Гунҷишкакро сар набур, ки малахҳо сарат хоҳанд хурд

14 06 2015

malakh    Фишор ба дигарандешон, таъкиби озодфикрон, зиндони намудани ақлҳои солиму мухолифин ва маъракаи бадномсозии ҲНИТ-ро дида, ривояти воқеии омӯзандае ба ёдам омад.

Боре дар Чин аз тарси он, ки паррандаҳо гандумзорҳоро хароб накунанд ҳукумат зидди онҳо ба мубориза бархост. Ҳарҷо гунҷишкаке буд сар буриданд ва ҳар уқобе буд аз кишвар гурехт. Дар осмон дигар паррандае намонд. Аммо табиат ин гуна таъсиррасонии сохтаю сунъиро хуш напазируфт. Пас аз як сол малахҳо ҳамаҷоро забт карданд ва гандумзорро ба харобазор мубаддал намуданд.
Худовандо, кишвари моро аз «малахҳо» эмин нигаҳ дор!

Реклама




Қонуни нави «Патент» дар Русия

19 11 2014

ufms

Дируз, 18-уми ноябр, қонуни нав қабул шуд, ки аз 1-уми январи соли 2015 ба амал мебарояд. Тибқи ин навигарӣ аҳволи муҳоҷир боз вазнинтар мегардад. Ҳақи якмоҳинаи «патент», ки аз 1000 то 1300 рубл буд, акнун метавонад дар ҳар минтақаи Русия гуногун ва аз 1200 то 5 ҳазор боло равад. Чанд рубл будани як моҳи «патент»-ро метавонед аз Хадамоти муҳоҷирати (ФМС) шаҳру ноҳияи ҷойгирбудаатон аниқ намоед.
Пас аз 1-уми январ иҷозатномаи кор (разрешение на работу) дигар намедиҳанд. Дар корхонаҳо низ бо «патент» кор кардан иҷозат мешавад. Аммо онҳое, ки аллакай иҷозатномаи кор доранд то охири муҳлаташ метавонанд истифода шаванд.

«Патент»-ҳои нав акнун ду сол муҳлат доранд. Пас аз гузаштани ду сол, убур намудани сарҳад ва гирифтани «патент»-и такрорӣ лозим мешавад.
Барои гирифтани «патент» бояд дар давоми 30 рӯз пас аз ворид шудан ба Русия ҳуҷҷатҳои лозимиро ба «УФМС» супоред. Дар ҳолати дер кардан ҷарима ба миқдори 10-15 ҳазор рубл пешбинӣ шудааст.

Ногуфта намонад, ки пас аз 1-уми январи соли 2015 шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ҳуқуқи ба Русия ворид шуданро доранд.

Инчунин пас аз якуми январ тасдиқнома е худ «сертификат» дар бораи супоридани имтиҳон аз фанҳои забони урусӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русия лозим мешавад.

Барои гирифтани «патент»-и нав чунин ҳуҷҷатҳо заруранд:
1. ариза
2. шиносномаи хориҷӣ ва нусхаи он (копия)
3. варақи муҳоҷирӣ ва нусхаи он (миграционная карта)
4. як дона акси 3.5х4.5
5. маълумотнома дар бораи бемориҳои сирояткунанда набудан (медсправка).
6. Суғуртаи медидсинии яксола (полис медстраховка).
7. Қайднома ва нусхаи он (регистрация)
8. «Сертификат»-и донистани забон, таърих ва қонунҳои Русия

Пас аз гирифтани патент андоз барои аз 1 то 12 моҳро метавонед ба «Сбербанк»-и Русия супоред. Дар асоси қоғази бонк мӯҳлати қайднома дароз карда мешавад.

Вақти ба Русия ворид шудан (дар фурудгоҳ) дар пур кардани варақаи муҳоҷирӣ (миграционная карта) диққат диҳед. Модоме ки мақсади шумо дар Русия кор кардан бошад, пас бояд ба зери «работа» хат кашед. Дар акси ҳол шуморо вақти гирифтани «патент» метавонанд ҷарима намоянд.

Хулоса, рӯзбадтар ҳасту рӯзбеҳтар не. (((





Барномасозй, сиёсат ва алгоритми «ERROR»-дода

17 06 2013

Британияи Кабир қарор кардааст, ки дар дабистонҳо ба кӯдакон аз панҷ сола сар карда асосҳои барномасозиро омӯзанд. (www.zdnet.com/uk/programming-set-to-be-core-of-new-computing-classes-for-english-kids-7000011053/)

Хеле иқдоми оқилона дар ин замони ҷангҳои иттилоот. Дар ин замоне, ки интернету компютер ба мудҳиштарин яроқ табдил меёбанд.

