Мавҷи эҳсосот ва хабарнигори шӯҳраталаб

5 01 2019

Мусофирбар аз назди бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд мегузашт. Азбаски роҳ сермошин буд, он бо суръати паст ва истода-истода ҳаркат мекард. Дар паҳлӯи рости роҳ издиҳоми одамон диққати мусофирон ва хабарнигор Баҳодурзода, ки низ дар мусофирбар буд, ба худ ҷалб намуд.
Дар атрофи як худрав тахминан 10-15 нафар ҷамъ шуда буданд. Дар байни онҳо ду корманди БДА низ дида мешуд. Дар пештари худрав нақлиёти эвакуатории БДА истода буд.
Мусофирони дохили мусофирбар бо кинояву писханд ва овози пасту баланд ба ғалоғула даромаданд. Яке гуфт, «Соҳиби мошин ана вай марди муйлаби қадбаланд аст. Собиқ муаллим. Ҳоло нафақахӯр. Одами нағз.», Дигаре гуфт, «Ҳа, ин милисаҳо фақат ба камбағал мечаспанд. Канӣ ҳу ба назди он ҷипҳои номерошон 000 ҳам раванд!…». Саввуми гуфт «Инҷо ягон «знак» нест ку. Ин БДА тамоман аз худ рафтаанд…», боз садоҳое мебаромад: «Каме дуртар «стоянкаи» ҷияни раис ку, мошинашонро онҷо гузоранд дия.» , «ин ҳукумат мардума нафаскашӣ ҳам намемонад. Ин қадар фишору золимӣ.. «…
Хабарнигори ҷавон, Баҳодурзода зуд телефони дастиашро гирифта, таҷаммуъи одамонро аксбардорӣ кард ва саросема ба дафтарчаи кисагиаш чизе менавишт. Гоҳо сар бардошта айёрона ба гапҳои мусофирон гӯш медод.
Сипас, аз ҷой хеста, назди дар омад. Хост дар истгоҳи навбатӣ фарояд ва ба назди таҷаммӯъи одамон равад. Ба соати дастиаш нигаристу лаҳзае дудила шуд. Баргашта ба ҷояш нишаст. Мусофирбар аз издиҳом дур шуд.
Соате пас, Баҳодурзода дар утоқи кориаш буд. Аз курсиаш нимхез шуда, як қулт қаҳва нӯшид ва бо садои на онқадар баланд аз оинаи роёнааш навишторашро хонд.
«Ҳукумати золим
Имрӯз тасодуфан шоҳиди як золимию бераҳмии кормандони БДА-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд гаштам. Дар назди бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд, дар мавзее, ягон ишораи манъи гузоштани худравҳо нест, кормандони бераҳму золими БДА нақлиёти як муаллими нафақахӯрро мусодира намуданд. Ба таҷаммӯъи мардум эътибор надода, бешармона мошинро бо нақлиёти мошинкашон ба истгоҳи ҷаримавии БДА бурданд. Дар наздикии он худрав нақлиётҳои бадвоҳимаи дигар бо рақамҳои бадвоҳима низ буданд. Аммо зӯри кормандони тарсӯи БДА ба он тағодорҳо намерасад ва онҳо танҳо ба деҳқону камбағалон дармеафтанд.
Ба гуфти манбаҳои мӯътамад барои дар инҷо мошин нагузоштан қарори раиси вилоят ва раиси шаҳр ба тасвиб расида будааст. Аммо чуноне шоҳид ҳастем ин қарору қонунҳо танҳо ба камбағалон дахл дорад.
Кормандони БДА барқасдона дар чунин мавзеъҳо аломатгузорӣ намекунанд, то сайду шикор намоянд.
Ногуфта намонад, ки каме дуртар истгоҳи пулакии ҷияни раис мавҷуд аст. Бо боварии том метавон гуфт, ки ин фишору бетартибии БДА фармоишӣ бошад. »
Баҳодурзода навишторашро хонда шуд ва ба курсии мулоимаш баҳузур такя зада, дастонашро паси сараш гузошт. Ӯ бо виқор ба оинаи роёнааш менигарист. Сипас, мушаки роёнаро ба кор андохта, ба тугмачаи «Send»  пахш намуд ва навишторро ба сардабири рӯзнома фиристод.
Аз ҷой бархост ва кулоҳашро ба сараш гузошта, шитобон аз утоқаш берун шуд. Аввал ба истгоҳ рафт, вале мунтазири мусофирбар нашуда, ба назди таксиҳо омад ва ба яке аз онҳо нишаст.
Ӯ мехост тезтар ба маҳалли издиҳоми мардум расида шоҳиди воқеа шавад ва маълумоти бештар ба даст орад. Ҳатто омода буд издиҳомро ба шӯр оварда аз муаллим пуштибонӣ намояд ва нагузоранд, ки худрави ӯро ба истгоҳи ҷаримавии БДА баранд.
Вақте такси ӯро ба макони воқеа расонд аз издиҳом нишоне набуд. Аз такси фаромада ба роҳрави паҳлӯи роҳ гузашт ва атрофро наззора кард. Каме дуртар таксиронҳо истода буданд.
Баҳодурзода ба назди яке аз онҳо рафт ва салом дода пурсид:
— Бубахшед, соате пеш инҷо кормандони БДА атрофи як мошин кашмакаш доштанд. Баъд чӣ шуд? Онро ба истгоҳи ҷаримавӣ бурданд?
— Кадом? Ҳамоне ки муҳаррикаш кафида буд ҳамон? — пурсид таксирон.
Баҳодур кунҷковона ба ҷое ки худрав истода буд нигарист. Онҷо атрофи ним метри мураббаъ равғани мошин рехта буд. Сипас пурсид: — Муҳаррикаш кафида буд?
Таксирон посух дод: — Бале, таги муҳаррикаш кафида, пораҳои он ба дандонакҳои мурват зиён расондаанд ва худрав тамоман аз ҳаракат бозмонда буд. Кормандони БДА ба кӯмак ҳозир шуда, бо нақлиёти мошинкашонашон худравро ба таъмиргоҳ бурданд.

