Мубориза барои мансаб

28 08 2015

Тобистони соли 2015. Дар Тоҷикистон шахсиятпарастӣ ба авҷаш расида буд. Дар ҳукумат кор кардан як фахр шуд, гарчанде, ки маошаш ночиз буд. Аммо ба ҳамагон маълум буд, ки кормандони ҳукуматӣ бо изофанависиву ғорати буҷаи кишвар даромадҳои чапу иловагӣ доштанд. Ғайр аз ин хурдтарин мансаб дар мақомот ба кас гӯё як навъ обрӯ медод ва ба воситаи шиносу шиносбозӣ дилхоҳ ҳуччатгузориро дар дилхоҳ идора барояшон осон мекард.
Идораи шиносномадиҳии як ноҳия. Инҷо пас аз нисфирӯзӣ он қадар серодам набуд. Одилбердӣ Эшматов дар даст бастаи ҳуҷҷатҳо ба назди раиси шӯъба даромад. Раис як марди тахминан 50 сола, бо шиками бузургҷусса ва гардани равғании ғафс сарашро хам карда, аз болои айнакҳои булӯрини дар чашмаш буда, ба Эшматов нигоҳ кард. Баробари дидани ӯ «ээ биёянд, биёянд..»-гӯён аз ҷояш бархост. Эшматов бо ишораи «аз ҷоятон нахезед» қадамзаниашро тезтар намуда, ба назди раис омад ва даст дароз карда салом карданд. Раис «марҳамат, марҳамат шинед, хушомадед!» гуфта Эшматовро ба нишастан ишора намуд. Эшматов ба се курсии дар рӯбарӯи мизи раисбуда, нигариста, пас аз каме фикр ба курсии миёна нишаста гуфт: — Канӣ, раисбобо, омин! Қадам расад бало нарасад, овло акбар!- ва ду дудаста омин карданд.
Пас аз пурсупос аз саломатию кору бор Эшматов риштаи суханро ба мавзӯъ кашида гуфт:
-Раисбобо, ману шумо бегона не, кайҳост шиносему дӯстӣ дорем. Боз дар оянда нақшаҳоям бобарор шавад, ман ба шумо ёрдам карда меистам. Гап дар сари он ки дар ҳукумати вилоят як «кресло» холӣ шуд. Фотеҳзодаро «павишени» гуфта, ба ноҳияаш ҳоким карда фиристонданд. Ҳа, хай ману шумо медонем, ки бо ҳаминхел кор аз ӯ «избавитса» карданд. Акнун вақти муносиб барои ман. Як илоҷ карда ҷои холишударо гирифтаниям. Барои ҳамин як наздатон маслиҳатпурсӣ омадам.
Раис «як дақиқа» гуфта, гӯшии телефони рӯимизиашро бардошта, «Зебиҷон, якта чой шавад.» гуфт. Сипас гӯширо ба ҷояш гузошта, илова кард:
-Нағз, нағз. Бисёр нияти нек. Худо ба ниятат расонад, омин.
Эшматов «овло акбар» гуфта, даст ба рӯй кашид ва гуфт:
-Раисбобо, ман бо худ «чойи» франсузӣ овардаам. –гӯён бо табассум як шиша коняк ва як шоколоти катак-катакро рӯи миз гузошта илова кард: — Коняки тоза аз худи Аврупо!
Дар ин вақт дар кушода шуда, як духтари тахминан 30 сола, дар даст чойнику пиёла ворид шуд. Чойникро рӯи миз гузошта, ба пиёлаҳо чой рехтани буд, ки раис гуфт:
-Шуд, Зебиҷон, раҳмат. Худам мерезам. Касе пурсад «Раис маҷлиси вилоятӣ рафтагӣ» гуед.
Духтарак «Хуб шудааст» гуфта баромада дарро пӯшид.
Эшматов ба пиёлаҳо шароб рехта шоколотро кушод. Ва як пиёларо ба раис дароз кард. Пас аз ду пиёла Эшматов гуфт:
— Раисбобо, як ёрдами шумо даркор. Мову шумо бегона не. Ба ҳамаамон аҳволи замона маълум. Ҳамин метарсам, ки дар оянда ному насабам ба вазифагириям халал нарасонад. Падарам нақл мекард,ки мо аслан Исматов будаем. Вақте бобокалонам дар даҳонашон нос номи писарашонро «Исмат» мегӯянд дигарон «Эшмат» мефаҳманд.. – раис сухани Эшматовро бурида, қаҳ-қаҳ зада хандид ва Эшматов ҳам худашро дошта натавониста баробари ӯ хандид.
Раис бо ишораи «рез шаробро» гуфт:
— Ин гапҳоро мону шаф-шаф нагуфта, шафтолу гӯй. Чӣ кор кардан даркор? Насабатро аз Эшматов ба Исматов гардондан даркор-мӣ?
Эшматов дар ҳоле, ки ба пиёлаҳо шароб мерехт, гуфт:
— Бале, раисҷон. Фақат «Исматов» нею «Исматзода» карда, сипас аз номам «бердӣ»-ро қайчӣ задан даркор.
Раис бо табассум гуфт:
— Шумо ҳам аслатон турктабор, дя?
Эшматов сар ҷунбонда:
— Хай, бобокалонамон узбектабор будаанд. Медонед-ку.. – гуфт ва пиёларо ба раис дароз кард.
Раис пиёларо гирифта сухани Эшматовро бурида гуфт:
— Ҳа, ҳа, амакатонро хуб медонам. Аҷоиб шароби хуб будааст. Боракалло, боракалло. «Ставка»-и вай вазифа чанд будааст?
Эшматов сар хорида:
— Вай ҳоло аниқ не. Тахминан 40-50 ҳазор сабзак мерафтагист. Дарвоқеъ, мана ин се сабзак барои шумо тӯҳфа овардам. – гӯён қоғази чоркунҷа печидаро ба назди раис гузошт. Раис зуд ғалладони мизро кушода, онро ба ғалладон партофт ва бо табассум гуфт:
-Онҳо ҳам мисли шароб аз худи Аврупо дя? –ва қоҳ-қоҳ зада ҳарду хандиданд.
Раис гӯшии телефонро бардошта, «Зебиҷон, биёед.» гуфт ва ба Эшматов рӯй оварда, илова кард:
-Ҳуччатҳоро супоред, то тамом шудани ҳамин шишаатон ҳамааш омода мешаванд. Эшматов «раҳмат, раисбобо» гуфта аз ҷой бархост ва ба духтаре, ки нав аз дар даромад бастаи ҳуҷҷатҳоро дароз кард. Раис ба духтарак рӯй оварда гуфт:
-Зебиҷон, Парвизро даъват карда, дар давоми бист дақиқа шиносномаашонро тайёр карда диҳед. Дигар ҳуҷҷатҳоро баъд баҳузур дуруст мекунед.
Духтарак «хуб шудааст» гуфта аз дар баромада рафт.
Эшматов ду даст пеши бар гуфт:
— Раҳмат, раисбобо, раҳмат. Худо хоҳад корҳо ҳал шавад боз аз вилоят истода дилхоҳ мушкилиатонро ҳал менамоям. Ниятам калон.
Раис боз ишорат кард, ки ба пиёлаҳо шароб резад. Эшматов сарпӯши шишаро боз карда, ба пиёлаҳо шароб рехт. Раис гуфт: — Барои комёбиҳо! Илоҳо боз баландтар сабзида то Душанбе кор равӣ. – ва ҳарду пиёлаҳоро бардоштанд.
Эшматов пас аз газидани як порчаи хурди шоколот гуфт:
— Фақат як рақиб дорам. «Криша»-и ӯ дар худи Душанбе будааст. Сахт часпида гирифтааст. Сахт мубориза дорад. Аммо ман ҳамту намемонам. Ба як нависанда фармоиш додам аз номи ман дар бораи Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзномаҳои давлатӣ мақолаҳои таърифӣ чоп шуда истодааст.
Раис: — Як ҷиянам ҳам талош дорад дар вилоят ҷойгир шавад. Кош шумо барвақттар ҷойгир шаведу ба ӯ кумак намоед. Тамоми бозёфтамро ба ӯ додам. Аз ӯ аввал 35 ҳазор, баъд гуфтаанд, ки талабгорон бисёр ва «ставка»-ро 40 ҳазор кардаанд. Пулро супурда дар интизори таъин шуданаш ҳаст.
Эшматов: -Ман ҳам пулро супурдам. Фақат ҳарчи зудтар бо номи «Исматзода Одил» ҳуҷҷат бурданам даркор. Дигар ҳама гапзанонҳо пӯхтагӣ. Шиносҳо ҳастанд. Ҳоло ҳам шояд ягон ёрдам карда тавонам. Вай ба кадом вазифа талош дорад?
Дар ин вақт дар тақ-тақ шуда, Зебӣ дар даст бастаи ҳуҷҷатҳо даромада гуфт:
— Тайёр, раис. Як имзо монанд шуд.
Раис:
-Офарин, Зебиҷон. Ҳа, ҳа биёред ҳаминҷо имзо гузоранд.
Эшматов табассумашро нигоҳ дошта натавониста: — Э раҳмат, раҳмат. Ин қадар зуд..- гӯён ба қоғазҳо имзо гузошта шиносномаи навашро ба даст гирифт. Онро варақ зада аз ҳаяҷон чашмонаш медурахшиданд. Такрор ба такрор «Э, офарин, раисбобо. Ҳазор раҳмат…» мегуфт.
Сипас Зебӣ дар даст қоғазҳо баромада рафт. Эшматов ба ҷояш нишаста гуфт:
-Ҳа, гапамон дар куҷо буд.. ҳа, вай ҷиянатон ба кадом вазифа талош дорад?
Раис гуфт:
— Э напурсед аз вай. Қариб як сол мешавад мубориза дорад. Дар ҳамаҷо рақиб будааст дя. Гап байни худамон, насаби вайро ҳам тоҷикӣ кардем. Аз «Тошбоев Аҳмадқул» «Тоҷибоев Аҳмадҷон» ва баъд «Аҳмадҷон Тоҷизода» сохтем…
Эшматов гапи раисро бурида гуфт: — Чӣ? Ҳамон Тоҷизодаи ҳоло директори мактаб? Ба вазифаи муовинӣ?
Раис: — Бале, бале. Шинохтед-ку. + ҷияни ман ҳаст. Мисли писарам ӯро тарбия карда гаштаам. Қасд дорад то Душанбеҳо ба кор равад. Рӯзҳои наздик бояд ӯро таъин намоянд.
Эшматов рангу рӯяш дигар шуд. +ро арақ пахш кард. Хост дод зада гӯяд, ки «охир ҳамон рақиби ман аст ин Тоҷизодаи ҷияни шумо!», вале худдорӣ карда кӯшиш мекард худро ба даст гирад. Дар ин вақт занги телефони дастии раис баланд шуд. Раис айнакашро ба чашм кашида ба телефон нигоҳ кард ва гуфт:
-Ана, ана худи худаш занг мезанад. – сипас гӯширо бардошта – Ало. Ало. Ҳа келинҷон? Тинҷи аст?
Пас аз лаҳзае гуфт: — Ман ҳозир меравам. Худи ҳозир меравам.
Сипас телефонро рӯи миз гузошта, ба Эшматов рӯй оварда гуфт:
— Бало занад. Худи ҳозир хабар омадааст, ки як нафари дигарро аз Душанбе ба вазифаи муовинӣ таъин намудаанд. Ҷиянам аз ғаму ғуссаи пулҳояш худро ба бадмастӣ задааст. Хайр ман як наздаш рафта дилбардорӣ намоям.
Эшматов дод зада аз ҷояш хеста гуфт:
— Чӣ? Дигар касро аз Душанбе таъин кардаанд? Вой пулакам! Эй вой! Сӯхтамее!! – гӯён телефони дастиашро ба даст гирифта давида аз ҳуҷраи раис берун шуд.

Реклама




Музаффар ва «даркушоякон»

20 07 2015

Музаффар, пас аз он ки қурби рубли урусӣ поён рафт ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Русия мушкилтар шуд, ба қарор омад дар Тоҷикистон кор ёфта, ба сомонӣ қаноат намояд. Барои ин аз токча дипломҳои чандин сол бекорхобидаашро пайдо кард. Онҳоро пафу-пуф карда аз чанг тоза намуд ва ба ҷӯстуҷӯи кор баромад. Гарчанде, ки ӯ солҳои охир дар сохтмон кор мекард, пайваста аз навигариҳои ихтисосаш ба худомӯзӣ машғул буд. Аммо муҳоҷират ӯро ба он расонд, ки аз соҳаи худ дур гашт ва донишу малакааш аз ҷавонони насли нав қафо монда буд. Музаффар аз рӯи ихтисоси муҳандис-иқтисодчӣ Донишгоҳи Давлатии ба номи Бобоҷон Ғафуровро хатм намуда буд. Ӯ ният кард барои сайқал додани малакаю таҷрибаи худ маҳз дар соҳаи роёна кор ёбад. Аз байн як моҳ нагузашта кори мувофиқи таъбашро ёфт. Вазифаи ӯ гардонандагии торнамои як ширкати хориҷӣ буд. Рӯзи дароз аз интернети бепул истифода бурда «чарида» мегашт.

Боре чашмаш ба торнамои Блогистон афтид, ки онҷо оиди аз тарафи ташкилотҳои байнанхалқӣ таҳти лоиҳаи «Ҳукумати электронӣ» ба ҳамаи ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ройгон торнамо (сайт) сохта додан навишта шуда буд. Муаллифи мақола, блогнавис Рустам Гулов дар поёни мақола оварда буд, ки аз 18 торнамоҳои вилояти Суғд ҳамагӣ 4-тоаш фаъол буданду халос. Ба сари Музаффар як фикр зад ва пагоҳаш роҳи ҳукумати ноҳияро пеш гирифт. Ӯ хеле мехост торнамои зодгоҳаш низ дар қатори дигар торнамоҳо фаъол бошаду аз худ дарак дода истад, ба воситаи он арзу шикоятҳои мардум ба мақомот расад ва умуман дар бораи фаъолияти раиси ноҳия мардум хабардор шуда истад.

Рӯзи қабули шахрвандон буд. Дар даромадгоҳи бинои ҳукумат ҷавоне фарбеҳак тахминан 20-25 сола менишаст, ки шаҳрвандонро ба қайд мегирифт ва бо кадом масъала омадани онҳоро низ сабт мекард. Ӯ шармгин метофт ва аз садои пасту шармгиниаш маълум буд, ба қарибӣ ба ин курсӣ нишастааст. Бисёр ҷавонони деҳа дар орзуи ба мақомот кор даромадан буданд. Баъзеҳо ҳатто омода буданд бо маоши 200-300 сомонӣ солҳо «даркушояк»-и раиси ноҳия шаванд. Онҳоро бародар ё падарашон аз ҷиҳати молӣ кумак карда, маслиҳат медоданд, ки бо дили гарму нарм дарҳоро кушодаю пӯшида гардад, то як рӯз не як рӯз «сабзида» болотар баромадан гирад. Ин ҷавон низ шояд бақарибӣ дастаҳои дарро ба дигаре гузошта, дар назди дарҳо менишастагӣ шудааст.

Пеш аз ӯ мӯйсафеде гуфт, ки мехоҳад дар бораи табобат аз дарди пойҳояш аз раиси ноҳия кӯмак пурсад. Пас аз пирамард ҷавони собиқ «даркушояк» аз ному насаб ва сабаби ташрифи Музаффар пурсон шуд. Вақте Музаффар гуфт, ки мехоҳад оиди торнамои ноҳия бо раис гап занад, он ҷавон ҳайрон-ҳайрон нигоҳ карду сипас ба коғаз «шабакаи интернет» навишту монд.

Дар навбат 4-5 нафар меистоданд, ки ҳамаашон солхӯрда ба назар мерасиданд. Инак навбат ба Музаффар расид. Аз паси дар як нафар, ки кораш боз ҳамон даркушоӣ буд сар берун карда, Музаффарро даъват намуд. Аммо ин «даркушояк»-одӣ набуд. Ба синну соли ҷавониаш нигоҳ накарда аллакай мисли мардони 40-50 сола, ё худ занҳои ҳомила шикамчадор буд. Қошҳои ба ҳам пайвастаи сиёҳу ғафс-ғафс бо сохти шикамчааш ҷӯр буданд. Музаффар ба маҷлисгоҳ даромад. Маҷлисгоҳ пур аз кормандони ҳукумат буд ва дар марказ, дар алоҳидагӣ нафаре менишаст, ки аз раис будани худ дарак медод. Одами паканаи бадқавоқ бо нигоҳи нодӯстона Музаффарро пешвоз гирифт. Музаффар каме даступо хӯрд. Лаҳзае худро дар дарбори амири Бухоро ҳис кард. Ё не, аниқтараш ба қабулгохи як диктатори давлати монархӣ шабеҳ буд.

Кам иттифоқ меафтид, ки ҷавоне ба қабули раиси ноҳия ояд. Чунки одатан ба «қабул» одамони солхӯрда ва калонсол меоянд. Аз ин буд, ки бо дидани як ҷавон аҳли маҷлисгоҳ дар интизоре, ки ӯ чӣ хоҳад гуфт бодиққат менигаристанд.

Музаффар базӯр худро ба даст гирифта, ба сухан даромад:
— Салому алейкум. Чанд сол пеш як ташкилоти байнанхалқӣ ҳамчун кӯмак, тибқи лоиҳаи ҳукумати электронӣ ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон торнамо, яъне сайт сохта дод. Аз он сайтҳо имрӯз ҳамагӣ 3-4 тоаш фаъолият мекунанду халос. Аз ҷумла сайти ноҳияи мо низ боре мавод нагузошт ва ҳоло тамоман фаъолият надорад. Ҷаноби раис, агар Шумо ба ин масъала мусоидат намуда, ҳаққи ширкати мобилии Бабилон, барои хостингу домен пардохт намоед, гардонандагии онро чанд муддат ройгон ва бемузд банда ба зимма мегирам.

Раис дар ҷавоб гуфт: — Чанд пул даркор барои Бабилон?
— Аниқ намедонам. Ин масъаларо бо Бабилон маслиҳат кардан даркор. Тахминан ҳудуди 500 сомонӣ дар як сол аст. – ба суоли раис ҷавоб дод Музаффар.

Раис бо абрӯҳои овезену лаби каҷи норизоёна ва бо ишораи дасташ ба як муовинаш фармон дод, ки бо Музаффар дар алоҳидагӣ гуфтугузор намояд. Муовини раис бо Музаффар аз маҷлисгоҳ берун шуданд. Муовин як марди тахминан 50 сола бо муйлабу мӯйҳои сафедидамида буд. Дар роҳрави беруни маҷлисгоҳ муовин гуфт: — Канӣ якбори дигар гап зан, ки чизеро нафаҳмидам.

Музаффар бори дигар гапро сар кард. Ҳанӯз суханашро ба охир нарасонида, муовини раис гуфт:
— Исто, исто. Ҳамин ҷо ист, ҳозир меоям.
Аз байн муддате нагузашта муовини раис бо он даркушояки қошсиёҳ ва боз як ҷавони дигар омаданд. Ҷавони дигар ба қавли русҳо «шустряк» метофт. Чашмонаш ва ҳолати ноороме дошт. Мехост аввалин шуда муамморо пай барад ва аввалин шуда онро ҳал намояд. Саросемавор чизе мегуфт, ки муовин сухани ӯро бурида гуфт:

— Ман нафаҳмидам, ки ту чӣ мегӯӣ, барои ҳамин ин ҷавонҳоро овардам, то онҳо мақсадатро фаҳманд. Акнун, якбори дигар аз аввалаш сар кун.

Музаффар хандаашро базӯр дошта, гапро аз аввалаш сар кард. Ин дафъа низ гапам тамом нашуда, ҷавони «даркушояк» гуфт:
— Биёед назди котиби раис дароем. У ин гапҳоро хубтар мефаҳмад.

Ҳамакаса ба ҳуҷрае даромаданд, ки онҷо боз як ҷавони дигаре менишаст. Пас аз салом муовини раис ҷавонро ба Музаффар ҳамчун котиби раис муаррифӣ карду гуфт:
-Акнун, боз якбори дигар аз аввали аввалаш сар кун.

Музаффар табассум карду гапро сар кард. Инбор кӯшиш кард терминҳоро камтар истифода барад ва возеҳу равшантар фикрашро иброз намояд. Гапамро тамом карду ҳама хомӯш буд. Хомӯшӣ барзиёд давом кард. Ҳама ба Музаффар нигариста интизор доштанд, ки боз чизе бигӯяд. Музаффар лаҳзае дар гуфтаҳояш шак кард. Зуд дар сараш варақгардон кард, то мабодо ягон гапаш ногуфта намонда бошад. Сипас «бо ҳамин тамом» гуфта, интизори андешаҳои онҳо шуд. Котиб хандида гуфт:

-Баъд чӣ? Баъд чӣ фоида мегирем? 500 сомонии пардохткарда кай ва чанд сомонӣ фоида меорад?

Музаффар дар ҳолати ногувор монда чӣ гуфтанашро надонист. Фикрҳое мисли «Шояд ӯ дуруст мегӯяд? Ин ахмақони дунё аз «Ҳукумати электронӣ»-ю сайтбозӣ чӣ фоида мегиранд?» ба сараш мезаданд. Ба саволи котиб ҳанӯз ҷавоб наёфта, ҷавони «шустряк» гуфт:
— Чӣ хел барои як сайт 500 сомонӣ додан даркор будааст? Мана ман ҳам сайт дорам. Имрӯзҳо ҳама сайт дорад. Ягон тин намедиҳем ку. Фақат мегабайти интернет харида, то тамом шуданаша дар сайт гаштан мегирем.

Музаффар пай бурд, ки ӯ сайт гуфта саҳифа дар «Одноклассник»-ро дар назар дорад. Табассум карду пурсид:
— Сайт дар «Одноклассник»? Бубахшед, вай сайт не, вай саҳифа аст. Саҳифа дар сайти «Одноклассник». Озодӣ нуқта те ҷе, президент нуқта те ҷе, азияплюс нуқта те ҷе, суғд нуқта те ҷе, хуҷанд нуқта те ҷе-ро шунидаед? Ин ҳам мисли ҳамонҳо. Шумо фақат ҳаққи бабилонро медиҳед. Баъд хадамоти матбуоти ҳукумат мавод омода мекунаду ман онҳоро дар торнамо мегузорам. Яъне тамоми дунё метавонад бохабар шавад, ки раиси ноҳия ба чӣ кор машғуласт, дар ноҳия кадом корҳо ба иҷро расида истодааст. Ин обрӯи ноҳия ва обрӯи ҳукумату раиси ноҳия метавонад бошад. – Дар ин вақт суханашро ҷавони «даркушояк»-и қошсиёҳ бурида, гуфт:

— Гуш кунед, ако, охир дар ноҳия антени бабилон суст аст…

— Бародар, антени бабилон ба сайт дахл надорад. Ба торнамо метавон тарики дигар симкартхо низ даромад. – Музаффар хандаашро базӯр дошта, фахмонданӣ шуд.
Ҷавони «шустряк» сухани ҳамкорашро бурида, гуфт:

— Истед, ки дар дастгоҳи президент ҳам сайти моро хонда метавонанд?
— Дар тамоми дунё! Дар ҳар ҷое ки интернет ҳаст. – ҷавоб дод Музаффар.
Муовин сарашро хорида гуфт:
-Фикри хуб. Дар бораи маъракаи ниҳолшинонӣ навиштан мумкин.
Котиби раис ба сухан даромада гуфт:

— Дар бюҷет пул нест. Намедонам раис розӣ мешуда бошанд, ё не. Лекин хабарҳоро ҳам худатон менависед.
Музаффар дигар маҷоли хандаашро фурӯ бурдан надошт. Худро аз асри 21 ба асри санг меҳмонирафта мепиндошт. Ӯ гуфт:

-Бародар, ман барномасоз, мутахассиси компютерӣ. Ман журналист не. Шумо бояд хабарнигоре дошта бошед, ки маводро омода карда, ба воситаи почтаи электронӣ фиристад ва ман танҳо онҳоро дар торнамо ҷой ба ҷой намоям. Ва ин хидматам бепул. Кадом ахмақ чунин пешниҳод мекунад?
Котиб гуфт:

— Ин тавр бошад, шумо як мактубу дархост нависед, чунки бедархост пул ҷудо карда намешавад.
Котиб кӯшиш мекард, худро ҷиддӣ ва доно нишон диҳад. Ба ҳар ҳол маълум буд, ки фармондиҳӣ ба ӯ писанд аст.
Музаффар аз ин суол ҳайрон шуда, пурсид:
-Боз чӣ хел мактубу дархост?
Котиб: — Як мактуб аз Бабилон ва дархост дар бораи сайт.

Музаффар: — Бародар, ман намояндаи Бабилон не, мефаҳмед? Масалан, шумо ба телефонии дастиатон худатон пул мемонед, ё бо мактуби хаттии Тселу Бабилон? Дархости чӣ нафаҳмидам?..
Котиб: — Хайр бабилонро монед. Пул ҷудо шавад худатон бурда ба Бабилон медиҳед. Дархост нависед. Ман матнашро мегӯям шумо варақу қалам гирифта нависед.
Музаффар: — Канӣ матнашро якбор гӯед.

Котиб: — Ба раиси ноҳия. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои ба ширкати бабилон 500 сомонӣ пардохт намудан ва сайти ноҳияро фаъол намудан мусоидат намоед.

Музаффар дигар намедонист бихандад ё бигиряд. Аз авзоъаш маълум буд, ки торҳои асабаш мисли тори дутор таранг шуданд. Нав фикрашро «луқма карда» партофтанӣ буд, ки ҷавони «шустряк» гуфт:
— 500 сомон? Э ман одноклассник бепул медароям-ку.

Муовин бошад илова кард: — Якбор назди навбатдоре, ки дар даромадгоҳ мешинад рафта аз аввали аввалаш ба ӯ гуфтан даркор, шояд ӯ фаҳмад..
Музаффар, тоқат накарда гуфт:
— Бародарон, мана ин рақами телефонам. Агар мабодо лозим шавам занг занед.
Дигар ба қафояш нигоҳ накарда, аз бинои ҳукумати ноҳия баромада рафт. Вақти аз дар баромадан ба гӯшаш садои ҷавони «даркушояк» мерасид, ки мегуфт, «Бефоида. Дар инҷо «антен»-и Бабилон суст аст.»





Гунҷишкакро сар набур, ки малахҳо сарат хоҳанд хурд

14 06 2015

malakh    Фишор ба дигарандешон, таъкиби озодфикрон, зиндони намудани ақлҳои солиму мухолифин ва маъракаи бадномсозии ҲНИТ-ро дида, ривояти воқеии омӯзандае ба ёдам омад.

Боре дар Чин аз тарси он, ки паррандаҳо гандумзорҳоро хароб накунанд ҳукумат зидди онҳо ба мубориза бархост. Ҳарҷо гунҷишкаке буд сар буриданд ва ҳар уқобе буд аз кишвар гурехт. Дар осмон дигар паррандае намонд. Аммо табиат ин гуна таъсиррасонии сохтаю сунъиро хуш напазируфт. Пас аз як сол малахҳо ҳамаҷоро забт карданд ва гандумзорро ба харобазор мубаддал намуданд.
Худовандо, кишвари моро аз «малахҳо» эмин нигаҳ дор!





Зулмоти поёни шаби сиёҳ (поёни достон)

21 02 2015

Пас аз ношто Некрӯзу Аслиддин ба беруни ошхона баромаданд.
Аммо он ду мусофири ҳамсафари онҳо, ки ба ошхона надаромада буданд дар берун набуданд. Некрӯз муҳаррики худравро ба кор андохта тахминан даҳ дақиқа интизори онҳо шуд. Ду се маротиба занги худравро низ пахш кард. Вале касе ҳозир нашуд.
— Аз афташ бо ягон худрави дигар рафтанд. – гуфт Некрӯз ва оҳиста-оҳиста худравро ба ҳаракат даровард.
— Ту онҳоро бо гапҳои сиёсиат тарсондӣ, ана аз бало ҳазар гуфта гурехтанд. – бо ханда гуфт Аслиддин.
Худрав баробари ба ҳаракат даромадан такон хурду муҳаррикаш хомӯш шуд.
— Эх миллати латтамиҷози ман! – гуфта муҳаррикро дубора ба кор андохту илова кард:
— Кайҳо дар сари худрав нанишаста будам, як-як фишангҳои «муфт»-у «ист» фаромуш мешаванд.
— Маълум аст. Дасту поят меларзанд. Маро сиҳат саломат ба назди модари пирам расонӣ шуд. Худо нигаҳбон бошад, дар як ғанабчае, ки дар ҳавопаймо рафтам хоби нағз надидам. – аз тирезаи худрав ба куҳҳои сар ба фалаккашидаи ағбаи Шаҳристон назар карда гуфт Аслиддин.
Некрӯз, ки худравро аз ҳавлии ошхона ронда ба роҳи асосӣ пайваст мешуд, пурсид:
— Боз чӣ хоб дидӣ, Туруш? Дар ҳамон танҳоиҳои муҳоҷират «шизофреник» нашудаи-ку?
— Шояд. Аммо бисёр мехостам аз фурудгоҳ бе ту берун ояму сафарамро бе ту идома диҳам.. – Аслиддин аз қуллаҳои барфпӯш чашм наканда гуфт.
— Эй эй, Аслӣ, ба ман чӣ дахл дорад, ё дар хобат ман ҳам будам? – бо табассум пурсид Некрӯз.
— Бале. – Аслиддин аз куҳҳо чашм канд ва ба Некрӯз нигариста посух дод.
Некрӯз бо ҳамон табассум аз роҳ чашм наканда гуфт:
— Хобатро ба об гӯй мегӯянд. Ҳозир айнан қад-қади дарёи Зарафшон рафта истодаем. Метавонӣ ҳоло ба ӯ гуфтан гирӣ.
Аслиддин ба дарё нигариста: — пас аз се рӯз баъд мегӯям. – гуфт.
Некрӯз гуфт: — Эх Туруш, ту аниқ «шизофреник» шудаӣ.
— Дар хона як оши як ба як фармоиш дода баъд дар сари дастархон… Эй! Роҳ! Гардон! – Аслиддин ба роҳ ишора карда дод зад. Некрӯз чамбаракро зуд ба самти рост гардонида баробари он ба пойфишанги «ист» пахш кард. Худрави боркашони «Камаз», ки аз самти муқобил меомад бо садои занги даҳшатафканаш аз паҳлӯи онҳо гузашта ғурросзанон гузашта рафт. Ронандаи «Камаз» аз тирезааш дуғ зада чизе гуфт. Аслиддину Некрӯз аз тарс «шах» шуда буданд. Рангу рӯи Некрӯз парида сап-сафед гашта буд. Бо ҳарду дастонаш чамбаракро сахт қапида буд ва дастонаш меларзиданд. Ба Аслиддин нигариста пурсид: — Ӯ дод зада чӣ гуфт?
— Нашунидам чӣ гуфт. Некрӯз, ту ба роҳ нигоҳ кун, ба ман чӣ нигоҳ мекунӣ? Гапи маро бо гушонат мешунавӣ, на бо чашмонат. Худо раҳмамонро хурд. Қариб ҳамон таъбири хобам мебаромад. – гуфт Аслиддин.
Некрӯз чизе нагуфта худравро дубора ба ҳаракат даровард.

Дар деҳа хабари худравхарии Некрӯз аллакай паҳн шуда буд ва аз омад-омади Аслиддину Некрӯз хешу табори ҳарду хабардор шуда буданд.
Аз чашмони ҳамсари Аслиддин ашк мерехт. Ин на ашки шодӣ ва на ашки ғам буд, балки барои оши палав пиёз реза мекард. Модари Аслиддин, ки сабзӣ реза мекард ба келинаш рӯй оварда гуфт: — Шуд. Мондагиашро ман реза мекунам, ту рафта дегро мон.

Некрӯз ба зонуи Аслиддин як шаппотӣ зада бо ханда гуфт: — Хез, Туруш! Қариб расидем. Камтари дигар монд. Ин қадар хоб нарав, ки боз ягон хоби дигар набинӣ.
Аслиддин хоб набуд, танҳо чашмонашро пӯшида ба пуштмонак такя зада буд. Ба сухани Некрӯз эътибор надода аз ҷой наҷунбид ва чашмонашро кушоду гирду атрофро назар кард ва боз такя зада чашмонашро пӯшид.
Акнун, ки онҳо аз купрук гузашта буданд дарёи Зарафшон дар тарафи Аслиддин буд. Худрав ба гардиши роҳ наздик шуд. Самти муқобили он тарафи гардиш дида намешуд. Некрӯз боэҳтиёт суръатро каме суст кард. Нохост худраве аз гардиш дида шуд, ки бо суръати баланд ба муқобили онҳо баромад. Суръати баланди худрави муқобил имкон надод, ки аз роҳаш набарояд. Некрӯз фарёд зада аз тарси он ки ба худрави муқобил барнахӯрад чамбаракро ба рост тоб дод. Вақте худрав бо суръати баланд лағжида аз роҳ берун шуд ва ба ҷар сарозер мешуд Некрӯз фарёд зада дарро кушода худро берун партофт. Дигар чизе дар ёди Некрӯз набуд. Некрӯз чаппаю роста шуда ба дарё афтидани худравро надид, аммо садои баланди ба сангҳо бархурдану ба об афтидани он ба гӯшаш расид. Ҳарчанд мехост дод зада «Аслӣ, худро берун парто!» гӯяд, аммо лабонаш ба ӯ итоат намекарданд. Гармии хунро ки сару пешониаш мерехт дар чашмонаш ҳис кард ва каме нагузашта аз ҳуш рафт.

Пас аз чор рӯз.
Муфаттиш дар интизори ба ҳуш омадани Некрӯз дар беморхонаи маркази ноҳия гаштугузор мекард, ки нохост наъраи гиряолуде аз як ҳуҷра баланд шуд, «Парто! Аслӣ, худро берун партооо! Аслӣӣӣ…»

Мардони деҳа таи ин рӯзҳо аз гирду атрофи макони садама сар карда то деҳаҳои поёноб ҷасади Аслиддинро мекофтанд.

Модари Аслиддин дар иҳотаи ҳамсоязанҳо гоҳ ба ҳуш меомаду боз аз ҳуш мерафт.

Ҳамсари Аслиддин аз ақл бегона сухан мекард. Гоҳ худ ба худ чизе гуфта механдид, гоҳ соатҳо ба як нукта нигоҳ карда карахт менишаст.

Ниҳоят хабар расид, ки ҷасади Аслиддинро аз дамоби паси хонаашон пайдо кардаанд.





Зулмоти поёни шаби сияҳ (қисми 6)

1 04 2013

Ҳавопаймои Маскав-Душанбе парвозашро давом медод.  Аслиддин пас аз хоби кутох бедор шуд. Телефони дастиашро бо нияти фахмидани вакт ба кор андохт. Сипас бo кафи даст ба зонўи Некрўз зада,
— Хайр, гап зан! Аз гап монди-ку. -гуфт.
Некрўз ба даҳонаш ишора кард, ки нос дорад. Ангушти ишоратияшро ба маънои «як дақиқа» боло бардошт ва сипас аз чой бархоста ба охири ҳавопаймо, ба ҳочатхона рафт.

Дере нагузашта баргашта омад ва ба чои худ нишаст. Аслиддин табассум карда гуфт:
— Э Некрўзе, ту кай одам мешавй-а? Хамон ностуфкуният дар сари зани генерал бароят бас набуд?
Некрўз бо садои «ваҳ-ҳа-ҳа..» хандаи якбора омадаи худро дошта натавонист.
Асли гуфт: — Боре Искандари «шрам»-ро дидам. Бечора захмаш калон будааст, ки ин кадар изи калон мондааст.
Некрўз ба пешонияш ишора карда,
— Э вай аз инчо то болои чашмаш дарида буд. Чй гуфт ба ту? Ҳанўз ҳам аз ман хафа аст?
— Вакти баҳузур гапзанй набуд. Кўтоҳакак накл кард. Канй Некрўзчон, «Сухан аз даҳони Лукмон хуш аст», ҳамон киссаро худат накл кун. — хоҳиш кард Аслиддин.

Некрўз табассум карда гуфт,
— Солҳои донишчўи пас аз чанги шаҳрвандй, Душанбе пур аз «боевик» шуда буд. Ман, Ҳофиз ва Сабур дар маҳалаи Зарафшон зиндагй мекардем. Мо дар ошёнаи шашум як хонаро ичора гирифта будем. Дар поён, дар ошёнаи чорум як «боевик» бо оилааш зиндагй мекард. Дар боло, дар ошёнаи ҳафтум Искандар ва боз чор донишчўи дигар ичоранишин буданд.

Як руз нос кашидам ва аз тиреза ба поён нигоҳ накарда нос туф кардам. Вакте каллаи зани «боевик»-ро, ки аз тиреза ба поён нигоҳ мекард дидам, алакай дер шуда буд. Нос фаромада рост ба сари ў зад. «Чарсас» карда дар байни мўйҳои рангкарда ва зебо шоназадааш зада пош хўрд. Ман худро зуд ба акиб кашидам. Маро надид. Оҳиста тирезаро кулф задам. Зуд аз тамоми хона халтаҳои пуру холии носро чамъ карда пинҳон кардам ва дандонҳоямро тоза шустам. Ба Сабур ва Ҳофиз кори рухдодаро накл кардам. Ҳама маслиҳат кардем, ки дар ин хона ҳеч кас нос намекашад. Ҳардуи онҳо бе ин ҳам носкаш набуданд. Бо тарсу ларз китобу дафтарҳоро кушода дар интизори «боевик» нишастем.

Рўз омада бегоҳ шуд. Ниҳоят дарро касе сахт-сахт куфт. Ман дарро кушодам. Бо дидани чеҳраи «боевик» муйҳои баданам сих шуданд. У дар даст таппонча фашшаскунон дарро зада даромад ва таппончаро ба пешониям зер карда фарёд мезад, «Дар сари зани ма кй нос туф кад!? Кй?! Гав за!».
Аз газаб чашмонаш калон ва дандонҳояш гачаррос зада фашшас кунон тез-тез нафас мегирифт.
Аз тарс дасту пойҳоям дарак-дарак меларзиданд ва забонам наметавонист ҳарфе талаффуз кунад. Дар як лаҳзае, ки таппонча дар пешониям буд, тамоми ҳаёти гузаштаам мисли навор аз пеши назарам гузашт.
Хайрият, Ҳофиз, ки аз ман се-чор кадам дуртар меистод, «акачон, дар ин хона ҳеч кас носкаш нест.» гуфту «боевик» таппончаро аз пешониям гирифт. Сипас фашшосзанон бо пойафзолҳояш ба хонаҳо гашта бо лагад кўрпачаҳоро ҳар тараф пош медод. Ба ҳар тараф нигоҳ карда назди Хофиз омад ва гуфт «ага фанум кадй ҳамта мепаронум!».
Ман, ки чанд дакика пеш чон аз танам рафта буду ба мурдан тайёр шуда будам, дубора чон гирифта забонам кушода шуд. Гуфтам, «Не, акачон, мо ҳарсе носкаш нестем. Кобед ҳамачоро. Ана кисаҳоямонро ҳам бинед..» ва чайбҳоямро чаппа карда нишон додам.
«Боевик» ба назди тирезаи кулфзада рафта бозистод. Пардаро як су карда ба токчаи таги тиреза назар кард.
Сипас дашномдеҳон аз хона рафт. Дарро кулф задем. Аз тарс ранги ҳамаамон парида буд ва бо ҳам сухане намегуфтем. Аз байн ду-се дакика ҳам нагузашта аз болои сарамон, аз хонаи Искандар доду фигон ва гулдур-гулдури афтиданҳо баланд шуд.

Пагоҳаш фаҳмидем, ки дарашон так-так шудааст. Искандар дар он ҳолат бо даҳони пур аз нос дарро мекушояд.
«Боевик» ин ҳолати Искандарро дида бесаволу чавоб, бо таги таппонча ба пешонии ў чунон мезанад, ки пешонияш медарад ва чобачо аз ҳўш рафта меафтад. Баъд ҳамаашонро кариб ним соат лагадкорй мекунад.

Фардояш Искандар бо ҳамроҳонаш ба назди ман даромаданд. Чун носкашии маро медонистанд бо ман хеле баҳсу кашмакаш карданд.

Ҳарчанд аз хумори нос дандонҳоям гиз-гиз мекард ҳам се руз ба даҳон нос нагирифтам ва дар киссаам ҳам минбаъд гирифта нагаштам, ки мабодо ногаҳон «боевик» аз пешам баромада кисаамро наковад!
Он замон аз тирезаҳои пластикй ному нишоне набуд ва тирезаро ҳамхонаҳоям «иллат раваду одат не» ту хоҳ нохоҳ як руз ин коратро идома медиҳй гуфта, бо се то мехи дусадй маҳкам карданд.

Ана ҳаминхел, дустам. Ин аст таърихи «шрам»-и Искандар.
(давом дорад)





Қисмат

28 03 2013

Садои занги телефон Мусоро аз хоб бедор кард. «Худоё, дар ин нимашаб кй бошад?» гуён бо чашмони нимбоз ба оинаи телефон нигоҳ карда, «акои Точиддин?» гуфт.
— Лаббай, акои Точиддин?
— Салому алейкум, Мусочон! Аз хобат бедор кардам-а?
— Салом ако, ҳеч гап не. Тинчй аст?
— Нотинчй, Мусо, нотинчй. Олег боз гаранг карда истодааст. Дишаб гапамон сахт гурехт. Хамсояам Евгений Петрович базур халос кард. Окибат «мепаронам!» гуфта, таҳдид карда рафт. Бояд чорае дид.
— Хуб. Пагоҳ бачаҳоро чамъ карда равем, ё ҳозир?
— Не, ҳозир лозим не. Пагоҳ. Мансуру Шавкатро хабар додам. Хамрох биёед ягон маслихат кунем.
— Майлаш ако, гап нест. Олег боз чй мегуяд?
— Э, ҳамон гапҳои куҳна. Хазорон бор пушаймонам, ки хонаи ин ёбоиро сохтам. Хайр, биё, баъд гап мезанем.
— Акои Точиддин, бояд бо роҳи нагзй ва мусолиҳат ҳамаашро ҳал кард. Охир инчо ватани инҳо. Ману шумо кистем дар инчо? Биёед шумо ҳам вазнин шаведу …
— Мусо! Ту ҳам мисли Петрович дар гуши ман насиҳатхониро сар накун! Пагоҳ тавонй биё, натавонй не! Хайр!
— Акои Точиддин,…
Дар он тарафи алока акои Точиддин гуширо гузошта буд. Ин охирин маротиба буд, ки Мусо садои уро шунид.

Мусо телефонро канор гузошта дубора сар ба болин ниҳод ва ба фикр фуру рафт. Хоб аз вучудаш парида буд. Дилашро гам фаро гирифт. Вале аз якравии кудаконаи ин марди калон — акои Точиддин хандааш хам меомад. Мусо ва акои Точиддин аз як деҳа буданд. Дар деҳа ҳамдигарро хуб намешинохтанд. Хамагй ду сол шуд, ки робитаи онҳо дар ин мусофирихо кавй гашта аз ҳоли ҳамдигар зуд-зуд хабар мегирифтанд.
Дар деҳа бошад, Мусо бо писари акои Точиддин, ки 7-8 сол аз у хурд буд, дустй пайдо карданд.

Акаи Точиддин зиёда аз 10-сол мешавад, ки дар ин шаҳраки Усолеи атрофи Иркутск зиндагй мекунад. Мую муйлаби сафед ва руи пурожанг уро на 42 сола, балки наздик ба шаст сола нишон медод. Тану бозуяш кокинаю хароб ҳам бошад, ҳануз чусту чолокона дар сохтмон заҳмат мекашид. Хамдеҳаҳояш собикаи чандинсола доштаи уро медонистанд ва бинобар ин зуд-зуд уро ба коргоҳу сохтмони худ бурда, доир ба ин ё он масъалахои сохтмонй маслиҳат мегирифтанд.
Тули ин солҳо шаҳрвандии Русияро ба даст овард. Ва ниҳоят соли гузашта дар канори шаҳрак хонаи заминиеро харидорй кард. Аммо чун танхоиро дуст медошт, бинобар ин дар он хона танхо мезист. Одатан рузхои якшанбе ҳамдеҳаҳояш меҳмонй омада ошпазй мекарданд.

Боре Мусо маслиҳат дода буд, ки акнун хонаи худро дорад, пас хуб нест оилаашро кучонида барои зисти доимй ба Русия орад. Акои Точиддин дар чавоб бадкаҳрона гуфт, ки ҳаргиз ин корро нахоҳад кард ва илова кард чои зани точик Точикистон аст, на Русия.

Ба зану модараш ва писари донишчуяшу як бародари маъюбаш тез-тез пул фиристода меистод. Бародараш чанд сол пеш дар Маскав аз баландии ошёнаи дуюм афтида, сутунмуҳрааш зарб ёфта буд ва то кунун дар деҳа бистарй аст.

Баҳси акаи Точиддин бо Олег ном чавони рус атрофи сохтмони бустонсарои у буд. Тахминан як сол пеш Евгений Петрович ном ҳамсояи акаи Точиддин онҳоро шинос карда буд.
Онҳо доир ба сохтори даруну беруни хона ва масолехи сохтмон гуфтушунид карданд. Хачми кор калон буд. Бояд як котежи сеошёнаи навсохтаи чубиро пурра, ҳам дарун ва ҳам берунашро тармим мекарданд. Акаи Точиддин дар танҳой аз уҳдаи кор намебаромад, бинобар ин ба ҳамдеҳаҳояш занг зад. Аз байни онҳо як «бригада» иборат аз 8 нафар таъсис дода, корро огоз карданд. Аз чумла Мусо низ бо даъвати акои Точиддин чидани сафолакхоро бар ухда гирифт.

Пас аз гузашти як хафта чй инсон будани Олег барояшон рушантар гашт.
Олег чавони бузургчуссаву девпайкари тахминан си сола буд. Чехрааш хамеша ором, ботамкин ва як соддагие дар у дида мешуд. Дар банди даст ва гарданаш занчирбанди гафси тиллои ва дар ангуштхояш ангуштарихои гаронбахо дошт, ки аз серпул будани у дарак медод.
Олег худро раиси як корхонаи чангалбурй муаррифй карда буд. Гох-гох се чор нафар дустонашро бо худ меовард. Сабки суханронии хам Олег ва хам дустонаш русии гайриодй буд. Акаи Точиддин, ки доир ба сохтмон саволу чавоб мекард онхоро бо мушкилй мефахмид. Чунки гуфтори онхо пур аз «жаргон»-хои олами криминалй буд.
Масалан мегуфт: «Пацаны, чё за дела? Толик, (одатан, акаи Точиддинро хаминтавр ном мебурданд) ты рамсы не путай. Я человек правильный и бабло плачу. И мне над шоб всё была ах..йенна!»

Хаминтавр хама коргарон пай бурданд, ки Олег як авбош, рекетир, «бандит» ва ё ягон чехраи криминалй аст. Хама хавф мебурданд, ки хакки корашонро медода бошад ё не. Як чиз онхоро рухбаланд мекард, ки дар конунхои олами чиноёт хакки мехнаткашро хурдан амали пасту нокасон аст.

Мавсими кор ба охир расид. Тирамох омад. Нихоят тармими бустонсарои Олегро ба охир расониданд. Олег корро кабул карда пули кориро, ки 640 хазор мешуд пурра неву 40 хазор кам ба акаи Точиддин дод. Акаи Точиддин 600 хазор рублро гирифта бо хамаи коргарон хисобй кард. Яке ба Точикистон баргашту дигаре ба шахр, хама хар су пароканда шуданд. Танхо 40 хазори акаи Точиддинро Олег ваъда кард, ки дертар хохад дод.
Моххо мегузаштанду аз пулдихии Олег дарак набуд ва танхо бо ваъдахои имрузу пагох акои Точиддинро баумед мекард.
Зимистон хам гузашту бахор омад. Дар ин айём сафолакхои поёнии атрофи хона як-як аз девор чудо шуда ба афтидан сар карданд.
Рузе Олег акаи Точиддинро ба хонааш таклиф кард. Акаи Точиддин ба умеде, ки пул мегирад, ба бустонсарои Олег рафт.
Аммо бо дидани манзараи ахволи сафолакхо хичил гашт. Аввалин маротиба он руз байни акаи Точиддин ва Олег бахси тунду тез бархост.
Акои Точиддин гунохро ба калла намегирифт. У бар он буд, ки зимистон замин ях карда, бинобар дамида баланд шудани он сафолакхоро бардоштааст ва боиси рехтани сафолакхо шудааст. Аммо Олег аз нав ва ройгон чидани сафолакхои кандашударо талаб мекард, вагарна 40 хазорро нахохад дод. Акои Точиддин иброз кард, ки аз бахри хамон пул гузашт ва бо дугу пуписаю тундй хонаи Олегро тарк кард.

Пас аз чанд вакт, Мусо аз ин бахс дарак ёфт. Акаи Точиддин ба Мусо таъкид кард, ки дар шикасту рехти сафолакхо у гунох надорад, балки аз яхбандии замин рух додааст. Аммо Мусо, ки сафолакхоро соли гузашта у насб карда буд худро гунахкор хис карда ба хонаи Олег рафт. Тули як хафта бепул хамаи сафолакхои рехтаро аз нав насб кард. Ин амали Мусо танхо ба хотири он буд, ки акаи Точиддин маблаги бокимондаашро аз Олег гирад.

Аз байн моҳҳо гузаштанд. Аммо аз пулдиҳии Олег ҳамоно хабаре набуд.
Ниҳоят як бегоҳ Олег худ ба хонаи акаи Точиддин омад. Аммо на ба нияти пулдиҳй, балки ба нияти эътироз.

Аз руи коидаҳои сохтмонй хонаи чубии навсохта бояд ҳадди акал ду сол бе дару тиреза ва тармим гузошта шавад. Дар ин муддат чубҳои ҳануз намдор, бояд пурра хушк шаванд ва хона шакли ниҳоияшро гирад. Ин нозукиро акаи Точиддин ҳануз дар огози кор ба Олег фаҳмонда буд. Олег бошад даст афшонда эътибор надод.

Акнун баландии хона аз ҳисоби хушк шудани чубҳо торафт паст шуда, руз то руз ба шикасту рехти тармимҳои дарунию берунй оварда расонд. Дар дохили хона гачтахтахои дар девор насбшуда кажу валангор мешуданд. Аз берун «сайдинг»-и хонаро ихота карда, тобгулаву дамида мешуд.

Олег талаб мекард то ҳамаи нуксонҳо бартараф карда шаванд. Акаи Точиддин ба хотири Олег оварданй шуд, ки дар вакташ уро огоҳонида буд. Аммо он руз Олег мисли пештара набуд ва талаб мекард, ки ё нуксон бартараф шаванд, ё пули додаашро баргардонда диҳад. Акаи Точиддин фаҳмонданй шуд, ки ин чо коргарон гуноҳ надоранд ва ҳамаи онҳо дастмузди худро гирифта ҳарсу пароканда шуданд. Лек ба гуши Олег ҳеч сухан намедаромад ва дар карори худ катъи буд. Акои Точиддин низ асабй шуда ба Олег дод зад, ки аз баҳри ҳамон 40 ҳазор мебарояд ва Олег хонаи уро тарк карда дигар бо у рубару нашавад.
Олег дар чавоб дод зада мегуфт, «..Слыш батя! Щас как просвистну тут будет центряк и тебе будет хана!..»
Акои Точиддин низ паст наомада, бо дугу пуписа худро иштирокчии чанги шаҳрвандии Точикистон муаррифй карда, ҳушдор дод, ки у эҳтиёт шавад.

Баҳси онҳо ба кашмакашй мубаддал гашт. Аз шуру магали онҳо ҳамсояи акои Точиддин бохабар шуда давида омад.

Онҳоро ба хона дароварда сари миз шинонид ва бо суханҳои нарм кушиш кард онҳоро ба мусолиҳа орад. Аммо ба у муяссар нашуд. Дар охир Олег ба акаи Точиддин таҳдиди куштор карду ба мошинаш нишаста рафт.

Харчанд моҳи апрел бошад ҳам ҳаво 24-26 дарача хунук буд. Барф пас аз ду рузи паи ҳам боридан, дишаб аз боридан бозмонд. Шамол роҳи мошингардро барфпуш
мекард ва изи чархҳои мошин зуд ноаён мешуданд. Мансур бо эҳтиёткорй мошин меронд.
Шавкат ҳикояти Мусоро шунида сигор ба лаб монда оташ гиронд ва ба Мансур руй оварда гуфт:
— Ин кор бо нагзи анчом ёфтанаш дар гумон. — сипас тирезаро ба андозаи як ангушт поин карда дуди сигорро пуф кард ва суханашро идома дод,
— Догистониҳоро овардан даркор, то якбор ин Олегашро гушмол диҳанд..

Мошини онҳо ба хонаи акаи Точиддин наздик шуд. Баробари ба он куча гаштан чашмашон ба мошинҳои сурхи оташхомушкунак афтод. Мансур суръати мошинро тезтар кард.
Дар назди хонаи акои Точиддин ду мошини сухторхомушкунак ва якто мошини полис меистод. Аз хонаи акаи Точиддин кариб нишоне намонда буд. Сухтор алакай хомуш буд ва танҳо аз чубҳои нимсухта ва чархҳои мошини акаи Точиддин, ки дар назди долон меистод дуди бугомез мебаромад.

Фурудгоҳ.
Мансур, Шавкат, Мусо ва боз ду се нафар ҳамдеҳаҳо часади нимсухтаи акои Точиддинро ба Точикистон мефиристоданд..

(бознашр аз ҳафтаномаи «Нигоҳ»)