Чӣ? Мактабҳои мо? Фикр ба саратон омад, ки ҳоло аз ҳолу аҳволи мактабҳои Тоҷикистон сухан оғоз хоҳад шуд?
Не, не. Хато кардед. Мо куҷову онҳо куҷо.. Охир толибилмҳои мо расо даҳ сол пас, дар синни 15-солагӣ асосҳои барномасозиро меомӯзанд. Ин матлабро на бо мақсади муқоисаи мактабҳои Британияи Кабир бо мактабҳои Тоҷикистон навишта истодаам, балки барномасозиро дар охир бурда ба сиёсат часпонданиам. Намехоҳам дар поёни матлаб хонандае назар нависад, ки «..муқоисаи Британияи Кабир бо Тоҷикистон ин аблаҳист..»

Биёед атрофи он меандешем, ки чӣ чиз ҳукумати Британияи Кабирро водор кард, ки ба чунин иқдом даст занад? Чӣ чизро дар ин касб диданд? Чаро мехоҳанд, ки кӯдаки панҷсола ба забони барномасозӣ шинос шавад?

Бармегардем ба сархати(абзац) дуввуми навиштор.
«Дар ин замоне, ки интернету компютер ба мудҳиштарин яроқ табдил меёбанд.» Дунё – дунёи ахбору иттилооту маълумот шуд. Иттилоот дорӣ — яроқ дорӣ. Ин кӯдакон дар оянда метавонанд «истеҳсолоти» иттилоотро барои кишварашон таъмин намоянд.
Бубинед масалан Фейсбуку Одноклассникро ду-се барномасоз аз рӯи хоҳиши худ сохтанд ва миллионҳо истифодабаранда аз рӯи схемаи онҳо муошират менамоянд.

Агар фаротар аз он назар афканем маҳз малакаи барномасозӣ метавонад тарзи ботартиб чидани мақсаду маром ва ноил шудан ба онро ба кӯдаки панҷсолаи англис омӯзад. Аз хурдӣ ӯ аллакай шарт гузоштанро меомӯзад, «агар …. сипас – вагарна …. онгоҳ » (If..Then..Else..)..
Аз хурдӣ бо ифодаҳои мантиқии «ВА-Ё-ҲА-НЕ..» шинос мешавад, ва чи будани алгоритми шоханоку давриро аз худ менамояд. Ин кӯдак дар оянда худ метавонад алгоритми ҳаёташро ба тартиб дарорад ва дар ҳама соҳа муваффақ бошад.

Барномасозони собиқ бештар дар соҳаҳои роҳбарикунанда метавонанд комёб бошанд. Аз ин бармеояд, ки барномасоз ва сиёсатмадор ҳарду аз як чашма об мехӯранд. Сиёсати давлатдорӣ низ алгоритми иҷроиши амалро мехоҳад. То андозае амалҳоро бояд ботартиб гузошт, ки барнома иҷро шавад.

Як мисоли одӣ. Зайд Саидовро кӣ мешинохт? (Дарвоқеъ, ӯ низ собиқ барномасоз будааст.) Ғайр аз як гурӯҳи хурди маҳалу атрофиёнаш дигар касе ӯро намешинохт. Тасмим гирифт, ки ҳизбе таъсис медиҳад. Вокунишу муносибати мардум ба ӯву ҳизби ӯ нобоварона, бадгумона ва эҳтиёткорона буд. Бисёриҳо ақида доштанд, ки ин ҳизби кисагӣ хоҳад шуд. Интизор ҳам буданд, ки ин ҳизбро ҳукумат чӣ хел пешвоз мегирад ва дар чӣ муддат сабти ном мешавад?

