Муҳоҷирам-муҳоҷирам

2 01 2024

Муҳоҷират ба ҷон расид, ки тоқате ба ман намонд,

Ва роҳате маро дигар зи кори қадшикан намонд.

Намерасад зи бӯи хоки кишварам машомро,

Дигар мадору қуввате маро ба ҷону тан намонд.

Чу ҳар касеву нокасе ба иззатам расид дигар,

Сурури хештан куҷо? Ғурури хештан намонд…

Ба мулки рус, ки тоҷикон заминканеву кӯчарӯб,

Ба қавли пир, ба деҳае ҷавони гуркан намонд.

Ба гуфтани ҳақиқат ар забони кӯтаҳам нашуд,

Чи гӯямаш, бародарам, замони дилбазан намонд.

Зи ханги хармиҷозӯо навои булбулон хамӯш,

Зи пои хукмиҷозӯо ба ҳаркуҷо чаман намонд.

Чу бинамаш, ки тоҷикон маҳалгароӣ мекунанд,

Маро маҷоли гап задан дигар ба ин даҳан намонд.

Чу мехи хонаро агар зи чуб канда мебаранд,

Ба хона як кафан намонду қолини куҳан намонд.

Натарсамаш, агар касе маро намешиносадам,

Битарсамаш аз он, ки чун саломи ҳамватан намонд.

Дуои хуб намекунам ба давлату ба савлаташ,

Ба ҳар касе, ки ҳурматаш ба пиру пиразан намонд.

Суханварони хушсухан куҷо шуданду рафтаанд,

Дилам фишурда мешавад, ки ошиқи сухан намонд.

Зи дуриҳо, ҷудоиҳо, зи бенавоӣ, бепулӣ,

Чи шавқу завқи мардҳо ба хонаву ба зан намонд…

Дареғи он, ки дур шудам зи чашму меҳри модарам,

Дареғи он, ки дар бару канори ман Ватан намонд!


Действия

Information

Оставьте комментарий