Достони ëздаҳ тоҷик, ë худ чӣ тавр ман намозхон шудам

25 07 2017

Таърихи достони 11- паҳлавон

15-уми феврали соли 2017.

Русия.  Шаҳри Фатирбурх (Санкт Петербург).

Аз рӯи эълонҳои интернет кор ëфтам. Заводи «Невский филтр» ба ҳайси таъмиргар.

Занг задам. Аз он тарафи гӯшӣ ҳамаи маълумотҳоям писандашон омад, ба ҷуз аз Тоҷикистон буданам. Чизе ки маро ба тааҷуб овард, он духтар гуфт, ки «дар онҳо танҳо шаҳрвандони Русияву Узбкистон кор мекунанд, хайр рақаматонро навишта мемонам, лозим шавед занг мезанем.»

 

17-уми феврал. Аз бекорӣ ғамам зер карда буд. Аз омаданам пушаймон шуда дар хона нишаста будам. Ногоҳ рақами ношиносе ба ман занг зад. Гӯширо бардоштам. Ҳамон духтари ду рӯз пеш гап зада будем гуфт ки пагоҳ соати 9:00 ба фалон нишона барои сӯҳбат оям.

 

18-уми феврал. Саҳарӣ барвақт хеста, аз рӯи харитаи телефони ҳушманд заводро ëфта омадам. Посбон пас аз иҷозат аз калонашон ва сабти ному насабам маро ба дохили идора роҳ дод.

 

Маро сармеханики завод пешвоз гирифта, ҳамроҳ ба утоқи кориаш даромадем ва бо ман дар бораи собиқаи кориам саволу ҷавоб кард.

Сипас коғазе наздам гузошт, ки ариза нависам. Вақте ному насабм аризадиҳанда, яъне худамро навиштам, гуфт то «республика Узбекистан» нависам. Ман ҳайрон шуда, исрор кардам, ки ман аз Тоҷикистонам. Сипас ӯ гуфт, «медонам, хайр онҷояшро холӣ монда чизе нанавис.» Баъд гуфт, ки бегоҳ бо чизу чораам омада дар хобгоҳ ҷойгир шавам ва пагоҳ ба кор бароям.

 

21-уми феврал.

Ба дастгоҳу сохтори завод пурра ошно гардидам. Ҳамкасбони рус гарчанде нозукиҳои дасгоҳҳоро аз ман пинҳон медоштанд, аммо ба ман муяссар мегашт, ки ҳар рӯз як чизи наверо омӯзам. Аҷоибии кор дар он буд, ки ҳамаи кормандони завод танҳо аз Русия ва аз Узбкистон буданд.

 

23-уми феврал. Дирӯз ба ҳама идипулӣ доданд. Ман ки нав кор даромада  будам, чизе надоданд. Бегоҳи имрӯз роҳраву ҳуҷраҳои хобгоҳ пур аз маст. Бо узбекҳо каму беш ошноӣ пайдо кардам. Дар як ҳуҷра ду рус, се узбек, ва як  тоҷик — ман зиндагӣ мекардем. Русҳо миз ороста шароб оварда ба нӯшидан сар карданд. Вақте ширакайф шуданд, яке аз онҳо бо номи Ваня  ба ман даст дода, ситоиш кард, ки бо мисли дигарон бо забони худам неву бо русӣ ҳарф мезанам.

Гуфтам бо кӣ бо забони худам ҳарф занам. Узбекиро бошад, балад нестам.

Ҳарду ҳайрон суям нигоҳ карданд: — Мо туро узбек хаëл мекардем. Ту миллатат чист?

Посух додам, ки тоҷикам.

Ваня ҷавони 35-40 сола, ки садояшро сохтакорона ғуррастии ғафс мебаровард худро шефи хона меҳисобид. Ӯ каф ба кафи худ зада, «Эх, мо мехостем туро ба арақнӯшӣ даъват кунем. Тоҷик бошӣ фаҳмо. Тоҷикон наменӯшанд. Варзишгарон шумоҳо. Ана ин бузҳо бошанд (рӯирост сӯи узбекҳо ишора карда, идома дод) хук барин менӯшанд, аммо медонӣ, фақат бепулашро. Чандин бор ба инҳо рехтаам, аммо боре як шишачаи чорякии арақ ба миз нагузоштаанд.»

Яке аз ӯзбекҳо, ки аз Хоразм буд, эътироз карда: — Ваня, буз нагӯй, бузро ëфта, ба худаш гӯй. Ман туро ҳурмат мекунам, лек аз худ нарав.

Ваня аз ҷой хеста назди он ӯзбек рафт ва гуфт: — Шумоëн буз! То даме ки аниқ накунед, ки кӣ арақнӯшии маро ба калонҳо хабар дод, бароям ҳамаатон буз, фаҳмидӣ!? Ман аниқ медонам, ки кадоме аз шумо хабар кашид, аммо кадоматон намедонам. Ваяшро бин, худро мусичаи бегуноҳу бечора тарошида, хап нишастааст. Бигӯ! Кӣ хабар дод! Бузҳо! Ин қадар шумо бисёред? Ҳамаҷоро пур кардаед. Ватани ман омада боз бо тарзи худатон зиндагӣ доред! Ҷонам мебарояд, вақте шумо бо забони худ гап мезанед…

 

Дигар касе аз узбекҳо садо набаровард. Тоқати ман тоқ шуд. Шояд хотири ҳамдин будан, ë шояд кадом таҳқираш ба ман низ сахт расид, ки мудохила карда, бо гапи нағз тарафи узбекҳоро гирифтам ва ба Ваня гуфтам: — Ист, ист, ман ҳам забони онҳоро намефаҳмам, лекин парвое надорам ку. Фикр накун, ки онҳо дар бораи ту гап мезананд, бо забони худ туро дашном медиҳанд, ë туро мазоҳ мекунанд. Чӣ хеле барои ту фикратро бо забони худат  гуфтан осон аст, барои онҳо низ ҳамчунин.

