Гумон накунед ман дар таътилам…

7 08 2009

Бародарони хонанда. Хеле вакт шуд, ки чизи наве наменависам, шояд фикр мекунед, ман ба таътил баромадаам ва дар чойи хушобухавое истирохат мекунам.

Афсус, ин фикри шумо дуруст нест, зеро мардикор таътилу истрохат надорад. Танхо замоне ки ба ватанаш меравад ва чанд хафта наздик фарзандонаш мебошад, бузургтарин истирохати уст. Дигар хама вакт — кор ё чустусуи кор.

Сабаби сукути ман дар он аст, ки чанд вакт дар чустучуи кор будам ва нихоят кори хурде ёфтам, ки дар як дехаи дурдаст аст ва ин чо интернет хам несту мавчи телефони хамрох ба ин чо намерасад.

Холо дар хакикат фахмидам, ки бухрони сахте хама чои Русияро фаро гирифтааст, зеро дар шахру шахракхо кор ёфтан кариб, ки номумкин аст.

Он дастае ки мо будему хамрох мезистем ва кор мекардем, кайхо пароканда шуда рафт. Як давраи ширине буд. Холо — давраи талх. Бухрон. Кори кампул ва дехаи дурдаст. Худо кунад, то вакте ки инро тамом мекунам, чойи дигаре кори бехтаре пайдо шавад.

Хулоса, таътил нестам, хар руз чанд филисе барои бачахоям кор мекунам ва орзу дорам, бухрон зудтар тамом шавад.

Реклама




Дод аз дасти «миёнаравхо»!

5 06 2009

Шамсиддин, як мардикори собикадор, пас аз хондани «Оуштен фруштен» ба камина занг зада, чунин эътироз кард ва онро сабти садои намудам. Танхо эътирози уро каме тахриру ислох намуда, инчо овардам. Ба хулосае омадан мумкин, ки дар шахрхои сермардикор вазъи муносибати байнихамдигарии хамватанон бад будааст.

«Салом дустам, Илхом. Навиштаи ахир тахти номи «Оуштен фуруштен»-ро хонда, ошики он шахраки афсонави шудам. Хеч боварам намеояд, ки ин хел макон дар Русия вучуд дошта бошаду ончо мо точикон ин гуна ахл бошем. Намедонам ё фантазият бой аст, ё дар хакикат рост..

Дар шахраки мо медони барои пул шуда, соли гузашта як чиян тагояшро кушт. Сангу кулухи хамватанони мо миёнрав (посредник) шудаанд. Мардикорони одди кори новобаста аз онхоро карибки намеёбанд. Хама чо ва хама корро «захват» карда моро бо нархи арзон кор мефармоянд. Дуруст, хастанд як ду миёнаравхое, ки кор медиханд, дар бобати хуччатхо кумак мекунанд, гамхоранду хамаги 10-20 фоизи маблагро мегиранд.

Аммо бештари онхо аз инсофу одамгари дур буда, аз мардикорони ночор суйистифода менамоянд ва 50-60 дарсади маблагро аз худ мекунанд.

Масалан, яке аз онхо Бойир, (ном тагир дода шудааст) наздик ба 200 нафарро мисли лагери давраи чанги немис, кор мефармояд. Онхо вазъи вазнин доранд. Чое барои шустушуй надоранд ва шароити зисташон бад аст.

Аз ним сол то як сол мехнат карда, руи пулро намебинанд. Танхо вакте ба Ватан бармегарданд бо онхо хисоби мекунад, ки ба як мохи кори 5-7 хазори руси рост меояд. Шикамаш чунон равгани шудааст, ки базур нафас мекашад. Аммо заррае парво надорад, ки коргарони у гайр аз макарон дигар хуроке надоранд.

Ин гуна миёнаравхо бисёранд ва дар Точикистон касрхои бохашамат сохтаанд.
Дар ин гуна афродон заррае мусулмонй хам намондааст. Мисли давраи гуломдорй байни хам мардикор мефурушанд.

Дар бобати муносибати байни мардикорон на хамеша хамдигарфахмй хукмфармост. Дар навбати аввал барои бештари онхо ПУЛ меистад ва фикри одамгарй, обруи милй ва мардигариро як су мондаанд.

Дустам, Илхом, бароям дар он шахраки «фантастикиат» коре пайдо намой, то ин маконро тарк намоям.

Хайр, панохи Худо /бо эхтироми хамсинфат Шамсиддин аз шахри Ангарски Русия.