Тоҷики бесоҳиб ва болои сӯхта намакоби мақомот

9 01 2015

ghorat
Бакайдгирии мусофирони хавопаймои Красноярск-Хуҷанд сар шуд. Бо дустон хайрухуш намуда ба қатори мусофирон ҳамроҳ шудам. Чашмам ба ҷавони зоҳиран тоҷике афтод, ки пулис аз дастонаш завлонаро раҳо карда рафт. Ба ҳама маълум буд, ки ӯ депортшуда аст.

Вақте ба ҳавопаймо нишастем ин нафари депортшуда дар курсии паҳлуи ман ҷой гирифт. Солҳои пеш худи «стюардессаҳо» ба мусофирон мегуфтанд, ки ҳар ҷои холие ефта нишастан гиред. Акнун баръакс онҳо таъкид мекарданд, ки танҳо аз рӯи нишондоди чипта ҷоятонро ефта нишинед. Аммо ҳанӯз одати пешин нишастааст.

Ин муҳоҷири «депортшуда» Дилшод ном дошт ва аз ноҳияи Ҳисор буд. Ӯ дар як корхонаи чуббурии Красноярск кор мекардааст. Дилшод нақл кард, ки се моҳ пеш «вагонча»-и ҷои истиқоматашон ба коми оташ рафт ва шиносномааш ҳамроҳи иҷозатномаи кору қайднома(регистратсия) сӯхтанд.

Рӯзи дигараш кормандони хадамоти муҳоҷират ӯро ба ҳабс мегиранд. Сабабаш надоштани шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳо. Дар боздоштгоҳи махсус барои муҳоҷирон се моҳро гузарондааст. Танҳо имрӯз ӯро ба Тоҷикистон мефиристанд.

Ба саволи он ки ое ягон намояндаи консули Тоҷикистон аз ҳоли онҳо хабар мегирифт посух дод, ки як маротиба як «галстукдор» омада гуфт, ки ба умеди касе нашаванд худашон аз паи худашон шаванд. Ҳоло порае аз нақлҳои ӯро, ки сабти садои намуда будам инҷо меорам.

«Ман дар «спетсприем» неки хонангиҳо хабар надоранд. Хона занг мезадам, «мамашка» мазаш нестай. Акаҳом бекор. Сум фирист гуфтанд, хаелшон ман кор карда гаштаам… Ина се моҳи расо хоб будам. Дина як тоҷика сар додан, парид. Ӯ ҳафт моҳ дар «спесприем» хоб буд. «Жалоб» е адвокат мегуи мебаран дар камераи хунук махкамат мекунанд. «Какие жалобы? Кто вы такие? Кому вы нужны?» мегану «наказат» мекунанд. Унҷа тоҷик тоҷики худша мефурушад.

Як халта нос сад суми русиай. Аз «воля»(манзураш аз берун) «передача» метян тоҷики худмон «пирашкира» дар таи болишташ руст мекнаю худаш хаппак мехурад. Дига миллато «дружнаянд». Ҳамдигарша «поддержка» мекунанд. Ягон милиса як армяна е озара «тук» гуфта наметонад. Узбако соҳибдоранд. Ҳамин се моҳе, ки унҷа будам надидаам, ки ягон узбак аз як ҳафта зиед истад. Дар давоми як ҳафта мефиристандаш мерад Узбакистон. Аз воля зур «передачашон» метянд. Галстукдорошон тез-тез хабаршон мегиран. Дар берун «кришашон» бақуват аст…

Вақте мара Хуҷанд мефиристодан гуфтам охи мара Душанбе фиристед, ки сум надорам аз Хуҷанд Душанбе брам. Гуфтанд уш «проблеми» ту, Худо гӯй ки навбати парвозат расид. Паспортама дар фурудгоҳи Хуҷанд бармегардонанд.»

Дар дохили ҳавопаймо чор панҷ нафар 200-1000 рубли ҷамъ карда маблағи зарурӣ то расидан ба Ҳисорро барояш додем. Дар фурудгоҳи Хуҷанд шиносномаашро баргардонданд ва бемамониат сафарашро ба Душанбе идома дод. Пас аз як ҳафта аз Ҳисор занг зад ва изҳори ташаккур мекард, ки барои то Душанбе расиданаш кӯмак намудем.

Хушнуд будам, ки мақомоти Тоҷикистон дигар аз депортшудагон чиптапулиро талаб намекунанд. Чунки Хадамоти Муҳоҷирати Русия мегӯяд харҷи роҳкирои хориҷшудагонро онҳо пардохт менамоянд. Аммо он андешаам, ки дар Ватанам рӯз то рӯз ободиву мардумсолории бештар дида мешавад, хом баромад.
Мутаасифона дар Ҳисор ӯро ба прокуратура даъват карда шиносномаашро гирифтаанд ва 2500 сомонии чиптаи ҳавопайморо талаб намудаанд.

Реклама




Бардорад зам, набардорад хам зам..

26 09 2011

Дируз барои як дустам, ки азми сафар ба Ватан дорад чиптаи хавопаймо харидем.

Нархи чипта моро ба хайрат овард. Нархи хамаи самтхои Точикистон, Узбакистон, Туркманистон ва Киргизистонро пурсучу кардем. Аз хама чиптаи гарон самти Точикистон буд. Чипта ба шахри Хучанд, ки мохе пеш 8 хазор рубли руси нарх дошт, имруз 14 хазор буд. Ба Душанбе 10 хазор, ки ин хам нисбати дигар чумхурихо гарон аст. Масалан ба шахри Оши Киргизистон 6 хазор рубл, Бишкек 5 хазор, Тошканд 7 хазор.

Ба суол чаро чипта ба самти Точикистон ин кадар гарон аст, чиптафуруш китф дархам заду гуфт, ки фикр намекунам ин гароншави ба нархи сузишворй ё курби доллар рабте дошта бошад ва сабаб шояд аз афзоиши талабот бошад…

Ба хона омада харитаро боз кардам. Фикр кардам, ки наход Точикистон ин кадар дур бошад.
Ё шояд самти Точикистон «падём» бошаду хавопаймо сузишворй бештар мехурад?

Ана гамхории дастандаркорони мо нисбати шахрвандони мухочири худ. Наход то ин дарача Точикистон бесохиб монда бошад, ки нарххо беназоратанд? Дар дасти кист ресмони нархи чиптахои хавопаймо? «Бардорад зам кун..» гуфта, мардумро горат накунед, эй мусулмонон. Ин мухочири бечора бардоштан мегирад, вале зам кардан хам худуде дорад ё на?
Чй мешавад, ки ба самтхои шахрхои Тюмен, Новосибирис, Краснаяр ва Иркаутск хатсайри катора боз намоянд, то мардум интихоби васеъи равуой дошта бошад. Аз дигар чумхурихои хамсоя ибрат гиред. Онхо хеле гамхоранд нисбати шахрвандони худ.





Ба хавопаймо нишастанро кай меомузем?

7 09 2010

Хавопаймо мепариду сари чанд вакт садои баланди «стюардесса» мебаромад: — Чанд бор гуфтам дар инчо нос накашед! Шумо чи хел одам гапа намефахмед?!

Якчанд сархо бо шунидани ин садо ба пушт тоб мехуранд. Мехоханд бубинанд, ки кист вай одами носкашидаги. Пас аз он ки уро диданд ба пеш тоб хурда дар суроги халтаи нос мешаванд. Гуё ба хотирашон носкаши омад. Ё фикр мекунанд, ки мешудааст-ку.

Пештархо ба гушам гохгох мерасид, ки гуё аз точикистонихо дехотихо маданияти камтар доранд ва шахрихо маданияти баландтар. Аммо чандин маротиба шохиди он гаштам, ки ин гап асос надорад. Аслан ин аз тарбияи дар оила гирифтааш сарчашма мегирад.

Вакти ба автобус ва ё хавопаймо нишастанро мебинив,  мехохи шахриро ба сари дехоти заниву дехотиро ба сари шахри… Назоратчиён хой-хой нагуянд на кудаки хурдсолро нигох мекунему на занхоро ва дарро пачак карда медароем. Гуё агар акиб монем бечо мемонда бошему мачбур чоямон болои болхои хавопаймо мешавад. Кай мо ба автобусу хавопаймо нишастанро меомухта бошем. Аз байни мусофирон як садо баромад: «Хой, хамотонба чо хаст шарманда накунетон!». Хайрият ин хел одамхо хам будаанд, гуфтам ба худ. Вале сохиби овоз дид ки касе уро гуш намекунад, у низ ба кашмакаши ба автобусдарои хамрох шуд. Гуё худ дар гапи худаш нобовар накард, ки мабодо бечо намонад. Ё шояд хост хамаро фиреб дода ором намояду худаш аз хама пеш ба хавопаймо дарояд…

Якчанд мусофирони намояндахои миллатхои славяни ба кашмакашхо хамрох намешуданд ва аз дур бо тамасхур назорат мекарданд. Дар хакикат аз хама охир онхо даромаданд ва чиптаро нишон дода чойхои худро сохиб шуданд. Дар чиптахо аслан раками чои нишаст сабт шудааст. Вале худи назоратчиён намегузоранд ки ба ракамхои чои нишаст риоя намоем: — Эээ, нишастан гиред дар дилхох чойхои холи!..

Русхо бошад саросема нашуда, даромада аз руи ракам чойи худро пайдо карданд ва «стюардессаро» даъват карда талаб карданд ки чойи онхоро холи намоянд. Стюардесса харчанд ба онхо фахмонд, ки аз руи ракам хеч кас нанишастааст ва ба дилхох чойхои холи нишастан гиранд. Аммо чун «дилхох чойхои холи» дар охири салун буд русдухтарон бо катъият талаб карданд ки бигзор хамин шахсоне ки дар чойхои онхо нишастаанд, хеста ба хамон «дилхох чойхои холи» рафта биншинанд. Мачбур чор нафаре ки бо хамин кадар зeру захм ва кашмакашихо яке аз аввалинхо даромада чойи нишаст гирифта буданд, гуё чангро бохта бошанд супсурх бо гушхои кашол хакораткунон ба акиби салун рафтанд.

Ин сахнаро дида, дарк кардам ки махз худи коркунони фурудгох, назоратчиёну «стюардесса»хо миллати моро ба хамин камбуди маданияти нишаст оварда расондаанд. Чунки агар мусофиронро на аз руи масали «хозирро хузур, гоибро шалгам» чойгир намоянд, балки аз руи раками чойи нишаст чобачо намоянд, онгох охиста-охиста ин талотупии вакти нишаст аз байн меравад ва мо аз тамасхур «эмин» мемонем. Дар хамаи чиптахо раками чои нишаст хаст-ку ё он ракамхо барои зебоии чипта аст? Бо риояи ин ракамхо хар кас хохад донист ки хох дер дарояд, хох барвакт аздусар дар хамон чойи худаш хохад нишаст.