Бозихои бузург ва мухочири кучак

13 11 2014

Поенравии қурби рубли урусӣ барои бархе тоҷирону «спекулянт»-ҳо падидаи хуб бошад, аммо ба ҳамени мардикороне, ки дар Русия кор мекунанд зарбаи шадид зад.

Як дӯсти муҳоҷирам моҳе пеш аз бонки тоҷикистонӣ се ҳазор доллари ИМА қарз гирифта ба камбудиҳои хонааш сафарбар намуда ба Русия омад. Ӯ умед дошт дар давоми се моҳ аз қарз мебарояд. Чунки он вақт 3000 доллар баробари 90-96 ҳазор рубл буд. Акнун ки 3000 доллар баробар ба 140-145 шуд ӯ маоши наздик ба панҷ моҳашро бояд ба бонк супорад.

Шиноси дигарам дар як бонки Русия суратҳисобе кушода маоши қариб яксолинаашро онҷо захира намуд. Умедвор буд охири мавсими кор он захираашро ҳамроҳи фоидаи аз фоиз ба даст омада гирифта ба хона бармегардад. Аммо ба ҷои фоида – зарар..

Муҳоҷири дигаре музди корашро ки он вақт баробар ба ҳазор доллар буд ба рафиқаш қарз дода ба Тоҷикистон баргашт. Акнун ба ҷои ҳазор доллар 650 доллар мегирад.

Дирӯз як рафиқамро дидам. Ӯ дар Тоҷикистон корҳояш бад набуданд. Он ҷо дар сохтмон кор карда рӯзе сад сомон мегирифт. Онро кам пиндошта ба Русия омад. Акнун дар инҷо низ рӯзи кориаш баробар ба сад сомон. Фарқ дар он ки онҷо бегоҳ назди фарзандонаш буду инҷо не. Онҷо бегоҳ таоми бомеҳр пухтаи ҳамсарашро мехӯрду инҷо «доширак»-и «бомеҳр» сохтаи чиниҳоро.

Устои боҳунаре, ки ҳамроҳ кор мекунем сарашро дошта аз нарху навои акнун арзони кор сухан мегӯяд. Ӯ дар Хуҷанд низ ба сохтмон машғул будааст. Дар Хуҷанд нархҳои кор бо доллар нархгузорӣ мешудаанду инҷо бо рубл. Ва акнун ӯ низ ба Ватан баргаштанро авлотар медонад.

Реклама




Мардикорон, аз чайби худ бохабар бошед…

7 07 2011

Иваз намудани чои кор сабаб мегардад, ки бо нафарони нав ба нав шинос шуда, аз саргузашти хандаовар ва ё гамангези онхо бохабар мешавам. Рузи дуввум аст, ки борон беист меборад. Хама дар интизори бозмондани борон дар хаймачае нишастаем. Садои мусикй низ ба гушхо дигар намефорад. Онро хомуш намуда, ҳар яке порчае аз ҳаёти худро дар Русия нақл мекард. Дилшод ном ҷавоне аз ноҳияи Ваҳдат бо нақли худ ҳамаро ба завқ овард.

Солхои 2006-2007, дар даврони президентии Путин у пас аз хатми факултаи хукукшиносй дар Точикистон кор намеёбад ва руй ба мардикорй меорад. Дар Маскав боре уро пулис дар рох боздошта, бо хар бахона мехоханд пул ситонанд. Аммо Дилшод ба онхо пора надода, баръакс хукукдонй мекунад, ки интизори пул нашаванд. Як тин хам намедихад ва агар хоханд уро ба шуъба баранд. Пулисхо кисахои уро кофтукоб намуда, сипас уро ба шуъба мебаранд.

Дар роҳ то шуъба Дилшод охиста кисахояшро мекобад ва дар яке аз онхо як дона тири мусалсали калашникуф меёбад. Охиста онро зери колинчаи мошин пинхон менамояд. Бо расидан ба шуъба уро назди сардор бурда такозо мекунанд, ки хар чизе дар кисааш хаст руи миз гузорад. Дилшод кисахояшро руи миз холй менамояд. Пулисхо тамоми кисахои уро мекобанд. Далелу сабабе барои боздошти у намеёбанд. Маҷбур мешаванд, ки уро рахо кунанд.

Дар назди даромадгохи шуъба яке аз пулисхо мепурсад, ки тирро кучо кард? Дилшод бошад, худро ба нодонӣ зада, роҳи худро идома медиҳад…

Саргузашти Дилшодро шунида, ба хотирам як дустам Искандар омад. Фарк танхо дар он буд, ки Дилшод ҳушёрӣ кард ва дар доми пулис наафтид, вале Искандар бо дастони худ халтачаи маводи мухаддирро аз кисааш бароварда, руи мизи сардори пулис гузошт. Хама дустон якчоя базур шаш хазор доллар пора дода уро рахонидем…





Гумон накунед ман дар таътилам…

7 08 2009

Бародарони хонанда. Хеле вакт шуд, ки чизи наве наменависам, шояд фикр мекунед, ман ба таътил баромадаам ва дар чойи хушобухавое истирохат мекунам.

Афсус, ин фикри шумо дуруст нест, зеро мардикор таътилу истрохат надорад. Танхо замоне ки ба ватанаш меравад ва чанд хафта наздик фарзандонаш мебошад, бузургтарин истирохати уст. Дигар хама вакт — кор ё чустусуи кор.

Сабаби сукути ман дар он аст, ки чанд вакт дар чустучуи кор будам ва нихоят кори хурде ёфтам, ки дар як дехаи дурдаст аст ва ин чо интернет хам несту мавчи телефони хамрох ба ин чо намерасад.

Холо дар хакикат фахмидам, ки бухрони сахте хама чои Русияро фаро гирифтааст, зеро дар шахру шахракхо кор ёфтан кариб, ки номумкин аст.

Он дастае ки мо будему хамрох мезистем ва кор мекардем, кайхо пароканда шуда рафт. Як давраи ширине буд. Холо — давраи талх. Бухрон. Кори кампул ва дехаи дурдаст. Худо кунад, то вакте ки инро тамом мекунам, чойи дигаре кори бехтаре пайдо шавад.

Хулоса, таътил нестам, хар руз чанд филисе барои бачахоям кор мекунам ва орзу дорам, бухрон зудтар тамом шавад.





Защищено: «Подстава» ва такдири талх

16 05 2009

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль: