Музаффар ва «даркушоякон»

20 07 2015

Музаффар, пас аз он ки қурби рубли урусӣ поён рафт ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Русия мушкилтар шуд, ба қарор омад дар Тоҷикистон кор ёфта, ба сомонӣ қаноат намояд. Барои ин аз токча дипломҳои чандин сол бекорхобидаашро пайдо кард. Онҳоро пафу-пуф карда аз чанг тоза намуд ва ба ҷӯстуҷӯи кор баромад. Гарчанде, ки ӯ солҳои охир дар сохтмон кор мекард, пайваста аз навигариҳои ихтисосаш ба худомӯзӣ машғул буд. Аммо муҳоҷират ӯро ба он расонд, ки аз соҳаи худ дур гашт ва донишу малакааш аз ҷавонони насли нав қафо монда буд. Музаффар аз рӯи ихтисоси муҳандис-иқтисодчӣ Донишгоҳи Давлатии ба номи Бобоҷон Ғафуровро хатм намуда буд. Ӯ ният кард барои сайқал додани малакаю таҷрибаи худ маҳз дар соҳаи роёна кор ёбад. Аз байн як моҳ нагузашта кори мувофиқи таъбашро ёфт. Вазифаи ӯ гардонандагии торнамои як ширкати хориҷӣ буд. Рӯзи дароз аз интернети бепул истифода бурда «чарида» мегашт.

Боре чашмаш ба торнамои Блогистон афтид, ки онҷо оиди аз тарафи ташкилотҳои байнанхалқӣ таҳти лоиҳаи «Ҳукумати электронӣ» ба ҳамаи ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ройгон торнамо (сайт) сохта додан навишта шуда буд. Муаллифи мақола, блогнавис Рустам Гулов дар поёни мақола оварда буд, ки аз 18 торнамоҳои вилояти Суғд ҳамагӣ 4-тоаш фаъол буданду халос. Ба сари Музаффар як фикр зад ва пагоҳаш роҳи ҳукумати ноҳияро пеш гирифт. Ӯ хеле мехост торнамои зодгоҳаш низ дар қатори дигар торнамоҳо фаъол бошаду аз худ дарак дода истад, ба воситаи он арзу шикоятҳои мардум ба мақомот расад ва умуман дар бораи фаъолияти раиси ноҳия мардум хабардор шуда истад.

Рӯзи қабули шахрвандон буд. Дар даромадгоҳи бинои ҳукумат ҷавоне фарбеҳак тахминан 20-25 сола менишаст, ки шаҳрвандонро ба қайд мегирифт ва бо кадом масъала омадани онҳоро низ сабт мекард. Ӯ шармгин метофт ва аз садои пасту шармгиниаш маълум буд, ба қарибӣ ба ин курсӣ нишастааст. Бисёр ҷавонони деҳа дар орзуи ба мақомот кор даромадан буданд. Баъзеҳо ҳатто омода буданд бо маоши 200-300 сомонӣ солҳо «даркушояк»-и раиси ноҳия шаванд. Онҳоро бародар ё падарашон аз ҷиҳати молӣ кумак карда, маслиҳат медоданд, ки бо дили гарму нарм дарҳоро кушодаю пӯшида гардад, то як рӯз не як рӯз «сабзида» болотар баромадан гирад. Ин ҷавон низ шояд бақарибӣ дастаҳои дарро ба дигаре гузошта, дар назди дарҳо менишастагӣ шудааст.

Пеш аз ӯ мӯйсафеде гуфт, ки мехоҳад дар бораи табобат аз дарди пойҳояш аз раиси ноҳия кӯмак пурсад. Пас аз пирамард ҷавони собиқ «даркушояк» аз ному насаб ва сабаби ташрифи Музаффар пурсон шуд. Вақте Музаффар гуфт, ки мехоҳад оиди торнамои ноҳия бо раис гап занад, он ҷавон ҳайрон-ҳайрон нигоҳ карду сипас ба коғаз «шабакаи интернет» навишту монд.

Дар навбат 4-5 нафар меистоданд, ки ҳамаашон солхӯрда ба назар мерасиданд. Инак навбат ба Музаффар расид. Аз паси дар як нафар, ки кораш боз ҳамон даркушоӣ буд сар берун карда, Музаффарро даъват намуд. Аммо ин «даркушояк»-одӣ набуд. Ба синну соли ҷавониаш нигоҳ накарда аллакай мисли мардони 40-50 сола, ё худ занҳои ҳомила шикамчадор буд. Қошҳои ба ҳам пайвастаи сиёҳу ғафс-ғафс бо сохти шикамчааш ҷӯр буданд. Музаффар ба маҷлисгоҳ даромад. Маҷлисгоҳ пур аз кормандони ҳукумат буд ва дар марказ, дар алоҳидагӣ нафаре менишаст, ки аз раис будани худ дарак медод. Одами паканаи бадқавоқ бо нигоҳи нодӯстона Музаффарро пешвоз гирифт. Музаффар каме даступо хӯрд. Лаҳзае худро дар дарбори амири Бухоро ҳис кард. Ё не, аниқтараш ба қабулгохи як диктатори давлати монархӣ шабеҳ буд.

Кам иттифоқ меафтид, ки ҷавоне ба қабули раиси ноҳия ояд. Чунки одатан ба «қабул» одамони солхӯрда ва калонсол меоянд. Аз ин буд, ки бо дидани як ҷавон аҳли маҷлисгоҳ дар интизоре, ки ӯ чӣ хоҳад гуфт бодиққат менигаристанд.

