МАРДИКОРЙ ТО БА КАЙ???

11 11 2009

Эй азизон, то ба кай мо тарки кишвар мекунем,
То ба кай аз бахри пул тарки модар мекунем,
Ин хама шахри урус обод шуд аз дасти мо
Холу ахволи Ватанро кай накутар мекунем.
Пахлавонони диёр зери мушти нокасон,
Аз кабех дашномхо гуши худ кар мекунем,
Духтуру омузгор, устои гулдаст то ба кай
Мардикорй зери дасти хар сагу хар мекунем.
Чон падарчонам, чавобе бар суоли ман бигу
То ба кай аз сузиши дил дидаро тар мекунем.
Хайфи ин умри чавонй, хайфи ишку ошикй
Ки чудой аз нигору ёру дилбар мекунем.
Точикистонам шукуфон шав аз бахри худо
То ба кай мо орзую ёди кишвар мекунем.

(Илхоми Иброхим. ш.Сургут с 1999)





Нома аз Киев

7 11 2009

Салом бародарон!!!

Ба сахифаатон тарики вебблоги Футболи Точикистон даромадам. Вох, канд занед… Дар мусофири, бо чунин азоб зиндаги дореду боз чунон чихое иншо мекунед, ки…
Айни хол ман хам мусофирам, дар Киев. Мардуми инчо Руссияро онкадар дуст намедоранд, ки… Ман намефахмидам, чаро… Баъд накл карданд, ки чи тавр урусхо онхоро дуст намедоранд.
Мехохам ба Шумо як вокеаро накл кунам, ки аз он метавонед латифае созед:

Як хамкорам, ки ба сафари кори баромада буд, вакти бозгашт аз Австрия дар Москов 1 руз бозистод. Хайр, вактро бехуда нагузаронам,- гуфта ба сайру гашти шахр баромад. Милисахои лаънати хар сари кадам нигох дошта бо у шинос мешуданд. Хуб, якеаш савол медихад:
-Чанд вакт дар Москов мемонй?.
Ин хамкорам (Мирзошокири Хочиён, номзади илмхои кимиё) чавоб медихад:
-Да Я!!! Да чтоб…!!! Да не на секунду Я не хочу оставаться здесь!!! У меня этот чертовый билет на завтра вот пришлось и выйти погулять, а тут…
Хулоса, менти бечора аз г..хи хурдагиаш пушаймон мешавад

Онхо се кас буданд. Телефон кофтанду наёфтанд, дар наздикиашон ончо бозорчае будаст. Хамкорам аз як кампири урус, ки дар хамон бозор савдо мекард телефон хохиш кардааст. Гуфтааст, ки,-ман пулашро дахчанд медихамат, факат зарур аст телефон кардан. Кампири урус мепурсад, -аз кучои,- ва чун мефахмад, ки точик аст, намедихад телефонашро, баркасд нишон дода: – дорам, аммо намедихам..
Азбаски борашон вазнин буд. Ин бародар дар назди сумкахо меистаду ду нафари дигар ба телефонкобй мераванд.
Ана баъд хуни точикияш мечушад:
-Кампир, медони ман дар Точикистон чи кор мекунам?
-Ну?…
-Дар лабораторияи ман, дар таи дастам 37 нафар занаки урус кор мекунад. Баъди ин рафтори ту ман медонам бо онхо чи тавр рафтор кунам!!!
Баъди андак вакт кампири бечора аз кардааш пушаймон мешаваду телефонро дароз мекунад, ки: – Ман мебинам ту одами интеллегенсия будаи, майлаш гир гап зан, пулат хам даркор не!!! Оооо… Мастчоихо чи хел мардуми гарданшаханд:
-Даркор не телефонат, дар руи замин агар дигар телефон ёфт нашавад хам намегирам телефоната…
(Лек хакикати хол дигар хел будааст. Якум, ин бародар раками телефони даркориро намедонист, ракам дар дасти дигар бачахо буд. Дувум шахси даъватшавандаро хам намедонист, ки хохари бачаи дигар буд (аз Хучанд). Хохараш дар Москов кор мекардаааст, хай инаш ахамият надорад…
Бечора кампир… Ба зора даромадааст, ким чихое накл кардааст…
Хуллас ин вакт он ду бачаи дигар омаданд ва аллакай занг зада будаанд. Борхоро гирифтанду равон шуданд, бечора кампир хайрон монда буд…

Баъди ин наклхо дар корхона хатто худи урусхои мо ба урусхои Москов нафрат хонданду гуфтанд, агар русхои Точикистон ба Русия раванд хам онхо чунин муносибат мекунанд. Бечора русхои мо…
Лекин ин бародар ба русхои Точикистон ягон муносибати бад накард.
-Инхо гунох надоранд, гуфт..

