Иди саиди Фитр муборак!

18 08 2012


Иди Рамазон имруз бар мову шумо табрик,
Ин сабру шикебои, в-ин аҳду вафо табрик.
З-Аллоҳ мадад чуем дар роҳи муроди хеш,
Буе ба машом омад, аз боди сабо табрик.


Инак моҳи Рамазон низ ба охир расид. Ёд дорам дар хурдсолй ин бегоҳи охирони Рамазонро аз ҳама рузҳо дусттар медоштам. Ин бегоҳ, ки номи «Ошбараку ошбиёрон» дошт дигар дар хотир надорам, ки кай охирон бор ошашро чашида будам. Вале лаззати он ошҳои рангу ба ранг гуё то ҳануз дар машомам ҳаст. Ошҳои рангу баранг, сафеду зарду сурх, нахуддору бенахуд, сергушту камгушту тухмдор…
Пагохиаш, дар субҳи солеҳон ҳама пиру чавон шитобон суи масчид ба намози Ид. Масчидхо то чое лабрези намозгузорон мешуданд, ки берун аз саҳни он низ саф меоростанд.
Баъд аз намоз ҳама дастархони идона боз карда тамоми нушу неъматашонро руи он мегузоранд. Бинобар ин мардум як-ду руз пеш аз Ид ба бозорҳо харид мераванд.
Имруз ба Точикистон занг зада аз нарху навои бозор пурсон шудам. Рости гап то ҳануз ба худ наомадаам ва ба суолҳои худ посух наёфтаам. Худ казоват намоед:


1 кг ангур
— то моҳи Рамазон 4-6 сомонй.
— дар моҳи Рамазон 8-10 сомонй.
— дар бегоҳи Ид 12-13 сомонй.
1кг шафтолу
— то моҳи Рамазон 6-8 сомонй.
— дар моҳи Рамазон 9-12 сомонй.
— дар бегоҳи Ид 16-18 сомонй.
1 дона харбуза
— то моҳи Рамазон 8-12 сомонй.
— дар моҳи Рамазон 15-20 сомонй.
— дар бегоҳи Ид 25-30 сомонй.

Хулоса нархи тамоми хурока ҳамин хел якчанд маротиба афзуда аст.

Эй савдогарону точирон аз Худо шарм доред! Оё мусулмонй ҳамин аст? Пагоҳ чи тавр шарм надошта руй суи кибла намоз мехонед? Боварй доред, ки он фоидаи саду дусад фоиза аз ин киматфуруши ба мардуми ночор ҳалол аст? Боварй доред, ки фарзандонатро лукмаи ҳалол медиҳед? Боварй доред, ки аз он фоида сарватманд мешавед? Боварй доред, ки он пулу мол баракат дорад?
Магар Ислом аз мусулмонон ҳаминро мехоҳад? Оилаҳое, ки ноноваре муҳочир доранд ба хайр. Аммо онҳое, ки руй ба маоши кишвар доранд чй сахтй мекашанд?
Рости гап акли кас ҳайрон мемонад, ки чй хел дар моҳи хайру баракат ва шикастани нафс фурушандаю точирон ба чунин амал даст мезананд. Хайфи шумо барин мусулмонҳо. Иди шуморо табрик намегуям. Пагоҳ ба намози Ид ҳам наравед. Аз он пулҳо мабодо ба сандуки хайрияи масчид напартоед, ки метарсам садакаи ҳалоли дигаронро догдор нанамоед.
Имрузҳо ҳама мусулмонон афсус мехуранд, ки моҳи беҳтарини тоату ибодат — Рамазон ба охир расид. Баъзе парҳезгорон дар фироки Рамазон ашк мерезанд.
Шумо — савдогарону фурушандаҳо низ гамгинед, ки Рамазон рафт, ҳарчанд сабаби гамгиниатон лукмаи ҳароматон бошад ҳам. Ашк бирезед, ки моҳи беинсофию киматфурушиатон — Рамазон рафт. Зор бигирйед, то шояд Парвардигор ба сабаби гиряатон дар фироки Рамазон шуморо ба роҳи рост ҳидоят намояд.

Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,
Сад шукр,ки ин омаду сад ҳайф,ки он рафт.

Ана ҳамин хел, хонандаҳои азизи ин сатрҳо. Хостам «Табрикнома»-е бинависам, нашуд… Маъзарат, агар руҳияи идонаи шуморо гамгин намуда бошам.


ИДИ САИДИ ФИТР БА ХАМА ТОЧИКИСТОНИЁН МУБОРАК БОД !!!!

Реклама




Дар фироки падар

13 08 2012

Субҳу шом дар ёдатам, чонон падар
Умру чон курбонатам, чонон падар
Аз фирокат ашк рехтам бехисоб
Ташнаи руят манам, чонон падар
Умри талху бекасу бепуштибон
Зарба бар чону танам, чонон падар
Бар пули дунё ҳазор лаънат бод
Ки дигар токат надорам чон падар.
Китфу бозуям ҳама логар шуда,
Сухтаю афгор дилам, чонон падар.
Магзи сар пусида гашт, девонаам,
Раҳсипор суят манам чонон падар.
Сорбоно, тез рон корвони хеш,
Сухта хокам бод шавад, чонон падар.
Ай шамол, хокистари Илҳом бибар,
Суи бому ҳавлии, чонон падар.

(Урай, с 2000)





Мухочират ба чон расид

22 12 2011

Мухочират ба чон расид,ки
токате ба ман намонд,
Ва рохате маро дигар зи кори
кадшикан намонд.
Намерасад зи буи хоки
кишварам машомро,
Дигар мадору куввате маро ба
чону тан намонд.
Чу хар касеву нокасе ба
иззатам расид дигар,
Сурури хештан кучо? Гурури
хештан намонд…
Ба мулки Рус,ки точикон
заминканеву кучаруб,
Ба кавли пир, ба дехае чавони
гуркан намонд.
Ба гуфтани хакикат ар забони
кутахам нашуд,
Чи гуямаш, бародарам, замони
дилбазан намонд.
Зи ханги хармичозхо навои
булбулон хамуш,
Зи пои хукмичозхо ба харкучо
чаман намонд.
Чу бинамаш,ки точикон
махалгарои мекунанд,
Маро мачоли гап задан дигар
ба ин дахан намонд.
Чу мехи хонаро агар зи чуб
канда мебаранд,
Ба хона як кафан намонду
колини кухан намонд.
Натарсамаш, агар касе маро
намешиносадам,
Битарсамаш аз он ,ки чун
саломи хамватан намонд.
Дуои хуб намекунам ба давлату
ба савлаташ,
Ба хар касе,ки хурматаш ба
пиру пиразан намонд.
Суханварони хушсухан кучо
шуданду рафтаанд,
Дилам фишурда мешавад,ки
ошики сухан намонд.
Зи дурихо, чудоихо, зи
бенавои, бепули,
Чи шавку завки мардхо ба
хонаву ба зан намонд. ..
Дареги он,ки дур шудам зи
чашму мехри модарам,
Дареги он ,ки дар бару канори
ман Ватан намонд…
(БАСИР АБДУЛЛОЕВ)





Сонй дар васфи мардикорон

1 09 2011

Гурдадори мурдабеморем мо (муаллиф Сонй)

Сар ба сар мо мардикору халки бекорем мо,
Гул ба домон ,хок бар сар, мардуми хорем мо.
Мо гаранги дар хавои нафс хушёрем бас, Хуфтагон, аммо ба дидан чашми бедорем мо.

Бо таманои кафан аз дори дунё меравем,
Гарчи то рузи киёмат пунба мекорем мо. Мардуми олам ба дурихо назар афкандаанд,
Дур аз бини надида дидаи чорем мо.

Дар харита гарчи моро нест дарёи кабир,
Дар талоши гайбати хам бахри саршорем мо.
Дар гами барк аз сахар то шом мегардем гарк, Мамлакат баркафкану дар кулбаи торем мо.

Он ки моро дар талоши хак каси бегурда гуфт,
Ай табибо, гурдадори мурдабеморем мо. Ку ба ку дар шахри Русо бахри ноне саргарон,
Аз мухочирхои гардонандабозорем мо.