 

Аммо дар асл борҳо шунида будам, ки  узбекҳо байни худ русҳоро «сакий», «сакай» гуфта дашном медоданд. Ҳоло мақсади ман каме ба даҳони Ваня «задан» буд. Ваня калавида тарафи ман нигоҳ кард ва гуфт:

— Гапи ту ҳам дуруст. Бародар, ту гапфаҳм менамоӣ. Афсӯс наменӯшӣ. Лекин ман тоҷиконро эҳтиром мекунам. Офарин ба шумо!

Сипас рафта ба ҷояш нишаст ва ба ҳамроҳаш ишорат кард, ки қадаҳро пур намояд.

 

Ростӣ, ман ҳанӯз ба касе нагуфта будам, ки ман наменӯшам. Баръакс хеле мехостам якбор нағзакак нӯшида маст шаваму очаи зори ҳамаи аз худ паҳлавонтарошонро нишон диҳам. Кӣ будани худро нишон дода, ҷойгоҳе мавриди эҳтиром ба худам касб намоям. Аммо вақте гуфт «тоҷикон офарин, ки наменӯшанд, варзишгарон», натавонистам ба ин номи неки миллатам хиëнат намоям.

 

24-уми феврал. Як ҷавони узбек бо номи Атабек, аз рӯзҳои аввал бо ман боэҳтиромона салом мекард. Чанде нагузашта мисли як шиноси кӯҳна бо табассум даст партофта салом медодагӣ шуд. Атабек аз роҳравӣ, китфҳои паҳн ва ҷуссаи обутобëфтааш маълум буд, ки ба варзиш машғул аст. Имрӯз дастгоҳи кории ӯ дучори мушкилӣ шуда буд. Ман вазифадор гаштам, ки онро таъмир намоям. Атабек низ маро кӯмак мекард. Мо бо русӣ суҳбат мекардем. Мавзӯи миллат сар шуду аз нақли ӯ калиду дастгоҳро як тараф монда бо диққати тамом гӯш мекардам. Атабек аз ҷумла гуфт:

— Ака, ман шумо тоҷиконро ба дараҷае эҳтиром мекунам, ки гоҳо ҳатто тоҷикбудан мехоҳам. Се  сол пеш тоҷиконро аз ин коргоҳ пурра ронданд. Ту аввалин тоҷике ҳастӣ, ки пас аз се сол ба кор гирифтаанд. Ман коргари куҳнаам. Собиқаамро 6-сол пур мешавад. Инҷо се сол пеш 11 тоҷик кор мекарданд. Ба касе кор надоштанд. На бо узбекҳои мо дӯсти ë душманӣ доштанд, на бо русҳо. Аммо ҳама аз онҳо сахт метарсиданд. Узбекҳои мою русҳо ҳар бегоҳ арақнӯшию бедодгарӣ, аммо тоҷикон, меҳнат, варзишу намоз. Ҳар бомдод аввал садои тап тап мебаромад. Аз тиреза медидам, ки 11 тоҷик атрофи бинои завод медаванд. Сипас, садои азон меомад. Ҳуҷраи ман бо ҳуҷраи онҳо девор ба девор буд. Аз оҳану бетон ҳаргуна асбобҳо барои обутоб додани бадан сохта буданд, ки қисме аз онҳоро ҳоло ман истифода мебарам. Замоне омаду кори завод суст гашт. Маошро дер дер медодагӣ шуданд. Ҳамту хароҷоти киса кам кам медоданд Аммо касе эътироз намекард. Ҳатто русҳо дилу гурда намекарданд аз раиси калон дар масъалаи маош суол кунанд. Чунки раиси калон дар посух дашноми қабеҳ гуфта, додашон мезад ва баъзеашро ҳатто зери мушт мегирифт. Узбекҳои мо раисро дида пойҳояшон меларзиду сар хам карда «забонашонро фурӯ» мебурданд. Аммо танҳо тоҷикон баробари раис ба завод даромаданаш рафта ҳақи корашонро талаб мекарданд. Намедонам таъсири кризис буд ë чӣ, кор ба ҷое расид, ки аз бедаракии маош панҷ моҳ  гузашт. Тоҷикон ба шур омада, раисро иҳота карданд ва ҳатто ӯро мезаданӣ шуданд. Раис ваъдаи фардо дода, аз дасти 11 паҳлавон халос хурд. Аммо пас аз ду соат омонҳо омада ҳамаашро кӯфта кӯфта бо чизу чораҳошон ба автобус бор карда бурданд. Дигар бо ҳамин онҳоро надидам. Шунидам, ки баъд консулгарии Тоҷикистон заводро ба додгоҳ кашидааст ва қисме аз маблағи онҳоро баргардонидааст.

