейдерскими захватами. Параллельно с кажым годом растут штрафы и поборы.

Находясь в стране, я встретился с двумя десятками бизнесмен и попросил их помочь мне в составлении «бизнес-плана». У меня было 8 черновиков. Почти все они сказали, что эти планы, несмотря на то, что нишы на рынке для них есть, несостоятельны, ттолько потому, что при первом же успехе будут сломлены или отняты. Среди моих консультантов были и те, кто давно перевел свой основной бизнес в Дубай, или по крайней мере в Россию.

Ну, даже если и откроешь свое дело, завтра с утра прибегут налоговики, пожарники, экологи, и ты еще не начал ничего делать, они требуют свою долю. Если вдруг в этот район нанесет визит глава области или страны, часть расходов этого визита ложится на твои плечи. Отдашь, будешь дышать, не отдашь, будут большие проблемы. Чем не коррупция в завуалированном виде?

Вот почему все рвуться во власть. У меня есть знакомый милиционер. Он получает 580 сомони на руки, а я 1600 в месяц. Я не могу свести концы с концами, а он едет в «Тойоте». Мне кажется, ему должны назначить гораздо большу, зарплату, чтобы не брал взятку. Так и всему чиновничьему корпусу. Но откуда, когда госбюджет хромает на все четыре ослабленных ножек? Откуда? От честности и прозрачности. В бизнесе все должны быть равны. Любой второй или третий гражданин страны должен быть уверен в том, что идет окрывать свое дело и государство оградить этот бизнес от любых посягательств и криминала. Откуда? Надо сократить управленческий аппарат страны доведя его до минимума, а если надо будет и областные структуры – вот где миллиарды нашей страны! Зачем они нужны, зачем стране такой груз? Слышал, что все правительство Швейцарии состоит из девяти министров. В 2017 году эта страна провела референдум – можно ли платить остатки бюджета каждому гражданину. В месяц каждому цвейцарцу достанется 2500 евро за просто так. Народ не согласился. Ну нам до них еще расти и расти, но если государством могут управлят 9 человек, зачем нам 45 министров и глав комитетов?

Ни для кого не секрет, что экономика Таджикистана остается на плаву благодаря тем деньгам, которые присылают мигранты из России и Казахстана. Но они говорят, что эти деньги уходят в воздух. Они зарабатывают их, привозят их в страну, сдают в «казино» и вновь уезжают в Россию достать еще денег, так и без конца. А каким может быть конец, вы знаете или видите?

Реклама




«Кӯмак»-и ҳаммиллат

2 11 2018

Зимистон ҳам наздик омад. Рӯзҳо кӯтоҳ ва шабҳо дароз шуданд. Бахусус дар ин шаҳри шимолии Русия – Петербурҷ равшании рӯз ҳамагӣ 5-6 соат давом мекунад. Соати 9 то 10 равшан мешавад ва 16 то 17 торик. Осмон хокистарранги дилгиркунанда.

Шаб ҳарорат аз сифр паст шуд. Саҳарӣ вақте Дилшод аз хона баромад пай бурд, ки шак задааст. Заминро донаҳои хурди шабнами яхбаста ноаён пӯшонида буд. Дилшод ба худ андешид, ки бояд чархҳои худравашро аз тобистонӣ ба зимистонӣ иваз намояд. Кайҳо чунин нақша дошт, аммо маблағи зарурӣ ҷамъ намешуд. Мушкилиҳо паи ҳам ба сараш меомаданд. Тӯли ним сол кам-кам аз маошаш захира карда, худрави «Опел Вектра» харид. Акнун ӯ умедвор аст, ки аз кори сохтмон озод шуда, бо кирокашӣ зиндагиашро пеш мебарад.

Дилшод худравашро ба кор андохт. Пас аз гарм шудани муҳаррик ба роҳ баромад. Дилшод одатан дар назди истгоҳи метрои «Ломоносуф» истода мунтазири занги муштариён мешуд. Кӯчаҳои сермошини Петербурҷ лағжон шуда буданд. Ба чорроҳаи самти пули Володарский ва кӯчаи Бабушкина наздик шуд. Чароғак аз сабз ба зард гузашт. Дилшод метавонист чорроҳаро гузарад. Вале пиёдагарде интизори пурра сабз шудани чароғак нашуда, роҳро убур кардани шуд. Дилшод суръатро паст карда истод. Дар ин вақт садои баланди «тақ!» баромаду сараш ба пушт таккон хӯрд ва телефонаш, ки паҳлӯи чанбарак гузошта буд, парида ба нишастгоҳи пушт бархӯрд. Пиёдагард агар ҳушёрӣ карда, намегурехт зери худрав мемонд.

Дилшод бо азоб дарро кушода аз худрав берун баромад. Худравашро аз пушт худрави дигаре зада буд. Он худрав ба маротиб намуди қиматтари «Тойотаи Ленд крузер» ва нав буд. Чароғҳои пешаш шикаста буданд. Ронандаи «тойота» низ берун шуд. Аз дари дигараш боз як ҷавони дигаре берун шуд. Ҳарду ҷавонони қоматбаланд ва девпайкар буданд. Назар ба худрави онҳо худрави Дилшод зарари бештар гирифта буд. Шишаи пушт рехта, чароғакҳо шикаста ва қариб ним метр пушти худраваш ба дарун пачақ шуда буд.
Ронандаи «тойота» пас аз муоинаи бархӯрд ба Дилшод гуфт: — Чаро таъҷилан истоди? Охир чароғак зард буд, метавонистӣ гузарӣ ва ман низ онро убур мекардам.
Дилшод посух дод: — Бале, метавонистам. Аммо пиёдагарде ба убур кардани роҳ сар кард. Тарсидам ӯро пахш накунам.

Рафиқи ронандаи «тойота» ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд: — Ту чӣ, ғайрирус ҳастӣ?! Кист миллатат?!
Дилшод: — тоҷик ҳастам.
Ронандаи «тойота»: — Хуш, чӣ кор мекунем, тоҷик? Роҳро банд карда наистем. Ба дигар нақлиёт халал надиҳем. Айби худат шуд. Худрави ман низ зарар дид. Аз гуноҳат мегузарем. Шин бирав, мо низ рафтем.
Дилшод: — Чӣ хел айби ман? Шумо аз пас задед-ку. Пулис ва агенти суғуртаро интизор мешавем.
Роҳи бе ин ҳам сермошин дар як дам тамба шуд. Як худраве «Лада 2109» бо шишаҳои сиёҳ дар назди онҳо истод ва ронандаи он ҷавоне ғайрирус аз тиреза ба онҳо нигоҳ мекард. Сипас пурсид: — Бародар, тоҷик ҳастӣ?
-Ҳо. — посух дод Дилшод.
Он ҷавон аз худраваш берун омада гуфт:
— Чӣ мегӯянд ин каллазардҳо? Парво накун, айби инҳо аст. Мисли «шкаф» бошанд ҳам ҳозир ҳардуша мешиканам.
Дилшод хавотиромез гуфт: — Не, бародар, мувофиқи қонун ҳал кардан даркор.
Ҷавони тоҷик бархӯрди худравҳоро назар карда, ба ронандаи «тойота» гуфт: — Сад дар сад айби ту ҳаст! Чӣ баҳс мекунӣ!? Ин бечора барои барқарор намудани худраваш пули як худрави дигар харҷ мекунад. Сахт зиён дидааст.
Рафиқи худрави «тойота» ба он ҷавони тоҷик гуфт: — Ту кистӣ? Бинӣ нахалон! Рав ба роҳат! Мо худамон байни худ ҳал мекунем.