Музаффар базӯр худро ба даст гирифта, ба сухан даромад:
— Салому алейкум. Чанд сол пеш як ташкилоти байнанхалқӣ ҳамчун кӯмак, тибқи лоиҳаи ҳукумати электронӣ ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон торнамо, яъне сайт сохта дод. Аз он сайтҳо имрӯз ҳамагӣ 3-4 тоаш фаъолият мекунанду халос. Аз ҷумла сайти ноҳияи мо низ боре мавод нагузошт ва ҳоло тамоман фаъолият надорад. Ҷаноби раис, агар Шумо ба ин масъала мусоидат намуда, ҳаққи ширкати мобилии Бабилон, барои хостингу домен пардохт намоед, гардонандагии онро чанд муддат ройгон ва бемузд банда ба зимма мегирам.

Раис дар ҷавоб гуфт: — Чанд пул даркор барои Бабилон?
— Аниқ намедонам. Ин масъаларо бо Бабилон маслиҳат кардан даркор. Тахминан ҳудуди 500 сомонӣ дар як сол аст. – ба суоли раис ҷавоб дод Музаффар.

Раис бо абрӯҳои овезену лаби каҷи норизоёна ва бо ишораи дасташ ба як муовинаш фармон дод, ки бо Музаффар дар алоҳидагӣ гуфтугузор намояд. Муовини раис бо Музаффар аз маҷлисгоҳ берун шуданд. Муовин як марди тахминан 50 сола бо муйлабу мӯйҳои сафедидамида буд. Дар роҳрави беруни маҷлисгоҳ муовин гуфт: — Канӣ якбори дигар гап зан, ки чизеро нафаҳмидам.

Музаффар бори дигар гапро сар кард. Ҳанӯз суханашро ба охир нарасонида, муовини раис гуфт:
— Исто, исто. Ҳамин ҷо ист, ҳозир меоям.
Аз байн муддате нагузашта муовини раис бо он даркушояки қошсиёҳ ва боз як ҷавони дигар омаданд. Ҷавони дигар ба қавли русҳо «шустряк» метофт. Чашмонаш ва ҳолати ноороме дошт. Мехост аввалин шуда муамморо пай барад ва аввалин шуда онро ҳал намояд. Саросемавор чизе мегуфт, ки муовин сухани ӯро бурида гуфт:

— Ман нафаҳмидам, ки ту чӣ мегӯӣ, барои ҳамин ин ҷавонҳоро овардам, то онҳо мақсадатро фаҳманд. Акнун, якбори дигар аз аввалаш сар кун.

Музаффар хандаашро базӯр дошта, гапро аз аввалаш сар кард. Ин дафъа низ гапам тамом нашуда, ҷавони «даркушояк» гуфт:
— Биёед назди котиби раис дароем. У ин гапҳоро хубтар мефаҳмад.

Ҳамакаса ба ҳуҷрае даромаданд, ки онҷо боз як ҷавони дигаре менишаст. Пас аз салом муовини раис ҷавонро ба Музаффар ҳамчун котиби раис муаррифӣ карду гуфт:
-Акнун, боз якбори дигар аз аввали аввалаш сар кун.

Музаффар табассум карду гапро сар кард. Инбор кӯшиш кард терминҳоро камтар истифода барад ва возеҳу равшантар фикрашро иброз намояд. Гапамро тамом карду ҳама хомӯш буд. Хомӯшӣ барзиёд давом кард. Ҳама ба Музаффар нигариста интизор доштанд, ки боз чизе бигӯяд. Музаффар лаҳзае дар гуфтаҳояш шак кард. Зуд дар сараш варақгардон кард, то мабодо ягон гапаш ногуфта намонда бошад. Сипас «бо ҳамин тамом» гуфта, интизори андешаҳои онҳо шуд. Котиб хандида гуфт:

-Баъд чӣ? Баъд чӣ фоида мегирем? 500 сомонии пардохткарда кай ва чанд сомонӣ фоида меорад?

Музаффар дар ҳолати ногувор монда чӣ гуфтанашро надонист. Фикрҳое мисли «Шояд ӯ дуруст мегӯяд? Ин ахмақони дунё аз «Ҳукумати электронӣ»-ю сайтбозӣ чӣ фоида мегиранд?» ба сараш мезаданд. Ба саволи котиб ҳанӯз ҷавоб наёфта, ҷавони «шустряк» гуфт:
— Чӣ хел барои як сайт 500 сомонӣ додан даркор будааст? Мана ман ҳам сайт дорам. Имрӯзҳо ҳама сайт дорад. Ягон тин намедиҳем ку. Фақат мегабайти интернет харида, то тамом шуданаша дар сайт гаштан мегирем.