Дар ин ҳолат агар собиқ барномасозе дар ҳукумат мебуд алгоритмро тавре тарҳрезӣ мекард, ки ҳам ин қадар шӯру мағал намехест, ҳам тарафдорони мардумиашро аз даст намедод ва ҳам обрӯяшро дар арсаи ҷаҳонӣ боло мебурд. Ҳукумат бояд дарҳол аз ин ҳизб истиқбол мекард ва дар кӯтоҳтарин фурсат онро сабтином мекард. Дар ин ҳол оё номи Зайд Саид мисли ҳозир расонаӣ мешуд? Оё мардум ба шӯр меомад? Оё чандин фаъолоне, ки калаванда буданд 180 градус зидди ин давлатдорӣ мегаштанд? Оё номи бе ин ҳам пасти Давлат боз пасттар мешуд? НА , НА ва боз ҳам НА. Чӣ хеле ки мардум ба Зайд Саидов ва ҳизби ӯ нобоварона назар мекарду кисагиаш мехонд, ҳаминтавр мемонд ва гумонҳо афзунтар мешуданд. Ва дар оянда, ҳукумат метавонист ин ҳизбро зери бол гирифта, ба манфиати худ истифода барад.
Аммо афсӯс, ки бештари мансабдорон собиқ тракторчӣ ҳастанд ва сиёсатро чун замини шудгор мефаҳманду равшанфикрону фаъолонро чун алафҳои харкуркунаку сагряк.
Ё шояд, алгоритми сохтаи онҳо то ҳадде мушкилфаҳм аст, ки қудрати фаҳмиши мо намерасад?





Биёед дигар пора надиҳем

6 06 2013

(аз нақли як рафиқам)
Ниҳоят пас аз як соли танаффус имрӯз дар Донишгоҳ имтиҳони давлатиро супордам. Ба имтиҳон омода набудам. Нақша доштам, ки пора дода ягон сеи покаҷ мегирам. Саҳарӣ дар кисаи чапам як коғаз бо акси Исмоили Сомонӣ (яъне сад сомона) гузошта, бетайёрӣ ба имтиҳонсупорӣ рафтам. То оғоз шудани имтиҳон дақиқаҳо монда буданд. Синф ороста ва барои гузаронидани имтиҳон омода буд. Яке аз ёрдамчиёни комиссияи имтиҳонгирӣ донишҷӯҳоро як-як даъват карда «ставка»-ро мегуфт ва маблағ ҷамъ мекард. Навбат ба ман расид.

«Чӣ кор мекунед? Ҳаққи муаллимҳоро медиҳед?» пурсид аз ман ёрдамчӣ.
«Чанд пул мехоҳанд?» ба савол савол додам.
«Яксаду панҷоҳ сомонӣ барои баҳои се ва бист сомонӣ барои ташкиливу дигар хароҷотҳо. Хамагӣ яксаду ҳафтод сомонӣ мешавад.»

Бо шунидани ин сумма бо худ афсӯс хурдам, ки аз хона пул кам гирифтаам. Ва ба ёрдамчӣ гуфтам, ки бо дониши худ месупорам. Ёрдамчӣ боз маро руҳбаланд ҳам кард, ки «Ихтиёратон. Аслан мушкил нест ва саволҳо аз ҳамон дарсҳои гузаштаанд. Муҳимаш бештар гап задан даркор. Интавр бошад танҳо бист сомонӣ — пули ташкилиро диҳед шуд.»

Ба ёрдамчӣ бист сомонӣ додаму ба имтиҳон даромадам. Ҳама донишҷӯён билет гирифтем ва ба ҷойҳои худ нишастем. Яке аз аъзоҳои комиссия барои ҳар як донишҷӯ варақҳое дод, ки дар он посухҳои билеташон оварда шудаанд. Ва инҷо дидам, ки танҳо ман будаам поранадода. Ҳамагон ончӣ дар коғаз буд рӯйбардор мекарданд. Ин ҳолат фазои имтиҳони давлатиро ки воҳиманок метофт ба фазои як санҷишчаи мактаби миёна монанд кард.

Соли гузашта, ки дар Русия будам ба имтиҳони давлатӣ омада натавонистам ва аз ҳамонҷо ба роҳбарамон пешниҳод кардам, то барои баҳои имтиҳон 300 доллар фиристам. Аммо ӯ рад кард, ки бе будани худат ин кор ғайриимкон ҳаст. То як андоза хурсанд ҳам шуда будам, ки ниҳоят дар Ватанам тартибот ҷорӣ шуда истодааст.

Қисса кӯтоҳ аъзои комиссия ҷавоби маро сазовори баҳои чор донистанд. Ҳатто раиси комиссия хандида ишора кард, ки ман ягона нафаре будаам имрӯз «честный» имтиҳон супордам.

Хонандаи азиз, ин навиштор ҳаргиз ба маънои худтаърифкунӣ набуд, балки даъват аз донишомӯзон аст, ки камтарак хонанд. Ман аз ду суоли он билет ба ягонтоаш онқадар ҷавоби пурра надодам. Шаф-шаф гуфта атрофи дигар мавзӯҳои медонистаам чарх зада, гоҳ аз ток мегуфтаму гоҳ аз бед. Фикр кардам, ки ҷавобам барои баҳои се месазад, аммо муаллимон ба ман чор монданд. Ман бо 270 сомонӣ баҳои серо нахаридам ва бепора баҳои чор гирифтам.

