Защищено: Муллошо ва kinder-surprize

14 04 2014

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:

Реклама




Оему равему боз оему равем

7 03 2012

Хар дафъа аз таасуроти сафар аз Русия ба хона, ё баръакс аз хона ба Русияро менавиштам. Аммо ин дафъа ин лахзахоро ба коми хотир фуру нишонда, ба дигар пахлухои сафар мутаваччех мешавам. Чунки кормандони фурудгохи Хучанд, хамонанд, ки хамон, то гулу гарки порахурй. Чй гуиву, чй нагуй. На одоб, на одамигарй, на инсоф, гуё подабонхоеро оварда хайати гумруку сархадбон гузоштаанд. Аз кумиссияи фитосанитария то даруни хавопаймо худро махбус ва ё худ ЗЕК хаёл мекунй. Аз хар тараф фишорхои равонй «Ъэ бача, ису бист!, Тэ дах сум!, Шуд бра!, Сумката намекобам дах сум те!, Хей, гир ира атдел бар! Магз пагзоша гир! Дах сум те тезтар!, Ку, хамшахр, аз кисат хама чизта бурор! Инаша ман мегирам, чавоб! Шумо хайна вай шашум столба равид (як наханг кисахора шиппонад)..»
Бинобар ин дар ин бора бехтараш хомуш монда, пас аз нишасти хавопаймо дар Русия, киссаро идома медихам.

ПЕШВОЗГИРЙ
Хавопаймои ширкати Сомонэйр ба шахри Красноярск фуруд омад. Хаво 18 дарача хунук буд. Ин хунуки барои мохи январ одати аст.
Нихоят, аз байни пешвозгирандагон, ки рохи баромадро банд карда буданд, бо кашмакашихо Мусо ва акаи Муллошо баромаданд. Мусо аз тудаи одамон канор рафта чомадони вазнинро ба замин гузошта ба гирду атроф чашм давонд. У чехраи шиносро мечуст. Шояд нафаре ба пешвози онхо омада бошад..

Муллошо Мусоро то рузи сафар мутмаин карда буд, ки якчанд нафар хешу табор ба пешвози у хоханд омад. Танхо рузи парвоз гуфт, ки касе ба пешвоз наомаданаш хам мумкин аст. Якеаш серкор шудаасту дигараш аз шахр дур будааст ва гайра хоказо. Чи хеле мегуянд, зимистон хатто гурба дар хона чойро танг менамояд..

Мусо ба телефони дастиаш симкорти махаллии Билайнро гузошту ба акаи Садриддин занг зад. Соат сеи шаб буд. Пас аз якчанд занг нихоят акаи Садриддин гуширо бардошта бо овози хоболуд ало гуфт. Мусо пас аз пурсупос фахмонд, ки у дар фурудгох аст ва нафари пешвозгиранда омада натавонист. Акаи Садриддин ваъда дод, ки пас аз соате хозир хохад шуд.

«АБОНЕНТ НЕ ДОСТУПЕН..»
Мусо акаи Муллошоро таскин дода ва гуфт, ки холо як дусти раштиаш хохад омад. Акаи Муллошо аз Мусо хохиш кард якбор ба чиянаш Мурод занг занад. Мурод яке аз онхое буд, ки бояд ба пешвоз меомад. Муллошо аз кисааш хамрох бо шиносномааш як банд когазхои кату печ бароварда аз байни навиштахо ба ду раками телефон ишора кард, ки ба хардуяш занг занад. Мусо базур ракамхои качу рост навиштаи акаи Муллошоро дар телефон чида занг зад. Аммо дар он тарафи алока садо омад ”Абонент временно недоступен…”. Мусо ба раками дуввум занг зад. Аз инаш бошад садо меомад , ”Аппарат абонента выключен или…” . Мусо бегап гуширо лахзае ба гуши акаи Муллошо дошт, то у худ бовар намояд. Ва телефонро ба кисааш гузошт. Муллошо абрувонашро дархаму бархам кашида гуфт ”Ээ, ин Мурод хеч оимбозиашро напартофт. Нафахмидам ин духтар чи гуфт.. Е ту ракамро нодуруст задй…
Аз афташ хобаст ин Мурод. Мусо, хайр ту хам аз хамон духтар хохиш накарди, ки Муродро бедор кунад..”
Мусо, ки бе ин хам сараш банди ёфтани чои хоб буд, аз хастагии рухй мадори посух додан ба Муллошоро надошт. Танхо дар чавоб «Ха» гуфту монд.





Бардорад зам, набардорад хам зам..

26 09 2011

Дируз барои як дустам, ки азми сафар ба Ватан дорад чиптаи хавопаймо харидем.
Нархи чипта моро ба хайрат овард. Нархи хамаи самтхои Точикистон, Узбакистон, Туркманистон ва Киргизистонро пурсучу кардем. Аз хама чиптаи гарон самти Точикистон буд. Чипта ба шахри Хучанд, ки мохе пеш 8 хазор рубли руси нарх дошт, имруз 14 хазор буд. Ба Душанбе 10 хазор, ки ин хам нисбати дигар чумхурихо гарон аст. Масалан ба шахри Оши Киргизистон 6 хазор рубл, Бишкек 5 хазор, Тошканд 7 хазор.
Ба суол чаро чипта ба самти Точикистон ин кадар гарон аст, чиптафуруш китф дархам заду гуфт, ки фикр намекунам ин гароншави ба нархи сузишворй ё курби доллар рабте дошта бошад ва сабаб шояд аз афзоиши талабот бошад..
Ба хона омада харитаро боз кардам. Фикр кардам, ки наход Точикистон ин кадар дур бошад.
Ё шояд самти Точикистон «падём» бошаду хавопаймо сузишворй бештар мехурад?