/// аз Бахтиёр.





«Модар, ман чи гунох кардам?..»

5 11 2009

Инак фасли сармо низ расид. -15-18 градус хунук. Баландии барф карибии 20 см. Ин барфи сеюм аст, ки дар Русия пешвоз мегирам. Кайхост нияти баргаштан ба Ватан дорам, аммо…
Имруз Мусою Шавкат чихатхои экономиро хисобу китоб карда, ба хулосае омаданд, ки бехтараш як дастгохчаи муйсаргирй бихаранд. Шавкат мегуфт: – як муисарпасткунй дар салон 200 рубл меистад. Хар сеямон якбори муисар гирем пулаш мебарояд…- Мусо низ тасдик мекард: – Худо нишон надихад, агар вакти салон рафтан милиса дорад мачбури пули се дастгохчаро чарима супори…

Хуллас дастгохчаи муисаргирй харидем, аммо акнун, мушкили дар он кй метавонад муисарпасткардан.. Аз ноилочй Мусо муи Шавкатро паст намуд. Рости хеле ачоибу хандаовар шуд. Шавкат худро дар оина дида, аз Мусо пурсид, ки номи намуди пасткардааш чист? Мусо дархол чавоб дод, ки ин як намуди хеле замонавист ва номаш «Модар, ман чи гунох кардам» аст.. :-)
Акнун мебоист Шавкат муи Мусоро паст мекард, вале Мусо аз тарси он ки Шавкат бокасд бузтарош нанамояд, аз ман хохиш намуд муяшро паст намоям. Рости, хеле кушиш намудам, вале намуди муисар хеле паст мисли зиндонихо шуд. Шавкат дар холи Мусо хандида гуфт: – ин низ намуди хеле муди замонавист ва номаш «Не плач родная, я вернус» мебошад..
Ман уро дилбардорй мекардам, ки берун барф, хунук ва дар таги кулох, ки муи туро мебинад.
Барф хануз меборад. Боридани онро дида, ваъдаи додаам ба духтарчаи 5 солаам ба едам омад. Хануз ду сол пеш дар саволи кай мебиоед, чавоб гуфтам, ки кайе барф борад меравам. Ин сеюм сол, сеюм барф.. Духтарчаам дигар на ба ман бовар дораду, на ба барф… 





ВЕРНИ ГОРОХ, ЖЕНКА!

2 11 2009

Аз шунидану хондани хабархои марбут ба Точикистон, рости танхо негатив мерасад. Ягон хабари хуш нест. Ба хона занг задан хам дигар маро дилхуш накард. Чунки саросар мушкили.. Метарсам рузе занг занаму дар чавоби салом – кай пул мефиристед? Банк рафта истам? Каламу когаз тайер, кода гуед.. – нашунвам.. :-)
Биёед дустон як каме аз мушкилотхо дур шуда хандем…

Иван ва Женка рузе шишахои холй супорида, дар маблаги ба даст омада базур як шароб мехаранд. Аммо газак (закуска) як нахуд доштанду тамом. Хар боре кадах мебардоштанд, нахудро буй карда, ба чояш мегузоштанд. Дар вакти буй кардан пас аз кадахи саввум нахуд ба бинии Женка фуру меравад. Иван аз гулуи Женка дошта, ба руяш торсакихо мезад – Верни горох, мать твою! Чем теперь закусить будем, гад! Верни!…

************

 Дар Ню-йорк се мард – олмонй, франсуз ва урус бахс мекунанд. Олмонй кишвари худро таъриф мекунад, ки дар 5 доллар ман дар сауна истирохат карда, шикамсери менушам. Франсуз паст наомада гуфт, ки ин хама маишатхоро ман дар Париж дар 3 доллар мекунам. Навбат ба урус расид. У гуфт, ки дар Русия ин маишатхо дар сауна ва болои ин бо мошин хона оварда боз пул медиханд. Олмонию франсуз дар хайрат монданд. – Чи хел? наход? Боварам намеояд. Ту худ ончо рафтаи? – пурсид олмонй.
Урус хозирчавобона гуфт: – Нет, моя сестра каждые выходные туда ходит…





СИЕСАТИ РАСВОИ РУСИЯ.

24 10 2009

Дируз телевизорро ба берун партофтам, ба хунуки ва таги борону барф, то ин куттии майзада аз таъсири салкинй ба худ ояду ин кадар «таджики..» нагуяд.. Аввалхо тамошои оинаи нилгун бароям дилгиркунанда гашт. Чунки хар шом пас аз кор бо хастагии тамом мехохи ягон барномаи дилхушкунанда е ахборотро бини, лек баръакс аз тамошои он боз хастатар мегардй. Кариб рузе нест, ки миллати точик е грузинро нах назананд. Вактхои охир хатто каналчахои майдаи махаллй низ ба хучум гузаштаанд. Сипас, родючаи дастй хамрох гирифта, ба гуш кардани FM родюхо сар кардам, то каме гурбати мусофирию еди Ватан дур гардад. Аммо акнун ба хулосае омадам, ки родючаро хам бурда, дар пахлуи телевизор аз пояш ба дор овезам. Хар руз порчаи махзакаи галустяни харом садо медихад. Болои ин латифахо, хатто рекламахо бо иштироки е грузин, е амрикой, е точик.. Дируз боз гапхои нав.. Гуе дар як хучра 40 точик мезистанду ва хоказо.. Гохе амрикоихоро, гохе грузинхоро, гохе точиконро, гуе дар дуне дигар ягон миллат нест. Хамаи мо ифлос, бад, кач, пачак, нодон ва танхо урусхо аз хама бехтар.. Агар муомилаи хукумати Русия бо кадом давлате бад шуд, тамом, он миллат дар латифахо чои чукчаро мегирад. Бубинед то кадом андоза сиесати харому номардона. Бо бадон бад бошу бо некон наку. ВАО-и Точикистон низ бояд ингуна рафтор намояд. Хамакаса ба хучум гузаранд, латифахо эчод намоянд, хачвияхои масхараи майзадахои русро ба сахна монанд. Онгох хисоб 1:1 хохад шуд.





ГАДО ДУШМАНИ ГАДО

15 10 2009

Далер пас аз чор мох бозпас ба Маскав баргашт. Аз чи бошад, у дар Точикистон зиеда аз се, чор мох истода наметавонист. Бебаркию бекорй ва шароити баду беадолатй уро хичил мекард. У ба хаети мусофирию мухочирй одат карда буд. Баробари ба Маскав омаданаш боз дар чои кори пештарааш, корхонаи коркарди чуб баркарор шуд. Мохонааш карибии 20 хазор рубли урусй буд, ки маблаг ва шароити чои кору чои хоб уро пурра каноатманд мекард. Аз Точикистон барои хамдехагонаш нома ва савгот аз наздиконашон оварда буд. Акнун у бояд онхоро ефта, савготихоро расонад. Аммо ба чуз аз он ки сеи онхо дар бустонсаройхои Вешки-сити кор мекунанд дигар на раками телефон ва ягон маълумот надошт. Рузи якшанбе аз сахарй борхалтахои савготй ва номахоро гирифта дар чустучуи онхо ба Вешки рафт. Вешки шахраки хурде дар канори Маскав аст, ки назди он бустонсаройхои осмонбус сар ба фалак кашидаанд. Аз чумла бустонсарои Жиринуфски низ инчост. Тарзи сохт ва ингуна гуногунрангию бохашаматии бустонсаройхоро Далер бори аввал медид. Нихоят, дар истгохи назди майдони футболбозй аз мусофирбар фаромад. Дар майдон хар якшанбе бачахои хисорй футболбозй мекарданд. Аз гапзании онхо точик буданашонро фахмида, наздашон рафт ва аз ду се мухлисоне, ки дар кунче нишаста буданд, аз хамдехагонаш пурсучу кард. Аз онхо нишонаи хамдехагонашро аник намуда, ба он самт равон шуд. Пас аз чанд рахпаймои ба макони хамдехагонаш наздик шуд ва онхоро дид, ки дар беруни дарвоза машгули кор буданд. Онхо низ Далерро шинохтанд ва хайратзада ба хамдигар нигариста байни хам чизе мегуфтанд. Далер торафт ба онхо наздик мешуд ва вакте масофаи байнашон 10-15 кадам монд, яке аз онхо гуфт «Эхе, Далерчон ку.. Ха, Далерчон, тинчй хаст? Ээ, инча кор мурдагй. Инчо чои хуб нест. Кор нест. Ахвол бад аст. Мо худ пушаймон…» Дуввумиаш сухани дигариро бурида » Мо худамон намедонем чи кор кунем. Кризис. Болои ин шабона бачахои махалй чанг меоянд. Милисааш бисер. Хар руз омада азоб медиханд..» Онхо сухани хамдигарро бурида, шарху шикоят мекарданд ва ба Далер навбат намерасид. Далер назди онхо рост меистод ва ба чои салом суханхои пур аз харисию хасисй ва пургараз мешунид. Нихоят саввумиаш пурсон шуд «Далер, кй гуфт инчо будани моро, кй адрес дод? Кй туро инчо фиристод?» ва ин саволхо боис гаштанд, ки навбати сухан ба Далер расид. У араки хунуке, ки сару руяшро фаро гирифта буд пок намуда, аз борхалтааш савготхои номнависшударо ба хар яки онхо дод. Ва аз чайбаш номахоро низ супорида гуфт » Инхо тушахо аз Точикистон. Бародарон, ман чои кор дорам. Ман наздатон махз барои расонидани хамин номахову тушахо омадам…» Пас аз ин ба онхо барори кор хоста бозпас гашт ва дар чашму руи онхо ба чои шарму хичолат, баръакс хушнудию шодиро дид, ки гуе мегуфтанд – хайрият наздамон кор наомадай ва меравй…