Яъне гуфтаниам, ки мешудааст! Бо дониш таҳсил кардан ҳам мешудааст. Агар каме дарсҳоро хонда бо тайёрӣ меомадам, шояд панҷ ҳам мегузоштанд.
Донишҷӯҳои азиз, пас чаро пора медиҳем? Чаро каме худро машаққат дода намехонем, мутолиа намекунем? Фардо аз мо чи гуна мутахасис мебарояд? Чаро ризқи худро бо ду дасти адаб бароварда медиҳем? Порадиҳиро на танҳо қонун, балки дини Исломи азиз манъ кардааст. Чаро кӯшиш намекунем, ки ҳақиқату адолат пойдор бошад? Аз даҳон оташ мепаронем, ки ин Вазорати маориф ва ин ҳукумат ба фасод ғутидааст. Аз ин бармеояд, ки мо худ гунаҳкорем. Худамон фасодро дар ҷомеа равнақ медиҳем. Мубориза зидди порахӯриро бояд маҳз донишҷӯён ва аз Донишгоҳу Омӯзишгоҳҳо оғоз кунанд. Чунки ин одати бад ба мо мечаспаду минбаъд ба ҳар идорае, ки корафтода шавем боз ва боз пора хоҳем дод.





Сарқонун ё китоби афсонаҳо?

22 05 2013

Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро варақ мезанаму хаёл мекунам он моддаҳо барои ягон давлати дигар бошанд. Нобоварона бори дигар пасу пеши китобро мехонам ва соли нашрашро меҷӯям. Ба худ меандешам, ки шояд ин моддаҳо дар гузашта буданд ва ҳоло тағиротҳо ворид гардидаанд. Роёнаро ба кор андохта ба сомонаи интернетии mfa.tj рафтам ва ба мутолиаи қонунҳо дар он сомона шурӯъ намудам.
Ҳайронии ман аз хондани моддаи 5 сар шуд.
«моддаи 5. Инсон ҳуқуқ ва озодиҳои он арзишҳои олӣ мебошанд.
Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.»

Хонандаи муҳтарам, аз ин ҷумлаҳои дуруғини сарқонун хандаат омад ё гиря? Саросема нашав, ҳоло аҷоиботии ин ҷумлаҳои дуруғин дар пеш.

«моддаи 8. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.»
Пас барои чӣ дар масҷидҳо имомҳо ба корҳои давлатӣ мудохила карда, таърифу тавсиф ва тарғиби корҳои давлатӣ менамоянд?

«моддаи 10. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.»
Аммо чаро дар амал танҳо шаҳрвандони бечора «қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро» намуда , Давлат ва ҳамаи мақомоти ону шахсони мансабдор қонунҳои ҷумҳуриро писанд ва риояву иҷро намекунанд? Ё ин қонунҳо танҳо барои шаҳрвандон аст?

Порлумон дар назарам торафт як сехи истеҳсолкунандаи «Туалетная бумага» метобад.

Чаро коргарони сех, яъне вакилон моддаҳои конкретӣ ва воқеӣ наменависанд? Масалан беҳтар нест, ки ба моддаи 13 вожаи «Хитой»-ро ҳамроҳ намуда чунин тағирот ворид намоем?
«Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқи Хитой кафолат медиҳад»
Ва баъд ба моддаи 1 чунин иловаҳо ворид намоем:
«Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд, давлат – президент ва Эмомалӣ Раҳмон низ хаммаъноянд»
Бале дар тамоми Сарқонун калимаи «президент» бо калимаи «Эмомалӣ Раҳмон» иваз карда шавад. Чунки дигар кас президент шуда наметавонад ку, ва агар шавад ин аллакай ғайриқонунӣ хоҳад буд.

Аз моддаи 14 боби дуюм доир ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд оғоз мешавад.
«моддаи 14. Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.»
Пас оё Зайд Саидов ба «ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ» таҳдид дошт, ки аз ҳавопаймо пояш ба замин нарасида озодияш маҳдуд шуд?

«моддаи 16. Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад.»
Муҳтарам кормандони сех, ба ин модда илова намоед, ки «ба истиснои мардикорони Русия».

Фантастика! «моддаи 17. Ҳама дар назди қонун баробаранд.» Ин ҷумларо тамоман аз Сарқонун бурида партоед.
Ё хайр ҳеҷ гап не як-як дар байни моддаҳо ҳаминхел ҳазлу шӯхӣ ҳам бошад хонандаи Сарқонун зиқ намешавад.

