Тоҷики бесоҳиб ва болои сӯхта намакоби мақомот

9 01 2015

ghorat
Бакайдгирии мусофирони хавопаймои Красноярск-Хуҷанд сар шуд. Бо дустон хайрухуш намуда ба қатори мусофирон ҳамроҳ шудам. Чашмам ба ҷавони зоҳиран тоҷике афтод, ки пулис аз дастонаш завлонаро раҳо карда рафт. Ба ҳама маълум буд, ки ӯ депортшуда аст.

Вақте ба ҳавопаймо нишастем ин нафари депортшуда дар курсии паҳлуи ман ҷой гирифт. Солҳои пеш худи «стюардессаҳо» ба мусофирон мегуфтанд, ки ҳар ҷои холие ефта нишастан гиред. Акнун баръакс онҳо таъкид мекарданд, ки танҳо аз рӯи нишондоди чипта ҷоятонро ефта нишинед. Аммо ҳанӯз одати пешин нишастааст.

Ин муҳоҷири «депортшуда» Дилшод ном дошт ва аз ноҳияи Ҳисор буд. Ӯ дар як корхонаи чуббурии Красноярск кор мекардааст. Дилшод нақл кард, ки се моҳ пеш «вагонча»-и ҷои истиқоматашон ба коми оташ рафт ва шиносномааш ҳамроҳи иҷозатномаи кору қайднома(регистратсия) сӯхтанд.

Рӯзи дигараш кормандони хадамоти муҳоҷират ӯро ба ҳабс мегиранд. Сабабаш надоштани шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳо. Дар боздоштгоҳи махсус барои муҳоҷирон се моҳро гузарондааст. Танҳо имрӯз ӯро ба Тоҷикистон мефиристанд.

Ба саволи он ки ое ягон намояндаи консули Тоҷикистон аз ҳоли онҳо хабар мегирифт посух дод, ки як маротиба як «галстукдор» омада гуфт, ки ба умеди касе нашаванд худашон аз паи худашон шаванд. Ҳоло порае аз нақлҳои ӯро, ки сабти садои намуда будам инҷо меорам.

«Ман дар «спетсприем» неки хонангиҳо хабар надоранд. Хона занг мезадам, «мамашка» мазаш нестай. Акаҳом бекор. Сум фирист гуфтанд, хаелшон ман кор карда гаштаам… Ина се моҳи расо хоб будам. Дина як тоҷика сар додан, парид. Ӯ ҳафт моҳ дар «спесприем» хоб буд. «Жалоб» е адвокат мегуи мебаран дар камераи хунук махкамат мекунанд. «Какие жалобы? Кто вы такие? Кому вы нужны?» мегану «наказат» мекунанд. Унҷа тоҷик тоҷики худша мефурушад.
Як халта нос сад суми русиай. Аз «воля»(манзураш аз берун) «передача» метян тоҷики худмон «пирашкира» дар таи болишташ руст мекнаю худаш хаппак мехурад. Дига миллато «дружнаянд». Ҳамдигарша «поддержка» мекунанд. Ягон милиса як армяна е озара «тук» гуфта наметонад. Узбако соҳибдоранд. Ҳамин се моҳе, ки унҷа будам надидаам, ки ягон узбак аз як ҳафта зиед истад. Дар давоми як ҳафта мефиристандаш мерад Узбакистон. Аз воля зур «передачашон» метянд. Галстукдорошон тез-тез хабаршон мегиран. Дар берун «кришашон» бақуват аст…

Вақте мара Хуҷанд мефиристодан гуфтам охи мара Душанбе фиристед, ки сум надорам аз Хуҷанд Душанбе брам. Гуфтанд уш «проблеми» ту, Худо гӯй ки навбати парвозат расид. Паспортама дар фурудгоҳи Хуҷанд бармегардонанд.»

Дар дохили ҳавопаймо чор панҷ нафар 200-1000 рубли ҷамъ карда маблағи зарурӣ то расидан ба Ҳисорро барояш додем. Дар фурудгоҳи Хуҷанд шиносномаашро баргардонданд ва бемамониат сафарашро ба Душанбе идома дод. Пас аз як ҳафта аз Ҳисор занг зад ва изҳори ташаккур мекард, ки барои то Душанбе расиданаш кӯмак намудем.

Хушнуд будам, ки мақомоти Тоҷикистон дигар аз депортшудагон чиптапулиро талаб намекунанд. Чунки Хадамоти Муҳоҷирати Русия мегӯяд харҷи роҳкирои хориҷшудагонро онҳо пардохт менамоянд. Аммо он андешаам, ки дар Ватанам рӯз то рӯз ободиву мардумсолории бештар дида мешавад, хом баромад.
Мутаасифона дар Ҳисор ӯро ба прокуратура даъват карда шиносномаашро гирифтаанд ва 2500 сомонии чиптаи ҳавопайморо талаб намудаанд.