 

25-уми феврал. Имрӯз ба ошëнаи сеюми хобгоҳ баромадам. Ба дидани ҳуҷраи 11 паҳлавони тоҷик. Дар девори паҳлӯи дар оҳане барои машқ насб карда, дар тарафи дигари дар бо ҳарфҳои калон «Кулоб» навишта шуда буд.

 

26-уми феврал. Бомдоди имрӯз дар атрофи бинои завод се давр давидам. Садои кушода шудани тирезае аз ошëнаҳои боло шунида шуд. Сипас таҳорат карда аз коғази калони тоза ҷойнамоз партофта намоз хондам.

 

27-уми феврал. Соат 6:00. Тамоми хобгоҳ дар хоби ноз. Бо хоҳишу иштиëқи том дар атрофи бино 6 маротиба давидам. Садои тиреза.

 

2-юми март. Реҷаи ҳаррӯза. Саҳарӣ давидан, сипас намоз. Имрӯз аз оҳанҳои давраи ба ҳам монанд санги машқӣ кафшер кардам. Худро хеле хуб ҳис мекунам.

 

12-уми май. Нияти ба ягон ҷои дигар кор рафтан карда, ба дусту рафиқон занг задам. Зуд кор пайдо гашт, чунки мавсим оғоз шуд. Аммо бародарони узбек гуфтанд, ки агар аз ин коргоҳ рафтӣ маошатро намедиҳанд.

 

13-уми май. Чизу чораамро гирифта, аз завод рафтам. Вақти хайрухуш, Ваня бо эҳтироми хоса дастфишорӣ кард. Атабек намедонам куҷо буд, ки надидамаш.

 

7-уми июн. Инак, панҷ моҳ мешавад ягон хел нушокии спиртӣ истеъмол накардаам. Имрӯз аз завод занги телефонӣ шуд. Муҳосибдухтар гуфт то ҳар рӯзҳои ҷумъа рафта қисме аз маошамро гирам.

 

24-уми июл. Намози аср хонда шудам, ки аз завод занг зада даъват карданд, то рафта охирин боқимондаи маошамро гирам.





Меҳмони беодоб

19 04 2017

Якчанд моҳ пеш аз ба дунё омадани Парвиз падараш ба хона як меҳмон овард.

Ин меҳмон ба ҳама писанд омад ва ӯро ҳамчун аъзои оила қабул карданд . Парвиз аз хурди аввалҳо ба ӯ унс гирифт. Мехмон аз ҳама сергаптарини хона буд. Гоҳо бо модари Парвиз соатҳои дароз гап зада мебаромад.

Вақте падари Парвиз аз кор бармегашт риштаи сӯҳбатро ба дасти худ мегирифт ва мавзӯъ дигар мешуд. Падари Парвиз то нисфишабӣ лофу газофи ӯро гӯш карда мебаромад.

Вақте падарашро хоб мебурд бародари Парвиз — Фирӯздар суҳбати ӯ менишаст. Гоҳ гоҳ Парвиз низ ба он суҳбат гӯш меандохт ва аз гапҳои беодобонаи ӯ шарм медошт.

Ин суҳбатҳо ба хулқу атвори Фирӯз хеле таъсири бад расонида буданд.

Аммо волидонаш аз ин пай намебурданд. Фирӯз аз таъсири гапҳои ин меҳмон торафт беодоб, ҷангҷӯ, кӯчагард ва бадсухан мегашт.

Ягона касе ки ӯро бад дида буд, ин модаркалони Парвиз буд. Модаркалони Парвиз борҳо таъкид карда буд, ки ин меҳмони хуб нест ва онро бояд аз хона ронд. Зеро вакти шуморо бо лақ-лақҳои беҳудааш мегирад ва шумоëн аз тоату ибодат, таълиму тарбия, мутолиаи китоб дур шудаед. Аммо касе ба гапи модаркалон гӯш намедод. Танҳо Парвизи хурдакак гапи модаркалонашро гирифта, аз суҳбат бо ин меҳмон дурӣ меҷуст.

Рӯзе аз суҳбати ин меҳмон бо бародараш боз гапҳои беодобӣ ва маҳрамона дар бораи зану мард шунид.

Пагоҳаш саҳарӣ барвақт аз хоб хеста дид, ки меҳмон хоб аст. Оҳиста рафта як пиëла об оварда ба сару рӯи меҳмон рехт.

Пас аз чанде вақте ки падараш хост меҳмонро аз хоб бедор кунад, садои паққост баромада бӯигализ хонаро пур кард. Телевизор сӯхт.

Бале, номи ин меҳмон Телевизор буд.Волидони азиз, фарзандони худро дар тамошои телевизор таҳти назорат қарор диҳед.