Музаффар пай бурд, ки ӯ сайт гуфта саҳифа дар «Одноклассник»-ро дар назар дорад. Табассум карду пурсид:
— Сайт дар «Одноклассник»? Бубахшед, вай сайт не, вай саҳифа аст. Саҳифа дар сайти «Одноклассник». Озодӣ нуқта те ҷе, президент нуқта те ҷе, азияплюс нуқта те ҷе, суғд нуқта те ҷе, хуҷанд нуқта те ҷе-ро шунидаед? Ин ҳам мисли ҳамонҳо. Шумо фақат ҳаққи бабилонро медиҳед. Баъд хадамоти матбуоти ҳукумат мавод омода мекунаду ман онҳоро дар торнамо мегузорам. Яъне тамоми дунё метавонад бохабар шавад, ки раиси ноҳия ба чӣ кор машғуласт, дар ноҳия кадом корҳо ба иҷро расида истодааст. Ин обрӯи ноҳия ва обрӯи ҳукумату раиси ноҳия метавонад бошад. – Дар ин вақт суханашро ҷавони «даркушояк»-и қошсиёҳ бурида, гуфт:

— Гуш кунед, ако, охир дар ноҳия антени бабилон суст аст…

— Бародар, антени бабилон ба сайт дахл надорад. Ба торнамо метавон тарики дигар симкартхо низ даромад. – Музаффар хандаашро базӯр дошта, фахмонданӣ шуд.
Ҷавони «шустряк» сухани ҳамкорашро бурида, гуфт:

— Истед, ки дар дастгоҳи президент ҳам сайти моро хонда метавонанд?
— Дар тамоми дунё! Дар ҳар ҷое ки интернет ҳаст. – ҷавоб дод Музаффар.
Муовин сарашро хорида гуфт:
-Фикри хуб. Дар бораи маъракаи ниҳолшинонӣ навиштан мумкин.
Котиби раис ба сухан даромада гуфт:

— Дар бюҷет пул нест. Намедонам раис розӣ мешуда бошанд, ё не. Лекин хабарҳоро ҳам худатон менависед.
Музаффар дигар маҷоли хандаашро фурӯ бурдан надошт. Худро аз асри 21 ба асри санг меҳмонирафта мепиндошт. Ӯ гуфт:

-Бародар, ман барномасоз, мутахассиси компютерӣ. Ман журналист не. Шумо бояд хабарнигоре дошта бошед, ки маводро омода карда, ба воситаи почтаи электронӣ фиристад ва ман танҳо онҳоро дар торнамо ҷой ба ҷой намоям. Ва ин хидматам бепул. Кадом ахмақ чунин пешниҳод мекунад?
Котиб гуфт:

— Ин тавр бошад, шумо як мактубу дархост нависед, чунки бедархост пул ҷудо карда намешавад.
Котиб кӯшиш мекард, худро ҷиддӣ ва доно нишон диҳад. Ба ҳар ҳол маълум буд, ки фармондиҳӣ ба ӯ писанд аст.
Музаффар аз ин суол ҳайрон шуда, пурсид:
-Боз чӣ хел мактубу дархост?
Котиб: — Як мактуб аз Бабилон ва дархост дар бораи сайт.

Музаффар: — Бародар, ман намояндаи Бабилон не, мефаҳмед? Масалан, шумо ба телефонии дастиатон худатон пул мемонед, ё бо мактуби хаттии Тселу Бабилон? Дархости чӣ нафаҳмидам?..
Котиб: — Хайр бабилонро монед. Пул ҷудо шавад худатон бурда ба Бабилон медиҳед. Дархост нависед. Ман матнашро мегӯям шумо варақу қалам гирифта нависед.
Музаффар: — Канӣ матнашро якбор гӯед.

Котиб: — Ба раиси ноҳия. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои ба ширкати бабилон 500 сомонӣ пардохт намудан ва сайти ноҳияро фаъол намудан мусоидат намоед.

Музаффар дигар намедонист бихандад ё бигиряд. Аз авзоъаш маълум буд, ки торҳои асабаш мисли тори дутор таранг шуданд. Нав фикрашро «луқма карда» партофтанӣ буд, ки ҷавони «шустряк» гуфт:
— 500 сомон? Э ман одноклассник бепул медароям-ку.

Муовин бошад илова кард: — Якбор назди навбатдоре, ки дар даромадгоҳ мешинад рафта аз аввали аввалаш ба ӯ гуфтан даркор, шояд ӯ фаҳмад..
Музаффар, тоқат накарда гуфт:
— Бародарон, мана ин рақами телефонам. Агар мабодо лозим шавам занг занед.
Дигар ба қафояш нигоҳ накарда, аз бинои ҳукумати ноҳия баромада рафт. Вақти аз дар баромадан ба гӯшаш садои ҷавони «даркушояк» мерасид, ки мегуфт, «Бефоида. Дар инҷо «антен»-и Бабилон суст аст.»

Реклама




Гунҷишкакро сар набур, ки малахҳо сарат хоҳанд хурд

14 06 2015

malakh    Фишор ба дигарандешон, таъкиби озодфикрон, зиндони намудани ақлҳои солиму мухолифин ва маъракаи бадномсозии ҲНИТ-ро дида, ривояти воқеии омӯзандае ба ёдам омад.

Боре дар Чин аз тарси он, ки паррандаҳо гандумзорҳоро хароб накунанд ҳукумат зидди онҳо ба мубориза бархост. Ҳарҷо гунҷишкаке буд сар буриданд ва ҳар уқобе буд аз кишвар гурехт. Дар осмон дигар паррандае намонд. Аммо табиат ин гуна таъсиррасонии сохтаю сунъиро хуш напазируфт. Пас аз як сол малахҳо ҳамаҷоро забт карданд ва гандумзорро ба харобазор мубаддал намуданд.
Худовандо, кишвари моро аз «малахҳо» эмин нигаҳ дор!





Зулмоти поёни шаби сияҳ (қисми 7)

15 04 2013

Модари Аслиддинро ҳиссиёти бад фаро гирифта буд. Дилаш гувоҳй медод, ки ба писараш ягон ҳодиса рух додааст. Хобҳои рўзҳои охир дидааш ўро ба чунин ҳолат расонда буд. Ба келинаш мегуфт, «ҳамин Аслиддинам сихату саломат аз дар дарояд, пагоҳаш ба мардум як ош карда медиҳем.»
То Душанбе расидани ҳавопаймо камтар аз ним соат монда буд. Сўхбати Некрўз ва Аслиддин идома дошт.
— Аслй, аз Ориф хабар дорй чй шуд? — суол кард Некрўз.
— Не. Чй шудааст?
— Ээ, бечора бача имсол сахт шикаст хурд. Вай дар як корхона кор мекард. Бо раиси он корхона муносибаташон хеле хуб мешавад.
Ориф як ҳамсинфи дигари Некрўзу Аслиддин буд. Мактабро базўр бо баҳои се хатм карда буд, вале дониши хуби исломй дошт. Миёнақад, хоксор ва зудранч. Аммо шояд пуртоқативу хоксорияш буд, ки ўро як каме тарсу нишон медод. Аз хурдияш намоз мегузошт. Дар муқоиса бо ҳамсинфонаш ягон тори мўяш сафед нашуда буд. Хусусан Некрўз аз нисф зиёди мўяш сафед шуда буд. Аслиддин бошад ҳам торҳои сафед дошт ҳам аз рехтани мўй болои сараш наздик ба калшавй буд. Ориф сермўй ва сиёҳмўй буд, аммо пешонию атрофи чашмонаш сахт пурожанг буд.

Некрўз нақлашро идома медод:
—«Шеф» Орифро сахт ҳурмат мекард. Раис як муддат Орифро дар хонааш ҳамчун боғбон ва посбон ба кор мемонад.Аммо Ориф, ки устои хуб аст, будани ў дар корхона низ барои «шеф» зарур буд.

Орифи меҳнатдўст вазифаи боғбониву посбониро низ хуб ичро мекард. Раис аз ботартибию озодагии ў розй буд, аммо пас аз моҳе мачбур шуд баргашта Орифро ба корхона барад.
Баъд аз ин раис аз Ориф хоҳиш кард, ки ягон точики мисли худаш коргару боадабро ба вазифаи боғбонй ва посбонй ёбад.
Ориф ба якчанд шиносҳояш занг зада пурсучўй мекунад, аммо дўстони дилкашаш ҳама банд буданд. Ахиран Улуғбеки писари раҳматии Қосимбой аз ин чои кор бохабар шуда ба Ориф занг мезанад ва илтимос мекунад бо раис гапзанон карда, ўро ба он кор монад. Ориф Улуғбекро на он қадар хуб мешинохт. Танҳо ҳаминро медонист, ки Улуғбек бармаҳал бепадар монда буду модараш ба дигар деҳа шавҳар кард ва ў дар хонаи тағояш ба воя расид. Ориф ба чанд нафар занг зада аз хулқу атвори Улуғбек пурсид. Дўстон бо як овоз гуфтанд, ки Улуғбек шаробнўш аст ва бинобар ин инсони боваринок нест.
Соҳиби хона ёфтани нафари боэътимодро бар зиммаи Ориф партофта буд. Ориф масъулиятро ҳис карда мехост коргаре ёбад, ки оянда гапшунав ё чавобгар нашавад.
Ориф ба Улуғбек посухи дурўғ дод, ки чои кор банд шудааст ва ҳатто ба Точикистон занг зада аз бародараш хоҳиш кард ягон инсони хубро наздаш фиристад. Маош ва шарту шароитро низ ба бародараш фаҳмонд.
Рўзи дигар «шеф» хоҳиш кард, ки дар давоми ду рўз ба ў посбон ёбад. Чунки ў бо чамъи оилааш ба хорича истироҳат меравад.
Аз байн як рўз гузашт. Бегохй Ориф ноилоч ба Улуғбек занг зад. Бигзор як сағира пул кор кунад гуфта, ўро таклиф кард. Ориф бо Улуғбек вохўрда ўро ба хонаи «шеф» мебарад. «Шеф», ки ба Ориф бовар мекард ба Улуғбек аҳамияти хоса намедиҳад.
Улуғбек чавони 7-8 сол хурдтар аз Ориф буд. Бо пўсти сиёҳи моил ба зардй, чашмҳои танг ва хараки паст, ё худ пачақи бинияш бештар ба муғултаборҳо монандй дошт.

Улуғбек саҳарй ба кор шурўъ кард. Раис ба Улуғбек хурокпулии 15-рўза дода, худ ба хорича рафт ва як қасри боҳашамат дар ихтиёри Улуғбек монда буд. Ориф чанд рўз пас ба Улуғбек занг зада аҳволпурсй мекард. Сипас насиҳат мекард, ки мабодо шароб нанўшад ва баръакс дар чунин шароити хуб намозхониро огоз намояд.

Аз байн якчанд рўз гузашт ва омад-омади «шеф» ҳам наздик шуд. Боре Ориф занг зада дар рафти сўҳбати пай бурд, ки Улуғбек ширакайф аст. Хавотир шуда, бегоҳ беогоҳй хабаргирй меравад.