Дилшод ба ин ҳаммиллаташ, ки гарчанде қадпастаки хароб буд ва ба онҳо нотарсида дағал гап мезад, гуфт: — Бародар, мон бо онҳо баҳс накун. Ман ҳоло занг мезанам полис меояд.
Ҷавони тоҷик ба гапҳои Дилшод эътибор надода, ба рафиқи ронандаи «тойота» гуфт: — Чӣ хел ман кистам? Ин бародари ман аст! Ба ман бо ин навъ гап назан!
Ронандаи «тойота» фашшас кунон ба назди ҷавони тоҷик омад ва бо лаҳни дурушт гуфт: — Эй пакана! Дафъ шав аз назарам вагарна ….
Ронандаи «тойота» суханашро то охир натавонист гӯяд. Се бор садои «пақ-пақ»-и задани мушт баромаду ҳам ронандаи «тойота» ва ҳам рафиқи ӯ дар замин хоб буданд. Дилшод дар ҳайрат буд, ки дар як лаҳзачаи ду-се сония ин ҷавони қадпасти хароби тоҷик ду девро аз пой афтонд. Сипас ҷавони тоҷик рафта ба худраваш нишасту рафт. Дилшод аз пасаш «эй бародар, исто акнун ҳамроҳам то охир…» Аммо ӯ даст бардошту рафт.

Ронандаи «тойота» аз ҷояш хесту лабони хунолудашро пок карда ба тарафи Дилшод омад. Рафиқи ронандаи «тойота» хеста дар ҷояш нишаста буду ҳайрон-ҳайрон ба гирду атроф менигарист. Меандешид, ки ӯ кай аз хоб хест, инҷо куҷост, инҷо чӣ кор мекунад, чаро ба замини хунуку чиркин нишастааст.

Дилшод ба ақиб қадам монда аз ронандаи «тойота» худро дур мегирифт. Ронандаи «тойота» ҳамоно ӯро таъкиб карда пурсид: — Кӣ буд ӯ? Бародарат? Куҷо рафт? Куҷо зиндагӣ мекунад?

Дилшод ба пас қадам монда атрофи худравҳо чарх мезад. Ӯ посух дод, кӣ намешиносад ӯро. Рафиқи ронандаи «тойота» аз ҷой хеста буд. Ӯ шояд ба саволҳояш посух ёфта буд. Акнун Дилшод дар муҳосира афтида буд.

Дардҳои ҷонкоҳе ҳис кард. Чашмонашро пӯшида сарашро бо дастонаш бо мақсади муҳофизат дошт.
Дард гузашт. Он дарди ҷонкоҳ.

Чашмонашро кушод. Як чашмаш нимбоз буду, чашми дигараш аз варами зиёд пӯшида. Аммо ӯ бемалол ҳамачиро медид. Модарашро, хоҳаронашро. Аз шодӣ хост хандида онҳоро ба оғӯш гирад. Аммо онҳо ба ӯ нигариста нола мекарданд. Хост дод зада, аз ҷояш бархезад ва гӯяд «Чӣ ба фикратон ман мурдаам? Ман намурдаам! Охир ҳанӯз ҷавонам!». Каме дуртар падарашро дид, ки асо бар даст оби дидаашро бо дастрӯймоле пок мекард. Бо як қадам худро дар назди падар дарёфт. Хост ба падараш чизе гӯяд, аммо ин қадар зуд ба назди падараш расиданаш ӯро дар ҳайрат гузошт. Баргашта боз ба модару хоҳаронаш нигарист. Ва ногаҳон худашро дид! Ин ӯ буд рӯи курпачаҳои тозаву озода хобида. Манаҳаш бо докаи сафед баста. Як чашмаш каме боз, дигараш аз варами зиёд пӯшида.





Защищено: Писарам — энергетик!

14 11 2017

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:





Достоне аз Екутистон

17 10 2016

Имрӯзҳо дар Русия шаҳраку деҳачае нест, ки пои муҳоҷири тоҷик нарасида бошад. Аз Сахалин(шарки Русия) то Калининград(гарби Русия) ва аз Мурманск(шимоли Русия) то Оренбург(ҷануби Русия) бо тоҷик ва хислати тоҷикона шинос ҳастанд.