Андар баени рохгуми ва ба марг расидани як мухочир

17 11 2014

(бознашр ва навшуда)

Бихон ин кисса аз марди мухочир,
Дигар чое нахони гуна такдир,
Бигуям бар ту эй хонанда гуш дор
Дигар вакте наеби то шави пир

Замоне коршарике буд шиносам
Чавони пахлавоне Фахриддин ном
Зану ду кудакаш дар хона монда
Худаш дар Русия дар паи нон

Ду се мах хуб кор кард пул фиристод
Ният кард падар бар Макка фиристад
Ду се мах нек буд хар изи пояш
Токию чойнамоз хамду санояш

Ва Рузе аз бахорон буд он руз
Ки бар бозор рафт бахри хурока
Ва танхо баъди ду шаб он шиносам
Ба дасташ май баргашт бе хурока

Ва пас аз он руз тез-тез мерафт
Зи бахри хар бахона майда чуйда
Бигуфтам: ай шинос, парвоз дори
Бигуфт: ин кори уст, ин ишки банда

Бигуфтам: Ер дори, интизорат
Ва ду кудакони чашми чорат
Ва бо ин тохтану маъшукабозй
Чи тур хочи шавад додои пират?

Ае ай чони ширини тагоят
Ки бадрохи ягон cархад надорад
Марав бар рохи беохир, ки охир
Чаханнам бошад он суи мазорат

Бигуфт: бар як чавон чил хунар кам
Ва бар хар пахлавонe як санам кам
Бирав осуда бошу бо худат бош
Дигар ҳарфе нагӯй ки хотирам чамъ.

Гузашт солҳо бирафтам ҷои дигар
Надидам ки чӣ шуд ҳоли бародар
Шунидам пас басе ғамгин қисса
Ки зинда нест он ошно дигар

Ки ӯ бо як зане дилдода гашта
Ва бо он зан басе ҳамхоба гашта
Вале он зан шавҳардор буда
Ба доми зан чу сайд афтода гашта

Чу рӯзе боз назди он хиром рафт
Бидид маъшуқаашро масту бадафт
Ба рӯи хона марде мурдаро дид
Ва зан медошт табарро сахт бар каф

Чу диду бо худаш гуфт « бояд бигрехт»
Вале зан пеши пояш ашк мерехт
Тавалло кард то ҳамроҳ-ш бошад
Дар ин бадбахти ӯро ҳамдам нест

Ва бегоҳ шаб шуду он дӯсту он зан
Ба қисмҳо шавҳарашро пора карданд
Ба халта пора пора пур намуда
Ба саҳни хона бурда гур карданд.

Аз байн қариб як сол гузашт. Тули ин сол ӯ дар хонаи маъшукаи қотилаш Алена зиндагӣ кард. Ҳар вақт пеши назараш фарши пур аз хун, ҷасади беҷон ва пора пора карданҳо меомад. Ниҳоят Фахриддин тасмим гирифт назди зану фарзандонаш баргардад. Аммо дареғо, ки ӯ то баногушаш ба бало ғутида буд. Алёна ба ӯ ҳушдор дод, ки Ватану зану фарзандонашро аз ёдаш барорад, вагарна ӯ ба милиса баёнот хоҳад дод, ки шавҳарашро Фахриддин кушта, дар саҳни бино гур кардааст.

Фахриддини роҳгумкарда намедонист сарашро ба куҷо занад. Илтиҷову зориву тавалло бефоида буд. Ин зани маккор ва қотилу бераҳм Фахриддинро безанҷир баста буд. Алоқаи Фахриддин аз Ватан тамоман канда шуд ва ӯ худро ба мастию майпарастӣ зад.

Аммо дере нагузашта Алёна бо марди дигаре шинос шуд ва Фахриддинро аз хона ронд. Чунки Фахриддини бо ришҳои расида афту башараи пурвараму майзада ба ӯ дигар даркор набуд. Ӯ ба як бомж мубаддал шуд ва рӯзи дароз қуттиҳои ахлотпартоиро мекофт, то зарфхои шишагии холиро чамъ карда супорад ва дар ивазаш май бихарад.

Овозаи бомж шудани он бародар ба деха расид ва падараш мачбур гову гусолаҳои хонаро фурухта ба ҷустуҷӯи писар рафт. Пирамард хеле ҷустуҷӯ кард ва ниҳоят бомжҳоеро ёфт, ки Фахриддинро мешинохтанд ва дараки ӯро медонистанд. Онҳо ба пирамард ҳамдардӣ изҳор намуда ӯро аз шахр берун бурданд ва дар ҷангалзоре як тудаи хокро нишон доданд, ки рӯяш чубе зада ва дар тахтачае «ФЕДЯ» навишта шуда буд…

Ва ин дарсест бар марди мухочир,
Ки неку пой нихад бар мулки агер
Ки нек аз акли солим кор гирад
Нашад фирефтаи ин дарси такдир.

Ае ай тозинаслу тозиафкор,
Ба чуз тоҷик набошад миллате ер,
Азиз дор мушки хоксорони худро
Ту қадри духтари тоҷик азиз дор.





Иди раками 1-точикон — Истиклолият муборак!

9 09 2014

Имруз он рузи деринтизор боз фаро расид. Иди Истиклолияти Точикистон! Азизтарин иде, ки бо омадани тобистон дар интизораш мешавам. Имсол шояд вокеахои Украина таъсирасон буданд, ки аз харвакта бештар ин идро дуст дорам.

Вале пойбанду гапдаро будани давлатдорхои мо дар назди Кремл ба ин Иди гаронбахои миллат латма мезанад.

Имруз дар чои кор рузи истирохат эълон намуда, як гурухи хурдакаки худамон аз хар гушаву канори шахр чамъ меоем ва сари мизи идона хохем нишаст.