Даричаи бўстонсарои «шеф»-ро як чавони тангчашми ношинос мекушояд, ки аз мастй базўр бо пой меистод. Ориф ҳайрон шуда ба хона медарояд. Он ношинос чизе гуфта калавида-калавида аз пасаш меомад. Ориф баробари дидани саҳнаи дохили хона аз ҳайрату ғазаб чй гуфтанашро намедонист. Дар як курсии чармин Улуғбек ва дар болои зонуяш як духтаре нишаста буд. Дар курсиҳои дигар, боз ду духтари дигар нишаста буданд. Дар болои миз якчанд намуди мевачот ва дар таги миз шишаҳои холии нўшокиҳои спиртй буд.

Улуғбек бо дидани Ориф гўё ҳушёр шуда буд, духтарро аз худ дур карда аз чояш хест. Ориф чизе намегуфт, танҳо бо табассуми ғазаболуд ба чашмони Улуғбек назар мекард. Улуғбек ба ин нигоҳ тоб наоварда гуноҳкорона сарашро поин кард ва ба гапзанй даромад. Чавони ношинос даромада дар назди як духтар нишаст ва ҳайрон-ҳайрон ба Ориф нигоҳ мекард. Улуғбек бахшиш пурсида фаҳмонд, ки имрўз зодрўзи ин дусташ буд, бинобар ин як базмча оростанд. Дар ин вакт дар кушода шуда, боз як нафари дигар даромад. Ориф ўро зуд шинохт. Ин Масрури «машенник» буд, ки дар даст як борхалта дошт. Аз сабабе ки бо дуздию фиребгарй ном бароварда буд, ба ў лакаби «машенник» часпида буд. Аз чаранг-чаранги дохили борхалта маълум шуд, ки ончо зарфҳои шишагй ва аз эҳтимол дур не нўшокиҳои спиртй буданд.

Масрур низ Орифро шинохта «ооо, акаи Ориф чй хел шумо…» гуфта ўро бар оғўш мегирад. Масрур чавони сергап ва доим дар лабонаш табассум буд.
Масрур гарчанде, ки худро хуб идора мекард, аммо аз чашмони сурх ва бўи нафасаш фаҳмо буд, ки ў низ нўшидагй аст.
Ориф бо чеҳраи чиддй ба бачаҳо фаҳмонд, ки ин шабу рўз «шеф» бояд аз хорича баргардад ва дар ин хона «банкет» кардан, метавонад на танҳо Улуғбекро, балки ўро низ беобрў карда аз чои кор монад.
Масрур гуфт, «э, акаи Ориф, мо даҳ дақиқа шуд омадем. Дўстамон Улуғбекро як бинем гуфта омадем. Хавотир нашавед. Худи ҳозир нияти рафтан доштем. Дар маркази шаҳри Маскав ҳучраеро ичора гирифтаем. Чарх зада ба меҳмонй оед…»
Ориф бо Масрур эҳтиёткорона сухан мекард.
Ориф бахшиш пурсид, ки базмашонро вайрон кард, аммо ўро низ фаҳманд, ин на хонаи ўст ва на хонаи Улуғбек.

Хуллас, «меҳмонҳо» рафтанд. Ориф боз чанд соати дигар дар хона монд. Шояд дилаш гувоҳй медод, ки «меҳмонҳо» баргашта меоянд. Ориф Улуғбекро насиҳат карда гуфт, «Улуғбек, ту инчо пулкоркунй омадаи на маишат. Кор карда, бо кисаҳои пур ва сари баланд ба деҳа баргард. Ин духтарбозиву шаробнўшй оқибати хуб надорад. Ин духтаракони инчо аксараш бемор ҳам ҳастанд. Ман ба ту насиҳати бародарона кардам. Чои корат хуб аст, шароити зистатро ман дар корхона надорам. Беақлй накун ва саратро хам карда кор карда гард…»
Улуғбек ҳушёр шуда буд ва ваъда медод, ки дигар такрор намешавад.
Ориф ба Улуғбек кўмак карда, хонаро батартиб меорад ва сипас ба корхона бармегардад.
Саҳарй бародари Ориф занг зад ва гуфт, ки шарту шароити кор писандаш шуд, бинобар ин ў худ азми сафар дорад. Ориф, ки ба Улуғбек дигар боварй намекард, ин нияти бародарашро хуш пазируфт.
Аз байн ду рўз гузашт. Ниҳоят ба корхона хабар расид, ки «шеф» баргаштааст. Дере нагузашта ронандаи «шеф» ба корхона омад ва ба Ориф гуфт, ки ба мошин бишинад, раис мехоҳад ўро бинад. Ориф ҳис кард, ки чй гапе шудааст. Ронанда Орифро ба бўстонсарои «шеф» бурд.

Шеф ба Ориф «сейф»-и шикастаи холиро нишон дода, гуфт, ки дар дарунаш 600 ҳазор рубл ва як таппонча буд.

Акнун Ориф бо бародараш чор моҳ аст, ки бемузд дар он корхона кор мекунанд ва боз чор ё панч моҳи дигар бояд ройгон кор кунанд. Бояд ҳаминтавр бо «шеф» ҳисобй кунанд.
Хайрият «шеф» пеш аз ба хорича рафтанаш хавф бурда, на ҳамаи пулҳояшро дар бўстонсарояш монда будааст.
Аз Улуғбек бошад ягон хабар нест. Дар Маскав касе ўро надидааст ва дар Точикистон ҳам нест. Ана ҳамин хел гапҳо, Аслй.
— Эҳаа, кори хуб нашудааст. Бечора Орифи соддае.. Улуғбекро ба даст кунанд ҳам бо он сағираи бехонаву дар чй мекунанд? — афсўс хўрда гуфт Аслиддин.