Чумхурии автономии Еқутистон дар шимолу шаркии Русия ҷойгир буда сарҳади шимолии он то уқенуси Яхбастаи Шимолй мерасад. Тирамохи соли гузашта аввалин бор пои мардикори тоҷик ба Жиганск ном яке аз шаҳракҳое, ки дар шимоли Еқутистон ҷойгир аст.

Мардикорон вакте харитаи ин шаҳракро диданд шухиомез мегуфтанд, ки ба назди пингвинҳо мераванд.

Жиганск дар сохили дареи Лена вокеъ буда, охирин барф дар аввалхои моҳи июл об мешавад пас аз ҳамаги як моҳ боз сардиҳо сар мешаванд. Яхи замин дар моҳи июл танҳо то чуқурии 1-1,5 метр об мешавад. Аз он чуқуртарашро яхи абад меноманд. Мардумони таҳҷоияш эвенҳо ва якутҳо.

Инак ҳавопаймои фарсудаи ЯК-40 бо 12 мардикори тоҷик ба фурудгоҳи ин шаҳрак нишаст. Нишастани ҳавопаймо тарсонанда буд ва чангу губорро ба фазо бардошт. Баробари дидани фурудгоҳи хокй (на асфалтпуш е бетонй) мардикорон бо чеҳраи махзун ба ҳамдигар менигаристанд. Дар нигоҳи онҳо гам, тарс, ноумедй ва пушаймонй ҳувайдо буд. Саркори онҳо — Шариф бо хандаи талх ҳам мегуфт «Оҳ модарчон, ман кучо омадам? Эҳ, хок бар сари пуле..».

Шариф як ҷавони 32-солаи точик, ки ҳам роҳбалад ва ҳам саркори ин мардикорон буд аз тарафи як ширкати сохтмонии русиягй вазифадор шуда буд, ки дар Жиганск як бинои маъмурии сеошенаро дар тули як мох андова намоянд.

Баробари расидан ба Жиганск корфармоҳои рус тоҷиконро даъват карда наздики як соат бо онҳо суҳбат гузаронданд. Онҳо ба тоҷикон аз ҷумла фаҳмонданд, «Мардуми таҳҷоии инҷо якутҳову евенҳоанд. Хамаи онҳо яроки оташфишони шикорй доранд. Омадаҳову бегонаҳоро хеле бад мебинанд. Ваҳшй, майзада ва ебоиянд. Бо онҳо ягонхел доду гирифт е мукотиба нашавад. Хеч кас ба деҳа наравад. Ба магоза лозим шавад чор нафар шуда барои дарозмуддат хариди калон кунед. Дар дигар вакт аз ҷои хоб ва аз ҷои кор берун пой наниҳед…» Ин суханҳо ваҳмро дар дили муҳоҷирон боз афзунтар намуданд. Аз нақли дигар коргарони рус низ бармеомад, ки инчо хеле боэҳтиету ҳушер бояд буд. Онҳо мегуфтанд, ки шабона бачахои таҳҷои омада гаранг мекунанд ва ҳатто милисаҳо, ки ҳамиллати онҳоанд ба ҷинояткории онҳо чашм мепушанд.

Шаби якум гайри мунтазира ором гузашт. Саҳарй ҳама ба кор шуруъ намуданд. Бегоҳ вакте аз кор баргаштанд гирду атрофи ҷои зисти онҳо пур аз одамҳои чашмтанг буд. Ин ҷавонони масту аласти таҳҷои буданд. Тоҷикон ба ҷойҳои хоби худ ҷобаҷо шуда аз берунбарои худдори намуданд. Шаб куфтани дарҳо огоз шуд. Саркори тоҷикон зуд ба зердастонаш телефонй ба тамос баромада аз тинҷ будани онҳо пурсон мешуд ва таъкид менамуд, ки «гов дар диери мардум гусола аст» ва дарҳояшонро ба ҳеҷ кас накушоянд. Нисфи шаб садои доду вой ва шуру магал шунида мешуд.