Реклама




Бардорад зам, набардорад хам зам..

26 09 2011

Дируз барои як дустам, ки азми сафар ба Ватан дорад чиптаи хавопаймо харидем.

Нархи чипта моро ба хайрат овард. Нархи хамаи самтхои Точикистон, Узбакистон, Туркманистон ва Киргизистонро пурсучу кардем. Аз хама чиптаи гарон самти Точикистон буд. Чипта ба шахри Хучанд, ки мохе пеш 8 хазор рубли руси нарх дошт, имруз 14 хазор буд. Ба Душанбе 10 хазор, ки ин хам нисбати дигар чумхурихо гарон аст. Масалан ба шахри Оши Киргизистон 6 хазор рубл, Бишкек 5 хазор, Тошканд 7 хазор.

Ба суол чаро чипта ба самти Точикистон ин кадар гарон аст, чиптафуруш китф дархам заду гуфт, ки фикр намекунам ин гароншави ба нархи сузишворй ё курби доллар рабте дошта бошад ва сабаб шояд аз афзоиши талабот бошад…

Ба хона омада харитаро боз кардам. Фикр кардам, ки наход Точикистон ин кадар дур бошад.
Ё шояд самти Точикистон «падём» бошаду хавопаймо сузишворй бештар мехурад?

Ана гамхории дастандаркорони мо нисбати шахрвандони мухочири худ. Наход то ин дарача Точикистон бесохиб монда бошад, ки нарххо беназоратанд? Дар дасти кист ресмони нархи чиптахои хавопаймо? «Бардорад зам кун..» гуфта, мардумро горат накунед, эй мусулмонон. Ин мухочири бечора бардоштан мегирад, вале зам кардан хам худуде дорад ё на?
Чй мешавад, ки ба самтхои шахрхои Тюмен, Новосибирис, Краснаяр ва Иркаутск хатсайри катора боз намоянд, то мардум интихоби васеъи равуой дошта бошад. Аз дигар чумхурихои хамсоя ибрат гиред. Онхо хеле гамхоранд нисбати шахрвандони худ.