Ана боз як «анекдот»:
«моддаи 18. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад.»

Дар моддаҳои 19 ва 20 омадааст: «Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад….Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.»
Пас чаро Зайд Саидовро тариқи ТвСафина бе ҳукми суд гунаҳкору ҷинояткор эълон намуданд?

«Анекдот»-и навбатӣ барои донишҷӯйҳо:
«моддаи 29. Шаҳрванд ҳақ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқарар кардааст, ширкат варзад.
Ҳеҷ касро ба ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.»
Ин моддаро ду рӯз пеш таҳдиди омӯзгорону декану ректорҳои Донишгоҳҳо пачақ-мачақ карда партофт, «касе ба дави миллӣ наояд «зачет» намемонам!».

Аслан пачақ-мачақшавии Сарқонун аз болои боло аз номзадгузорӣ дар интихоботи президентӣ оғоз меёбаду бо муаллимҳо ба поён мерасад. Барои онҳо Сарқонун коғазпорае беш нест.

Мисолҳои бешумореанд, ки мақомоту мансабдорон қонуншиканӣ карда, боиси беқадршавии Сарқонун мегарданд.
Масалан, «Облава» кардани ҷавонон, қонуни номзадӣ ва интихоби президент, маҳдуд намудани сомонаҳо, дахлпазирӣ ба дахолатнопазирии вакили мардумӣ Зайд Саидов, бе роҳи алтернативӣ пулакӣ кардани роҳ аз тарафи IRS, фишор ба дигарандешон ва тағобозию маҳалгароии мансабдорону порахурии давлатдорон аз А то Я.

Саросари Сарқонун пур аз суханҳои ширину дурӯғине, ки худи давлатдорон онро риоя намекунанд. Агар идома диҳам, гигабайтҳои ин сомона камӣ мекунад. Беҳтараш худатон як ин китоби афсонахоро ба даст гирифта хонеду бихандед ва ё бигирйед..
Ин ҳолу аҳволро дида рубоии Умари Хайём ба хотирам меояд:
Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён…





БЕРЎ

9 03 2013

(муаллиф Сафо Олим)

Мардҳо бисёр дар бораи хизмати аскариашон наќл мекунанд. На ҳамаи ин гуна наќлҳо чолибанд. Вале саргузашти воќеие, ки аз рафиќам шунидам, чанд рўз аз сарам берун нарафту ниҳоят онро аз забони ў рўи коѓаз овардам. ***

Соли 1987 буд. Ваќти ба аскарй рафтанамон омаду ба ҳамсабаќони донишгоҳиам дусола падруд гуфта, ба комиссариати ҳарбй рафтам. Чанд ваќт баъд аллакай дар ќаторае будам, ки мо – садҳо аскарони ояндаро сўи Ќазоќистон мебурд. Дар соатҳои аввали сафарамон як чавони паҳлавонпайкаре аз чояш хеста ба ҳар катаки вагони платскарти мо сар халида, ҳамаро ҳушдор дод:
— Маро гўш кунед! Худо накунад, ки шунавам, ягон нафаратон пеши «дедҳо»-ю миллатҳои дигар сар хам кардаед! Бо ҳамин дастонам буѓй карда мекушам!-
Ва ў ба ҳама панчаҳои калон-калонашро нишон медод. Аз як тараф, ин гуна муносибат на ба ҳама мефорид, лекин аз тарафи дигар, дили мо ќувват мегирифт, ки ин хел лидери часуру паҳлавон пайдо кардем. Зеро чй чойи пинҳон доштан – тарси асосии сарбозони чавон дар аскарй аз «дед»-ҳо буду ҳоло ҳам ҳаст. Ба Полвон (минбаъд ўро ҳамин тавр меномем) ба хотири пуштибонии оянда ҳатто як бадкориашро бахшидем: вай бо роҳбаладони ќатора забон ёфта, фурўши чойро дар вагон ба дасти худ гирифт. Чойники чойро ба бачаҳои дигар бо нархи то панч (!) сўм мефурўхт. Бачаҳо ѓур-ѓур мекарданд, якдигарро ба шўриш зидди Полвон даъват менамуданд, лекин боз ягон нафар «Пул чист? Чирки даст! хозир сарф накунем, дембелҳо кашида мегиранд» мегуфту ҳама ором мешуданд.
Ба ѓайр аз ин, ростй, аз сар ба саршудан бо ин «дев» андак ҳарос доштем.