Саҳари маълум шуд, ки ду коргари русро хуб лагадкорй намудаанд.

Аз тоҷикон ҳеч кас осебе надида буд.

Бегоҳи рузи саввум як нафар муҳочири тоҷике, ки ба тоҷикон хуроки бегоҳирузй мепухт ба Шарифсаркор занг зада аз омадани таҳҷоиҳо баошпазхонаи у хабар дод. Бо амри Шариф ҳама мардикорон корро партофта ба ошпазхона шитофтанд. Бештари мардикорони ҷавон бо дугу пуписа ва муштҳои гиреҳзада мешитофтанд. Шариф онҳо ва дигаронро таъкид мекард ором бошанд ва зинҳор ба ҷанг напардозанд, чунки се тарафи шаҳракро даре иҳота кардааст ва тарафи чаҳорумро ботлок. Чун ҷои гурез надоранд, бинобар ин ягона роҳи онҳо забон ефтан аст.

Баробари расидан ба ошпазхона ошпаз шикоят кард, ки ду нафар таҳҷоиҳо даромада ба деги хуроки у як пораи калони гушт партофтанд ва чун у бо руси бо онҳо суҳбат карда натавонист ба дашному таҳқир баромада рафтанд. Дар айни ин суҳбат таҳҷоиҳо омаданд.

Аз авзоъи онҳо маълум буд, ки ҳушер нестанд. Пас аз дашномҳои болохонадор яке аз онҳо бо номи Хамза бо Шариф ба саволу ҷавоб гузаштанд ва дигарон хомуширо бартарй медоданд. Хамза бо лаҳни дурушт пурсид:

    —Чаро омадед?Дафъ шавед ба ҳамонҷое, ки омадед!

-Омадем, ки ба шумо он бинои сеошенаро ки баландтарин бино дар шаҳраки шумо мешавад ба истифода диҳем. — оромона посух дод Шариф.

-Бинои сеошена? Яъне сивилизатсияро оварданиед? Ое медонй, ки ин сивилизатсияи шумо сад сол ҳам ба мо даркор нест!? — бо ҳамон лаҳн идома дод Хамза.

-Хайр, чй кунем? Пул кор карда оилахоро хуронем гуфта омадем. — бо сари хам гуфт Шариф.

Пас аз чанд лаҳзаи хомушй Хамза бо шариконаш бо забони худ сухбат намуда баргашта назди тоҷикон омад ва гуфт:

    —Хуб, мо бо шумо дигар кордор намешавем. То он даме, ки хатогие аз ягон нафари шумо сар назанад. Дар деха шаклу симои ягонтоатонро набояд бинем! Худо накарда агар ягон нафари шумо бо ягон духтар е зани инҷои робита кунад сипас хамаатонро пора-пора хоҳем кард. — инро гуфта Хамзаю шариконаш рафтанд.

Шарифу дигар муҳоҷирон яке паси дигар «уфф» гуфта оҳи сабук кашиданд. Чанде аз онҳо бо асабоният мегуфтанд, ки набояд ба ин дашному лаҳни дурушти онҳо хомуш мемондем ва бояд бо онҳо занозанй мекардем. Шариф бо табассум гуфт:

     —Хуб, ҳоло онҳо аз мо камтар ва маст буданд. Аник, мо метавонистем бар онҳо голиб оем. Аммо баъд чи? Фардо тамоми деҳа бо яроки худ ва шояд ҳатто бо роҳбалади милисаҳояш қасосгирй оянд.

Вокеан гапи Шарифсаркор ҷон дошт. Ин суҳбати кутоҳ бо таҳҷоиҳо дар оянда ба тинҷии тоҷикон бефоида набуд. Баъдтар маълум гашт, ки гуштпартои дар дег яке аз расму русумҳои дустонаи мардуми ин диер будааст.