Нафаре дар фейсбук ин Идро сунъиву дуругин номида навишт «..бар муслимон ғайр аз иди Рамазон ва Курбон чашн гирифтан чоиз нест..»

Давлатхо садсолахо барои мустакил шудан мубориза мебаранду хуни бисере мерезанд. Истиклолият барои мо точикон низ бо бахои хуни шахидони рохи озодй омадааст. Чаро ин идро сунъй медонед? Охир дар ин руз аз зери зулми куммунистони бехудо рахо гаштй ку. Магар ин Ид сабаб нагашт, ки имруз хар вакту хар чой озодона намоз мегузорем, руза мегирем ва зикри Худованд менамоем? Пеш аз Ид, дар давраи кумунистхо ое инхел диндорй ва чашнгирии идхои Исломй озод буд?

Ин Ид бояд ба хар як точикистонй азиз бошад новобаста аз миллату диндорй.
Аммо мутаасифона барои наздик ба як миллион мухочир ин Ид як рузи мукаррарист.
Дар ин чода бояд сафорату консул васеътар кор баранд. Дар шахрхои калони Русия чорабинихои Идона ташкил намоянд, сарояндагони точикро даъват намоянд, ош, гуштигирй ва г..
Хадди акал ба воситаи «посредник»-хои калони точик, ки 40-50 ва хатто зиеда аз 200 мардикорони точикро кор мефармоянд ба хисси ватандустии онхо таъсир намоянд. Осмон ба замин намеафтад агар дар ин руз ба мухочирони точик мизи идонае ташкил намоянд.

Мерасад рузе, ки ин Ид — барои хар яки мо Иди раками 1 хохад гашт.
Иди Истиклолият муборак!





Nавишторе аз ”тег”-ҳо

18 08 2014

сентябр мактаб хонанда бесавод вазорат маориф раесат директор порахур дузд

мактаб шароит муаллим кашшок муаллим ботачриба муҳочир маош зиндагй

доро бой саховатманд серпул хайр закот саховат масчид имомхатиб хукуматй дузд масчидхо калон гилем колин пур намозхон танхо ид курбон рамазон

намозхон куча замин борон барф даргоҳ Оллоҳ кабул савоб

хонанда бечора мактаб бедафтар бесумка мухточ бероена синфхона хунук бетаъмир шикаста рехта бебаркй беаше бетачҳизот бе аеният бемуаллим
мактаб санчишхо озмунхо хавасманд тухфа пул зарур

бойбача закот хайр саховат чой вакт макон мактаб фарзанд мардум савоб савод оянда дурахшон





«Дар ин хона кй калон?»

14 08 2014

«Дар ин хона кй калон?»
Инак, дар навиштори имруза навбатро ба яке аз кахрамонхои достонхои торнигор Мусо ва Муллошо медихем. Ба хонандагоне, ки бо ин ду симо шинос нестанд барояшон каме онхоро тасвир менамоям.
Акаи Муллошо як марди коматбаланду гандумгин, як каме соддалавх. Аз 40 боло, бо муйлаби сиёхи гафс, пешониаш васеъ, то пушти гардан (яъне кал))) ва танхо ду тарафи
сараш муй дорад.
Мусо чавони миёнакад, тануманду бо бозухои машкдида, тахминан 30 сола.
Харду ба таъмири як хонаи сехучрагй дар маркази шахри Красноярск машгул буданд. Мусо ба девор гачлой мемолид, акои Муллошо бошад дар болои нардбони алюминй истода бо регкогаз шафтро суфта мекард.
Баробари кор кардан аз кор бозистода бо хам сухбат мекарданд. Мавзуи сухбати онхо ходисаи дируза буд, ки дар барномаи ахбори шабака махаллй намоиш дода шуд.
Дируз дар маркази шахр кубури оби сузон кафиду як мусофиркаш тасодуфан зери об монд. Хама шохидон харсу мегурехтанд. Ду точик, ки дар наздикихо буданд давида омада шишахои мусофиркашро шикаста одамонро аз тирезахо берун кашида начот доданд. Хушбахтона ходиса бе талафоти чонй ба поён расид, танхо бадани ин ду точик аз оби сузон сухта обила карда буд. Дар чои ходиса онхо ба журналистон мусохибаи кутох дода, баъд мошини ёрии таъчилй онхоро бурд. Хурсандиовараш он буд, ки дар барнома махз аз точик будани онхо ёдоварй шуд.
Мусову Муллошо дар айни ин сухбат буданд, ки дар кушода шуду сохибхона бо ду чавони тахминан 25 сола даромаданд. Сохибхона бо табассум «Привет» гуфта, даст дароз кард ва бо Мусову Муллошо салом кард. Муллошо, ки ба истикболи сохибхона аз нардбон поин омада буд ба чавонхо низ «Здрасте» гуфт. Аммо он ду чавон чунон хавобаланд буданд, ки хатто саломи садои накарданд ва нигох гурезонда ба инсуву онсуи хона нигох мекарданд. Сохибхона хомушии ба миёномадаро шикаста фахмонд, ки ин чавонхо устои насби хавопол (кондиционер) хастанд. Сипас бо онхо ба хучраи дигар гузашта сари насби хавопол сухбат мекарданд. Мусову Муллошо кори худро идома медоданд.
Пас аз чанде сохибхона бо чавонхо берун омаданд. Чавонхо гуфтанд, ки корашон тахминан як соат давом мекунад ва барои овардани асбобхои корй ба берун, ба назди худравашон рафтанд. Сохибхона пас аз берун шудани чавонхо ба назди Мусо омада се хазор рубл дод ва хохиш кард, ки пас аз анчоми кор ин пулро ба устохои хавопол дихад, чунки у серкор асту омада наметавонад. Сохибхона рафт. Чавонхо бо асбобхои худ баргаштанду ба карру курр даромаданд. Деворро шикоф карда хавополро насб карданд. Акаи Муллошо аз ба хаво рафтани саломаш хануз хам газабаш поин нарафта буд. Ба Мусо гуфт, ки ин устохо хеле хавобаланд будаанд ва шояд миллатчй хастанду ба мо точикон бо назари паст нигох мекунанд. Мусо дар чавоб гуфт, «Парво накунед. Тамошо кунед, чй хел адабашонро медихам»
(Давом дорад)





Зулмоти поёни шаби сияҳ- 8

1 06 2014

(давомаш)

Дарёи шўхоби Зарафшон аз паси хонаи Аслиддин, тақрибан дусад қадам дуртар мегузашт. Дар ин мавзеъ(паси хонаи Аслиддин) бо сабаби дамии об, равиши дарё шўх набуд, аммо чуқурии он қариб ба ду қади одам мерасид. Ин мавзеъро «дамоб» меномиданд.
Ҳезум дар деҳаи онҳо ва дигар деҳаҳои гирду атроф камчин буд. Мардуми деҳа барои чидани ҳезум ба кӯҳу теппаҳои он тарафи дарё мегузаштанд. Дар болооби дарё мавзеъҳое буд, ки оби дарё паҳн шуда рӯяк мешуд ва то ба зону мерасид. Аз ҳамонҷо ҳезумчинҳо болои харсангҳои лағжон пой гузошта дарёро убур мекарданд. Бисёриҳо лағжида меафтиданд ва равиши тези об онҳоро мебурд.
Аслиддин низ боре ҳангоми ба он тарафи дарё гузаштан афтида буд. Об ўро бурд. Аз решаҳои дарахтҳову буттаҳо доштанӣ мешуд, вале наметавонист. Ба якҷояшавии ду шохобча наздик шуд. Ҷои аз ҳама хатарнок ҳамин ҷой буд. Дар ин ҷо гирдоб ба вуҷуд омада шиновартарин кас наҷот ёфтанаш мушкил буд. То гирдоб бист қадам монда буд, ки Аслиддин аз як решачаи буттае қапид. Охирин умедаш ҳамин решача буд. Худо мегуфт ки он канда нашавад. Бахти Аслиддин баландӣ карду решаи борик пурбардошт баромад. Аслиддин бо оҳистагӣ аз реша дошта худро берун кашид ва ҷонашро наҷот дод.
Боре як зани ҳамдеҳаашон бо банди ҳезум дар пастоб лағжида афтода буд ва танҳо пас аз ду рўз ҷасадашро аз дамоби паси хонаи Аслиддин ёфтанд. Ҷасади ғарқшудагони деҳаҳои болооб низ бештар дар ҳамин дамобӣ рўи об мебаромад.