Бори маъни аз бисоти мо даме н-ояд бурун,
Чун сабукборон гахе бар души худ борем мо.
Мо хама муъмин ба ному дар амал афтода ланг,
Тудаи даъвомусалмонон ба гуфторем мо.

Суннати Ахмад кучо шуд, кори бидъат мекунем, Аз кадомин олу мазхаб хеш бишморем мо?.
(С, СОНИ)





Порае аз ашъори Сонй

31 08 2011

Касалмусалмонем?

Гарчи мо сар ба сар мусалмонем, Рахрави навсафармусалмонем,
Дар алифбои куи имонем, Гаштаи гаркичармусалмонем.
Гах нигах афкани ба чашми дил, Неку бигар: башармусалмонем. Пешвомон, ки «Мухтасар»-хон аст,
Мардуми мухтасармусалмонем. Нафсамон беш аз ин ба мо гуяд:
Мо хаме пухтагармусалмонем.
Гаркаи ширку ташнаи бидъат, Шабгарони камармусалмонем.
Даври хоки мазор мечархем, Мурдапарварнафармусалмонем.
Ай салаф ,зан табар ба бидъатмон, Мо, ки ахли табармусалмонем.
Душмани дин азизи мост,аммо, Мушт бархамдигармусалмонем.
Соя афканда бахри хам аз шарр, Хамчаворони шармусалмонем.
Дар Урупо адуи Хак моро, Хачв созад: батармусалмонем.
Расми поки расул ихонат гашт,
Мо чаро хап? Магар мусалмонем.?! Аз сахар то ба шаб ба гап андар,
Гуйи шаб то сахар мусалмонем.
Ё зи сар то камар баимонем,
Ё зи по то камар мусалмонем. Не гами даъвати башар дар сар,
Не хаво аз Хабар* мусалмонем. Зухдамон шуд ба мох андоза, Гах рачаб, гах сафармусалмонем.
Не ба тан сурати мусалмонй , Сирате чун? Назармусалмонем.
Муфтй дар сатр дод фатво муфт,
«Дар малобис дигармусалмонем.»
Хам вакилон бигуфта: хамдуллах, «Шасту се нафар — мусалмонем.» Рагми Хак рой додаву гуянд: «Мо хама муътабармусалмонем». Иштиёке ба илму суннат ку? Андар исму шумар: мусалмононем. Дар риё гутавармусалмонем,
Пас хабар шав: хатармусалмонем.
Сонй, худ баъд аз ин хамефармо: Ахлаке гунгукармусалмонем.
—————

* Хабар-Киёмат

(Сонй)





НАВРУЗ МУБОРАК!!!

20 03 2010

Инак, боз насиб будаасту Наврузро чашн мегирем. Накша кашидем хама дустон чамъ омада оши як ба як хохем кард. Лекин афсус фазо ва табиати Сибир ба иди Навруз мутобикат наменамояд. Чунки инчо хануз барф заминро руйпуш кардааст ва табиат дар хоби ноз аст. Аслан чи фарке дорад, шодии Ватан — шодии мост.
Хуб, ин соле, ки гузашт чи бурду бохте ба камина насиб гашт? Ягона амали хотирмон ин буд, ки аз Наврузи соли гузашта инчониб банда пас аз танаффус боз ба намозхонй огоз намудам. Ба Шумо низ маслихат медихам, ки дар Рузи Нав ислохоти наве ба калби хеш ворид сохта, намозхон шаванд. Ин хеле эхсосоти гуфта нашавандаест, вакте ки хамеша пои ботахорат мегардед.
Бурди дигар ин ки аз нухуми майи соли гузашта ин чониб ин торнигор фаъолият дорад ва дорои наздик ба дах хазор боздид гашт.
Вале дар нимаи аввали соли гузашта, ки бухрони молй дар авч буд, саргардонию бекорию бепулй гаранг карда буд. Дар нимаи ахир шукри Худо корхо ранги дигар гирифт.
Умедворам дар оянда низ боз бехтар шавад. Ва аз имконият истифода бурда хамаи хонандагони ин сатрхоро ба муносибати иди Навруз табрик гуфта, аз даргохи Илохи бароятон бахту бурдборй таманно дорам. Дасти дуо мебардорем ки Точикистони азизамонро обод гардонад ва аз офатхо эмин нигах дорад. Илохо, хар яки моро хидоят ба рохи рост бинмояд. Иншоаллох, начот танхо ва танхо дар Исломи азиз аст!
Навруз муборак!