Ана гамхории дастандаркорони мо нисбати шахрвандони мухочири худ. Наход то ин дарача Точикистон бесохиб монда бошад, ки нарххо беназоратанд? Дар дасти кист ресмони нархи чиптахои хавопаймо? «Бардорад зам кун..» гуфта, мардумро горат накунед, эй мусулмонон. Ин мухочири бечора бардоштан мегирад, вале зам кардан хам худуде дорад ё на?
Чй мешавад, ки ба самтхои шахрхои Тюмен, Новосибирис, Краснаяр ва Иркаутск хатсайри катора боз намоянд, то мардум интихоби васеъи равуой дошта бошад. Аз дигар чумхурихои хамсоя ибрат гиред. Онхо хеле гамхоранд нисбати шахрвандони худ.





ЖУКИ КОЛОРАДО

31 01 2010

Дируз аз Точикистон боз ба Русия баргаштам. Рости дар андешаи он будам, ки пас аз парвоз матлабе бо танкиди шадид дар бораи пулситонихои гайриконунии фурудгохи шахри Хучанд хохам навишт. Аммо ин тавр нашуд. Хам аз рафтан ва хам аз омадан ягон дирами зиёдатй пора надодаам. Пеш аз сафар дар сайти вароруд хондам, ки хамагй 5 сомону 10 дирам харч бояд шавад. Ду сомонию дах дирам барои назорати фитосанитарй ва се сомонй ба гумрук барои борхалтакобй. Якум назорати фитосанитарй маро пешвоз гирифтанд. Шиносномаамро гирифта 10 сомонй дихед гуфт. Бо нармй ва бе бахсу кашмакаш аз у пурсидам: «бародар, дар кисаам хамин 2 сомону 10 дирам пул мондааст ва дар борхалтаам жуки колорадо надорам ва ягон чизи манъшуда…» Корманди фитосанитария як ачоиб нигох карда, ба яке аз кормандони зердасташ фармон дод борхалтаамро кушоянд. Борхалтаамро кушоданд. Аз хама боло магзу мавизхои модарамдода меистоданд. Ба онхо ишора карда асабона пурсид: «Ина и магзо сертификаташ ку?» Дар ин савол хайрон ва гунахкорона сарамро хам карда «Ака, жук нест ку зато»… 🙂
У дастафшонду шиносномаамро ба дастам дод ва ишора кард, ки равам. Уффф… Аз якумаш гузаштам. Аз чи бошад бозии машхури компутерии «Марио», ки хеле мухлисаш будам ба хотирам омад. Бале, мо мусофирон хама мариочаи алохидае будем, ки аз зина ба зина мегузаштем. Яке бобарор мегузашту яке
бебарор. Инак «бозй» идома дорад, ман дар зинаи дуввум — ГУМРУК. Ду нафар маро кабул карданд. Яке борчомаамро мекофту дигари ба ман саволхо дода когази декларатсиаро пур мекард. Пешаки барои пардохти гумрук се сомонй тайор карда будам, вале аз чи буд, ки пас аз чустучу когази декларатсиаро ба дастам дода чавоб доданд. Сипас барои руйпушкунии борхалта 5 сомон ва когази декларатсиаро ба як корманде назди миз нишаста супорида ба гузаргохи Нуктаи Назорати..(пограничнико) рафтам. Дар инчо ба шиноснома мухр гузошта 10 сомонй талаб карданд. Аз онхо боз ба нармй пурсидам, ки барои чй 10 сомон? Корманд ба суям нигох карду шиносномаро баргардонд ва рухсат дод равам.
Хаминтарик бо харчи 7 сомонй аз хама зинахо гузаштам ва дар хавопаймо нишастам. Аз ду нафар кунчковона пурсон шудам, ки ба кй чанд пул доданд. Чунин чавоб гирифтам:
1. Назорати фитосанитарй — 10 сомон.
2. Гумрук барои кофтукови сумка ва навиштани декларатсия — 10 сомонй
3. Як мизи дигар монда декларатсияхоро мегиранд — 5 сомонй.
4. Барои руйпуш намудани богоч — 5 сомонй.
5. Гузаштан аз нуктаи назорати сархади — 5 сомонй.
Хамаги 35 сомонй хар яктоаш харч кардааст. Онхо харчи маро пурсон шуданд. Гуфтам 7 сомону 10 дирам. Ду нафари дигар, ки дар курсихои пеш нишаста моро мешуниданд ба сухбат хамрох шуда гуфтанд, ки онхо ба хеч кадомаш ягон дирам надодаанд.
Ман бошам мисли кахрамон фахр мекардам, ки шояд дар таърихи фурудгох дар поранадодан рекорд гузошта бошам, вале аз ман гандахояш хам будааст. Аз хама ачоибаш пурсиш дар бораи сертификати магзу мавизхои модарамдодагй буд.
Хулоса хамин, ки ин ё он корманд як бор хавой «фалон сомон» мегуяд. Ва яке фавран медихад, дуввумй сабабчуй мекунад ва сеюмй бо гилаву илтимос ягон дирам намедихад.
Хайр, хонандагони азиз ман рафтам ба телефонам пул гузошта аз сихату саломат ба Русия расиданамро ба модар хабар дихам ва хатман шикоят хохам кард, ки чаро аз хосили мевахои хона магзу мавизхоро додеду сертификаташро не..? 🙂