Ҳавопаймои Маскав-Душанбе ба пастшавӣ шурўъ кард ва аз баландгўякҳо бо се забон садо омад, ки бандакҳоро банданд, ҳавопаймо тараддуди ба фурудгоҳи Душанбе нишастан дорад.
Некрўз ба Аслиддин гуфт, ки писарамакаш ба пешвози ў омадааст.
— Аслӣ, биё як-ду рўз ҳамроҳи мо дар Душанбе мон. Ман ният дорам ягон «Муссо» ё «Опел» харида бо он ба деҳа баргардам. Баъд ҳамроҳ меравем. – гуфт Некрӯз.
Аслиддин дар ҷавоб гуфт:
— Бовар кун, аз гаштанҳо хеле хаста шудаам, ки мехоҳам ҳарчӣ зудтар як оромӣе ёфта каме дам гирам, мехоҳам модарамро ҳарчӣ зудтар бинам, ту бошӣ мегӯи ду-се рӯз ист. Эх, Некрӯз, дилам мехоҳад ҳозир аз ҳавопаймо худро партофта рост дар назди хонаамон афтам.
Некрӯз гуфт:
— Аз ҳавопаймо дар назди хонаатон меафтиву лекин модаратро надида мисли саг мемурӣ! Биё вазнин шав. Ҳамин қадар солу моҳҳо дар хона набудӣ, ҳеҷ гап не боз як-ду рӯзи дигар. Шояд худи ҳамин рӯз худраве(мошин) писандамон афтаду зуд харида ба роҳ бароем.
— Не Некрӯз. Бе хафагӣ. Ту то худрав мехарию то ҳуҷҷатҳои онро омода карда ба роҳ мебарои, ки ман ҳатто дар Зарафшон шино карда ба паси хонаамон мерасам, ха ха ха ха… – хандида, қатъиян таклифи дӯсташро рад карда гуфт Аслиддин.
Некрӯз дар ҷавоб «Эх туруши якрав» гуфту монд.
Ҳавопаймо дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе нишаст. Ҳанӯз пурра наистода мусофирҳо аз ҷой мехестанд ва ба баромадан омода мешуданд. Садои хидматчидухтар мебаромад. Ӯ бо овози баланд ҳамаро даъват мекард, ки ҳоло барвақт аст ва ҳама ба ҷои худ нишинанд. Вале садои ӯро ғавғои мусофирон пахш карда буду касе ӯро гуш ҳам намекард. Роҳрав аллакай пур аз мусофирони ростистода шуда буд.
Пас аз зиёда аз даҳ дақиқа зинапоя омода шуду ба ҳавопаймо низомипӯшҳо даромаданд ва дод заданд, ки ҳама ба ҷояш нишинад. Ҳама ба ҳарҷо нишастанд ва оромӣ ҳукмфармо шуд. Яке аз низомипӯшҳо дар даст варақ дошт ва таъкид кард, ки ҳозир номи касеро хонам аввал ҳамонҳо мебароянд. Сипас ба хондани ному насабҳо шурӯъ кард. Ин номи нафарони аз Русия хориҷшудагон(депортатсия) буд. Ниҳоят номи Аслиддинро низ хонданд. Некрӯз хандида гуфт:
-Уҳ Туруше, аз ҳама аввал мебароӣ ку! Дар беруни фурудгоҳ вомехӯрем.
— Интизор нашав. Биё хайрухуш кунем. Дар деҳа вомехурем. «Опелатро» мешӯем. – гуфт Аслиддин ва оғӯш кушода бо Некрӯз хайрухуш кард ва аз паси дигар хориҷшудагон ба роҳрав баромад.
Дар фурудгоҳ онҳоро як-як ба ҳуҷрае дароварда 5-10 дақиқа пас ҷавоб медоданд. Навбат ба Аслиддин расид ва ӯ дохили ҳуҷра шуд. Дар дохил ду нафар ному насаби ӯро ба қайд гирифта қоғазе доданд ва таъкид намуданд, ки то мӯҳлат маблағи роҳкирои ҳавопайморо оварда супорад ва шиносномаашро гирад, вагарна корҳояш ба суд меафтад. Аслиддин дигар маҷоли баҳс кардан надошт ва бе ягон гап коғазпораро гирифта аз фурудгоҳ баромад.
Дар беруни фурудгоҳ ба самти истгоҳ қадам мезад, ки аз қафо касе «туруш» гуфта дод мезад. Баргашта Некрӯзро дид, ки ҳамроҳи писарамакаш дар назди худраве меистоданд. Аслиддин табассум карда ба назди онҳо баргашт. Некрӯз даъват кард, ки ба худрав нишинад ва гуфт: — Аслӣ ҳамроҳ меравем. Корҳо як соат пас ҳал мешавад. Ба бозор намеравам. Маслиҳат кардем ва ҳамин худрави писарамакамро мехарам. Танҳо дар нотариус як гувоҳнома мегирему ба роҳ мебароем.
Пас аз тахминан як соат онҳо дар маҳаллаи «водонасоси» канори Душанбе қарор гирифтанд. Писарамаки Некрӯз гуфт, ки акнун ӯ бармегардад ва идоракунии худравро ба зиммаи Некрӯз дод. Аслиддин ба нишастгоҳи пеш, паҳлӯи ронанда нишаст ва ду мусофири дигарро, ки то ноҳияи Айнӣ мерафтанд бо худ гирифтанд. Дасти дуо бардошта роҳи сафед хостанд ва ба роҳ баромаданд.
Некрӯз даступо гумкарда аз идораи худрав на он қадар хуб мебаромад. Хатто боре ба ҷои «педали муфт» ба «педали тормоз» пахш кард, ки қариб сари Аслиддин ба шишаи пеш бармехурд. Некрӯз боз худро ба даст гирифта мехост аз худ ронандаи моҳир тарошад, вале ларзидани дасту пояш ӯро фош мекард. «Хайр охир ман қариб се чор сол мешавад, ки мошин ҳай накардаам..» гуфта Некрӯз айбҳояшро мепӯшонд. Ба тарозуи пулчинаки АйЭрСи — «Ҳушёрӣ» расиданд. Яке аз мусофирон садо баровард:
-Э, мгун ки ҳамин пулчинаки роҳ азони домоди президент будаст-а?
Мусофири дигар тасдиқ карда гуфт:
-Ҳа азони ҳамонҳо. Андоз ҳам намедодаст. Бутун хуни халқа макиданд инҳо..
Некрӯз ба баҳс ҳамроҳ шуда гуфт:
-Ягон наркалла нест, ки як тир дар пешонии ҳаминҳо занад? Ягона илоҷ ҳамин. Аз вазирони атрофу хешу табораш сар карда ҳамаашро якто-якто парондан даркор! Дигар ягон митингу гирдихамоиву хизбсозӣ ин чупонҳоро аз тахт фароварда наметавонад. Танҳо тир!
Аз ин гапҳои Некрӯз он ду мусофир як қад париданд ва дигар садояшон набаромад. Шояд пушаймон ҳам шуданд, ки мавзӯи сӯҳбатро ба сиёсат кашиданд.
Аслиддин хандида гуфт:
— Некрӯз, мардум пештар ба ҷои пулчинакҳо ба БДА пора дода, дар роҳҳои валангор мерафтанд. Акнун ба инҳо пул дода дар роҳи ҳамвор мераванд. Пас кадомаш хуб аст?
— На ину на он! Шахсан падарам пештар ба БДА ҳам ягон тин надодааст. Фикр кун! Роҳро чиниҳо бо пули қарз сохтанду акнун инҳо пул мечинанд. Ин ғоратгарии рӯирост ном дорад! Гуфтамку ҳаққи инҳо яктогӣ тири снайпер асту халос. – бо асабият гуфт Некрӯз.
Аслиддин норозиёна гуфт:
— Баъд чӣ? Боз ягон бесаводи дигар, ё раиси колхози дигар президент мешавад.
Некрӯз бо дасташ ишорати таппончаро карда гуфт:
— Пақ! Боз яктогӣ тир. Боз агар президенти нав ҳам бар нафъи мардум кор накунад боз «пақ»! Боз маъқул нашуд? Боз «пақ»! То он даме, ки нафари президентшуда аз қонун тарсаду софдилона кор кунад. Медонӣ, котибони якуми солҳои пеш то охири умр дар «хрушёвка» зиндагӣ мекарданд. Акнун чӣ? Рав қасрҳои боҳашамати вазирону хешу табори президенту мансабдоронро тамошо кун. Бо кадом пул? Магар бо маоши ду се ҳазор сомонӣ чунин қасрҳоро метавон сохт?
Аслиддин бо табассум гуфт:
— Некрӯз, ту ҳоло ҳамин тавр мегӯи, аммо агар ту ҳам вазир шавӣ чунин қасре дар Варзоб ё дигар ҷой албатта хоҳӣ сохт.
Некрӯз гуфт:
— Ҳаргиз! Қасам ба номи Худо ин тавр нахоҳам кард! Аз қонун берун пой нахоҳам гузошт! Намунаи ибрат шуда, то охири умр дар як кулбаи фақирона зиндагӣ хоҳам кард. Охир, ин дунё намеарзад, ки ин қадар мардумозориву беадолатӣ намоям. Ин Раҳмонро ҳамроҳи оилааш баъд аз сари ӯ лаънат хоҳанд хонд ва номаш дар таърих намемонад. Агар монад ҳам бо бадӣ аз ӯ ёд хоҳанд кард! Бояд тавре ҳукмронӣ кард, ки мардум садсолаҳо аз пасат дуои нек фиристанд! Инҳое, ки шабу рӯз дар телевизорҳо ҳамду сано мехонанд фардо якум шуда ба ӯ лаънат хоҳанд хонд! Инҳо фақат барои худ кор мекунанд. Ҳамаи Тоҷикистон моли инҳо шуд. Ҳама хешу табор, домоду қудозодаҳояш соҳиби вазифаанд. Гӯё дар Тоҷикистон дигар одам нест. Ягон қонун садди роҳи инҳо шуда наметавонад. Чӣ коре хоҳанд мекунанд. АйЭрСи-и домодаш яктарафу бубин Шокири моро чӣ кор карданд. Духтараш бо зӯрӣ корхонаашро аз дасташ кашида гирифт. Корхонае, ки дар онҷо қариб 700-800 нафар кор карда маоши хуб мегирифтанд ва зиндагияшонро мебурданд, ҳоло 200-300 нафар кор мекунад ва маошашон паст шуд. Ту худатро бин, ки ба чӣ рӯз афтодӣ! Барои писари Ҳукумов- додари домоди президент, ки бо наркотик ба даст афтод моҷарои «лётчикҳои» рус сар шуд ва туро депорт карданд! Болои ин аз ту маблағи аз Маскав то Душанбе париданро талаб доранд. Куҷо мегурезӣ? Хоҳӣ нахоҳӣ медиҳӣ! Барои онҳо фарқ надорад, ки аз куҷо меёбӣ! Касе пурсид, ки чаро туро депорт карданд? Касе туро дилбардорӣ кард, ё ёрии руҳӣ дод, ё барои панҷ соли оянда ба Русия нарафта дар Тоҷикистон чойпулӣ ёфтанат кӯмаке пешниҳод кард? Медонӣ, ин умри сагона аст! Наранҷ, аммо ману ту ғуломи безанҷире шудаем, ки дар ивази ин ҳама беадолатию зулм шукрона мегӯем ва фикр намекунем, ки оё аз ин беҳ ҳаёт бошад ё на, оё ҳоламонро беҳтар намудан имконият бошад ё на, оё президент агар мардумсолор мебуд дар ин бист сол аз ин бештар корҳое анҷом дода метавонист ё на? Дар ин бист сол мо ҳанӯз ба дараҷаи солҳои 90 нарасидаем. Ва дар панҷ соли охир бошад Тоҷикистон ба қафо қадам мениҳад. Бебарқӣ ҳамон бебарқӣ. Агар барқӣ изофӣ пайдо шавад ҳам онро ба афғон мефурӯшад.
Аслиддин хомӯш монд ва дигар касе дар ин мавзӯъ чизе нагуфт. Худрави онҳо ба ноҳияи Айнӣ расид. Дар назди як чойхонае истоданд ва барои хӯрокхӯрӣ ба он даромаданд.

(давом дорад)