Моро дар Ќазоќистон ќисм ба ќисми ҳарбй таќсим карданд. Ќисме, ки ман ба он афтидам, дар «даст»-и чечену доѓистониҳо буд. Рўзҳои аввал ман ҳам аз санчиши онҳо гузашта, як мушт ҳам хўрдам, аммо азбаски хати зебо ва ҳунари рассомй доштам, ба зудй маро ба клуб гузаронданд. Дигар худам шоҳ будаму табъам вазир. Хама бо ман дўстй мечустанд, ҳатто дедҳо ҳам. Хуллас, «одами даркорй» шуда мондам.

Ба амри таќдир Полвон ҳам ба ќисми ҳарбии мо афтида буд, лекин ман ўро танҳо аз дур медидам. Вале рўзе аз наздик ҳам дидам. Як шом ба ҳочатхонаи яке аз ротаҳо даромадам. Дарро кушодан замон дидам, ки сарбозе сарашро ба лаби сўрохи ҳочатхона гузошта хоб аст. Гумон кардам, ки беҳуш шуда афтидааст, барои ҳамин тез ба назди навбатдори рота рафта гуфтам, ки ёриаш расонанд. Аммо сержанти чечен хандид: — Ин «чумо» ҳамшаҳрии туст. Ба ў фармон додаанд, ки ҳамончо хоб равад. Аз шунидани ин мўи баданам рост хест.
— Кист вай? – пурсидам.
— Полвон, – боз хандид ў.
– Мешиносй ўро? …

Дар роҳи бозгашт ба штаб сарам хам буд. «Наход одам то ин дарача таѓйир ёфта, паст афтидан тавонад?!» – аз манзараи дидаам ба худ омадан натавониста, аз худ мепурсидам. Чй хел Полвон, ки як ќатора чавонмардҳоро сарварй мекард, ба ин ҳол афтидан метавонист?! …Рўзе Полвон худаш ба наздам омад.
— Муҳибов! – гуфт ў, ќариб гиря карда.
– Илтимос, рафта ба «дедҳо»-и ротаи мо гап зан, ки ба ман кордор нашаванд! Онҳо ҳар рўз маро мезананд! Аз чонам безор шудаам!
— Полвон, дигархо ҳам хизмат карда истодаанд-ку? Хама одам барин дар каравотҳои худашон хоб. Ту чй, чени онҳо нестй? Ба тану тўшат як нигар!- сарзаниш карда, ўро ба нанг оварданй шудам.
— Охир ин дедҳо фаќат маро чап гирифтаанд! Ягон касро ман барин ѓам намедиҳанд! – чавоб дод ў. – Ба ман аз хона пулу маѓзу чаѓзи бисёр мефиристанд, Мучибов. Хамааш аз они худат! Аз ду сар ба ман намерасад, дедҳокашида мегиранд. Ман зани хушрў дорам дар деҳа, рухсатй гирифтй, ба пешаш рав – ба дастат хат медиҳам,ки бо ту хоб равад! Фаќат ҳамин, ки маро аз ин азобҳо халос кун!

Ман аз пешниҳодҳои ў боз зиёдтар дар ҳайрат монда, барои бенангиаш дар дилам дашномаш додам. Бо вучуди ин, ба хотири ҳамватанй барои пуштигирй ба ротаашон рафтам.
— Бачаҳо, – гуфтам ба дедҳои ќафќозй,
– Охир ў ҳам мусулмон аст. Ин хели бад бо ў муносибат кардани шумо магар дуруст аст? Ба чои як ҳамдинатонро ҳимоя кардан шумо ўро ин хел таҳќир мекунед.
— Асомиддин, – гуфтанд онҳо.
– Агар ин «чумо» аќаллан як бор ба ҳимояи худаш мушт не, аќаллан овозашро баланд мекард, мо ўро ҳимоя мекардем. Лекин ў номи мусулмонро паст мезанад. То «чумо»-и охирин ба ў зўрй мекунаду Полвон сараш хам меистад. Фармони нокасҳои пасттаринро бадав ичро мекунад. Ў сазовори пуштибонй нест. Раву беҳтараш ба ў кордор нашав.

Аз казармаи онҳо бо дили вазнин мебаромадам. Наход чавони бебоку даѓалгап, ки як ќатора чавонмардонро ба итоати худ дароварда буд, то ин дарача дили тарсу дошта бошад? Ба ман пешниҳод кардани занашро намегўед? Барои мард аз ин пастии бештар ҳаст магар?!