Муборак бод Навруз бар точику бар точикистонй,
Азизони дилу дида, муборак иди орёнй,
Расидем боз бар Навруз, ба соли нав, ба рузи нав,
Дар ин дунёи берахму дар ин дунёи сарсонй,
Илохо Иди Навруз чун сархаде бошад ба самти нек,
Кушоиш орадо бар дини Ислому мусалмонй,
Орову тор бахшад бар хаёти хар яки Шумо,
Рухи болидаву хам шодй бахшад иди осмонй.
Намо бахшад, наво бахшад, ба хар калбе даво бахшад,
Озодиву адолат бишкуфад дар хоки Сомонй.
Муборак Рузи Нав ай точику, ай точикистонй,
Азизони дилу дида, муборак иди орёнй!





Дар васфи Муборакшо

23 12 2009

«…Ооо, Нола дорам, Нола дорам, Нола дорам…»
Бале ин суруди Муборакшост, ки хаёлоти бандаро ба охирхои асри гузашта пайванд намуд. Намедонам, шояд шумо низ пай бурда бошед, ки хар як суруд бо худ хотирахоро мепайвандад ва бо шунидани он суруд хотирахои он солхо дубора бедор мешаванд.
Хар боре, ки сурудхои Муборакшоро гуш медихам, он як давраи бедортарин ва тиллой ба хотирам меояд. Ин як даврае буд, ки афсус хеле кам давом кард. Афсус подабонхо омаданду он шуълачаи навафрузи миллатро хамуш карда, он фазои тиллоиро торумор карданд.
Имруз аз сахарй то нисфирузй дар дуконхои дискфуруш таронахои Муборакшоро кофтам. Базур аз як чо пайдо кардам, ки дар он хам хамагй 4 таронааш сабт шудааст. Мизу деворхои дуконхо пур аз филму таронахои узбакй.
Ба яке аз онхо эрод гирифтам, ки чаро инчо «узбакборон» шудааст, дар чавоб гуфт «бардорад зам кун»…
.
Аз бозор ба хона бо таксие омадам, ки дар он низ «гузалум гузалум» садо медод. Аз ронанда хохиш кардам ягон мусикии точикй монад ё тамоман хомуш намояд. Ронанда мусикиро хомуш карда гуфт, ки у низ узбаки намефахмад ва танхо ба хотири оханги форам гуш мекунад.
Дар ёд дорам, ки дар шахри Иркутиски Русия, вакти андовагарй мусикй гуш мекардем ва танхо ду диск доштем, Шабнам ва Севанч(узбакй). Хамаамон точик будем, вале кариб кор то чанг мерасид, ки кадомашро гуш кунем.
Ахиран, хайрият Мусо ном як рафикам диски Севанчро дар девори андовааш хушкшуда «тоза» намуд ва ба хамин минвол «дар беамаки хар амак» гуфта, точикиро гуш мекардем.
Суруди охирини диск ба фарчом мерасад..
Вокеан, як лахзаи бузургй, баномусй, бошарафй, мехрубонии байни хамй, бедории дарачаи олй, мусулмонии сидкй ва худшиносии точикон бо як мижа задан омаду рафт, лек бехабар мондем…
«… Фардо маро чу кисса фаромуш мекунй…»
Чи хуш сароидааст Муборакшо. То андозае садои мусикиро (хусусан бассро) баланд намудаам, ки худ бехабар мондам. Шояд мехостам баробари мусикй фарёд занам «ЭЙ МАРДУМ! ЧАРО ТОЧИКЙ ГУШ НАМЕКУНЕД?! БИБИНЕД, ЧИ ХУШ ОХАНГУ, ЧИ ХУШ САДО!..»
Аз ларзиши баландгуякхо кузаи гул, ки болои телевизор меистод афтоду шикаст ва гулхо пош хурданд. Гулхо гуиё зери пои Муборакшо пош хурданд..
Чоят чаннат бод, эй булбули хушсадо!