Фикри ки дуруст?

13 10 2009

Чандест миену ману Мусо бахс идома дорад. Мо тасмим гирифтем хонандахои торнигорро ба кумак даъват намоем, то ки хаку ки нохак муаян шавад. Мавзуъ чунин аст. Дар як шахре, ки мардикори точик кору зиндагй менамояд, бехтар аст барои у, ки мисли у мардикорони точик зиед бошанд? Е баръакс барои у бехтараст, ки ончо кариб точике набошад? Фикри ман (Илхом): Бигзор ончо чун хозира точикон зиед бошанд ва чи хеле бошаду набошад дар гаму шодии хам шарик бошанд. Вагарна он мардикори танхо низ аз фишори миллатчиену дузду майзадахо, ки дар тамоми Русия зиеданд худаш мачбуран шахрро тарк менамояд (агар зинда монад). Паст е баландии обруи миллат аз каму зиед будани мо вобаста нест. Фикри Мусо: Хуб мешуд, ки дар он шахр торафт точикон кам шуда, ахен ахен ба чашм расанд. Ин боиси боло рафтани обруи миллат ва он мардикори танхо хохад шуд. Чи кадаре, ки мардикорони точик зиед бошанд, хамон кадар обруи онхо паст аст. ********** Дустони азиз, онхое, ки заррае бо хаети мардикорон ошноед, шумо чи акида доред?





…Я сар-сари деворча захадил.

7 10 2009

Нихоят пас аз танаффуси тулонй боз ману Мусо метавонем, ки торнигори хешро варак занем. Гуфтанихои зиед хануз нагуфта, нухуфта ва заму чамъ шудаанд. Пас аз ин танаффус чумлабандй бо забони точики мушкил шудааст. Чунин ба назар мерасад, ки гуе якчанд намуди забони точики вучуд дошта бошад. Забони точикии хонагй, забони точикии бозорй, забони точикии ТВТ ва забони точикии газетахо. Гурух е бригадаи кории мо аз 22 нафар иборат буд, ки нихоят кор ба охир расиду ману Мусо ба шахр баргаштем. 22 нафар хама точик будем, вале хамдигарро базур мефахмидем. Вале намояндаи хар нохияву махал лахчаи хешро наздиктар ба забони адабии точики мепиндорад. Як хамкорамон, хиштчин бо номи Ахрор хаминтавр лахчаи худро наздиктар ба забони адабй шуморида, моро эрод гирифт, ки суханхои моро бо мушкилй мефахмад: «.. шумо гапзанитон ени ТВТ боин. Ман ТВТ-ям гапзаниша намефамам…» Сипас мачбур хастам, ки бо Ахрор дигар хел гапзанаму, бо Сайвалй дигархел, то маро хуб фахманду бозпурсй нанамоянд. Метарсам, ки гапзаниам аз ин хам бад «каша» шуда, вакте баргаштам ба Ватан, ба модарам нагуям ,ки – мама мама пачему двер закрил я сарсари деворча захадил?… Хайрият ин торнигор хасту як-як зур зада забони адабии точикиро ба хотир меорам. )))