Реклама




Алам аз «Наша Раша» хануз дар дилхост

9 01 2015

Боре се нафар мухочирон тасмими чиддй гирифтем, ки пайкарахои тахкиромезро дар Красноярск шикаста пора-пора намоем. Аммо дустон бо маслихатхо нагузоштанд ин накшаамонро амали намоем. Аз ин накша ба як шиноси донишманди рустабор дарди дил кардам. Шояд сухани у асос хам дошт, ки мегуфт, «Вы почему обижаетесь на эти куклы? Во первых это шутка, а во вторых эти же памятники молдавана и арменина. Мне это кукла Галустян напоминает президент Армении и всех армянов..»

«Вы почему обижаетесь на эти куклы? Во первых это шутка, а во вторых эти же памятники молдавана и арменина. Мне это кукла Галустян напоминает президент Армении и всех армянов..»

«Вы почему обижаетесь на эти куклы? Во первых это шутка, а во вторых эти же памятники молдавана и арменина. Мне это кукла Галустян напоминает президент Армении и всех армянов..»

Ба хар хол, ором нагирифтам ва ба маъмурияти шахр нома навиштам. Дар чавоб чунин посух расид:
«Уважаемый Илхомджон Иброхимович!

Ваше обращение о памятнике, установленном в микрорайоне «Зеленая роща», рассмотрено в органах администрации города.
Информируем Вас о том, что указанный объект, состоящий из двух гипсовых фигур около 1,5 м в высоту, находящийся по адресу: пр. Металлургов, 8а, у торгового центра «Аквариум», не включен в перечень памятников, рекламных конструкций, арт-объектов и иных объектов благоустройства, относящихся к муниципальной собственности, расположенных на территории города Красноярска.
Также, по информации департамента городского хозяйства администрации города объект является частной собственностью.
В связи с этим, решение вопроса о демонтаже фигуры возможно по договоренности с владельцем объекта.
Со своей стороны, администрация города подготовит обращение в адрес соучредителей торгового центра «Аквариум» об организации совместной встречи по рассмотрению данного вопроса.

Исполняющий обязанности
руководителя департамента
социальной политики Д.А. Антонов

Лавриченко Кирилл Константинович
Шик Ольга Юрьевна»

Тахкир намудани як миллат е дин ин санъат нест. Чунки ин корро хама метавонад. Бо ин кор сазовори эхтиром хануз касе нашудааст ва агар шуд, шухраташ муваккат ва кутох хохад буд. Ман низ метавонам дар расми карикатурй салиб е суратпарастй е шаклу башараи хунуки попи ватиканро тасвир намоям. Ман низ метавонам барои хандаи як гурухи безавк миллати армян е молдаванро чун пасттарин, дуруггуйтарин, фиребгартарин махлукхо тасвир намоям. Бигзор вакт нишон дихад, вакт дарс дихад. Вакт вокеан ба тилло баробар аст. Рузхое хоханд расид, ки барномаи «Наша Раша» ба доги ифлоси Русия табдил хохад гашт. Барномае, ки дар камшудани мехри точикон ба Русия сахм гузошт.





Деворро кй ларзонд?

9 03 2012

Рузи дуввум аст, ки хамсояи девор ба девори мо кампире бо набераи тахминан 25 солааш гуд-гуд гуфта гаштааст. Пештар муомилаи хуб доштем. Хар бор бо хам салому алейк мегуфтем. Аммо имрузхо ба саломамон алейк намегирифтанд. Шунидем, ки аз пасамон мегуфт «..кучо гурезам аз дасти ин гайрирусхо.., чи хел ором буд бе инхо.. , инхо ба ин хучра омаданду на шаб оромиасту на руз.., аз ин хучра инхоро рондан даркор..» ва гайра ва хоказо.
Хайрон будем, ки мо ягон овози баланд набаровардаем. Сахар кор рафта, шаб меоем ва кушиш менамоем, ки ба касе зарар нарасонем. Бароямон муаммо буд, ки чаро муомилаи хамсоя бо мо якбора бад шуд.

Имконият ва лахзаеро интизор будем, ки бо онхо гуфтушунид намоем. Бегох дарро касе сахт куфт. Дарро кушодем ва кампири рус бо набераашро дидем. Хар ду баробар ба сари мо дод мезаданд, ки чаро инкадар ба девор бо чизе мезанед. То андозае, ки девор чунбид ва кати хобаш, ки чафси девор будааст ларзид.
Мо хайрон будем. Чунки коре бо девор накардаем. Фахмондани шудем, аммо онхо гуш намекарданд ва фарёд мезаданд, ки пулисро даъват хоханд кард.