Дар омади гап: дар хизмат бо як марди точик шинос шудам, ки муќими хамон чойҳо будааст. Ў гуфт, ки замоне аз тарси солдатҳои точик ќисмҳои ҳарбии ин чо ба ларза омада буданд. Точикон аз итоат ба афсарони оддй ва ҳатто генералҳо сар мепечиданд, ба сари ҳамаи сарбозони дигар зўр буданд. Кор ба чое расидааст, ки командирҳои ҳаќиќй рутбадорҳо не, аскарҳои точик шуданд. Ахиран фармондеҳ ќарор додааст, ки якчанд сол, то аз дили ҳама хорич шудани тарс аз точикон, аз Точикистон ба ин чо сарбоз даъват накунанд. Ва баъдтар ҳам точиконро як кас- ду кас дар ќисмҳо партоянду ба онҳо фишор ташкил кунанд, то ки сар бардоштан натавонанд…
Лекин ҳазор фишор наоранд, наход ин хел паст афтй? Аҳволи Полвон баъди он ки ду ќафќозй ўро зада, ба дисбат (маҳбаси ҳарбиён) афтиданд, боз бадтар шуд. Ўро барои хабаркашиаш боз бисёртар бад диданд…

Аз байн солҳо гузаштанд. Аскарй кайҳо паси сар шуда буд. Точикистонро оташи чанги хонумонсўз фаро гирифт. Ман кор мекардам ва бо вучуди нотинчй ҳар рўз ба идора рафта гашта меомадам. Як шом аз гардиши беодами паси бозори «Баракат» мегузаштам, ки касе фамилияамро гирифта чеѓам зад. Ба аќиб нигариста дидам, ки кадом як низомипўши ќадбаланду шонапаҳне пешам омада истодааст. — Нашинохтй? – гуфт ў.
– Худатро гирифтй, ки ҳамхизматонатро намешиносй?
Танҳо он гоҳ ўро шинохтам.Ин Полвон буд. Ба ў салом дода, аҳволпурсй кардам, харчанд аз дидори ин бенангу беобрў шод набудам.
— Ту кучои будй, фаромўш кардаам? Як туро штаб бурда, санчидан даркор, – ногаҳон гуфт ў ва автоматашро аз китф фуровард.
Аз ин рафтораш ќаҳрам омад.
— Хамин ту набудй, – гуфтам, – дар аскарй маро зора мекардй, ки туро ҳимоя кунам?! Хатто занатро ба ман пешниҳод мекардй!
— Чй?! Ачалат расидааст?! Вай аскарй буд, гузашт! Хозир давр даври дигар! Хамхизматй-да, набошад, медонистам, ки туро чй кунам!- ба чаҳл омад Полвон. Каме ором шуда ў наќл кард,ки ҳоло «бучулаш асп хестааст» – падарарўсаш командир асту худи вай ҳам«хўрда гаштааст». — Майлаш, раву лекин дигар ба дасти ман наафт. Як бор туро мебахшам, – гуфт ў дар хотима.

Раҳораҳ пайиҳам бе ихтиёр сар мечунбондам: ҳарчанд берў будани ўро медонистам, лекин аз ин гуна рафтори ў ҳеч ором шуда наметавонистам: марг ба ин хел марди бенангу ба ин чанг, ки сари баъзе номардҳоро боз боло кардааст…

Он ҳам вохўрии охирини мо набуд. Рўзе, чандин сол пас, аз пеши бинои суди шаҳр мегузаштам, ки ногаҳон боз Полвонро дидам. Вай дар даст коѓазҳо дошт. Бо ў салом кардан намехостам, лекин боз маро дида хира шуд. Ин дафъа авзояш тамоман дигар буд. Бо ман гарму чўшон салом карда, ҳатто мехост ба оѓушам кашад, лекин худро аз ў дур гирифтам.
— Хамон ваќт бояд омада, бо занам хоб мерафтй! – гуфт ў (вале бо ибораҳои даѓалтар).
– Ноодам будааст ў! Падараш ҳам худаш барин! Ин лаънатиҳо хонаю дарамро аз они худ карда маро ба кўча ронданд… Аз истодан дар назди ў ѓашам меомад, аз ин рў гашта бо роҳи худ рафтам… Ана ҳамин хел одамро дар ҳаёти худ вохўрдаам. Аз он замон ман маниҳои ѓулѓулаовозеро шунида, дар дил шубҳа пайдо мекунам: ин ҳам мисли Полвон берўе набошад?





Иди саиди Фитр муборак!