Некруз ба соати дастияш нигоҳ карда гуфт:
— Қариб расидем. Бист дақиқаи дигар ва мо дар Душанбе…





Як шоми хастагй

13 06 2009

Пас аз кор базур кувват кардем бо пойхои кашол-кашол, то хона расем. Имруз, рузи вазнину серкор буд. Пас аз тайёрии чорруза 48 метри мукаъаб, яъне шаш мошин бетонро хафт нафар кабул кардем. Русхо ва саркорон коил шуданд ва мегуфтанд, ки офарин, имруз шумоён 96 хазор пул кор кардед. Эх, шумо надонед, ки нисфи пул ба кисаи як миёнрав меравад. Хайр донед хам чи коре аз дастатон меояд.

Бо ин андешахои нохуш танхои хастаи худро ба манзил расондему афтодем…

Хама дар хар кунчи хона мурда барин хоб будем. Хеч кас намехохад хуроки шом пазад. Аввал ба акои Муллошо часпидем. Мисле, ки дар афсонаи «Рубох ва зог», рубох ба хотири ба даст овардани панир сурудхонии зогро таъриф мекунад, мо хурокпазии Муллошоро таъриф мекардем. Лекин кор надод.

Акои Муллошо бахона ёфтанд, ки либос шустанашон лозим.

Баъдан «Беспакоится»-ро хохиш кардем, то ягон «фачу лач» пазад. «Беспакоится» — лакаби тозагузошта ба Султон хаст. Чунки у хар боре ба маъшукаи русаш занг занад, «Алло, привет Света, эта Султан беспакоитсa» мегуфт. Харчанд ислохаш мекардем, ки «Султан беспакоитсa» не, балки «Султан беспакоит тебя» , вале боз хамон «Ахмади порина».

Нихоят Султон хурокпазиро ба зимма гирифт ва хама ба корхои худ банд шуданд. Мусо, боз гарки ноутбукаш шуд. Хама бо боз шудани ноутбук медонистем, ки чанги Мусо бо миллатгароёни рус огоз ёфт. Муддате аз сари ноутбук хеста ба машки чисмонй медаромад. Харчанд кадаш на онкадар баланд аст, аммо китфу бозуи калону тавоно дошт, ки пас аз машкхои вазнину тулонй ба даст меояд.

Паффу пуфф карда дар хаво мушт мезад ва ба фикрам, шояд алами шикаст дар чанги интернетиро аз тан мебаровард.

Яке аз орзухои Мусо он буд, ки боре бо скинхедхо рубару шаваду «рекорди» як хамватани мо, ки соли гузашта дар Маскав се миллатгаройро кушта буд ба даст гирад. Вокеан вакте ки дар ин бора дар интернет хонда будем, хама ахсан мегуфтем. У як кахрамон аст барои мо.

Мусоро низ дар форуми интернетй интизор буданд. На танхо скинхедхо, балки дустони хамдилу хамфикри чечению догистонию ингушетй. Кариб хар шаб дар интихо Мусоро модераторони форум аз бахс хорич мекарданд. Чунки бештар ба эхсосот дода шуда, ба кабехтарин лафз аз хафт пушту хохару модари скинхедхо ёд мекард…

Садои акои Муллошо диккати хамаро чалб кард, ки либос навшустаашро ба тор овехта мегуфт, «Ээ, садкаи зани точик шавам, ки рузи дароз аз хамиру гову гусола огоз карда, ба либосшуи тамом мекарду боз шаб хам рохат надошт… Барои як курта шустанам дастонам кариб аз кор бароянд.»

Сипас акои Муллошо, рафта назди Носир нишаста уро ба картабозй даъват карданд. Дере нагузашта доду вояшон баромад, «Носир, бачаи чавонй ва аз ту бояд буи атру хушбуй ояд. Хез рав чуробхою пойхоятро шуй! Эээ, биниям як су истад, чашмонам сухтанд аз буи пой!». Носир хандакунон гуфт, ки чуробхояшро дируз харидаасту наванд ва ба шустушуй рафт.





Бозгашти гамангез ба Ватан

8 06 2009

Мусофирбар пас аз хайрухуши гуселомадагон аз худ дуди сиёхи гализ монда, ба рох баромад. Рох суи Ватан, суи Точикистон. Ахмад, ки дар яке аз курсихои байн нишаста буд, гуё ба бинохои азим, кучахои пахни сермошин, дарахту чангалзорхои Русия хайрухуш мекард ва ба дил мегуфт, ки дигар харгиз ба ин чо барнахохад гашт.

Дере нагузашта мусофирбар аз шахр берун шуд ва нигохи Ахмад ба дарахтони яккачини пахлуи рох бармехурд, ки чангалзоре аз дарахтони бурси хамкад буд. Аз гояти фикр сараш ба дард омада буд. Вокеан аз худ шарм мекард, ки пас аз ду соли мардикорй бо кисаи холй ба Ватан бармегардад. Нихоят аз чомадонаш китоби Дейл Карнегиро гирифт ва хост ба мутолиа машгул шуда, фикрашро андармони чизи дигар кунад. Аммо баракс зур зада мехонду чизе намефахмид ва ба чои харфу сафхаи китоб пеши назараш чехраи пуртабассуми Рита чилвагар мешуд…

Шахри Тоболски Русия. Ахмад дар хонаи духучрагй, ки аз они дусти тотораш, Хамза буд, зиндагй мекард. Садои зангулаи дар Ахмадро бедор кард. Аслан у хоб хам набуд, балки ба фикр гутавар ганаб рафта буд. Бо шиками гурусна киро хоб мебарад? Вактхои охир хобро аз бедорй фарк хам намекард, чунки доим дар андеша буд, ки имруз чи мехурад, аз кучо кор ёбад, чи тавр ба Ватан баргардад, падараш чи тур бошад…

Ахмад дарро кушод ва дар рубаруяш Рита — хохари дусташ Хамзаро бо дугонааш дид. Норозиёна уро таклифи даромадан кард.

