Тоҷики бесоҳиб ва болои сӯхта намакоби мақомот

9 01 2015

ghorat
Бакайдгирии мусофирони хавопаймои Красноярск-Хуҷанд сар шуд. Бо дустон хайрухуш намуда ба қатори мусофирон ҳамроҳ шудам. Чашмам ба ҷавони зоҳиран тоҷике афтод, ки пулис аз дастонаш завлонаро раҳо карда рафт. Ба ҳама маълум буд, ки ӯ депортшуда аст.

Вақте ба ҳавопаймо нишастем ин нафари депортшуда дар курсии паҳлуи ман ҷой гирифт. Солҳои пеш худи «стюардессаҳо» ба мусофирон мегуфтанд, ки ҳар ҷои холие ефта нишастан гиред. Акнун баръакс онҳо таъкид мекарданд, ки танҳо аз рӯи нишондоди чипта ҷоятонро ефта нишинед. Аммо ҳанӯз одати пешин нишастааст.

Ин муҳоҷири «депортшуда» Дилшод ном дошт ва аз ноҳияи Ҳисор буд. Ӯ дар як корхонаи чуббурии Красноярск кор мекардааст. Дилшод нақл кард, ки се моҳ пеш «вагонча»-и ҷои истиқоматашон ба коми оташ рафт ва шиносномааш ҳамроҳи иҷозатномаи кору қайднома(регистратсия) сӯхтанд.

Рӯзи дигараш кормандони хадамоти муҳоҷират ӯро ба ҳабс мегиранд. Сабабаш надоштани шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳо. Дар боздоштгоҳи махсус барои муҳоҷирон се моҳро гузарондааст. Танҳо имрӯз ӯро ба Тоҷикистон мефиристанд.

Ба саволи он ки ое ягон намояндаи консули Тоҷикистон аз ҳоли онҳо хабар мегирифт посух дод, ки як маротиба як «галстукдор» омада гуфт, ки ба умеди касе нашаванд худашон аз паи худашон шаванд. Ҳоло порае аз нақлҳои ӯро, ки сабти садои намуда будам инҷо меорам.

«Ман дар «спетсприем» неки хонангиҳо хабар надоранд. Хона занг мезадам, «мамашка» мазаш нестай. Акаҳом бекор. Сум фирист гуфтанд, хаелшон ман кор карда гаштаам… Ина се моҳи расо хоб будам. Дина як тоҷика сар додан, парид. Ӯ ҳафт моҳ дар «спесприем» хоб буд. «Жалоб» е адвокат мегуи мебаран дар камераи хунук махкамат мекунанд. «Какие жалобы? Кто вы такие? Кому вы нужны?» мегану «наказат» мекунанд. Унҷа тоҷик тоҷики худша мефурушад.
Як халта нос сад суми русиай. Аз «воля»(манзураш аз берун) «передача» метян тоҷики худмон «пирашкира» дар таи болишташ руст мекнаю худаш хаппак мехурад. Дига миллато «дружнаянд». Ҳамдигарша «поддержка» мекунанд. Ягон милиса як армяна е озара «тук» гуфта наметонад. Узбако соҳибдоранд. Ҳамин се моҳе, ки унҷа будам надидаам, ки ягон узбак аз як ҳафта зиед истад. Дар давоми як ҳафта мефиристандаш мерад Узбакистон. Аз воля зур «передачашон» метянд. Галстукдорошон тез-тез хабаршон мегиран. Дар берун «кришашон» бақуват аст…

Вақте мара Хуҷанд мефиристодан гуфтам охи мара Душанбе фиристед, ки сум надорам аз Хуҷанд Душанбе брам. Гуфтанд уш «проблеми» ту, Худо гӯй ки навбати парвозат расид. Паспортама дар фурудгоҳи Хуҷанд бармегардонанд.»

Дар дохили ҳавопаймо чор панҷ нафар 200-1000 рубли ҷамъ карда маблағи зарурӣ то расидан ба Ҳисорро барояш додем. Дар фурудгоҳи Хуҷанд шиносномаашро баргардонданд ва бемамониат сафарашро ба Душанбе идома дод. Пас аз як ҳафта аз Ҳисор занг зад ва изҳори ташаккур мекард, ки барои то Душанбе расиданаш кӯмак намудем.

Хушнуд будам, ки мақомоти Тоҷикистон дигар аз депортшудагон чиптапулиро талаб намекунанд. Чунки Хадамоти Муҳоҷирати Русия мегӯяд харҷи роҳкирои хориҷшудагонро онҳо пардохт менамоянд. Аммо он андешаам, ки дар Ватанам рӯз то рӯз ободиву мардумсолории бештар дида мешавад, хом баромад.
Мутаасифона дар Ҳисор ӯро ба прокуратура даъват карда шиносномаашро гирифтаанд ва 2500 сомонии чиптаи ҳавопайморо талаб намудаанд.

Реклама