Пас аз ин ба муҳоҷирони тоҷик касе кордор набуд. Онҳо ҳатто дар танҳои ба магозаравй сар карданд. Баъзеи онҳоро бегоҳ пас аз кор дар магозаҳои дуртари дигар гушаи шаҳрак низ дидан мумкин буд. Таҳҷоиҳо бо дидани симои тоҷикй «свои» гуфта эътибор намедоданд. Кариб ҳар бегоҳирузй ва шабонгаҳ гуруҳи Хамзаро дар гирду атрофи ҷои хоби сохтмончиен дидан мумкин буд. Онҳо баъзан меҳмонй ба ошхонаи тоҷикон даромада хурок мехурданд. Ба онҳо бештар нони тоҷикипухтаи ошпази тоҷик писанд буд.

Хар саҳар хабар мерасид, ки шаби гузашта як е ду нафар сохтмончиени русро таҳҷоиҳо задаанд. Русҳо ба дод омада буданд. Дар суҳбат бо тоҷикон мегуфтанд, ки инчо русу тоҷик ҳарду дар як сатҳ қарор доранд ва ҳарду «приезжи», «чужой» (омада, бегона) ҳисоб мешаванд. Шариф ба ин гапи онҳо қоҳ-қоҳ зада хандида мегуфт «умеворам, пас аз баргаштан ба Новосибирски худ тоҷиконро дигар азият нахохед дод», ва ба дил мегуфт «инҷо точикон барои таҳчоиҳо алакай худй шуданд..»

Саҳаре ҳама дар ҷои кор ҷамъ шуданд. Русхо безобита ва дар хашм менамуданд. Маълум гашт, ки шаби гузашта гуруҳи калони ҷавонони таҳҷои ба як манзили зисти онҳо даромада чор нафар сохтмончии русро тули се соат азобу шиканҷа додаанд. Яке аз онҳо бо чашми варамида ва лабҳои аз зарб дарида аз сарвари ширкати худ талаб мекард, то ба у фавран чиптаи ҳавопаймо бихаранд, чун дигар лаҳзае истоданй нест ва мехоҳад баргардад.

Сарварони ширкати сохтмонии русҳо ба ҳукумат ва шуъбаи милисаи шаҳрак шикоят навиштанд. Ниҳоят сарвари ширкат Шарифро назди худ даъват намуд. Дар суҳбат аввал ҳайрон будани худро изҳор намуд, ки чаро таҳчоиҳо ба точикон кордор нестанд ва тули қариб як моҳ то ҳол ягон точикро ангуштаке назадаанд. Сипас гуфт «Мебинам дар қатори зердастони ту, муҳочирони точик чавонони паҳлавончусса кам нестанд. Русҳо ба интиқомгирй омодагй мебинанд, чунки аз ин милисаҳои таҳчои ягон муҳофизатро намебинад. Бояд точикон бо русҳои мо якчоя шуда қасос гирем. Рақамҳои телефонҳоятонро ба русҳо диҳед. Баробари ягон шаб омадани таҳчоиҳо бо зангҳои телефонй ҳамаро ба пой мехезонем ва онҳоро мекубем!»

Шариф пас аз каме мулоҳиза руирост ин таклифи сарвари ширкатро рад карда посух дод:

   —Медонед чй, мо бо таҳчоиҳо муносибати хубу дустона сохтем. Онхоро фахмидем ва бехатоги кор карда гаштаем. Инчо Русия — Ватани шумост. Гарчанде ки дар ин шаҳрак русу точик дар як сатҳ бошанд ҳам, вале мо шаҳрванди хоричй ҳастем. Конун барои шумо дигар асту барои мо дигар. Чаро моро гам намедиханд? Чунки мо шароб наменушем ва дар кучахо бадмастй намекунем. Чунки мо ба зану духтарҳои таҳчоиҳо кордор нестем. Дилхоҳ нафари русеро, ки таҳчоиҳо задаанд даъват карда пурсучу намоед. Хоҳед фаҳмид, ки уро бегуноҳ назадаанд..»