Рита ба Ахмад дил баста буд. Аммо Ахмад, хотири Хамзаро дида ба Рита ахамият намедод. Хамза аз Ахмад хохиш карда буд, ки ба хохараш бо чашми бад ва ё дилбарй нанигарад, бинобар ин то хадди имкон у нисбати Рита беэътиборй нишон медод.

Пас аз холпурсй Рита хохиш кард муддате борхалтаи дугонааш, ки аз деха мехмонй омада буд инчо истад, то онхо бо дастхои сабук ба дигар магозахо харид раванд. Ахмад албатта розигй дод. Сипас Рита аз борхалтаи худаш китоби тарчимаи урусии Дейл Карнеги «Как перестат беспокоится и начат жить»-ро дароз карда, таъкид кард, ки онро бодиккат хонад ва сипас ба корковй барояд, чунки авзоъи бечо ва рухафтодаи уро кордехон дида, чавоби рад медиханд.

Ахмад чизе нагуфта, китобро гирифт ва гуё суратхои онро мекофт, варак зада танхо сарлавхахои бо харфи калон навиштаро мехонд. Рита беахмиятии Ахмадро кайхо пай бурда буд, вале ба хар хол атрофи у мегашт ва умедвор буд, ки рузе мерасаду изхори мухаббат менамояд. Рита ба дугонааш ишора кард, ки мераванд. Сипас вакти хайрухуш дар назди дар Рита бозистод ва ба Ахмад боз таъкид кард: «Ахмед, албатта китобро хон. Он ба ман таъсир карда буд ва аз холати рухафтодагй рахонида буд. Ту хеле хароб шудаи. Бисёр фикр накун хамааш хуб мешавад. Мархилаи сохтмон акнун ки барфхо об шуданд, огоз мешавад ва ту кор меёбй. Худро ба даст гир ва коре карда аз ин вазъ баро. Хайр то дидор.»

Ахмад сар чунбонда, пас аз рафтани у дарро баст. Китобро боз каме варак зад, аммо бо шиками гурусна ба у мутолиаи китоб намефорид. Ба ошпазхона рафт ва токчахоро мекофт то чизе хурдани ёбад. Дар яке аз онхо донахои биринч пайдо кард, ки кадом вакт аз сурохии даридаи халтачаи биринч рехта буданд. Донахоро чида ба дахонаш мебурд ва ба худаш рахмаш меомад, ки ба чи руз расидааст. Ашк беихтиёр аз чашмонаш равон мешуд…

Ин буд «нахории» имрузааш. Не, аниктараш хуроки шоми дируза ба хисоб мерафт.

Пас аз «ношто» ба лаб сигори нимкашидаро, ки дируз аз куттичаи назди даромадгох чамъ карда буд, гузошт. Бо ду «зажигалка», ки яктоаш гулхан медоду дигараш гоз сигорро даргиронд ва суханхои Рита ба гушаш садо медод: «…худро ба даст гир ва коре карда аз ин вазъ баро…».

Ахмад дар наздаш ягона максад гузошта буд. Коре карда рохкиро аз Тоболск то Сурагут, ки хамагй 49 рубли урусй меистод пайдо намояд. Дар Сурагут кайхо писарамакаш ваъда дода буд, ки уро ба мусофирбар шинонда, ба Точикистон мефиристад. Ба Ахмад танхо лозим буд то назди писарамакаш расад. Он солхои 1994-1999, ки гуруснагию кахтй сар то сарии Точикистонро фаро гирифта буд мардикорони точик дар Русия то андозае зиёд шуда буданд ва бекорй авч гирифта буд.

Ахмад сигорро хомуш кард ва чашмаш ба борхалта афтод. Диккати уро куттичаи бо акси суратгираки «Полароид» чалб намуд. Ин суратгираке буд, ки он вактхо бо дархол акс тайёр шуданаш ном бароварда буд.

Боз ба гушаш гапхои Рита садо медод. «Чи бояд кард ва чи тавр аз ин вазъ рахо шавад», меандешид бо худ. Ба сараш хархел фикрхо меомад. Ба у хамагй 50 рубли урусй лозим буд. Нихоят бо карори катъй аз чой чахида хест ва либосхояшро пушида, чомадонашро ба сафар омода кард.

Пас аз муддате у дар вокзали рохи охан нишаста интизори катораи Тоболск-Сургут буд. Аз худаш шарм мекард, ки чи тавр у дуздй кард ва чи тавр ба Ритаю Хамза хиёнат намуд. Оре, Ахмад суратгираки «Полароид»-ро рабуда, ба як озари савдогари бозор 50 рубл фурухт…

Мусофирбар бозистод ва аз пеш садо омад, ки хама шиносномахояшонро гирифта фароянд. Инчо сархади Русия — Казокистон буд. Ахмад китоби Дейл Карнегиро пушида, ба дил аз Рита бахшиш пурсид ва кавл дод, ки рузе мерасаду ин рафторашро ислох хохад кард.