Гумон накунед ман дар таътилам…

7 08 2009

Бародарони хонанда. Хеле вакт шуд, ки чизи наве наменависам, шояд фикр мекунед, ман ба таътил баромадаам ва дар чойи хушобухавое истирохат мекунам.

Афсус, ин фикри шумо дуруст нест, зеро мардикор таътилу истрохат надорад. Танхо замоне ки ба ватанаш меравад ва чанд хафта наздик фарзандонаш мебошад, бузургтарин истирохати уст. Дигар хама вакт — кор ё чустусуи кор.

Сабаби сукути ман дар он аст, ки чанд вакт дар чустучуи кор будам ва нихоят кори хурде ёфтам, ки дар як дехаи дурдаст аст ва ин чо интернет хам несту мавчи телефони хамрох ба ин чо намерасад.

Холо дар хакикат фахмидам, ки бухрони сахте хама чои Русияро фаро гирифтааст, зеро дар шахру шахракхо кор ёфтан кариб, ки номумкин аст.

Он дастае ки мо будему хамрох мезистем ва кор мекардем, кайхо пароканда шуда рафт. Як давраи ширине буд. Холо — давраи талх. Бухрон. Кори кампул ва дехаи дурдаст. Худо кунад, то вакте ки инро тамом мекунам, чойи дигаре кори бехтаре пайдо шавад.

Хулоса, таътил нестам, хар руз чанд филисе барои бачахоям кор мекунам ва орзу дорам, бухрон зудтар тамом шавад.





«Мы любим вас, таджики!!! ;)))»

21 07 2009

Паст шудани обрую номи баланд тез ба даст меояд, вале баланд шуданаш захмату вакти зиёд талаб менамояд…
Агар хукумати Точикистон бо сафиру консулхояш дар гами халк ва бо ору номус мебуданд, шахрвандони Точикистон дар Русия ба ин дарача пасту бекадр намешуданд. Аз онхо сад дар сад обруи миллат вобастагии калон дорад.
Дар яке аз сайтхои шиносшавй, Мусо, як анкетае боз намуд тахти номи «Опрос». Ва бо хар пешомада духтару писарон ва марду занхои шахрхои гуногуни Русия савол фиристодем, ки нисбати миллати Точик чй фикру андеша доранд. Мо интизор будем, ки шояд таги дашном мемонем. Вале аз 100 пурсидашудагон, 74 нафар тахти мазмуне чавоб доданд, ки номи точикон харчанд ба пасти рафта бошад хам, вале нисбати онхо муътадил муносибат дорем. Ва як духтар бо номи Ксюша аз Екатеринбург илова намуд, ки «… Все плохо говорят о вас и при общение с вами включается защитный рефлекс. Но так то нормально отношусь…». Духтари дигар бо номи Ася дод мезад, ки точикоя дуст медорад.
17 нафар чавоб надоданд ва хомуширо ихтиёр карданд. 9 нафар зид. Яке дашном мегуфт, дигаре норозоёна аз забт намудани чойхои кории онхо гап мезад. Хатто як мард аз Маскав моро чинояткор ном бурда илова намуд, ки «… Ах..ет Вас всего 5 или 6 млн. Как это ваш президент не может обеспечить работой?…». Мухим он буд, ки 74 нафар бетараф аз ташрифи шахрвандони Точикистон.
Пас аз ин мебарояд, ягона манбаи ба пастй задани обруи точикон, хукумату мачаллаю телевизионхои Русия аст…? Пас чаро дар ин кор сафорат ва хукумат икдомоте нишон намедиханд? Наход хукумати як Давлати мустакил кудрати кулф задани барномаи як армяшкаро надошта бошад? Аслан ин хукумат чи коре барои мардикоронаш анчом дод???