18 08 2012


Иди Рамазон имруз бар мову шумо табрик,
Ин сабру шикебои, в-ин аҳду вафо табрик.
З-Аллоҳ мадад чуем дар роҳи муроди хеш,
Буе ба машом омад, аз боди сабо табрик.


Инак моҳи Рамазон низ ба охир расид. Ёд дорам дар хурдсолй ин бегоҳи охирони Рамазонро аз ҳама рузҳо дусттар медоштам. Ин бегоҳ, ки номи «Ошбараку ошбиёрон» дошт дигар дар хотир надорам, ки кай охирон бор ошашро чашида будам. Вале лаззати он ошҳои рангу ба ранг гуё то ҳануз дар машомам ҳаст. Ошҳои рангу баранг, сафеду зарду сурх, нахуддору бенахуд, сергушту камгушту тухмдор…
Пагохиаш, дар субҳи солеҳон ҳама пиру чавон шитобон суи масчид ба намози Ид. Масчидхо то чое лабрези намозгузорон мешуданд, ки берун аз саҳни он низ саф меоростанд.
Баъд аз намоз ҳама дастархони идона боз карда тамоми нушу неъматашонро руи он мегузоранд. Бинобар ин мардум як-ду руз пеш аз Ид ба бозорҳо харид мераванд.
Имруз ба Точикистон занг зада аз нарху навои бозор пурсон шудам. Рости гап то ҳануз ба худ наомадаам ва ба суолҳои худ посух наёфтаам. Худ казоват намоед:


1 кг ангур
— то моҳи Рамазон 4-6 сомонй.
— дар моҳи Рамазон 8-10 сомонй.
— дар бегоҳи Ид 12-13 сомонй.
1кг шафтолу
— то моҳи Рамазон 6-8 сомонй.
— дар моҳи Рамазон 9-12 сомонй.
— дар бегоҳи Ид 16-18 сомонй.
1 дона харбуза
— то моҳи Рамазон 8-12 сомонй.
— дар моҳи Рамазон 15-20 сомонй.
— дар бегоҳи Ид 25-30 сомонй.

Хулоса нархи тамоми хурока ҳамин хел якчанд маротиба афзуда аст.

Эй савдогарону точирон аз Худо шарм доред! Оё мусулмонй ҳамин аст? Пагоҳ чи тавр шарм надошта руй суи кибла намоз мехонед? Боварй доред, ки он фоидаи саду дусад фоиза аз ин киматфуруши ба мардуми ночор ҳалол аст? Боварй доред, ки фарзандонатро лукмаи ҳалол медиҳед? Боварй доред, ки аз он фоида сарватманд мешавед? Боварй доред, ки он пулу мол баракат дорад?
Магар Ислом аз мусулмонон ҳаминро мехоҳад? Оилаҳое, ки ноноваре муҳочир доранд ба хайр. Аммо онҳое, ки руй ба маоши кишвар доранд чй сахтй мекашанд?
Рости гап акли кас ҳайрон мемонад, ки чй хел дар моҳи хайру баракат ва шикастани нафс фурушандаю точирон ба чунин амал даст мезананд. Хайфи шумо барин мусулмонҳо. Иди шуморо табрик намегуям. Пагоҳ ба намози Ид ҳам наравед. Аз он пулҳо мабодо ба сандуки хайрияи масчид напартоед, ки метарсам садакаи ҳалоли дигаронро догдор нанамоед.
Имрузҳо ҳама мусулмонон афсус мехуранд, ки моҳи беҳтарини тоату ибодат — Рамазон ба охир расид. Баъзе парҳезгорон дар фироки Рамазон ашк мерезанд.
Шумо — савдогарону фурушандаҳо низ гамгинед, ки Рамазон рафт, ҳарчанд сабаби гамгиниатон лукмаи ҳароматон бошад ҳам. Ашк бирезед, ки моҳи беинсофию киматфурушиатон — Рамазон рафт. Зор бигирйед, то шояд Парвардигор ба сабаби гиряатон дар фироки Рамазон шуморо ба роҳи рост ҳидоят намояд.

Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,
Сад шукр,ки ин омаду сад ҳайф,ки он рафт.

Ана ҳамин хел, хонандаҳои азизи ин сатрҳо. Хостам «Табрикнома»-е бинависам, нашуд… Маъзарат, агар руҳияи идонаи шуморо гамгин намуда бошам.


ИДИ САИДИ ФИТР БА ХАМА ТОЧИКИСТОНИЁН МУБОРАК БОД !!!!