Замоне ки узбак точик мешавад

24 05 2009

Худ ин порчаи видюиро тамошо кунед ва бубинед, ки чй тавр бефаросатию сабуксории як узбак ба номи миллати точик дог ва лаънат меорад. Узбакхо дар кишвари худ ва хатто дар Точикистон ва хатто дар тамоми Осиёи Миёна калонигарй мекунанд. Онхо садхо хазор ва шояд миллионхо точикро дар Узбакистон мачбур карданд, ки дар шиносномаашон калимаи «узбак» навишта шавад. Аммо вакте ки ба Русия мардикор шуданд, дар холати ногуворе афтанд, худро «точик» меноманд. Ин гуна ходиса чандин бор руй додааст.

Холо ин порчаи видюро бинед, ки як мастбачча худро точик муаррифй кардааст:

Хакикаташ ин аст, ки бисёрихо вакте дар сари чиноят ё кори ношоиста ба даст афтанд, аввалтар аз хама худро точик меноманд ва як сабаби дар расонахои ахбори оми Русия асосан ба номи точикон васл шудани бисёр ходисахо аз хамин номардии намояндагони миллатхои хамсояи мо сар мешавад. Шояд сабаб ин будааст, ки дар ибтидо муносибати русхо бо точикон дар Русия хуб буд ва моро хамчун мардуми орому чиддй ва захматкаш мешинохтанд.

Холо хам дар шахру дехоти дурдасти Русия ба точикон назари  нек доранд. Ин ба фикрам боз аз он сабаб хам хаст, ки бисёрихо аз хабархои нохуши чанги Точикистон огоханд ва дилашон ба точикон месузад. Аслан бигирем, бисерии русхое, ки ман вохурдам, одамони хуб ва аз хама мухимаш АДЛПАРВАР хастанд. Дуруст аст, ки майнуширо дуст медоранд, баъзан аз худ мераванд, дар байни онхо нажодпарастони гузаро хам хастанд, вале ман ба сурати умум гуфта истодаам.

Як узбаки дигар дар як видео, ки дар интернет хаст, одати харбозии хаммиллатони худашро низ ба точикон пайваст кардааст. Агар ба чехрааш хубтар нигох кунед, мебинед, ки узбак аст ва дар суханаш хам баъзе калимахои хоси узбакй садо медихад.

Як чизи ачоиби дигараш ин ки то замоне ки Чиммии сурудхонро касе намешинохт, вай точик буд ва бо номи «Таджик Джимми» машхур шуд. Акнун вакте ки машхур гашт, узбакхо дар сайтхои худ батакрор менависанд, ки вай на точик, балки узбак аст ва бояд «Узбек Джимми» номида шавад. Аммо ин бародарон фикр намекунанд, ки чаро вай бо номи точик машхур шуд, сабаб чй буд?

Аз хакикат дур наравем, точикони худамон хам дар рафтору кирдорашон эхтиёт ва фаросат нишон надоданд ва ин хам сабаби костани обруи хамаи мо дар Русия гардидааст. Вале бо вучуди ин ман фикр мекунам, образи Равшану Джамшуд на аз руи мо, точикон, балки аз руи бисёре аз рафтору кирдори миллатхои дигар сохта шуда, бадбахтона, ба номи мо часпидааст.





Духтарбозй — манъ!

13 05 2009

22Мо, як бригада, иборат аз 7 нафар якчоя зиндаги мекардем. Аз байнамон Мусоро, ки нисбатан калонсолтар буд ва бо руси бехтар сухан мегуфт, сардор таъин намудем. Вай одами нарм ва демократ буд. Як муддат чунон хама аз худ рафтем, ки бегох пас аз кор, хама ба сайругашту маъшукабози баромада, дар хона хеч кас намемонд.

Мусо ба ин кори бачахо зиддият нишон намедод ва танхо огох мекард, ки боэхтиёт бошанд ва аз хар гуна касалихо худро хифз кунанд. Аммо кор то чое расид, ки бачахои тахчоии рус наздамон «разбор» омаданд, бо бахонае, ки мо аз худ рафтаем ва дар кучаю паскучахо ба маъшукахои онхо гап мепартоем. Бо гуфтушуниди тулони бе чангу чанчол бо бачахо масъаларо хал намудем. Аммо пас аз ин хам сайругашт ва бечогардии бачахо бас нашуд.

Ва нихоят як бегох Мусо аз интернет дар бораи касалихои венерикию СПИД ба онхо муфассал маълумот дода, ба сайру гашт ва «сайду шикор» баромаданро манъ намуд.

Гаштаю баргашта таъкиду вохима мекард, ки 99 дарсади духтархои ин шахрак беморанд.

Вале худаш як-як назди маъшукааш Надя мерафт. Аз байн як хафта гузашт ва як бегох тараддуди назди Надя рафтан дошт, ки яке аз бачахо норозиёна ба гап даромад: — ако, мегуед, ки 99 дарсади духтарон касаланду худатон кариб хар шаб маъшукабозй меравед… — Мусо дархол шухиомез гуфт, ки хамон 1 фоизи сихат маъшукаи ман аст.

Аммо дертар маълум шуд вай дар фикр гутавар назди Надя рафта ва бо бахонае, ки ман ба дигар шахр меравам бо ухайрухуш намудa баргаштааст ва ба сайри худ низ хотима додааст. Пас аз чанд руз бачахо шухиомез байни хам мегуфтанд, ки сафи бемории духтархои шахр аз 99 ба 100 дарсад расидааст…