«Кӯмак»-и ҳаммиллат

2 11 2018

Зимистон ҳам наздик омад. Рӯзҳо кӯтоҳ ва шабҳо дароз шуданд. Бахусус дар ин шаҳри шимолии Русия – Петербурҷ равшании рӯз ҳамагӣ 5-6 соат давом мекунад. Соати 9 то 10 равшан мешавад ва 16 то 17 торик. Осмон хокистарранги дилгиркунанда.

Шаб ҳарорат аз сифр паст шуд. Саҳарӣ вақте Дилшод аз хона баромад пай бурд, ки шак задааст. Заминро донаҳои хурди шабнами яхбаста ноаён пӯшонида буд. Дилшод ба худ андешид, ки бояд чархҳои худравашро аз тобистонӣ ба зимистонӣ иваз намояд. Кайҳо чунин нақша дошт, аммо маблағи зарурӣ ҷамъ намешуд. Мушкилиҳо паи ҳам ба сараш меомаданд. Тӯли ним сол кам-кам аз маошаш захира карда, худрави «Опел Вектра» харид. Акнун ӯ умедвор аст, ки аз кори сохтмон озод шуда, бо кирокашӣ зиндагиашро пеш мебарад.

Дилшод худравашро ба кор андохт. Пас аз гарм шудани муҳаррик ба роҳ баромад. Дилшод одатан дар назди истгоҳи метрои «Ломоносуф» истода мунтазири занги муштариён мешуд. Кӯчаҳои сермошини Петербурҷ лағжон шуда буданд. Ба чорроҳаи самти пули Володарский ва кӯчаи Бабушкина наздик шуд. Чароғак аз сабз ба зард гузашт. Дилшод метавонист чорроҳаро гузарад. Вале пиёдагарде интизори пурра сабз шудани чароғак нашуда, роҳро убур кардани шуд. Дилшод суръатро паст карда истод. Дар ин вақт садои баланди «тақ!» баромаду сараш ба пушт таккон хӯрд ва телефонаш, ки паҳлӯи чанбарак гузошта буд, парида ба нишастгоҳи пушт бархӯрд. Пиёдагард агар ҳушёрӣ карда, намегурехт зери худрав мемонд.

Дилшод бо азоб дарро кушода аз худрав берун баромад. Худравашро аз пушт худрави дигаре зада буд. Он худрав ба маротиб намуди қиматтари «Тойотаи Ленд крузер» ва нав буд. Чароғҳои пешаш шикаста буданд. Ронандаи «тойота» низ берун шуд. Аз дари дигараш боз як ҷавони дигаре берун шуд. Ҳарду ҷавонони қоматбаланд ва девпайкар буданд. Назар ба худрави онҳо худрави Дилшод зарари бештар гирифта буд. Шишаи пушт рехта, чароғакҳо шикаста ва қариб ним метр пушти худраваш ба дарун пачақ шуда буд.
Ронандаи «тойота» пас аз муоинаи бархӯрд ба Дилшод гуфт: — Чаро таъҷилан истоди? Охир чароғак зард буд, метавонистӣ гузарӣ ва ман низ онро убур мекардам.
Дилшод посух дод: — Бале, метавонистам. Аммо пиёдагарде ба убур кардани роҳ сар кард. Тарсидам ӯро пахш накунам.

Рафиқи ронандаи «тойота» ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд: — Ту чӣ, ғайрирус ҳастӣ?! Кист миллатат?!
Дилшод: — тоҷик ҳастам.
Ронандаи «тойота»: — Хуш, чӣ кор мекунем, тоҷик? Роҳро банд карда наистем. Ба дигар нақлиёт халал надиҳем. Айби худат шуд. Худрави ман низ зарар дид. Аз гуноҳат мегузарем. Шин бирав, мо низ рафтем.
Дилшод: — Чӣ хел айби ман? Шумо аз пас задед-ку. Пулис ва агенти суғуртаро интизор мешавем.
Роҳи бе ин ҳам сермошин дар як дам тамба шуд. Як худраве «Лада 2109» бо шишаҳои сиёҳ дар назди онҳо истод ва ронандаи он ҷавоне ғайрирус аз тиреза ба онҳо нигоҳ мекард. Сипас пурсид: — Бародар, тоҷик ҳастӣ?
-Ҳо. — посух дод Дилшод.
Он ҷавон аз худраваш берун омада гуфт:
— Чӣ мегӯянд ин каллазардҳо? Парво накун, айби инҳо аст. Мисли «шкаф» бошанд ҳам ҳозир ҳардуша мешиканам.
Дилшод хавотиромез гуфт: — Не, бародар, мувофиқи қонун ҳал кардан даркор.
Ҷавони тоҷик бархӯрди худравҳоро назар карда, ба ронандаи «тойота» гуфт: — Сад дар сад айби ту ҳаст! Чӣ баҳс мекунӣ!? Ин бечора барои барқарор намудани худраваш пули як худрави дигар харҷ мекунад. Сахт зиён дидааст.
Рафиқи худрави «тойота» ба он ҷавони тоҷик гуфт: — Ту кистӣ? Бинӣ нахалон! Рав ба роҳат! Мо худамон байни худ ҳал мекунем.

Дилшод ба ин ҳаммиллаташ, ки гарчанде қадпастаки хароб буд ва ба онҳо нотарсида дағал гап мезад, гуфт: — Бародар, мон бо онҳо баҳс накун. Ман ҳоло занг мезанам полис меояд.
Ҷавони тоҷик ба гапҳои Дилшод эътибор надода, ба рафиқи ронандаи «тойота» гуфт: — Чӣ хел ман кистам? Ин бародари ман аст! Ба ман бо ин навъ гап назан!
Ронандаи «тойота» фашшас кунон ба назди ҷавони тоҷик омад ва бо лаҳни дурушт гуфт: — Эй пакана! Дафъ шав аз назарам вагарна ….
Ронандаи «тойота» суханашро то охир натавонист гӯяд. Се бор садои «пақ-пақ»-и задани мушт баромаду ҳам ронандаи «тойота» ва ҳам рафиқи ӯ дар замин хоб буданд. Дилшод дар ҳайрат буд, ки дар як лаҳзачаи ду-се сония ин ҷавони қадпасти хароби тоҷик ду девро аз пой афтонд. Сипас ҷавони тоҷик рафта ба худраваш нишасту рафт. Дилшод аз пасаш «эй бародар, исто акнун ҳамроҳам то охир…» Аммо ӯ даст бардошту рафт.

Ронандаи «тойота» аз ҷояш хесту лабони хунолудашро пок карда ба тарафи Дилшод омад. Рафиқи ронандаи «тойота» хеста дар ҷояш нишаста буду ҳайрон-ҳайрон ба гирду атроф менигарист. Меандешид, ки ӯ кай аз хоб хест, инҷо куҷост, инҷо чӣ кор мекунад, чаро ба замини хунуку чиркин нишастааст.

Дилшод ба ақиб қадам монда аз ронандаи «тойота» худро дур мегирифт. Ронандаи «тойота» ҳамоно ӯро таъкиб карда пурсид: — Кӣ буд ӯ? Бародарат? Куҷо рафт? Куҷо зиндагӣ мекунад?

Дилшод ба пас қадам монда атрофи худравҳо чарх мезад. Ӯ посух дод, кӣ намешиносад ӯро. Рафиқи ронандаи «тойота» аз ҷой хеста буд. Ӯ шояд ба саволҳояш посух ёфта буд. Акнун Дилшод дар муҳосира афтида буд.

Дардҳои ҷонкоҳе ҳис кард. Чашмонашро пӯшида сарашро бо дастонаш бо мақсади муҳофизат дошт.
Дард гузашт. Он дарди ҷонкоҳ.

Чашмонашро кушод. Як чашмаш нимбоз буду, чашми дигараш аз варами зиёд пӯшида. Аммо ӯ бемалол ҳамачиро медид. Модарашро, хоҳаронашро. Аз шодӣ хост хандида онҳоро ба оғӯш гирад. Аммо онҳо ба ӯ нигариста нола мекарданд. Хост дод зада, аз ҷояш бархезад ва гӯяд «Чӣ ба фикратон ман мурдаам? Ман намурдаам! Охир ҳанӯз ҷавонам!». Каме дуртар падарашро дид, ки асо бар даст оби дидаашро бо дастрӯймоле пок мекард. Бо як қадам худро дар назди падар дарёфт. Хост ба падараш чизе гӯяд, аммо ин қадар зуд ба назди падараш расиданаш ӯро дар ҳайрат гузошт. Баргашта боз ба модару хоҳаронаш нигарист. Ва ногаҳон худашро дид! Ин ӯ буд рӯи курпачаҳои тозаву озода хобида. Манаҳаш бо докаи сафед баста. Як чашмаш каме боз, дигараш аз варами зиёд пӯшида.

Реклама




Музаффар ва «даркушоякон»

20 07 2015

Музаффар, пас аз он ки қурби рубли русӣ поён рафт ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Русия мушкилтар шуд, ба қарор омад дар Тоҷикистон кор ёфта, ба сомонӣ қаноат намояд. Барои ин аз токча дипломҳои чандин сол бекорхобидаашро пайдо кард. Онҳоро пафу-пуф карда аз чанг тоза намуд ва ба ҷӯстуҷӯи кор баромад. Гарчанде, ки ӯ солҳои охир дар сохтмон кор мекард, пайваста аз навигариҳои ихтисосаш ба худомӯзӣ машғул буд. Аммо муҳоҷират ӯро ба он расонд, ки аз соҳаи худ дур гашт ва донишу малакааш аз ҷавонони насли нав қафо монда буд. Музаффар аз рӯи ихтисоси муҳандис-иқтисодчӣ Донишгоҳи Давлатии ба номи Бобоҷон Ғафуровро хатм намуда буд. Ӯ ният кард барои сайқал додани малакаю таҷрибаи худ маҳз дар соҳаи роёна кор ёбад. Аз байн як моҳ нагузашта кори мувофиқи таъбашро ёфт. Вазифаи ӯ гардонандагии торнамои як ширкати хориҷӣ буд. Рӯзи дароз аз интернети бепул истифода бурда «чарида» мегашт.

Боре чашмаш ба торнамои Блогистон афтид, ки онҷо оиди аз тарафи ташкилотҳои байнанхалқӣ таҳти лоиҳаи «Ҳукумати электронӣ» ба ҳамаи ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ройгон торнамо (сайт) сохта додан навишта шуда буд. Муаллифи мақола, блогнавис Рустам Гулов дар поёни мақола оварда буд, ки аз 18 торнамоҳои вилояти Суғд ҳамагӣ 4-тоаш фаъол буданду халос. Ба сари Музаффар як фикр зад ва пагоҳаш роҳи ҳукумати ноҳияро пеш гирифт. Ӯ хеле мехост торнамои зодгоҳаш низ дар қатори дигар торнамоҳо фаъол бошаду аз худ дарак дода истад, ба воситаи он арзу шикоятҳои мардум ба мақомот расад ва умуман дар бораи фаъолияти раиси ноҳия мардум хабардор шуда истад.

Рӯзи қабули шахрвандон буд. Дар даромадгоҳи бинои ҳукумат ҷавоне фарбеҳак тахминан 20-25 сола менишаст, ки шаҳрвандонро ба қайд мегирифт ва бо кадом масъала омадани онҳоро низ сабт мекард. Ӯ шармгин метофт ва аз садои пасту шармгиниаш маълум буд, ба қарибӣ ба ин курсӣ нишастааст. Бисёр ҷавонони деҳа дар орзуи ба мақомот кор даромадан буданд. Баъзеҳо ҳатто омода буданд бо маоши 200-300 сомонӣ солҳо «даркушояк»-и раиси ноҳия шаванд. Онҳоро бародар ё падарашон аз ҷиҳати молӣ кумак карда, маслиҳат медоданд, ки бо дили гарму нарм дарҳоро кушодаю пӯшида гардад, то як рӯз не як рӯз «сабзида» болотар баромадан гирад. Ин ҷавон низ шояд бақарибӣ дастаҳои дарро ба дигаре гузошта, дар назди дарҳо менишастагӣ шудааст.

Пеш аз ӯ мӯйсафеде гуфт, ки мехоҳад дар бораи табобат аз дарди пойҳояш аз раиси ноҳия кӯмак пурсад. Пас аз пирамард ҷавони собиқ «даркушояк» аз ному насаб ва сабаби ташрифи Музаффар пурсон шуд. Вақте Музаффар гуфт, ки мехоҳад оиди торнамои ноҳия бо раис гап занад, он ҷавон ҳайрон-ҳайрон нигоҳ карду сипас ба коғаз «шабакаи интернет» навишту монд.

Дар навбат 4-5 нафар меистоданд, ки ҳамаашон солхӯрда ба назар мерасиданд. Инак навбат ба Музаффар расид. Аз паси дар як нафар, ки кораш боз ҳамон даркушоӣ буд сар берун карда, Музаффарро даъват намуд. Аммо ин «даркушояк»-одӣ набуд. Ба синну соли ҷавониаш нигоҳ накарда аллакай мисли мардони 40-50 сола, ё худ занҳои ҳомила шикамчадор буд. Қошҳои ба ҳам пайвастаи сиёҳу ғафс-ғафс бо сохти шикамчааш ҷӯр буданд. Музаффар ба маҷлисгоҳ даромад. Маҷлисгоҳ пур аз кормандони ҳукумат буд ва дар марказ, дар алоҳидагӣ нафаре менишаст, ки аз раис будани худ дарак медод. Одами паканаи бадқавоқ бо нигоҳи нодӯстона Музаффарро пешвоз гирифт. Музаффар каме даступо хӯрд. Лаҳзае худро дар дарбори амири Бухоро ҳис кард. Ё не, аниқтараш ба қабулгохи як диктатори давлати монархӣ шабеҳ буд.

Кам иттифоқ меафтид, ки ҷавоне ба қабули раиси ноҳия ояд. Чунки одатан ба «қабул» одамони солхӯрда ва калонсол меоянд. Аз ин буд, ки бо дидани як ҷавон аҳли маҷлисгоҳ дар интизоре, ки ӯ чӣ хоҳад гуфт бодиққат менигаристанд.

Музаффар базӯр худро ба даст гирифта, ба сухан даромад:
— Салому алейкум. Чанд сол пеш як ташкилоти байнанхалқӣ ҳамчун кӯмак, тибқи лоиҳаи ҳукумати электронӣ ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон торнамо, яъне сайт сохта дод. Аз он сайтҳо имрӯз ҳамагӣ 3-4 тоаш фаъолият мекунанду халос. Аз ҷумла сайти ноҳияи мо низ боре мавод нагузошт ва ҳоло тамоман фаъолият надорад. Ҷаноби раис, агар Шумо ба ин масъала мусоидат намуда, ҳаққи ширкати мобилии Бабилон, барои хостингу домен пардохт намоед, гардонандагии онро чанд муддат ройгон ва бемузд банда ба зимма мегирам.

Раис дар ҷавоб гуфт: — Чанд пул даркор барои Бабилон?
— Аниқ намедонам. Ин масъаларо бо Бабилон маслиҳат кардан даркор. Тахминан ҳудуди 500 сомонӣ дар як сол аст. – ба суоли раис ҷавоб дод Музаффар.

Раис бо абрӯҳои овезену лаби каҷи норизоёна ва бо ишораи дасташ ба як муовинаш фармон дод, ки бо Музаффар дар алоҳидагӣ гуфтугузор намояд. Муовини раис бо Музаффар аз маҷлисгоҳ берун шуданд. Муовин як марди тахминан 50 сола бо муйлабу мӯйҳои сафедидамида буд. Дар роҳрави беруни маҷлисгоҳ муовин гуфт: — Канӣ якбори дигар гап зан, ки чизеро нафаҳмидам.

Музаффар бори дигар гапро сар кард. Ҳанӯз суханашро ба охир нарасонида, муовини раис гуфт:
— Исто, исто. Ҳамин ҷо ист, ҳозир меоям.
Аз байн муддате нагузашта муовини раис бо он даркушояки қошсиёҳ ва боз як ҷавони дигар омаданд. Ҷавони дигар ба қавли русҳо «шустряк» метофт. Чашмонаш ва ҳолати ноороме дошт. Мехост аввалин шуда муамморо пай барад ва аввалин шуда онро ҳал намояд. Саросемавор чизе мегуфт, ки муовин сухани ӯро бурида гуфт:

— Ман нафаҳмидам, ки ту чӣ мегӯӣ, барои ҳамин ин ҷавонҳоро овардам, то онҳо мақсадатро фаҳманд. Акнун, якбори дигар аз аввалаш сар кун.

Музаффар хандаашро базӯр дошта, гапро аз аввалаш сар кард. Ин дафъа низ гапам тамом нашуда, ҷавони «даркушояк» гуфт:
— Биёед назди котиби раис дароем. У ин гапҳоро хубтар мефаҳмад.

Ҳамакаса ба ҳуҷрае даромаданд, ки онҷо боз як ҷавони дигаре менишаст. Пас аз салом муовини раис ҷавонро ба Музаффар ҳамчун котиби раис муаррифӣ карду гуфт:
-Акнун, боз якбори дигар аз аввали аввалаш сар кун.

Музаффар табассум карду гапро сар кард. Инбор кӯшиш кард терминҳоро камтар истифода барад ва возеҳу равшантар фикрашро иброз намояд. Гапамро тамом карду ҳама хомӯш буд. Хомӯшӣ барзиёд давом кард. Ҳама ба Музаффар нигариста интизор доштанд, ки боз чизе бигӯяд. Музаффар лаҳзае дар гуфтаҳояш шак кард. Зуд дар сараш варақгардон кард, то мабодо ягон гапаш ногуфта намонда бошад. Сипас «бо ҳамин тамом» гуфта, интизори андешаҳои онҳо шуд. Котиб хандида гуфт:

-Баъд чӣ? Баъд чӣ фоида мегирем? 500 сомонии пардохткарда кай ва чанд сомонӣ фоида меорад?

Музаффар дар ҳолати ногувор монда чӣ гуфтанашро надонист. Фикрҳое мисли «Шояд ӯ дуруст мегӯяд? Ин ахмақони дунё аз «Ҳукумати электронӣ»-ю сайтбозӣ чӣ фоида мегиранд?» ба сараш мезаданд. Ба саволи котиб ҳанӯз ҷавоб наёфта, ҷавони «шустряк» гуфт:
— Чӣ хел барои як сайт 500 сомонӣ додан даркор будааст? Мана ман ҳам сайт дорам. Имрӯзҳо ҳама сайт дорад. Ягон тин намедиҳем ку. Фақат мегабайти интернет харида, то тамом шуданаша дар сайт гаштан мегирем.

Музаффар пай бурд, ки ӯ сайт гуфта саҳифа дар «Одноклассник»-ро дар назар дорад. Табассум карду пурсид:
— Сайт дар «Одноклассник»? Бубахшед, вай сайт не, вай саҳифа аст. Саҳифа дар сайти «Одноклассник». Озодӣ нуқта те ҷе, президент нуқта те ҷе, азияплюс нуқта те ҷе, суғд нуқта те ҷе, хуҷанд нуқта те ҷе-ро шунидаед? Ин ҳам мисли ҳамонҳо. Шумо фақат ҳаққи бабилонро медиҳед. Баъд хадамоти матбуоти ҳукумат мавод омода мекунаду ман онҳоро дар торнамо мегузорам. Яъне тамоми дунё метавонад бохабар шавад, ки раиси ноҳия ба чӣ кор машғуласт, дар ноҳия кадом корҳо ба иҷро расида истодааст. Ин обрӯи ноҳия ва обрӯи ҳукумату раиси ноҳия метавонад бошад. – Дар ин вақт суханашро ҷавони «даркушояк»-и қошсиёҳ бурида, гуфт:

— Гуш кунед, ако, охир дар ноҳия антени бабилон суст аст…

— Бародар, антени бабилон ба сайт дахл надорад. Ба торнамо метавон тарики дигар симкартхо низ даромад. – Музаффар хандаашро базӯр дошта, фахмонданӣ шуд.
Ҷавони «шустряк» сухани ҳамкорашро бурида, гуфт:

— Истед, ки дар дастгоҳи президент ҳам сайти моро хонда метавонанд?
— Дар тамоми дунё! Дар ҳар ҷое ки интернет ҳаст. – ҷавоб дод Музаффар.
Муовин сарашро хорида гуфт:
-Фикри хуб. Дар бораи маъракаи ниҳолшинонӣ навиштан мумкин.
Котиби раис ба сухан даромада гуфт:

— Дар бюҷет пул нест. Намедонам раис розӣ мешуда бошанд, ё не. Лекин хабарҳоро ҳам худатон менависед.
Музаффар дигар маҷоли хандаашро фурӯ бурдан надошт. Худро аз асри 21 ба асри санг меҳмонирафта мепиндошт. Ӯ гуфт:

-Бародар, ман барномасоз, мутахассиси компютерӣ. Ман журналист не. Шумо бояд хабарнигоре дошта бошед, ки маводро омода карда, ба воситаи почтаи электронӣ фиристад ва ман танҳо онҳоро дар торнамо ҷой ба ҷой намоям. Ва ин хидматам бепул. Кадом ахмақ чунин пешниҳод мекунад?
Котиб гуфт:

— Ин тавр бошад, шумо як мактубу дархост нависед, чунки бедархост пул ҷудо карда намешавад.
Котиб кӯшиш мекард, худро ҷиддӣ ва доно нишон диҳад. Ба ҳар ҳол маълум буд, ки фармондиҳӣ ба ӯ писанд аст.
Музаффар аз ин суол ҳайрон шуда, пурсид:
-Боз чӣ хел мактубу дархост?
Котиб: — Як мактуб аз Бабилон ва дархост дар бораи сайт.

Музаффар: — Бародар, ман намояндаи Бабилон не, мефаҳмед? Масалан, шумо ба телефонии дастиатон худатон пул мемонед, ё бо мактуби хаттии Тселу Бабилон? Дархости чӣ нафаҳмидам?..
Котиб: — Хайр бабилонро монед. Пул ҷудо шавад худатон бурда ба Бабилон медиҳед. Дархост нависед. Ман матнашро мегӯям шумо варақу қалам гирифта нависед.
Музаффар: — Канӣ матнашро якбор гӯед.

Котиб: — Ба раиси ноҳия. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои ба ширкати бабилон 500 сомонӣ пардохт намудан ва сайти ноҳияро фаъол намудан мусоидат намоед.

Музаффар дигар намедонист бихандад ё бигиряд. Аз авзоъаш маълум буд, ки торҳои асабаш мисли тори дутор таранг шуданд. Нав фикрашро «луқма карда» партофтанӣ буд, ки ҷавони «шустряк» гуфт:
— 500 сомон? Э ман одноклассник бепул медароям-ку.

Муовин бошад илова кард: — Якбор назди навбатдоре, ки дар даромадгоҳ мешинад рафта аз аввали аввалаш ба ӯ гуфтан даркор, шояд ӯ фаҳмад..
Музаффар, тоқат накарда гуфт:
— Бародарон, мана ин рақами телефонам. Агар мабодо лозим шавам занг занед.
Дигар ба қафояш нигоҳ накарда, аз бинои ҳукумати ноҳия баромада рафт. Вақти аз дар баромадан ба гӯшаш садои ҷавони «даркушояк» мерасид, ки мегуфт, «Бефоида. Дар инҷо «антен»-и Бабилон суст аст.»





Защищено: Зулмоти поёни шаби сиёҳ (қисми 9 — поёни достон)

21 02 2015

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:





Защищено: Чил муъҷизаи Тоҷикистон

2 02 2015

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:





Бозихои бузург ва мухочири кучак

13 11 2014

Поенравии қурби рубли урусӣ барои бархе тоҷирону «спекулянт»-ҳо падидаи хуб бошад, аммо ба ҳамени мардикороне, ки дар Русия кор мекунанд зарбаи шадид зад.

Як дӯсти муҳоҷирам моҳе пеш аз бонки тоҷикистонӣ се ҳазор доллари ИМА қарз гирифта ба камбудиҳои хонааш сафарбар намуда ба Русия омад. Ӯ умед дошт дар давоми се моҳ аз қарз мебарояд. Чунки он вақт 3000 доллар баробари 90-96 ҳазор рубл буд. Акнун ки 3000 доллар баробар ба 140-145 шуд ӯ маоши наздик ба панҷ моҳашро бояд ба бонк супорад.

Шиноси дигарам дар як бонки Русия суратҳисобе кушода маоши қариб яксолинаашро онҷо захира намуд. Умедвор буд охири мавсими кор он захираашро ҳамроҳи фоидаи аз фоиз ба даст омада гирифта ба хона бармегардад. Аммо ба ҷои фоида – зарар..

Муҳоҷири дигаре музди корашро ки он вақт баробар ба ҳазор доллар буд ба рафиқаш қарз дода ба Тоҷикистон баргашт. Акнун ба ҷои ҳазор доллар 650 доллар мегирад.

Дирӯз як рафиқамро дидам. Ӯ дар Тоҷикистон корҳояш бад набуданд. Он ҷо дар сохтмон кор карда рӯзе сад сомон мегирифт. Онро кам пиндошта ба Русия омад. Акнун дар инҷо низ рӯзи кориаш баробар ба сад сомон. Фарқ дар он ки онҷо бегоҳ назди фарзандонаш буду инҷо не. Онҷо бегоҳ таоми бомеҳр пухтаи ҳамсарашро мехӯрду инҷо «доширак»-и «бомеҳр» сохтаи чиниҳоро.

Устои боҳунаре, ки ҳамроҳ кор мекунем сарашро дошта аз нарху навои акнун арзони кор сухан мегӯяд. Ӯ дар Хуҷанд низ ба сохтмон машғул будааст. Дар Хуҷанд нархҳои кор бо доллар нархгузорӣ мешудаанду инҷо бо рубл. Ва акнун ӯ низ ба Ватан баргаштанро авлотар медонад.





Защищено: Барномасозй, сиёсат ва алгоритми «ERROR»-дода

17 06 2013

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:





Муллошо — пайкараи муҳоҷири тоҷик

20 07 2011

— … чуноне мегӯянд, ангушташро бибурӣ ҳам хун нахохад омад. Ин гапро дар васфи шумо гуфтаанд, акаи Муллошо, — гуфта, Мӯсо, ки даст ба пушт аз ин тарафи хона ба он тарафи хона қадам зада, нигоҳаш гоҳ ба ин тирезаву, гоҳ ба он тиреза бармехӯрд.

— Ҳа, боз «Ҳотами той» гуфтаанд, «Муллошои той» нагуфтаанд. «Мӯсои той» мегуфтаанд ҳам мешудааст. — Чашм аз маҷаллаи пур аз суратҳои ранга наканда, ғурунгос зад Муллошо.

— Хайр, дар ҳамин фолат кӯмак накунед, пас шумо чӣ хелӣ ҳамшаҳрӣ ҳастед? Ман аз ҳар касу нокас қарз намепурсам ку. Дилам кашиду аз шумо пурсидам. Агар медонистам, ки шумо ин кадар хасис ҳастеду суханам мешиканад…

— Эээ, Мӯсоҷон, надорам! Мефаҳмӣ? Агар бошад, наход надиҳам? Дар кисаам дусад сӯм мондааст, ки сад сӯмашро дар телефон мегузорам, — ба кадоме аз суратҳои ранга нигоҳ фурӯ бурда, сар набардошта, сухани Мӯсоро бурида, гуфт Муллошо.

— Чӣ хел надоред? Дирӯзакак Валерий Андреевич ҳаққи корро дода буд-ку, — аз қадамзании беҳуда бозистода, рост ба акои Муллоши нигариста, гуфт Мӯсо.

— Панҷсад сӯмашро нигоҳ дошта, як ҳазорашро зуд ба хона фиристодам, — сар аз маҷалла  бардошта гуфт Муллошо ва ангушти ишоратиашро ба лабаш тар карда, сафҳаи дигарро боз кард. Мӯсо бо чеҳраи пур аз ифодаи ҳайрат болои сари Муллошо хам шуда, бо овози каме пасттар пурсид:

— Ҳамон ҳазор сумакро бо банк фиристодед? Шарм доред-е…

Муллошо сар набардошта, маҷалларо тамошо мекард. Дар саҳифаи нави маҷалла акси рангаи духтари нимбараҳнаро дида, маҷалларо тарафи Мӯсо гардонд ва ба акс ишора карда, гуфт:

— Нигар, Мусо, чи хел зур аст… Ман, Мӯсоҷон, аз тамошои ҳамин маҷаллаҳо чашмонамро об медихам, мисли ту аз пайи зиндаҳояш намедавам ва ба сари пулҳоям об намерезам. Ҳазор сум он тараф истад, боре панҷсад сум ҳам фиристода будам. Барои чӣ шарм медорам? Он вақт шарм хоҳам дошт, ки бачаҳоям дар Тоҷикистон гурусна монанд. Ман дар ин ҷо ягон зарра парвои худам надорам. То охирин тангаи кисаамро ба ватан хоҳам фиристод. Ба ту ҳам насиҳат ҳамин, ки аз паси духтарҳо камтар давида… — дар ин пайти сухан Мӯсо, ки тобу тоқати насиҳатҳои Муллошоро надошт, даст афшонда, баланд хитобид:

— Офарин, офариннн! Дирӯз дар куҷое хондам, ки ҳайкали муҳоҷири мехнатиро гузоштанианд, барои ба ватани қашшоқ пулфиристиаш. Ба онҳо пешниход хоҳам кард, ки ҳайкали шуморо гузоранд. Касеро, ки якпаҳлз задаву маҷаллаҳои эротикӣ тамошо мекунад… — Мӯсо инро гуфт ва аз хона бадар шуд.

Муллошо аз паси ӯ бо завқ хандида гуфт: — Бигу «мастерок»-и лойзаниамро фаромӯш накунанд…