Дарро пушида илочи кор мечустем, ки чи бояд кард. Аз долон садои кампир меомад, ки бо телефон пулисро даъват мекард. Мо шиносномахоямонро омода намуда интизори пулис будем. Аз долон дигар садое намеомад. Шояд кампир низ ба хучраи худ даромада пулисро интизор буд.
Телевизорро бо овози пастакак ба кор андохтем. Дар шабакаи махаллй барномаи хабарй сар шуд. Аввалин хабаре, ки пахш шуд дар бораи чанд соат пештар ба кайд гирифтани заминларза буд. Маркази он шахраки Тува буда, ба шахри Красноярск то 3 балл расидааст.

Чанд руз паи хам дар шахри Красноярск заминларза рух дода буд, ки ба 3,5 балл баробар буд. Ин хабарро шунида, фикр кардем, ки шояд кампиру наберааш аз заминларза бехабаранд. Дар хамин гуфтугузор будем, ки так-таки дар баланд шуд. Ана пулис хам омад гуфта дарро боз кардем. Аммо пулис неву кампир ва набераашро дидем. Хар ду бо лахни хуш аз мо бахшиш мепурсиданд, ки аз заминларза хабар надоштанд. Кампири бечора аз шарм сурх шуда буд ва илтичо мекард, ки уро бубахшему ба дил нагирем…





Афзалшохи Шодй дар Красноярск

20 06 2010

Рузи 19-уми июн дар шахри Красноярск дар чазираи фарогатии Татишев консерти идонаи «Сайри лола» бо иштироки гуруххои санъаткори озариву руси ва хунарманди мардумии Точикистон Афзалшохи Шодй баргузор шуд.

Мардикорони ташнаи навои точикй аз хамсояшахрхои атрофи Красноярск чамъ омаданд. Ману Мусо ва чанд гуштигирон низ аз Иркутск ба Красноярск омадем. Афзалшох бо таронаи «Таджикистан и Россия» ба консерт огоз бахшид.

Пас аз ду суруди Афзалшох тамошобинон тарона дар бораи Самарканду Бухороро талаб мекарданд. Ва боз Афзалшох Самарканду Бухороро талаб кард ва бори дигар тасдик кард, ки ин шахрхои точиконанд.

Мегуянд гуё И. Каримов раиси чумхури Узбакистон аз ин тарона норозигй карда, Афзалшохро «земломер» (заминченнамояк) ном бурдааст. Мусо шухиомез пешниход кард, ки ба Афзалшох як «рулеткаи» 10 метраи кимат табрик намояд..

Ин консерт он руз хамаи нохияву махалхои Точикистонро гирдихам оварда, дар дил шуълаи вахдату ягонагиро барафрухт.
«Лаънат бод бар ман, агар точикро ба чанубию шимолию инчоию унчой чудо намоям..»
Ин суханхои Афзалшохи Шодй мухлисони мухочирашро ба вачд овард ва баъдан харборе «Точикистонам» мегуфт хамагон доду фарёд мезаданд.

Фарёди пур аз алам, фарёди пур аз дард, фарёд дар хакки Ватани азиз, Ватане, ки гох дар блокадаи иктисодй мондаю, гох бекасу танхову фирефтаву валангор. Ватане, ки сарваронаш дар тахт тохту тоз доранду бо хар роху васила хуни мардум мемаканд.

Ватане, ки яке аз окибмондатаринхосту роххояш мисли давлатхои пешрафтатарин пулакй шудаанд. Ватане, ки 20 сол боз мустакил асту хеч не маоши хадди акал як пирамарди танхоро хуронад. Ватане, ки оинахояш мухточи хокистар шудаанду беадолатии додгоху додситонхояш ба авчи аъло расидааст. Ватане, ки мушу каломушхои дузду харомхураш хокиму раису вазиру вакил шудаанд.

Мусо низ садояшро ба фарёди хамагон хамрох карда, пинхонй ашки дида пок мекард. Ва кам набуданд онхое, ки гиряи худ базур нигах медоштанд.

Боз Афзалшох месарояд.
» Куххои ту имонам, сангхои ту вичдонам, чашмахои ту чашмонам, Точикистонам, Точикистонам…»

Сипас, Афзалшох азми рафтан карду мардикорон талош мекарданд, бо у «автографи» точикй — огушу дастфишорй намоянд.

Дар хотимаи ид гуштигирон ба сахна баромаданд.
Сипас ману Мусо дар рох суи истгохи рохи охан шохиди сухбати русхо гаштем, ки байни хам дар бораи иди точикон ва ошдихии бепул ба русхову тахчоихо сухбат мекарданд.