Сарвари ширкат аз ин посухи Шариф багазаб омада ба у ишораи аз ҳучрааш рафтан намуд. Шариф аз ҳучра берун омад ва ба худ меандешид, ки ое қарори дуруст баровард е на.

Дуртар аз даромадгоҳи ҳучра, дар офтобй, болои курсие як муйсафеди таҳчои менишаст. У бо Шариф алакай шинос буд. Боре барои кашонидани масолеххои сохтмонй ҳамроҳи дигар мардикорони точик ба у кумак намуда буд. Муйсафед баробари дидани Шариф бо табассум уро даъват намуд. Муйсафед чеҳраи маҳзуни Шарифро дида сабаби гамгин будани уро пурсид. Шариф дар чавоб чизе нагуфта танҳо табассум кард.

Муйсафед ба у ишораи дар курсии дигаре нишастан карда сипас гуфт: Дуруг нагуй. Гамгин ҳастй. Сабабашро ҳам медонам. Он ки шаби гузашта бачаҳои мо русҳоро задаанд. Онхо ягон гунох кардагистанд. Аммо ман ҳар кучое чавонони деҳаамро дидаам таъкид кардаам, ки ба точикон кордор набошанд. Медони ин ҳама бадбинии мо таҳчоиҳо аз кучо сарчашма мегирад? Аз солҳои шуравй. Мо аз сивилизатсияи овардаи онҳо гурехта-гурехта ба ин гушаи хунуки замин расидем. Ин сивилизатсия омаду дар диери мо гавазн, оҳу ва моҳиҳо торафт кам шуда истодаанд. Дар солҳои шуравй дар Екутистон барои дарефти тилло, алмосу еқуту дигар сангҳои қиматбаҳо зиеда аз 15 таркиши ядрои гузаронидаанд. Таркишҳое ба мисли Хиросима ва Нагасаки ва дар шаҳраки Айхал таркиши садамавй, ки таъсираш ҳануз ҳам дар ончо ҳаст. Ин хабарҳоро дар он солҳо ҳатто ҳукумати Еқутистон намедонист ва танҳо дар Маскав баррасй мешуданд. Акнун пиру чавони Еқутистон медонад. Мо намехоҳем гушти гавазну моҳиҳои шуъои радиатсионйгирифта истеъмол намоем. Мо намехоҳем оби нушокии мо ифлос гардад. Дар ин иқлими бе ин ҳам номусоид, ки дарозумртаринамон 60-солаем ва намехоҳем ин хол боз бадтар шавад. Инро ман як муйсафеди 54-сола ки хама ҳамсолонам хок шудаанд ба ту мегуям. Барои ҳамин аз ҷавонони мо наранчед. Онҳо шояд дагалу дурушт бошанд, аммо ҳақ астанд».





Защищено: Бурунойӣ аз ниқоб

31 08 2016

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:





Защищено: Зулмоти поёни шаби сиёҳ (қисми 9 — поёни достон)

21 02 2015

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:





Тоҷики бесоҳиб ва болои сӯхта намакоби мақомот

9 01 2015

ghorat
Бакайдгирии мусофирони хавопаймои Красноярск-Хуҷанд сар шуд. Бо дустон хайрухуш намуда ба қатори мусофирон ҳамроҳ шудам. Чашмам ба ҷавони зоҳиран тоҷике афтод, ки пулис аз дастонаш завлонаро раҳо карда рафт. Ба ҳама маълум буд, ки ӯ депортшуда аст.

Вақте ба ҳавопаймо нишастем ин нафари депортшуда дар курсии паҳлуи ман ҷой гирифт. Солҳои пеш худи «стюардессаҳо» ба мусофирон мегуфтанд, ки ҳар ҷои холие ефта нишастан гиред. Акнун баръакс онҳо таъкид мекарданд, ки танҳо аз рӯи нишондоди чипта ҷоятонро ефта нишинед. Аммо ҳанӯз одати пешин нишастааст.

Ин муҳоҷири «депортшуда» Дилшод ном дошт ва аз ноҳияи Ҳисор буд. Ӯ дар як корхонаи чуббурии Красноярск кор мекардааст. Дилшод нақл кард, ки се моҳ пеш «вагонча»-и ҷои истиқоматашон ба коми оташ рафт ва шиносномааш ҳамроҳи иҷозатномаи кору қайднома(регистратсия) сӯхтанд.

Рӯзи дигараш кормандони хадамоти муҳоҷират ӯро ба ҳабс мегиранд. Сабабаш надоштани шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳо. Дар боздоштгоҳи махсус барои муҳоҷирон се моҳро гузарондааст. Танҳо имрӯз ӯро ба Тоҷикистон мефиристанд.

Ба саволи он ки ое ягон намояндаи консули Тоҷикистон аз ҳоли онҳо хабар мегирифт посух дод, ки як маротиба як «галстукдор» омада гуфт, ки ба умеди касе нашаванд худашон аз паи худашон шаванд. Ҳоло порае аз нақлҳои ӯро, ки сабти садои намуда будам инҷо меорам.

«Ман дар «спетсприем» неки хонангиҳо хабар надоранд. Хона занг мезадам, «мамашка» мазаш нестай. Акаҳом бекор. Сум фирист гуфтанд, хаелшон ман кор карда гаштаам… Ина се моҳи расо хоб будам. Дина як тоҷика сар додан, парид. Ӯ ҳафт моҳ дар «спесприем» хоб буд. «Жалоб» е адвокат мегуи мебаран дар камераи хунук махкамат мекунанд. «Какие жалобы? Кто вы такие? Кому вы нужны?» мегану «наказат» мекунанд. Унҷа тоҷик тоҷики худша мефурушад.

Як халта нос сад суми русиай. Аз «воля»(манзураш аз берун) «передача» метян тоҷики худмон «пирашкира» дар таи болишташ руст мекнаю худаш хаппак мехурад. Дига миллато «дружнаянд». Ҳамдигарша «поддержка» мекунанд. Ягон милиса як армяна е озара «тук» гуфта наметонад. Узбако соҳибдоранд. Ҳамин се моҳе, ки унҷа будам надидаам, ки ягон узбак аз як ҳафта зиед истад. Дар давоми як ҳафта мефиристандаш мерад Узбакистон. Аз воля зур «передачашон» метянд. Галстукдорошон тез-тез хабаршон мегиран. Дар берун «кришашон» бақуват аст…

Вақте мара Хуҷанд мефиристодан гуфтам охи мара Душанбе фиристед, ки сум надорам аз Хуҷанд Душанбе брам. Гуфтанд уш «проблеми» ту, Худо гӯй ки навбати парвозат расид. Паспортама дар фурудгоҳи Хуҷанд бармегардонанд.»

Дар дохили ҳавопаймо чор панҷ нафар 200-1000 рубли ҷамъ карда маблағи зарурӣ то расидан ба Ҳисорро барояш додем. Дар фурудгоҳи Хуҷанд шиносномаашро баргардонданд ва бемамониат сафарашро ба Душанбе идома дод. Пас аз як ҳафта аз Ҳисор занг зад ва изҳори ташаккур мекард, ки барои то Душанбе расиданаш кӯмак намудем.

Хушнуд будам, ки мақомоти Тоҷикистон дигар аз депортшудагон чиптапулиро талаб намекунанд. Чунки Хадамоти Муҳоҷирати Русия мегӯяд харҷи роҳкирои хориҷшудагонро онҳо пардохт менамоянд. Аммо он андешаам, ки дар Ватанам рӯз то рӯз ободиву мардумсолории бештар дида мешавад, хом баромад.
Мутаасифона дар Ҳисор ӯро ба прокуратура даъват карда шиносномаашро гирифтаанд ва 2500 сомонии чиптаи ҳавопайморо талаб намудаанд.